- Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон кай ва бо кадом ҳадаф таъсис ёфт?
- Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар қатори аввалин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соли 1991 сабти ном шуд. Он яке аз калонтарин бизнес - ассотсиатсияҳо ба шумор рафта, дар сафи худ беш аз 3500 нафар аъзоёнро, ки асосан бонувони соҳибкор ва ҳунарманданд, муттаҳид менамояд.
АМЗСТ ба мақсади мустаҳкам намудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии бонувон дар кишвар ташкил шудааст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва канда шудани робитаҳои иқтисодиву ҷанги пурталафоти шаҳрвандӣ баробари ҳар соҳаи дигар риштаи иқтисод низ хисорот дид. Он замон мардум аз рӯи иқтисодиёти нақшавӣ зиндагӣ мекарданд ва дар хусуси иқтисодиёти бозорӣ чандон тасаввурот надоштанд. Тағйири низом ва ақидаҳо мардумро як каме ғофилгир кард.
Раванди сиёсати бозорӣ ниёз ба соҳибкориву тиҷоратро ба миён овард. Мо ба омӯзиши асосҳои иқтисоди бозорӣ ва нақшагирии тиҷоратӣ шурӯъ намуда, дигаронро низ ба он ҷалб сохтем. Умуман, тӯли 20 сол АМЗСТ пайваста тренингу барномаҳои омӯзишии гуногунмавзӯъ баргузор менамояд, ки дар як сол ба ҳисоби миёна дар онҳо зиёда аз 3500 нафар ширкат мекунад.
Соли 1999 мо ба хулосае омадем, ки танҳо бо хизматҳои маърифатӣ ва молиявӣ ба бонувон кӯмак расондан кам аст. Бо Ҳайати Шафқат ва воситаҳои ЮСАИД ва ЮСДА яке аз аввалин барномаҳои қарзиро дар ҷумҳурӣ ҳусни оғоз бахшидем. Соли 2014 АМЗСТ аввалин бизнес инкубаторро барои дастгирии занони соҳибкор ташкил кард. Он барои дастгирии тиҷорат дар соҳаи сайёҳию ҳунармандӣ равона шудааст. ҶДММ «ОЗАРА»-ро таъсис додем, ки ҳоло соҳиби интернет – мағоза буда, бештар аз 400 бонувони ҳунармандро ба ҳам муттаҳид мекунад. Коршиносон дар баланд бардоштани сифати маҳсулот ва дарёфти бозори фурӯш ба бонувони ҳунарманд кӯмак мекунанд.
- Идеяи амалӣ намудани лоиҳаи бузурге чун «Фараҳ», ки ҳадафаш дастгирии бонувони соҳибкор унвон мешавад, аз куҷо маншаъ мегирад? Ва ҳам барои чӣ озмун «Фараҳ» номгузорӣ шудааст?
- Як марҳалаи дигари рушди АМЗСТ-ро ташкил кардани якумин озмуни миллии Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи «Фараҳ» ном бурдан мумкин аст.
Соли 2012 мо озмунро аввалин маротиба баргузор намудем. Аз рӯи ғоя он дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Мақсад, дарёфти симоҳои муваффақи бонувони соҳибкор дар тиҷорат, муттаҳид кардани онҳо ба як шабака, паҳн намудани таърихи пешрафташон баҳри илҳом бахшидан ба занони дигар арзёбӣ мешавад.
«Фараҳ» - як лоиҳаи иҷтимоии инноватсионие аст, ки дар он бонувони соҳибкор ширкат меварзанд ва чанд ниҳоди давлатӣ, созмонҳои донории байналмиллӣ, бахши хусусӣ, воситаҳои ахбори омма рафти онро назорат мекунанд. Одатан мо моҳи март, дар арафаи Рӯзи Модар аз оғози озмун хабар медиҳем. Баъди ду моҳ дархостҳоро комиссияи ташхисӣ меомӯзад, ба ҷои фаъолияти бонувон сафар намуда, риштаи тиҷорату соҳибкориашонро санҷида, дар асоси маълумоти бадастомада маҷаллаи «Фараҳ»-ро аз чоп мебарорем. Дар доираи барнома филмҳои мустанад низ наворбардорӣ мешаванд. Одатан зиёда аз 350 дархост барои иштирок ба озмун мегирем, ки ба даври дуюм 200 нафар роҳ меёбанд. Бо онҳо аз моҳи июл то сентябр чорабиниҳои гуногун, аз қабили тренингу мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд. Моҳи октябр маросими ботантанаи ҷамъбастӣ ва мукофотонӣ доир мегардад. Ғолибон аз рӯйи 6 номгӯй муайян шуда, як нафар барои тавсеаи соҳибкорӣ Шоҳҷоиза – 100 ҳазор сомониро аз бонки «Имон Интернешнл» соҳиб мешавад.
Аз байни пешниҳодҳои зиёд мо махсус унвони «Фараҳ»-ро интихоб кардем. Он бо мазмуни мушаххас мақсаду мароми мо – бонувони соҳибкорро ифода мекард. «Фараҳ» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънии афзунӣ, фаровонӣ, фирӯзӣ, ғалаба, афзал, хубтар, шодӣ, нишот омадааст.
- Ғолибон аз рӯи кадом меъёр баргузида мешаванд?
- Ғолибонро комиссияи ташхисӣ, ки дар ҳайати он иқтисоддонҳои пуртаҷриба, ходимони ҷамъиятӣ ва ашхоси собиқаи амалидошта шомиланд, муайян мекунанд.
Аввалин барандаи Шоҳҷоиза – 100 ҳазор сомонӣ барои рушди соҳибкорӣ бонуи кишоварз аз ноҳияи Ашт Замира Қаҳҳорова аст, ки ба боғдорӣ, коркарди мева ва содироти он ба Федератсияи Россия машғул мебошад. Дар соли 2014 шоҳҷоиза насиби омӯзгор Муҳаббат Ҷабборалиева аз шаҳри Истаравшан гардид. Таърихи пурғановати соҳибкории ин бону дар он аст, ки дар мактаб зиёда аз 20 сол чун омӯзгор, муовини директор ва директор фаъолият дошта, баъди ба нафақа баромадан, 30 нафар омӯзгорро ҷамъ оварда, дар бинои иҷора мактаби хусусӣ ташкил мекунад. Ӯ исбот кард, ки тиҷорат ҷавонию пирӣ надорад, онро ҳар вақт оғоз кардан мумкин аст.
- Инак, озмуни «Фараҳ-2016» бояд баргузор шавад, аз нигоҳи Шумо чун масъули аслии барнома он воқеан саҳме дар пешрафти иқтисоди кишвар гузошт?
- «Фараҳ» барои устувор шудани мавқеи бонувони соҳибкор дар ҷомеа саҳм гузошту мегузорад. Он садҳо занонро барои амал намудан водор намуд. Барои ҷамъият номҳои бисёр бонувони муваффақро кашф сохт. Занони зиёди муваффақро аз деҳот дарёфтем. Дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бонуеро бо номи Муяссар Юлдошева пайдо намудем, ки бо истифодаи таҷрибаи кишоварзии аз волидон омӯхта ва қарзи бонкӣ аввал як гармхона бунёд намуда, тадриҷан теъдоди онро ба 9-то расонидааст. Ба наздикӣ ӯ курсҳои агрономии АМЗСТ-ро гузашта, ҳоло ба навъи тиҷорати нав - фурӯши кӯчатҳои бодиринг, помидор, қаланфур машғул аст. Ғайр аз ин М.Юлдошева нозукиҳои корашро ба занони ҳамдеҳааш низ меомӯзад.
- Аз нигоҳи Шумо бонувони соҳибкор дар минтақаҳои дурдаст чӣ дастоварду чӣ мушкил доранд?
- Мушкили бонувон дар деҳот бо нарасидани дониш, иттилоъ ва малакаҳо печида аст. Дар атрофи занҳои русто таърихи муваффақияти ҳақиқӣ кам буда, қисми ниҳоят андакашон тиҷорати худро доранд. Қарзҳо ҳам дастрас нестанд. Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд аксар вақт тиҷорати аввалинро хатарнок ҳисобида, бонувони русторо маблағгузорӣ намекунанд. Фоизҳои қарзӣ баланду талабот ба замин низ сахтанд, он ҷо ба меъёрҳо мувофиқ шудан мушкилтар аст.
- Барои дастгирии бонувон дар самти соҳибкориву тиҷорат Ҳукумат имрӯз аз чи тадбирҳои муассире бояд кор бигирад?
- Ҷалби бештари занон ба соҳибкорӣ яке аз омилҳои рушди иқтисодиёти мамлакат гардиданаш мумкин аст. Бигзор занон корро аз тиҷорати хурд ва миёна оғоз намоянд, агар коргоҳи онҳо мувофиқи мақсад ташкил карда шавад, тадриҷан он бузургӣ касб мекунаду васеъ мешавад. Барои давлат дастгирии соҳибкории занон амри зарурист. Ба бонувон ташкил кардани шароитҳои қулай дар масъалаи бақайдгириву иҷозатномадиҳӣ, маъмуриятпарастии андоз ва андозбандӣ лозим аст. Ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳодам ин аст, ки меъёрӣ андозбандӣ ба коргоҳҳои соҳибкории иҷтимоӣ сабуктар гардонида шавад. Маҳз дар тиҷорати хурди занон нишонаҳои ғояҳои рушди соҳибкории иҷтимоиро дидан мумкин аст. Тиҷоратҳои маърифатӣ, тиббӣ ва ҳамаи он чи ки бо инкишофи бачагон, тарбияи томактабӣ алоқаманданд, марказҳои рушд, боғчаҳои бачагонаи хусусӣ, мактабҳо, марказҳои ташхисӣ ва тиббӣ, ҳамаи инҳоро одатан занҳо ташкил менамоянд. Агар зан барои худ ва дигарон ҷойи корӣ ташкил кунад ва боз тиҷорати ӯ хусусияти иҷтимоӣ дошта бошад, ин аллакай қаҳрамонист.
- Имрӯз зиндагӣ дар асоси «кредит» ё «қарзи бонкӣ» дар дунё анқариб ба меъёр табдил ёфтанист, нигоҳи Шумо ба ин мавзӯъ?
- Масъалаи гирифтани қарзро бояд хуб омӯхт, мавзӯи мазкур муносибати ҷиддиро тақозо дорад. Хоҳишмандон бояд фарҳанги қарзиро омӯзанд, имконияти худ ва хатарҳоро мулоҳиза кунанд, то аз бетафовутӣ ба ҳиллаву найрангҳои гуногун наафтанд.
Ҷавонон имрӯз талаботи зиёд доранд ва чунин меҳисобам, ки аз онҳо дутоашон нисбатан муҳимтаранд, аввал талабот ба донишандӯзиву соҳибтаҳсилот будан, баъдан доштани манзили шахсӣ. Қонеъ гардонидани талаботи таҳсили босифат ва манзил дар шароити кунунӣ, рӯ ба рӯ бо ду буҳрони иқтисодӣ, ки якеашро паси сар намудему ҳоло дар авҷу шиддати дувумӣ қарор дорем, бе қарзи бонкӣ қариб, ки имконнопазир аст. Шароитро ба назар гирифта «ИМОН Интернешнл» барои хоҳишмандон барномаи қарзии «Чароғи маърифат» - ро роҳандозӣ намуд, ки он дарозмуддат буда, то 6 сол пешбинӣ гардидааст ва 14 фисади солонаро ташкил медиҳад.
- Дуруст аст, ки мегӯянд бонувон сари масъалаи сарфаи пул аз мардон бартарӣ доранд?
- Ба назари ман муносибат бо пул ба саводу фарҳанг, савияи дониш, тарбия ва сифатҳои шахсӣ вобаста аст, на ба ҷинсият.
- Таманниёти ҷашнии Шумо дар рӯзи Ваҳдати миллӣ ба хонандагони маҷалла…
- Яке аз дастовардҳои сутудании кишвар расидан ба рӯзи оштию осоиш ва ваҳдати комил аст. Сулҳу рифоҳ барои мо, занон, ки арзиши осмони софу хандаи беғаши кӯдаконро дар зиндагӣ бештар дарк мекунем, муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст. Кулли мардуми кишвар, хонандагони бисёр азизи маҷаллаи дӯстдоштаниро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод мегӯям ва барои ҳама саломатии мустаҳкам, бахту саодати оилавӣ, барори кор таманно дорам. Бигзор ваҳдати мо поянда бошад!
- Ташаккур!
Гулноза БОБОМУРОДОВА