Вақте беқурбшавии пул дар бозори муомилот ва хариду фурӯши маводи ниёзи аввалия бо арзиши давраи буҳрони ба миён омад, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ҳам буҳронӣ шуд. Дар ин самт бо назардошти талаботи вазъи иҷтимоию иқтисодии дохилӣ тадбирҳо андешида шуданд, аммо камтаъсир. Ин дар маҷмуъ фарогири ҳама соҳот буд. Таъсири буҳрон ба оилаҳо бештар аён гардид ва ҳар нафар ба танзими буҷаи оила даст зад, ки он иборат аз камхарҷ намудани маросимҳо, хароҷоти ҳамарӯзаи ниёзи аъзоёни хонавода ва маҳдуд сохтани талаботи ҳамарӯза буд. Таҷриба нишон дод, ки ин тадбир то ҷое таъсири буҳрони молиявиро дар муҳити хонаводаҳо коҳиш дода, мувозинати харҷу сарфаро ба танзим даровард. Агар ба сабақи таърихии буҳронҳо нигарем, мебинем, ки он раванди муқаррарии дилхоҳ ҷомеа буда ногузир аст. Имрӯз дар ҳолати зуҳури буҳрони навбатӣ чиро интизор шудан мумкин аст ва чӣ ҳолате ба миён омадааст? Ва раҳоӣ аз ин зуҳурот дар чист? Аксари иқтисодшиносон усули муосири ҳалли ин масъаларо дар идоракунии зиддибуҳронӣ медонанд.
Мафҳуми «идоракунии зиддибуҳронӣ» чанде пеш ба миён омад. Сабаби пайдоиши онро ба оғози ислоҳоти иқтисодӣ ва зуҳури муассисаҳои зиёде медонанд, ки дар ҳоли муфлисшавианд. Бӯҳрони баъзе корхонаҳо ин раванди муқаррарии иқтисоди бозорист, ки мутобиқи қоидаи дарвиновӣ қудратмандҳо боқӣ мемонанд. Корхонае, ки ба «муҳити атроф» мутобиқ нест, ё бояд мутобиқ шаваду қудрати худро нишон диҳад, ё ки аз байн равад. Масалан, дар Ҷопон ҳар моҳ то се ҳазор корхонаҳои хурду миёна фаъолияти худро дар бозор қатъ мекунанд ва ҳамин қадари дигар пайдо мешаванд. Дар баъзе кишварҳо, анқариб аз панҷ чор корхонаро метавон дар доираи меъёрҳои мавҷуда муфлисшуда ҳисобид. Таҳияи мафҳуми идоракунии зиддибӯхронӣ-ин тақозои таҷриба аст, зеро талабот ба идоракунии зиддибӯҳронӣ на танҳо дар иқтисодиёти давраи гузариш, балки дар иқтисоди бозории кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон низ ба миён меояд. Нақши асосиро дар идоракунии зиддибӯҳронӣ менеҷменти молиявӣ, ки таъмини молиявии соҳибкориро бо назардошти ҳамоҳангии элементҳои тактикию стратегӣ, идоракунии муомилоти пулӣ ва ҳалли оптималии масоили молиявиро ба уҳда дорад, мебозад. Пурзӯр намудани назорат аз болои муомилоти пулӣ ё маблағгузориҳо барои ҳар як корхона, ба хусус барои корхонаҳои дар ҳолати бӯҳронӣ қарордошта, муҳим дониста мешавад. Маҳз ҳамин қоида дар муҳити оила низ муҳим дониста мешавад. Яъне ташкили хуби менеҷменти молиявӣ дар оила ҳалли оптималии масъалаҳои муҳимро дар идоракунии буҷаи оила таъмин месозад.
Муҳимияти ин масъала дар он аст, ки барои рақобатпазир будани оила ба вазъи кунунии иқтисодӣ дар иқтисоди бозорӣ ва муфлис нагаштани буҷаи оила бояд саривақт бо истифода аз таҳлили молиявӣ камбудиҳоро ошкору бартараф кардан ва барои беҳтар сохтани вазъи маблағгузории оила имкониятҳоро пайдо намудан зарур аст.
Агар дар оила 3-4 нафар кор кунанд ва даромади миёнаи онҳо ба хароҷоти моҳонаи оила мусоидат намояд, ин имконияти захира намудани маблағро дар буҷаи оила фароҳам меорад. Аммо, агар ҳамин даромади оила ҳар моҳе сарфи ниёзҳои заруру нозарур шаваду пасандозе боқӣ намонад, буҳрони молиявӣ дар хонавода ногузир аст. Аксар сарварони огоҳ ва дурандеши хонаводаҳо сарфу хароҷоти ҳамарӯзаи оиларо ба нақша мегиранд ва кӯшиш менамоянд, ки дар буҷаи оила маблағе пасандоз шавад. Заруру нозарур хароҷот намудани даромади ҳармоҳаи оила ба нафъи кор нест, ба хусус дар ин давраи буҳронӣ. Аксари коршиносони масоили иқтисодӣ дар он ақидаанд, ки сарвари оила дар шароити кунунӣ набояд танҳо ба маҳдудсозии буҷаи хонавода ва ниёзҳою талаботи ҳамарӯзаи аъзоёни оила қаноат кунад. Ҳатман бояд роҳҳои нави маблағгузориро ба буҷаи оила пайдо намояд. Албатта, роҳҳои қонунӣ ва муосиреро, ки талаботи истеъмолии хонаводаро таъмин созад. Имрӯз, вақте вазъияти иқтисодӣ пайваста тағйир мехӯрад, танҳо омодагӣ ба дигаргуниҳо дар муносибатҳои иқтисодии хонаводаҳо ва банақшагирии буҷаи оила имкони рақобатпазирӣ, устуворӣ ва муҳити солими иқтисодиро дар оила фароҳам хоҳад овард. Ин дар ихтиёри тафаккуру фарҳангу тадбири ҳар сарвари худогоҳи оилаҳо аст ва ин имконпазир мебошад.
Р.Камол