06

Сентябр, 2025
Шанбе

06

Сентябр, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАНҒАРА: БОНУВОНИ ХОНАШИН КОРГАР МЕШАВАНД

 

Аз муҳити корӣ, ки дастгоҳҳои муосири истеҳсолиро бонувони сарулибоси осмониранг ба бар назорат мекарданд, мушоҳида мешуд, ки муассисон барои ба кор даровардани чунин корхонаи истеҳсолӣ ва омода намудани мутахассисон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ маблағҳои ҳангуфт масраф намудаанд.

Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии „Ҷунтай – Данғара Син – Силу текстил“, ки соле пеш ба фаъолият оғоз намуда буд, бузургтарин корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии „Данғара“ маҳсуб меёбад. Коргоҳи риштабарории он моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Шифо Шарифова бо шавҳараш ба ин ҷо ба кор омад, ҳамроҳ заҳмат кашида, маблағ ба даст оварданд, замин гирифтанду хона сохтанд. Ба гуфти Шифо 40 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки 25 нафараш аз ноҳияи Данғара буд, маҳорати кор дар дастгоҳҳои риштабофиро дар Чин омӯхт.

– Муддати 4 моҳи таҳсил дар Чин ду моҳи аввал бо таври назариявӣ хонда, баъдан дар корхонаҳои нассоҷии ширкати „Чунҷай“ дарсҳои амалӣ гузаштем. Нахустин таҷрибаи истеҳсолиро дар он кишвар гирифта, чанд рӯз мустақилона дар коргоҳи риштабофӣ фаъолият кардем. Маҷмааи нассоҷии ҶС „Ҷунтай – Данғара Син – Силу текстил“ 300 коргар дорад, аз ин 180 нафар бонувонанд. Дар ин ҷо ба ҷуз сокинони ноҳияи Данғара аз навоҳии Балҷувону Темурмалик низ омада кор мекунанд.

Дар басти корие, ки роҳбариашро Шифо ба уҳда дорад, 24 нафар фаъолият дорад, ки 17 нафарро бонувон ташкил мекунанд. Музди кор аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бастагӣ дошта, баъзан то 1600 сомонӣ мерасад. Аксари коргарзанон баъди таҷрибаомӯзӣ ба назорати дуконҳои риштабофӣ вобаст мешаванд.

Ба иттилои Давлатмоҳ Саидова, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Данғара, тибқи дурнамои пешбинишуда ин корхона то соли 2020 шумораи коргаронашро то 6 ҳазор нафар мерасонад. Яъне то ин вақт дар заминаи Маҷмааи нассоҷии ҶС „Ҷунтай – Данғара Син – Силу текстил“ сехҳои бофандагӣ, рангу бори матоъ ва коргоҳҳои гуногуни либосдӯзӣ бунёду ба истифода дода мешаванд. Масъулони корхона бо назардошти иҷрои супориши Сарвари давлат бобати ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ лоиҳаҳои ҷадидро амалӣ хоҳанд кард.

Бунёди коргоҳе, ки имрӯз садҳо нафар духтаронро ба кори доимӣ ҷалб намудааст, мушкили умдаи оилаҳои минтақа бекории духтарони аз таҳсили касб дар канормондаро ба ҳадди имкон осон кардааст. Фарзона Сатторова, сокини деҳаи Нурбахш, аз зумраи ин нафарон аст. „Зиндагии аҳли хонаводаро, ки 10 нафарем, ману модарам пеш мебарем, падарам бекор. Коргоҳ аз манзили зистамон дур ҳам бошад, дар наздикӣ иҷоранишинем. Ба ивази музди қонеъкунанда корхона ба мо хӯроки ройгон медиҳад“, –мегӯяд ӯ.

Дар корхонаи риштаресии ноҳияи Данғара даҳҳо тан бонувони ҷавоне кор мекунанд, ки ин коргоҳро наҷотбахши хеш аз мушкилоту бунбасти маънавӣ медонанд. Зеро баъзе аз шавҳар ҷудо шудаву дигаре аз идомаи таҳсил дар канор монда, ояндаи ҳаётро торику худро дар чорроҳаи ночорӣ тасаввур мекарданд.

Кор дар дастгоҳҳои нассоҷӣ дар назар содаву осон менамояд, аммо дар асл чунин нест. Барои дар як вақт чанд дастгоҳи риштабофиро идора кардан, бонувонро заковату хушзеҳнӣ мебояду шуҷоату иродатмандӣ. Бо мурури замон саноат дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рушд ёфта, барои кор дар корхонаҳои навбунёд эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисос зиёд мешавад. Мутаассифона, дар ноҳияи Данғара, ки дар ҳудуди он минтақаи озоди иқтисодӣ арзи ҳастӣ дорад, талабот ба кадрҳои гуногунихтисос зиёд аст, вале масъалаи ба мактаб фаро гирифтани духтарон то ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст. Ҳол он ки дар баробари таъсиси корхонаҳои гуногун, ҳамзамон, ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд. Тавре аз суҳбат бо коргарони Маҷмааи нассоҷии ҶС „Ҷунтай – Данғара Син – Силу текстил“ маълум гардид, дар маҳалҳо сафи духтарони аз таҳсил қафо монда, ки хоҳиши омӯзиши касб доранд, зиёд аст.

Билоли Шамс,
ноҳияи Данғара

 

:.  Иқтисод 17.10.2016 11:22 2556

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz