Соли 1990 издивоҷ кард. Ҳамон сол барои кор ба корхонаи «Торгмаш» омад ва ба ҳайси муҳосиб ба фаъолият пардохт. Баъди як соли хонадорӣ писари нахустанаш - Абдураҳим чашм ба олами ҳастӣ кушод. Вақте ба рухсатӣ баромад, хост ба ягон кори нисбатан сабуке машғул шавад. Аз нияти ӯ хушдоманаш холаи Лутфинисо Шукурова огоҳ шуду ба вай ду пероҳани шоҳии пуштиро, ки худаш медӯхт дод, то онро ба бозор бараду бифрӯшад. Он солҳо расм шуда буд, ки писаронро ҳангоми хатна пероҳану шими махсус мепӯшниданд, аз ин хотир дар бозор талабгорони либоси тӯёнаи бачагона зиёд буданд. Ин ба Равзабону илҳом бахшиду дигар дар хонаи худ ин навъ либосҳоро медӯхту баъдан ба бозор мебаровард.
Як замон Равзабону мутаваҷҷеҳ ба либоси аъзои дастаи ҳунарии «Шашмақомхонон» шуд. Бо хушдоманаш маслиҳат кард, ки барои васеъ кардани доираи тиҷораташ матоъи вилюри корхонаи «Абрешим»-ро гирифта, аз он чапан дӯхта, болои он йӯрмаю мӯҳра зада, ба бозор мебарорад. Хушдоманаш дудила буд, ки оё ин чапани аз вилюр дӯхташуда дар бозор харидор пайдо мекарда бошад ё на? Вақте Равзабону рӯзи якшанбе чапани навдӯхтаи худро ба бозор баровард, ду харидор байни ҳам талош карданд. Равзабону онро ба узви гуруҳи ҳунарии карнайнавозон фурӯхту ба харидори дигар ваъда кард, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ҷомаи дигаре дӯхта ба хонааш меорад. Дигар арӯсу хушдоман аз одамон махмалҳои аз даврони шӯравӣ вомондаро харида, барои кӯдакон ҷома медӯхтанд. Диданд, ки барои қонеъ гардонидани талаботи бозор дасташон намерасад, нуҳ нафар коргар гирифт. Онҳо ҷомаҳоро медӯхтанду муҳра ва бонувони йӯрмадӯз гул мезаданд. Ин замон Равзабону ҳамагӣ бист сол дошт. Ба назди раиси Корхонаи чеварони хонакори шаҳри Хуҷанд рафта, илтимос кард, то бо ӯ дар дӯхтани либосҳо ҳамкорӣ кунанд. Раис пешниҳоди Равзабонуро қабул кард. Вай аз бозори Хистеварз матоъро оварда медоду хайётҳо аз он ҷомаҳо медӯхтанд. Маҳз бо иқдоми Равзабону ду коргоҳи хурди аз кор бозмондаи ин корхона дубора фаъол шуданд.
«Реал»- қадами дуввум
Фаъолияти соҳибкорӣ ва даромадҳо аз коргоҳҳои хурд Равзабонуро барои таъсиси корхонаҳои бузург омода намуданд. Моҳи октябри соли 2003 вай дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Хуҷанд корхонаи ҶММ «Реал»-ро бунёд кард, ки ҳадафаш истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ буд. Соли 2004 таҷҳизоти лозимаро оварда насб кард ва соли 2005 ба истеҳсоли 24 навъ қубурҳои қутрашон 15-450 мм шуруъ кард. Равзабону нахустин нафаре дар кишвар буд, ки истеҳсоли ин навъ қубурҳои ватаниро ба роҳ монд. Соли 2007 дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли ноқилҳои барқии васлкунанда ва ҷобаҷокунандаро таъсис дод, ки то имрӯз муваффақ фаъолият дорад. Ҳоло он ҷо 14 навъ ноқилҳоро истеҳсол мекунанд. Маводи хомро онҳо аз корхонаи алюминии шаҳри Турсунзода гирифта, онро рӯкаши амниятӣ (изолятсонӣ) намуда, ба фурӯш мебароранд. Дар ин корхона имрӯз 33 нафар кор мекунанд.
«Ресандаи Тоҷикистон РБТ»- қадами саввум
Моҳи феврали соли равон бо пешниҳоди мутахассис Баҳромҷон Мамадҷонов, ки тайи даҳ сол дар Ҷумҳуриҳои Русияву Олмон дар соҳаи мошинсозии саноати сабук таҳсилу таҷриба андӯхтааст, тасмим гирифт, корхонаи «Ресандаи Тоҷикистон РБТ»-ро таъсис диҳад. Барои ин онҳо собиқ корхонаи ресандагиро, ки ба ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Сомон-Суғд»-таллуқ дошту тайи ҳашт ҳафт соли охир бекор меистод, ба иҷора гирифтанд. Дастаи Равзабону моҳи июни соли 2015 корро шуруъ кард. Се нафар мутахассисонро аз Олмон даъват карданд, то таҷҳизотро барои кор омода кунанд. Яке аз ширкатҳои намоёни Олмон - «БИМЭКО» баъд аз дидану санҷидани нахи пахтаи тоҷикӣ омодагии хешро барои харидории маҳсулоти истеҳсоли «Ресандаи Тоҷикистон»-изҳор дошт. Тибқи нақша барои корҳои барқарорсозии корхона 2 миллион сомонӣ маблағ масраф гардида, ҳамасола ин ҷо 4,5 ҳазор тонна нахи пахта бояд коркард шавад. Навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии «БИМЭКО» сурат гирифта, дар як сол дар ин ҷо ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол хоҳад шуд. Дар навбати аввал 100 нафар коргар барои кор даъват шуда, дар назар аст, то ахири сол теъдоди онҳо ба 400 нафар расонида шавад.
Эътироф
Дар даҳаи саввуми соли равон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар вилояти Суғд аз Корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон РБТ” дидан намуд. Ӯ даставвал намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро тамошо кард. Сарвари давлат аз ғайрату иродаи қавии сарвари корхона – Равзабону изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ӯ дар муҳити рақобатноки бозор комёбӣ таманно намуд. Равзабону Неъматуллоева дар навбати хеш ба Президенти мамлакат ваъда дод, ки дар сурати пешрафти корҳо тасмим дорад, то дар ояндаи наздик коргоҳи бофандагии корхонаро фаъол сохта, иловатан боз барои 400 нафар бонувону духтарон ҷойи кори доимӣ таъсис диҳад.
Имрӯз Равзабону беҳтарин намунаи соҳибкорзанони ватанист, ки тиҷоратро метавон гуфт аз сифр шуруъ карда, қадам ба қадам, бо камоли сабурию фидокорӣ, нияту андешаи нек васеъ намуда, мақоми шоистаи хешро дар ҷомеа дарёфтааст.
Тилав РАСУЛЗОДА