Дар ҳудуди Тоҷикистон захираҳои асосии обии тамоми минтақа ташаккул меёбанд. Аз ҳаҷми умумии захираҳои обии минтақа ки 115 км3 –ро дар як сол ташкил медиҳанд, бевосита дар Тоҷикистон 64 км3 аз ин миқдор ташаккул меёбад. Агар ҳаҷми обро бо назардошти ҷараёни транзитии Сирдарё муайян намоем, пас бузургии умумии захираҳои обии мавҷуда 80км3-ро ташкил медиҳад, ки ин 70 фисади обҳои минтақа мебошад. Бе назардошти ҷараёни транзитии Сирдарё дар ҳудуди Тоҷикистон 55,4 %, дар Қирғизистон 25.3 %, дар Ӯзбекистон 7,6 %, дар Қазоқистон 3,9% , дар Туркманистон 2,4% ва дар ҳудуди Афғонистон, Чин ва Покистон 5,4% ҷараёни умумии обҳои минтақа ташаккул меёбанд.
Тоҷикистон аз ҳачми умумии обҳое, ки дар ҳудудаш ташаккул меёбанд, (64км3) ҳамасола фақат 17-20%-и онро (то 12км3)-ро истифода мебарад. Истифодаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ чунин аст: обёрии кишоварзӣ – 84-86%, саноат-4-5%, оби нӯшокӣ барои аҳолӣ -6-7 %, хоҷагиҳои моҳипарварӣ - 2-3%, дигар эҳтиёҷот-2%. Дар ҳудуди Тоҷикистон қисмати азими захираҳои обии тамоми минтақа ташакул меёбанд. Аз ҳаҷми умумии миқдори захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон 64 км3-и онҳо ташаккул меёбанд. Захираҳои обии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби обшавии яху барф ва боришот ташаккул меёбад. Ҳамагӣ дар пиряхҳо ва барфпораҳои Тоҷикистон қариб 550 км3 об мавҷуд аст. Қисми асосии онҳо дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Ғунд, Муқсу дар қисматҳои баландкӯҳ ҷойгир мебошанд. Пиряхҳо ва майдонҳои фирнӣ (барфҳои куҳна) қариб 6% майдони мамлакатро ишғол мекунанд. Дар 1300 кӯл, зиёда аз 44 км3 захираҳои об мавҷуд мебошад, ки 20 км3-и онро оби ширин ва 24 км3-и онро обҳои шӯр ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии онҳо 705 км2-ро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳури 9 обанбор истифода мегардад, ки ҳаҷми обӣ дар обанбори хурдтарин захирашаванда 0,028км3-ро ташкил дода, дар обанбори калонтарини ҷумҳурӣ то 10,5 км3 оби ширини қобили истифода захира мешавад. Калонтарини онҳо обанбори Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон ва Норак дар қисми марказии ҷумҳурӣ ҷойгир мебошанд. Ин обанборҳо барои истеҳсоли энергияи барқи обӣ, ирригатсия, моҳидорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ истифода мешаванд. Дар Тоҷикистон ҷашмаҳои обҳои табобатӣ,термалӣ ва маъданӣ хело маъмуланд, ки миқдорашон аз 200 зиёд буда обашон сулфидӣ, оҳандор, йодӣ, бромӣ, радонӣ, кремнийдор ва ғайра мебошанд. Чунин чашмаҳо, дар мавзеъҳои Хоҷа-оби-гарм, Оби гарм, Алмосӣ, Шоҳамбарӣ, Ҳаватоғ ҷойгиранд. Дар ВМКБ низ чашмаҳо зиёданд, ки маъмултаринашон Гарм-чашма,Бахмир,Элис ва ғайра мебошанд. Дар ҷануби ҷумҳурӣ чашмаҳое вомехӯранд,ки обашон то 400г/л намак дорад.
Бо дарки баланди муҳимияти масъалаи таъминоти об барои аҳолии кӯраи замин дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардида буд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро ба миён гузоштанд. Президенти кишвар зимни суханронӣ дар Форуми об таъкид намуд, ки «…чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши босамади ҳодисаҳои ниҳоии обуҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ,афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».
Пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳалли масоили обӣ аз барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бар меоянд, ки мақсади асосии он таъмини зиндагии осудаи ҳар як шахс дар кӯраи замин мебошад. Мазмуни асосии «рушди устувор» ин рушди устувори биосфера ва таблиғи назарияи ҳамоҳангии муносибати инсон ва табиат, яъне истифодабарии захираҳои табиӣ бе расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист ё худ экология мебошад.
Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалӣ гардонӣ ва пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои обро бояд дар бар гирад.
Илова бар ин, дар Қатънома муҳимияти пешбурди истифодаи босамари об дар ҳама сатҳҳо, бо назардошти алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист махсус таъкид гардидааст.
Ин иқдом метавонад ба ҳамкории ҷиддии васеъ ва таҳия гардидани созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад.
Дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ташаббусҳо ва тибқи салоҳияти худ барои таблиғу тарғиби ин Қатънома ва амалисозии ҳадафҳои он нақша- чорабиниҳо таҳия намуда, дар баробари масъалаҳои ҳалталаби вобаста ба ҳифзу истифодаи оқилонаи об чораҳои зеринро низ дар мадди аввал мегузорад:
1. Ҳифз ва нигоҳдории захираҳои обӣ;
2. Андешидани чораҳо оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳое, ки боиси ифлосшавии об мегарданд;
3.Шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо дар талу тепаҳо, ҷиҳати нигоҳдории қабати ҳосилхези замин ва аз ярчу сел нигоҳ доштани он;
4. Тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ба ин васила аз бодлесшавӣ, эрозия, баландшавии обҳои зеризамини нигоҳ доштани замин;
5. Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оид ба истифода ва ҳифзи об.
Фароруни Сабзқадам