KFC (Kentucky Fried Chicken – чӯҷаи пухта аз Кентукки) яке аз тарабхонаҳои шабакаи байналмилалии тарабхонаҳои хӯрокворӣ маҳсуб меёбад, ки дар тамоми ҷаҳон мизоҷони зиёдро ҷалб намуда, чанде қабл аввалин маротиба дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монд. Роҳбарии онро бонуи муваффақ Нодира Иргашова ба уҳда дорад. Бобати чӣ гуна созмон додани он ва сирри дастовардҳояш бо ӯ суҳбат оростем.
Нодира зодаи шаҳри Душанбе асту дар оилаи корманди яке аз ниҳодҳои қудратии кишвар ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар овони хурдсолӣ падараш тарки дунё менамояд ва модараш қатъи назар аз он ки корманди мақомоти қудратӣ буду бештари вақташро дар идора мегузаронд, ду гулдухтарашро ба воя расонда, соҳибмаълумот кард. Азбаски хонаи онҳо дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе воқеъ буд, бо дидани парвози ҳавопаймоҳо Нодира дар қалби хеш орзуи роҳбалад шуданро мепарварид. Вале фаъолияташро бо корхонаҳои хариду фурӯш ва савдо пайваст.
- Қадамҳои аввалини Шумо дар тиҷорат аз куҷо оғоз ёфтанд?
- Пас аз хатми мактаби миёна донишҷӯи Академияи гуманитарии муосири шаҳри Душанбе гардидам. Ҳамон сол ба шавҳар баромадам. Кунун мебоист аз пайи зиндагӣ шавам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, роҳи тиҷоратро пеш барем. Азбаски ғоибона таҳсил менамудам, имкон дошт, ки дар вақтҳои холӣ ба тиҷорат машғул шавам. Бо ҳамин ният ҳамроҳи шавҳарам дуконеро ба иҷора гирифтем. Ман ба фурӯши атрҳо машғул гаштаму шавҳарам ба таъмири телефонҳои мобилӣ. Аз ҳамон овон роҳу равиши тиҷоратро сарфаҳм рафтем.
Аммо пас аз як соли фаъолият, бо сабаби кӯч бастан ба Федератсияи Россия, дуконро бастем. Дар он ҷо ҳам таҳсилро дар намояндагии Академияи мазкур идома дода, ҳамзамон, корро дар яке аз марказҳои бузурги савдои шаҳри Калининград оғоз намудам. Чанд сол ба ҳайси муҳосиб кор кардам.
- Чӣ боис шуд, ки ба Ватан баргаштед?
- Азбаски фарзандонам ҳар ду духтаранд, барои тарбияи шарқиёна ва аз худ намудани урфу одати тоҷикӣ мебоист, ба Тоҷикистон баргардем. Агар ин як сабаб бошад, омили дигар, албатта, боду ҳавои кишвари азиз ва дур будан аз канори модару пайвандон буд. Тамоми шароитҳо муҳайё буданду роҳу равиши худро пайдо карда будем, вале ҳамоно худро ғариб эҳсос мекардем. Зеро Ватан - Ватан аст.
Рӯзе ба худ андешидам, ки ҳамин гуна зиндагиро дар зодбум низ метавонем ба роҳ монем ва ҳатто беҳтар аз он, дар оғӯши модар ва дар Ватани ободу зебо ва дорои табиати бою дилфиреб. Пас, чаро маҳорату кордонии худро барои пешрафту нумуи Ватан сарф насозем ва роҳ гирифтем ба сӯи Тоҷикистон.
- Омадан баробар тиҷорати худро идома додед?
- Нахуст тасмим гирифтам, ки орзуи кӯдакии худро амалӣ созам. Бо ҳамин ният, рӯ овардам ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр». Тули се моҳ курси омӯзишии роҳбаладиро гузаштам ва дар интизори оғози фаъолият будам, вале боз корам омад накард. Дар ширкати мазкур буҳрони иқтисодӣ сар заду қисми зиёди кормандонро ихтисор намуданд.
Як моҳ дар хона бо фарзандон будам. Дидам, ки бекор нишаста наметавонам, аз пайи ҷустуҷӯи кор шудам. Яке аз дӯстонам барои ҳамкорӣ даъват намуд. Дар ширкати онҳо ба ҳайси таҳлилгари соҳаи савдо ба кор пардохтам.
Баъдан дар вазифаҳои менеҷери тарғиботӣ ва менеҷер оид ба воридот будам. Чун донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, сафарҳои зиёди корӣ ба хориҷи кишвар доштам, бо чанде аз коргоҳҳои машҳур аз наздик ошно гаштам.
Бо беш аз 40 ширкати хориҷӣ ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ монда, ба курсҳои омӯзишӣ сафарбар гардидам. Ҳамчунин, дар чанде аз семинару тренингҳои омӯзишӣ низ ширкат варзидам. Дар ин росто, зинаи магистратураи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ ба итмом расонда, ба курсҳои омӯзишии «IFC World Bank Group HACCP Standards»-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шомил шуда, технологияи рақамӣ, нақшаи тиҷорату маркетинг ва менеҷмент оид ба лоиҳаҳоро аз худ намудам.
Сипас, ҳамкориро бо ширкати «Гулшан» оғоз бахшидам. Онҳо маро ҳамчун менеҷери лоиҳавӣ пазируфтанд. Дар доираи як лоиҳаи худ маҳсулоти бренди машҳури обҳои ташнагишикани аврупоии «Синалко», инчунин, нусхаи аслии оби нӯшокии газноки «Pepsi»-ро аввалин маротиба ба Тоҷикистон овардем.
- Идеяи таъсиси KFC аз ҷониби кӣ буд?
- Чун зиёд ба хориҷи кишвар сафар мекардам, барои будан бо аҳли хонавода вақти кам мемонд. Онҳо низ қатъиян дархостанд, ки бештари вақтро дар иҳотаи оила гузаронам. Як муддат аз кор канор мондам. Тули чор моҳ бо фарзандон ба сайру гашт мерафтему барояшон ғизоҳои дӯстдоштаашонро омода менамудам. Дар ин муддат, ба хулосае омадам, ки фаъолиятро дар хона тариқи интернет ба роҳ монам. Аммо дар шароити хона кор пеш нарафт. Аз ин рӯ, маконеро ба иҷора гирифта, бо чанд ширкати ҷаҳонӣ ҳамкориро оғоз кардам.
Соли 2018 лоиҳаи таъсиси KFC рӯйи кор омад ва аз ҳамон сол дар ин самт гомҳои аввалинро гузоштем.
- Чаро ифтитоҳи он тӯл кашид?
- Рафти гуфтушунид, розӣ шудан ба шартҳои ҷонибҳо, ҷанбаҳои молиявӣ ва нозукиҳои он, ҷараёни аккредитатсияи тарабхона, гирифтани франшиза (қабули ҳуқуқи истифодабарии тамғаи молӣ), иҷрои стандартҳо, ҳуҷҷатгузорӣ, шартномаҳо, киро кардани мутахассис барои таълим додани кормандон ва ба ин монанд нозукиҳое ҷой доранд, ки наметавон дар як муддати кӯтоҳ ҳамаро анҷом дод. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бунёди тарабхонаҳои мазкур на камтар аз як то ду солро фаро мегирад.
Дар аввал гуфтушунид бо роҳбарияти ширкати тарабхонаи KFC тул кашид. Зеро, мебоист онҳоро бо муҳити Тоҷикистон ва нархи тарабхонаҳои кишвар ошно мекардам. Ба андешаи онҳо, дар мо арзиши анвои тарабхонаҳои хориҷӣ арзон ва бо ин нарх наметавон фаъолият ба роҳ монд.
Бо мақсади ошноӣ бо вазъи тарабхонаҳои Тоҷикистон мебоист сафари корӣ анҷом диҳанд. Вале дар ин миён пандемияи COVID -19 ҷаҳонро фаро гирифту роҳҳо баста шуданд. Дер ҳам бошад, онҳо ба Тоҷикистон омаданд. Пас аз розигии масъулон ба таъмири тарабхона пардохтем. Дар баробари корҳои таъмирӣ кормандонро ба омӯзиш фаро гирифтем. Аллакай 40 нафар кормандон аз омӯзиш гузаштанд. Дар оянда ният дорем, ки шумораи кормандонро то ба 60 нафар расонем.
- KFC Тоҷикистон аз дигар ҳамтоёни худ чӣ тафовут дорад?
- Мо асосан аз маҳсулоти ҳалол истифода бурда, фурӯши нӯшокиҳои спиртиро сарфи назар мекунем. Дигар ҳама, шуруъ аз либос то анвои ғизоии тамоми тарабхонаҳои KFC якранганд.
Азбаски KFC-ҳои Осиёи Марказӣ зери назорати намояндагии ширкати дар Россия ҷойгирбуда аст, мо маҳсулотро аз Россия ва аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меорем, ки дар Амрико истеҳсол шудаанд.
Аммо аз ҷиҳати намои даруниву берунӣ бинои тарабхона ба куллӣ фарқ мекунад ва бори аввал бо ин намо танҳо дар Тоҷикистон ба фаъолият мепардозад. Ҳатто тарҳи сомона ва чароғҳои дохили тарабхона низ аз дигар тарабхонаҳои KFC тафовут доранд.
- Маҳбубияти KFC – ро дар чӣ мебинед?
- Ҳар як тарабхонаву ошхона бо сифати таому лаззат аз ҳамдигар фарқ мекунад. Дар тамоми тарабхонаҳои KFC – и ҷаҳон як қоидаи муҳим роиҷ аст, ки сабаби то ин дам маҳбубияти худро аз даст надоданаш ҳамин мебошад. Муҳлати истифодаи маҳсулот ҷиддӣ риоя мегардад.
Таҷҳизоти бузурге дар тарабхона ҷойгир аст, ки ҳарорати хӯрокро якзайл нигоҳ медорад. Хӯроки пухташуда барои соати муайян дар дохили он гузошта мешавад. Бо расидани вақт таҷҳизот огоҳ месозад. Ҳамчунин, ғизое, ки имрӯз омода шудааст, фардо фурӯхта намешавад.
Ба ҳар як корманд ҳангоми омӯзиш фаҳмонда мешавад, ки қабл аз омода намудани хӯрок, ҳатман теъдоди меҳмононро ба инобат гиранд. Яъне, тамоми талаботи санитарӣ ва дархости меҳмонон қатъиян иҷро карда мешаванд. Мақсади аслии мо, авлавият ба сифати ғизо аст. Набояд таъми хӯрокҳои KFC – и Тоҷикистон аз дигар KFC – ҳои Амрикову Аврупо фарқ дошта бошад.
- Ба назари Шумо сирри тиҷорати муваффақ дар чист?
- Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки қабл аз ҳама, сирри тиҷорати муваффақ дар маҳсулоти босифат аст, ки ба мизоҷони синну соли гуногун писанд ояд. Калиди дуюми дастовард шарикони боэътимод аст. Баъдан, рақобати солими иқтисодӣ. Агар рақобат набошад, ҳеҷ тоҷир барои пешрафти худ саъю талош намеварзад. Рақобат аст, ки идеяҳои нав рӯйи кор меоянду шахсро ба сӯйи музаффариятҳо равона месозанд.
Ҳамчунин, доштани ҳайати хуби хизматрасонӣ низ дар тиҷорат муҳим аст. Фарзан, дар тарабхона барои он ки мизоҷон аз ташрифи худ қаноатманд бошанд, на танҳо бо хӯрокҳои лазизу дилчасп, балки аз хизматрасонии аълосифат баҳравар гарданд. Ва ин танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки кормандон кори худро дӯст доранд. Биноан усулҳои ҳавасмандгардонии ҳам маънавӣ ва ҳам моддиро бояд ба кор бурд.
- Роҳбар будан масъулияти зиёд дорад. Шумо чӣ гуна аз уҳдаи он мебароед?
- Бале, роҳбар ба ҳар як ҷанбаи фаъолияти тарабхона масъул ва барои ҳамаи кормандон намунаи ибрат аст. Вай бояд стандартҳоро донад ва онҳоро риоя намояд. Вагарна роҳбар чӣ гуна инро аз кормандони худ талаб мекунад?
Роҳбар масъулияти зиёде ба зимма дорад. Қабл аз ҳама, ташкили ҷараёни корро бояд зери назорати қатъӣ гирад. Тарабхона мувофиқи меъёрҳои санитарӣ ва хӯрокворӣ, инчунин стандартҳои дохилӣ - аз ҷиҳати тозагӣ ва сатҳи меҳмоннавозӣ фаъол бошад. Баъдан, роҳбар ташкили омӯзиш дар тарабхонаро низ бар уҳда дорад. Дар самти рушди кормандон низ масъул аст.
Барои ин дар корхона муҳити оилавиро ба роҳ мондан мувофиқи мақсад аст. Нафароне, ки шумо бо онҳо кор мекунед, оилаи дуюм маҳсуб меёбанд. Яке аз вазифаҳои роҳбар фароҳам овардани чунин фазо дар тарабхона аст, то кормандон худро дар кор роҳат ҳис кунанд. Зарурати эҳтироми якдигар, ҳифзи арзишҳои корпоративию инсонӣ низ муҳим аст.
- Нақшаҳои Шумо дар оянда?
- Ният дорем шумораи тарабхонаҳои KFC-ро дар Тоҷикистон ба 8 адад расонем. Тарабхонае, ки алҳол фаъолият менамояд, яке аз аввалинҳо ва калонтарин маҳсуб меёбад, ки барои беш аз 300 мизоҷ сохта шудааст. Ба ҳамин монанд дар дигар гӯшаҳои шаҳр тарабхона бунёд карданием. Бо ин роҳ мехоҳем, ки ҳамватанон соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шаванд. Кӯшиш ба харҷ медиҳем, то заррае ҳам бошад, баҳри пешрафти иқтисодии кишвар саҳм бигирем.
Сайёҳони хориҷӣ қабл аз оне, ки ба як кишвари дигар раҳ мегиранд, ҳатман аз дастоварду ҷойҳои таърихӣ, албатта, тарабхонаву меҳмонхонаҳои нуфуздори байналмилалӣ огаҳӣ пайдо менамоянд.
Умед дорам, ки ба фаъолият пардохтани тарабхонаи KFC дар соли таҷлил аз 30 – солагии Истиқлоли кишвар туҳфаи хубе барои шаҳрвандони азиз аст.
Ба бонувони ҷасуру қавииродаамон гуфтаниям, ки ҳич ваҷҳ аз орзу кардан наҳаросанд. Нақшаҳои бузургро роҳандозӣ намуда, думболи ислоҳи хатоҳо шаванд. Ба ин тарз, корашон дар зиндагӣ ҳадафманду рангинтар хоҳад шуд.
Бунафша РАҲМОНОВА