Ӯро пайдо кардам. Дар замини ҳавлиаш саргарми коре буд. Моро дида ба наздамон шитофт. Хеле самимӣ ҳолу аҳволпурсӣ кард. Аз мақсади ташрифамон огоҳ шуду болои кат ба нишастан муроот намуд.Гирду атрофи кат пур аз гулҳои рангоранг буданд,, ки наметавонистанд диққати бинандаро ҷалб накунанд. Ва сӯҳбати мо аввал аз боби ҳамин гулҳо оғоз шуд.
- Ҳар як буттаи гули гулдонҳои ман таърихи худро доранд. Якеашро аз Венгрия овардааму дигарашро аз Ҳолланд, аз Қазоқистону Ҷопону Эрон ҳам ниҳолакони гулро овардаам. Хулоса, ин гулҳо хотираҳои мананд, ки аз тамошояшон наметавонам гузаштаамро фаромӯш созам, - мегӯяд Турсуной Исомиддинова.
- Сабаби ба ин кишварҳои хориҷ сафар карданатон чӣ буд?
- Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Зиндагӣ оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад.
Пешаи интихобкардаи ман омӯзгорист. Ихтисосам муаллимаи фанни забони англисӣ мебошад. Ман дар соҳаи маориф 32 сол аст, ки фаъолият дорам. Омӯзгори одӣ ҳам будам, чандин сол роҳбар шуда кор ҳам кардаам. Солҳои 1993-1994 буд. Дар қатори дигар табақаҳои аҳолӣ шароити зиндагии муаллим низ ҳоли табоҳ дошт. Ноилоҷ аз баҳри чанд соати корӣ гузашта, ба соҳибкорӣ рӯ овардам. Он замон зери мафҳуми соҳибкорӣ мардум танҳо хариду фурӯшро мефаҳмиданд. Ман, ба қавле, ба хариду фурӯш машғул шудам. Тиҷоратро аз 70 ҳазор рубли русии «деревянный» сар кардам. Баъдан бо пешниҳоди лоиҳаҳо ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба дигар соҳибкорон раҳнамоӣ намудам. Ҳамин ҳамкориҳои ман бо ин ташкилотҳо боис шуд, ки барои омӯзиш ба кишварҳои хориҷа равам.
- Мегӯянд, ки барои муваффақ шудан дар ҷодаи тиҷорат бояд иқтисоддони хуб буд? Шумо чӣ андеша доред?
- Иқтисоддони хуб будану маълумоти иқтисодӣ доштан дар ин самт муҳим нест, вале аз иқтисодиёт бехабар будан ҳам мушкилотеро метавонад пешорӯ орад. Шахсан ман пас аз хондани китоби як иқтисоддони амрикоӣ бо тиҷорат сарукор гирифтам. Суханони вай маро ба ин роҳ «тела» дод. Ӯ мегӯяд: «Агар хоҳӣ, ки дар зиндагӣ шахси доро бошӣ, нақдатро ба се қисм ҷудо кун: якеашро барои рӯзгор сарф кун, дигарашро захира намо, ҳиссаи сеюмашро ба тиҷорат равона кун». Барои тиҷорат пули зиёд не, фақат хоҳиш лозим аст. Хоҳиши дар оянда тоҷири хуб будан. Агар «чор сӯм»-и фоидаи ёфтаатро сарф кунӣ, аз куҷо фардо барои ривоҷи тиҷорат маблағ меёбӣ? Воқеан, дар ҳамкорӣ бо занон чунин ҳолат шуда буд, ки маблағро барои тиҷорат ё соҳибкорӣ гуфта, мегирифтанд, вале баръакс, чанд вақт пас натиҷаи кори онҳоро дар сарулибосҳои қиматбаҳояшон медидем ё сарфи рӯзгорашон мекарданд. Пас, маълум мешавад, ки ин тоифа занон на хоҳиши пулкоркунӣ, балки ҳаваси пулсарфкуниро доранд.
- Аз тиҷорат ба ташкили як ассотсиатсия даст заданатонро сабаб чӣ буд? Ё худро дар тиҷорат муваффақ надидед?
- Ростӣ, соҳибкорӣ ё тиҷорати онзамона ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ буд, танҳо гуфтаҳои ҳамон иқтисоддони америкоӣ тавонист ин роҳро барои ман кушояд ва маро ба ҳадафи худ расонад. Яъне ҳамон замон барои рӯзгузаронӣ тавонистам қути лоямут пайдо кунам.
Соли 1998 буд. Дар як шумораи газетаи «Политика и Бизнес» Фонди миллии сармоягузорӣ дар бораи ҳамкорӣ намудан бо кумитаҳои маҳаллиро эълон карда буд. Бояд раисони маҳалла лоиҳаҳои худашонро пешниҳод мекарданд. Ман ҳам барои ободонии маҳаллаам, деҳаи Чағатой лоиҳае пешкаш кардам ва хушбахтона, ғолиби озмун шудам. 82 ҳазор доллар бурд кардем ва ин маблағ барои бо гази табиӣ таъмин шудани аҳолии маҳалла сарф шуд. Ҳамин тавр, Ассотсиатсияи хайриявии занон бо номи «Нилуфар» таъсис гардиду самти кори ман ҳам тағйир ёфт.
- Фаъолияти «Нилуфар» ба кадом самт равона шудааст?
- Чуноне ки аз номаш маълум аст, Ассотсиатсияи хайриявии занон, дастгиру мададгори бонувон мебошад. Ба занони хонашин касбҳои занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, дӯзандагиро омӯзондем. Бонувоне ҳастанд, ки нияти машғул шудан ба соҳибкории хурдро доранд ва барои ин албатта, маблағ лозим аст. «Нилуфар» ба хотири рушди соҳибкорӣ миёни занон маблағҳои яксолаи бефоизро медиҳад, ки дар давоми як сол бояд онҳо кори худро ба роҳ монанд. Дар сурати сари вақт напардохтани маблағ аз соли дуюм як фоиз ҳисобида мешавад. Айни замон дар ин самт ҷавононро ҷалб карда истодаем ва таҷрибаамонро ба онҳо меомӯзонем. Онҳо ҳам шавқи омӯзиши тиҷоратро доранд ва аллакай чанд нафарашон дар ин ҷода муваффақ шуданд. Масалан, духтараке аз деҳаи Ғашнии ноҳия бо номи Наргис Алиева, ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст, нуқтаи доруфурӯширо барои ҳамдеҳагонаш ба истифода дод.
Ҳоло ду лоиҳаи мо ба Сафоратхони Амрико фиристода шудааст ва дастгирӣ ҳам хоҳад ёфт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳаҳо занҳое, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатианд ва шароити зиндагиашон чандон хуб нест, ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъдан, барои равнақи корашон ба онҳо маблағҳои бефоиз дода мешаваНд. Хуллас, ҳадафи мо кӯмак ба бонувон аст.
- Ташаккур, барои сӯҳбати самимӣ!
- Саломат бошед!
Қутбияи Неъматулло