ЧӮҶАРО ДАР ТИРАМОҲ МЕШУМОРАНД
Овоза Руштова роҳбари калонтарин фермаи парандапарварӣ дар ноҳияи Рӯшон чун бонуи мурғпарвари муваффақ ном баровардааст.
Вақте дар ноҳияҳои вилоят барномаҳои мурғпарварӣ рӯйи кор омаданд, ашхоси зиёде ба хотири кумак дарёфт намудан, ба мурғпарварӣ машғул шуданд. Вале бо мурури замон катакҳо аз мурғ холӣ гаштанду аксар ашхоси ин шуғлро пешакарда ба.далели набудани шароит барои ривоҷ додани парандапарварӣ дар шароити кӯҳистон онро раҳо карданд.
- Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҷӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд». Парандапарварӣ шуғли хеле мушкил асту барои ҳамин ҳам ашхосе, ки аз рӯйи ҳавову ҳавас ба он рӯ оварданд, ба душвориҳои он тоб наоварда, мурғпарвариро тарк гуфтанд, - баён медорад Овоза Руштова.
Овоза фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳосиб дар муоинахонаи ноҳияи Ёвон шуруъ намуд. Шавҳараш ихтисоси байтор дошту ӯро барои кор ба ноҳияҳои чорвопарвари Бадахшон фиристоданд. Оилаи ҷавон чанд сол дар деҳоти дурасти ноҳияи Шуғнон кор карда, сипас ба зодгоҳашон - ноҳияи Рӯшон баргаштанд. Сокинони деҳоти Баррӯшон Маҳдибек Тулфорро, ки умрашро ба кор дар фермаи чорвопарварӣ бахшиду ба давлат ва халқ хизмати содиқона менамуд, ба некӣ ёд меоранд. Мегӯянд, ки байтор донишу таҷрибаи хуб дошту бемори ҳайвонро дақиқ муайян ва дуруст табобат мекард.
Дар бораи бонуи хоксору меҳрубон ва меҳнатқарин Овоза мегӯянд, агарчанде дар вазифаи ҳисобчӣ буд, дар иҷрои корҳои саҳроӣ амсоли тайёр намудани хӯрока барои чорво иштирок мекард. Мавридҳое мешуданд, ки ӯ ба шавҳараш дар табобати ҳайвоноти бемор ёрӣ мерасонд ва аз таҷрибаи байториаш баҳравар мегардид. Ҳамчунин, китобҳои зиёди соҳавиашро, ки марҳум дар хона нигоҳ медошту ҳамеша бо шавқ мутолиа менамуд, варақ мезаду ҷойҳои ба назараш мароқангезро мехонад.
Чанд сол қабл писараш Аҳмад донишгоҳро хатм намуда, ба хона баргашт. Аз рӯйи ихтисос дар ноҳия кор ёфт нашуд. Ҳамсолонаш ба ӯ тавсия доданд, ки барои сомон додани рӯзгор ҳамроҳашон озими муҳоҷирати меҳнатӣ шавад. Вале Аҳмад қарор дод, ки дар зодгоҳ мемонад ва бо истифода аз имконоти табиии деҳа ба таъмини рӯзгор машғул мешавад. Ӯ дар тарозуи фикр суду зиёни барномаҳои зиёдро бармекашиду меандешид, ки ба кадоме аз онҳо даст занад.
- Мурғпарварӣ пас аз як авҷи кӯтоҳ боз рӯ ба завол ниҳод. Тухм ва гӯшти мурғи воридотӣ мағозаҳоро пур карданд. Вале харидорон тухми ҷойдорӣ ва гӯшти парҳезии парандаро мекобанду он камчин аст. Чи мешавад, ки ба парандапарварӣ рӯ оварем ва бовар дорам, ки азмамон қатъӣ бошад, самара медиҳад, - сари андеша тавсия дод модар ба писар.
Онҳо парандапарвариро пеша карданд. Бо пули пасандоз ҷӯҷа харида, саршумори мурғҳои хонагиашонро зиёд карданду тухмро ба савдо баровардан гирифтанд. Дигар ҳавлӣ барои парандагон тангӣ намуду онҳо парандагонашонро ба бинои вайрона ва холимонда аз марзбонони Россия, ки дар лаби дарё қарор дошт, кӯчонданд. Мақомоти маҳаллӣ бинои номутобиқ барои парандапарварӣ ва азм ва шавқи ҷиддии хонаводаи мурғпарварро ба назар гирифта, барояшон ба манзури ривоҷи соҳа дар заминҳои назди соҳил ҷой ҷудо кард. Дар ҷойи нав мурғхона бунёд намуданд, ки бештар аз ҳазор сар парвариш меёбад. Бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ анборхона сохтанд. Бо дастгирии кумитаи занон ва оилаи ноҳия хонаводаи мурғпарвар 20 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гирифт. Бо ин маблағ аз вилояти Суғд ҳазор ҷӯҷа харида, ба фермаашон оварданд. Мурғпарварӣ рӯ ба тараққӣ ниҳоду парвои мурғи марҷонро низ ба роҳ монданд.
Ҳамарӯза аз ферма тухм ба нуқтаҳои тиҷоратии ноҳия ва шаҳр ворид мешавад. Сокинон аз ин ҷо, ҳамчунин, гӯшти парҳезӣ харид менамоянд. Гӯшти мурғ барои хусусиятҳои давоӣ доштан талабгорони зиёд дорад ва дар ферма тасмим гирифтанд, ки истеҳсоли гӯшти парандаро биафзоянд.
Дар шароити кӯҳистон таъмин намудани паранда бо маводи ғизо мушкил аст. Бештари даромад аз ҳисоби фурӯши тухм ва гӯшти мурғ барои хариди хӯрокаи парандагон масраф мешавад. Аз ҳисоби хоҷагии деҳқониашон қисме аз ғизоро таъмин менамоянд. Ҳамдеҳагон низ дар таъмини ферма бо маводи ғизо саҳмгузоранд. Дар мавсими ҳосилғундорӣ ҳар чизеро, ки пас аз тоза намудани ҳосил чун хӯрокаи чорво боқӣ мемонад, бе подош ва ё бар ивази тухм ба ферма медиҳанд. Соҳибони ферма бо корхонаи коркарди ғаллаи ноҳияи Шуғнон ҳамкорӣ доранду барои парандагон ғизо мегиранд.
- Барои чӣ волидон шуморо Овоза ном ниҳоданд, - мепурсам аз мусоҳибам.
- Дар рӯзи интихобот ба Шурои Олӣ таваллуд шудаам. Падарам субҳи барвақт овоз доду аъзои комиссия қуттии овоздиҳиро ба хонаамон оварданд, модарам барги раъйро ба қуттӣ андохт. Бо муборакбодӣ аз волидонам пурсиданд, ки ба тифл чӣ ном гузоштед ва онҳо дарҳол посух доданд, ки чун духтарамон дар рӯзи овоздиҳӣ таваллуд шуд, ба ӯ Овоз ном мегузорем. Дар сабти асноди ноҳия гуфтанд, ки Овоз номи мардона асту бояд Овоза бошад.
Чанде пеш як мушкили мурғпарварон бо кумаки хамдеҳагон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ҳал гардид. Онҳо ба хотири дастгирии фермаи мурғпарварӣ инкубатор харида, аз Россия ба ин хонаводаи мурғпарвар интиқол доданд. Инкубатор иқтидор дорад, ки то ҳазор ҷӯҷа барорад.
Модару писари парандапарвар ин ёриро чун нишонаи қадр намудани меҳнати ҳалолашон қабул карданд ва тасмим доранд, ки бо беҳтар шудани шароит барои нигоҳубини парандагон саршуморро афзоянд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Рӯшон