06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТОҶИКОНИ ШАРҚИ ДУР

 

Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити кору будубоши ҳамватанонамон дар мамолики дунё, ба хусус Федератсияи Русия боис гардида, ки солҳои охир робитаҳои фарҳангию иттилоотӣ бо ҳамватанони бурунмарзиамон густариш ёбад. Имрӯзҳо теъдоде аз шаҳрвандони мо низ бо фаъолияти ибратбахши хеш дар хориҷ аз кишвар Ватану миллатро муаррифӣ менамоянд. Зимни шиносоӣ аз кору зиндагии тоҷикони шаҳри Хабаровск, масъулони ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр Рустам Сафаров ва Муҳаммадӣ Давлатов моро ба назди соҳибкорзани тоҷик Моҳтоб Ғафурова роҳбаладӣ карданд. Моҳтоб Ғафурова молики чанд нуқтаи савдост, ки дар онҳо асосан, меваҷоту зироатҳои донагии Тоҷикистон ба фурӯш гузош­та шудаанд. Хидматгузорони дуконҳои ӯ, аслан, ҳамватанҳои тоҷики моянд, ки маоши хуб мегиранд.

-Ман мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон хатм карда, баъдан бо ризояти волидонам ба Донишгоҳи савдои шаҳри Самарқанд дохил гардида, баъди таҳсил аввал дар зодгоҳ, баъдан дар шуъбаи савдои шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият бурдам. Дар нобасомониҳои солҳои 1992–93 падари фарзандонамро аз даст додам. Дар гӯшаи хаёлам набуд, ки рӯзе сар ба ғурбат мезанаму дар Русия муқимӣ мешавам. Мехостам тиҷорат пеш гираму аз Тоҷикистон ба Шарқи Дур меваю сабзавот биёраму аз ин ҷо ба Ватан молҳои ниёзи мардум, - мегӯяд Моҳтоб.

Бо эътино ба вазъи мушкили солҳои 90-уми қарни гузашта ба тиҷорат дар қаламрави шаҳри Хабаровск иқдом намуд. Азбаски таҳсилоти олӣ дошту забони русиро хуб медонист, дар як муддати кӯтоҳ кораш ривоҷ гирифт.

- Аз равнақи корҳо шод будам. Аммо дурӣ аз модару фарзандонам маро ба кӯи яъсу навмедӣ мекашид. Ҳамватанҳои ба ҷону дил баробарамро ёд мекунам, ҳамсояҳову хешу ақрабоямро, ки одамони неканд, пазмон мешавам. Вале ба як далел худро таскину тасалло медиҳам, ки ҳанӯз ҳам шамими Ватани азизам ба димоғам меояд, - мегӯяд ӯ.

Баъди каме сукут афзуд: „Худованд баъди нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта ба мардуми тоҷик фардеро дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ дод, ки тавонист як кишвари ҷангзадаи вайрону валангорро ба мулки ободу зебо табдил диҳад. Ҳамакнун ҳар нафари хориҷӣ ва ё ҳамватани мо, ки ба Ватан сафар мекунанд, шаҳрҳои шукуфою зебо ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистонро дида, ангушти ҳайрат мегазад“.

- Моҳтоб бонуест бисёр ватандӯсту миллатшинос. Ӯ вазифаи пурмасъулияти раиси бонувони тоҷики Шарқи Дурро ба дӯш дорад, кӯшиш мекунад, то доимо бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва чопи мақолаҳову расмҳояш манзараҳои дилпазиру нотакрор, кору зиндагии мардуми Тоҷикистонро дар нашрияҳо ва маҷаллаҳои Хабаровск ва дигар шаҳрҳои Русия муаррифӣ намояд, - ҳамсафи худро тавсиф мекунанд масъ­улони Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Хабаровск.

Воқеан, бо ташаббуси ҷамъ­ияти тоҷикон дар ҳамдастӣ бо ҷамъиятҳои гуногуни миллӣ, ҳамвора дар кишвари Хабаровск фестивалу озмунҳои гуногун, аз қабили „Мо ҳама баробарем“, „Дӯстӣ сарҳад надорад“, „Таоми беҳтарини миллӣ“, „Кӯдакон - гав­ҳари дунё“, „Адибони ватани ман“ ва ғайраҳо роҳандозӣ мешаванд. Дар бештари ин чорабиниҳо на танҳо урфу одатҳои миллии мо, балки расму мусаввараҳо бо манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон ва пиряху сарчашмаи обҳои мусаффои диёрамон, асарҳои таърихии адибони классику муосир ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ки сазовори туҳфаю мукофот мегарданд. Ин ҳама сипосномаву ифтихорномаҳоро Моҳтоб ба мо нишон медоду дар чашмонаш ашки шодӣ медамид.

Мо бо директори Хонаи дӯстии халқҳои Хабаровск Рашид Сулейманов вохӯрдем ва ӯ низ бо як эҳтироми хос дар бораи Моҳтоб Ғафурова сухан гуфт: „Моҳтоб ҳамрадифи номаш асту ба ҳама рӯшноиву зебоӣ мебахшад. Ин бонуи тоҷик миллату меҳанашро хеле дӯст медораду ба арзишҳояш арҷ мегузорад ва муаррифгару мунодии даст­овардҳои муосири ватанаш мебошад“.

Моҳтоб як писару як духтар дорад, ки ҳар ду соҳиби таҳсилоти олӣ буда, оиладоранд ва чун модари нек­номи хеш касби тиҷоратро пеша кардаанд.

„Ҳамчун як зани зодаи сарзамини барӯманди тоҷик аз иқдому ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сар ба гардун мекашам, ки Тоҷикистони озоди мо таҳти роҳнамоии ин фарзанди ҷонфидои меҳану миллат рӯ ба шукуфтанҳост“, - бо ифтихор иброз медорад Моҳтоб Ғафурова.

Садбарги Боқӣ,
Душанбе-Хабаровск

 

:.  Иқтисод 17.02.2017 06:02 2094

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz