Вале ҳамаи ин сарват ҷойи намади пурнақшу нигори дастиро дар ҷиҳози арӯси бадахшонӣ танг карда натавонист ва ҳар як арӯс муътақид аст, ки бо ин маҳсули ҳунармандӣ вай ба хонаи ояндааш файзу баракат мебарад.
Тибқи анъана тайёр намудани намад барои духтар вазифаи модар асту хонаводаҳо мутмаинанд, ки бо ин туҳфа хайру ҳунар пушт ба пушт, аз модар ба духтар ва аз духтар ба набера мегузарад. Аммо намадрезӣ кори заҳматталаб асту устоҳои ин ҳунар байни бонувон дар маҳал торафт кам мешаванд, агарчанде талабот ба он афзоиш ёфтааст.
Мушкилоти муштариёни намадро дар ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ корхонаи дӯзандагии „Баҳор“ осон мекунад. Хоҳишмандон имкон доранд, ки дар ин корхона мувофиқи табъу завқашон рангҳоро интихоб намуда, намадҳои ҳархела фармоиш диҳанд ва ё бихаранд.
–Дар намад гулпартоиҳои гуногунро истифода мебарем. Рангҳои сурху сабз ва сафед, ки рамзи шодиву нишот ва сарсабзии умр ва бахти неканд, дар намадҳои ороишӣ бартарӣ доранд. Нафарони зиёде мехоҳанд, ки тагандози гарм дошта бошанд ва дар чунин намадҳо рангҳои сиёҳ ва зарду ҷигарӣ ҳам ба таври фаровон истифода мешаванд. Барои арӯсон тамоми намудҳои сарулибос ва рахти хоб низ медӯзем. Мизоҷонамон на фақат аз ҳисоби волидони арӯсшавандаҳо, балки шаҳрвандоне, ки фоидаи маҳсулоти тоза ва гарму босифати аз ашёи хоми табиӣ тайёршударо дарк намуданд, торафт зиёд мешаванд,– изҳор медорад роҳбари корхона Баҳор Худоназарова.
Солҳои охир таваҷҷуҳи хонандагони мактабҳои ноҳия ба либосҳои миллӣ зиёд мешаваду хоҳишмандон курта ва тоқиҳои зеборо аз ин корхона дастрас мекунанд. „Баҳор“ аз лиҳози пардохти андоз ба буҷети маҳаллӣ калонтарин корхонаи хурди истеҳсолӣ дар ноҳия маҳсуб мешавад ва дар ин ҷо занони ҳунарманди намадрезу бофанда ва дӯзанда фаъолият менамоянд.
Оқибатҳои мавҷи хусусигардонӣ Баҳорро водор ба ташкили корхонаи хурд намуд. Дар вилоят чун дар дигар манотиқи кишвар ҷанбаҳои манфии хусусигардонӣ бештар аз худ дарак доданд. Корхонаҳои истеҳсолии хусусӣ ба хонаву ошхона табдил дода мешуданд. Аз аввали рӯзҳои хусусигардонии ягона фабрикаи мурғпарварӣ соҳибони нав ба фурӯхтани таҷҳизоти оҳанӣ ва хишти он сар карданд. Тамошои ин манзара чун дигар шаҳрвандони дилсӯз қалби Баҳорро ба дард овард. Дар феҳрасти хусусигардонӣ филиали корхонаи дӯзандагии Хоруғ дар ноҳияи Шуғнон меистод. Ҳанӯз чанде қабл дар филиал, ки Баҳор дар он сардори сех буд, дар ду баст қариб 300 нафар кор мекард. Ҳоло садои мошинҳои дарздӯзӣ хомӯш буду ба бино хатари ба анборхона ва ё манзили шахсӣ табдил ёфтан таҳдид мекард. Баҳор тасмим гирифт, ки биноро ҳифз намояд ва ҳадди ақал теъдоде аз ҳунармандонро бо кор таъмин созад. Ба ин мақсад вай сармояи андаке андӯхтаи худ ва шавҳарашро, ки муҳандис буд ва ҳамчунин қарзи бонкӣ гирифта, дари роҳбарияти ноҳия ва вилоятро охурча кард. Ахиран, бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва мадади Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон бино ва якчанд мошини дарздӯзиро хусусӣ намуд. Дар рӯзҳои аввали фаъолият, ки корхона ҳанӯз даромад надошт, барои ҳифзи бино ба посбонон аз ҳисоби худ маош медод. Бо гузашти айём аз он ифтихор дорад, ки тавонист бинои сехро пурра аз харобсозӣ ҳифз намояд.
Теъдоди коргарони корхонаи „Баҳор“ ҳанӯз кам аст. Баҳор мақсад гузоштааст, ки бонувони зиёдтарро корёб созад. Чанде қабл корхона ба гранти президентӣ мушарраф гашт ва таҷҳизоти дӯзандагӣ ва ресандагӣ нав шуданд. Имкониятҳои рушди корхонаи хурд боз ҳам васеъ гардид. Дар назди корхона маркази омӯзиши ҳунарҳои дастӣ таъсис ёфту наврасон дар он таълим мегиранд. Композитсияи зиндаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки одатан ҳунармандону шогирдони корхонаи „Баҳор“ дар ҷашнҳои миллӣ ба бинандагон пешкаш менамоянд, ҳамеша диданӣ ва мароқангез мебошанд.
–Барои кишвари мо Сулҳу Ваҳдат мафҳумҳои аз ҳама гаронбаҳотаринанд. Амнияту осоиштагӣ ва субот кафолати рушди ҷумҳуриамон мебошанд. Худ чунин таҳаввулотро дар фосилаи таърихии кӯтоҳ бо дидагонам шоҳид гаштам. Калонтарин ноҳияи ВМКБ - Шуғнон маркази маъмурӣ надошт. Вақте шаш сол қабл мутахассисон нахустин тирчӯби маркази ояндаи ноҳияро заданд, бисёр мизоҷонамон аз тирезаи корхона бо ҳисси нобоварӣ ба ин тараддудҳо нигоҳ мекарданд. Тайи солҳои бунёдкорӣ дар маркази ноҳия - шаҳраки Ваҳдат биноҳои зиёди хушнамуду замонавӣ қомат афрохта, ин ҷо ба шаҳри ҳақиқӣ монанд шудааст. Корхонаамон акнун дар ҳудуди шаҳри нав ҷой гирифтааст ва бо илҳоми бештар аз созандагиву бунёдкориҳо талош меварзем, ки фаъолиятамонро густариш диҳем. Мисле ки баҳори Шуғнон сад ранг дорад, ҳамин тавр, мехоҳем муштариёнамонро бо хелҳои гуногуни маҳсулоти нафису зебо ва босифат хурсанд созем, – меафзояд роҳбари корхона Б.Худоназарова.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол