06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ СОҲИБКОРРО ДАСТГИРӢ МЕБОЯД

 

Сабоҳат Раҳимзода, сарвари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» минҷумла дар сухани ифтитоҳиаш ҳадафи баргузории ин чорабиниро чунин шарҳ дод:

- Ҳадаф аз ташкил намудани чорабинии мазкур ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба, тақвияти ҳамкории байни ташкилотҳои қарзӣ ва созмонҳои бонувони соҳибкор, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар байни онҳо, додани тавсияҳо перомуни беҳбудсозии маблағгузории занони соҳибкор ва зиёд кардани бонувон дар низоми бонкӣ мебошад. Рушди соҳибкорӣ ва густариши ҳамкории созанда дар ҷумҳурӣ меҳвари асосии ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, ширкати бонувон дар бартараф намудани ин мушкилот муҳим аст. Дастгирии бонувони соҳибкор яке аз самтҳои ҳадафноки рушди истеҳсолоти дохилӣ ба шумор рафта, занон бояд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дастгирӣ ва бо қарзҳои камфоиз таъмин карда шаванд.

Тибқи маълумотҳои расмии оморӣ тайи даҳ соли соли охир дар маҷмӯъ тақрибан 28 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд ҷудо гардидааст, ки аз он наздики 7 миллион сомонӣ (25 фисад) барои дастгирии бонувон дар самти соҳибкорӣ равона шудааст.

- Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар ҳалли масъалаҳои гендерӣ, дастгирии ташаббусҳои занони соҳибкор, тавассути барномаҳои омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати фарҳанги иқтисодии онҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳояшон саҳм мегузорад. Дар давоми фаъолияти худ ассотсиатсияи мазкур тавонист, ки беш аз 2300 бонуро ба соҳибкорӣ ҷалб намояд ва нозукиҳои тиҷоратро ба онҳо омӯзонад, - қайд кард С.Раҳимзода.

Дар зимн музокирачиён дар баромадҳои худ инчунин аз мушкилоти имрӯзи бонувон дар самти пешбурду ривоҷи соҳибкорӣ, аз ҷумла, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кӯтоҳ будани мӯҳлати пардохти қарзҳо ибрози андеша карданд. Дар ҳамоиш ба бонувони соҳибкор аз ҷониби мутахассисин, намояндагони ташкилотҳои бонкӣ ва созмонҳои молиявӣ тавсияҳои судманд барои рушди минбаъдаи фаъолияташон ироа шуд.

Қутбия

 

:.  Иқтисод 13.12.2016 11:40 2367

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz