Замони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари рушду нумуи соҳаҳои гуногун, ҳамчунин, бо таъсис ёфтани корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ пешравиҳои назаррас дар соҳаи саноат ба миён омаданд. Ба фаъолият пардохтани корхонаҳо ба болоравии сатҳи иқтисодӣ ва ҳам бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштани аҳолӣ мусоидат намуда, истеҳсоли босуръати маҳсулоти ватанӣ ва содироти он сол аз сол ба хориҷи кишвар афзудан доранд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат - Текстайл» аз зумраи корхонаҳоест, ки дар ду марҳилаи оғози кор бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дари худро ба рӯи занону духтарони корҷӯ боз намуд. Моҳи январи соли 2020 бо иқтидори истеҳсолии 19 миллиону 200 ҷуфт ҷуробҳои мардонаю занона ва кӯдакона корхона фаъолияташро роҳандозӣ намуд. Моҳи декабри соли 2020 иқтидори истеҳсолии маҳсулоти корхона ба 34 миллион ҷуфт ҷуроб расонда шуд. Алҳол, дар коргоҳ 270 нафар меҳнат мекунад, ки 90 дарсади ононро занон ташкил медиҳанд.
- Бофандагон асосан аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ, сокинони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷалб шудаанд. Воситаҳои нақлиёти корхона ҳар рӯз онҳоро ба коргоҳ оварда, бо поин ёфтани кор ба хонаҳояшон мерасонад, - мегӯяд Орзу Холиқов, директори маъмурии ҶДММ «Ваҳдат – Текстайл».
Зебо Расулова, корманди шуъбаи кадри корхона, чунин иброз медорад:
- Бо ҳокимиятҳои маҳаллии шаҳру навоҳии пойтахт робитаи ҳасана дорем. Сари ҳар вақт ба маҳалҳо рафта, бо бонувон суҳбат меороем ва бо шароити фароҳамдоштаи коргоҳ ошнояшон месозем. Бонувони зиёд барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат мекунанд, ки ин натиҷаи чунин вохӯриҳо аст. Ҳамчунин, тариқи мактуб аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ба кор ҷалб намудани бонувони маҳаллӣ кумак хостем ва эътимоди комил дорем, ки ин ҳамкориҳо натиҷа хоҳанд дод.
Ба кори бофандагӣ бонувоне ҷалб мешаванд, ки дарку фаҳмиши идоракунии таҷҳизотро дошта бошанд, яъне саводнок буданашон ҳатмист. Зеро, дар коргоҳ асосан бо истифода аз таҷҳизоти электронӣ корҳо роҳандозӣ шудаанд.
Ҳадиса Мирзозода ва Санавбар Бобоназарова аз рӯзи аввали таъсисёбии корхона дар ин даргоҳ ба фаъолият шуруъ намуданд. Онҳо мегӯянд, ки дар бораи таъсиси корхона тариқи телевизион огаҳӣ ёфтанд.
- Шуғле надоштам ва ҷое таҳсили илм накарда будам. Солҳо хонашиниро ихтиёр намудам, вале бори рӯзгор сангин аст. Ба хотири беҳшавии буҷети хонавода ба кор омадам. Истифодаи дастгоҳҳои бофандагии электронӣ бароям ғайриодӣ менамуд, вале дар муддати як ҳафта кори таҷҳизотро омӯхтам. Шароити корӣ муҳайё ва кор бо дастгоҳҳо низ мушкил нест. Дар 15 рӯзи корӣ 1500 сомонӣ маош ба даст мегирам.
Ба бонувони деҳоти атрофи пойтахт муроҷиат менамоям, ки ба корхонаи ҷуроббофии «Ваҳдат – Текстайл» ба кор оянд. Ин ҷо ҳам ҳунар меомӯзанд ва ҳам ба шароити иқтисодии хонаводаашон беҳбудӣ мебахшанд, - иброз медорад Ҳадисабону.
ҶДММ «Ваҳдат – Текстайл» маҳсулоти хом - риштаро аз коргоҳҳои ресандагии ноҳияи Данғара дастрас намуда, ҳамчунин, бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориҳои ногусастанӣ дорад.
- Танҳо риштаҳои сунъиро аз Чин мехарем. 360 адад таҷҳизоти бофандагие, ки кор мебарем, аз давлатҳои Чин, Туркия ва Италия ворид шудаанд. Мутахассисони корозмудаи ширкатҳои воридкунандаи таҷҳизот, ҳамчунин, ба ҷавонони корхона тарзи истифода ва корбарии таҷҳизоти муосири бофандагиро омӯзонданд, ки алҳол, онҳоро худи бонувону ҷавонписарон идора мекунанд.
Барои содироти маҳсулоти корхона низ ҳамкорӣ ва шартнома бо давлатҳои Россия, Қазоқистон ва Корея дорем, ки дар асоси он мебоист 97 дарсади ҷуробҳои истеҳсолшаванда ба хориҷ аз кишвар бароварда шаванд, - иброз медорад Орзу Холиқов.
Мавсуф бо таассуф мегӯяд, ки бо донишгоҳҳои кишвар ҷиҳати ба коромӯзӣ ҷалб сохтани донишҷӯён шартномаҳо ба имзо расида бошанд ҳам, на ҳар донишҷӯ шавқу рағбати аз бар намудани касб дорад. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст то ҷавонони маҳаллӣ ба шуғломӯзӣ ҷалб гарданд ва мутахассисони соҳа дар самти пешбурди фаъолияти корхона омода карда шаванд.
Дар корхонаи мазкур маоши кормандон вобаста ба истеҳсоли маҳсулот буда, моҳе аз 1500 сомонӣ бештар мебошад. Коргарон бо ҷойи хоб ва се вақт хӯроки бепул таъмин буда, истифода аз воситаи нақлиёти корхона ройгон аст.
- Оғози фаъолияти корхона ба паҳншавии вируси оламгири СOVID - 19 рост омад ва то ҷое ин мушкил ба истеҳсолот ва содироти маҳсулот монеъ гардид. Чун истеҳсолгарони кишварҳои ҷаҳон корхонаи мазкур низ дучори мушкил гашт. Вобаста ба истеҳсолот ва даромад аз фурӯши маҳсулот имкони аз ин ҳам бештар роҳҳои ҳавасмандгардонии кормандонро ба инобат гирифтаем. Алҳол, ба иқтидори таъиншуда маҳсулот истеҳсол накардаем, вагарна эътимод комил аст, ки бо болоравии ҳаҷми маош шароити боз ҳам аз ин хубтару беҳтар насиби кормандон мегардад. Зеро талабот ба маҳсулоти хушсифати корхона зиёд аст. Чанде пеш бо ширкатҳои бонуфузи хориҷии «Nike» ва «Adidas» шартномаи фурӯши маҳсулот ба имзо расид, ки онҳо бо теъдоди хеле зиёд аз корхона ҷуробҳои варзишӣ фармоиш карданд, - мегӯяд Зебо Расулова.
Роҳбарияти ҶДММ «Ваҳдат – Текстайл» тасмим дорад, дар як муддати муайян филиали корхонаи мазкурро бо чунин иқтидори бузурги истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш ба рӯйи бонувони корҷӯ боз намояд. Ҳамчунин, ба хотири коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ ва истифода аз он дар дохили кишвар ба фаъолият оғоз намудани корхонаи ресандагӣ ва истеҳсоли сачоқ низ дар мадди назар аст.
Бошад, ки чунин корхонаҳо дар истеҳсоли маҳсулот ва коркарди ашёи хом дар дохили кишвар зиёд гарданду барои дарёфти ҷойи кори доимӣ ва ободию пешравии хонадони ҳар соҳибватан мусоидат намоянд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО