На ҳар вақт хостаҳои инсон дар зиндагӣ амалӣ мегардад. Бо мурур гоҳе бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки хоҳ – нохоҳ зиндагӣ маҷрояшро дигар менамояд. Чунин ҳолат, бахусус, дар аксари бонувон пас аз бунёди оила рух медиҳад. Ин таомули шарқиёна аст, ки дар хонавода сухани шавҳар ё волидони ӯ нақши муҳим мебозад. Бону Мавҷуда Султонова низ баъди хатми омӯзишгоҳ, ки ба ҳаёти оилавӣ пайваст ва натавонист дар интихоби пеша устувор бимонад.
«Бояд маълумоти олӣ гирӣ!»
Чанд нафар дугонаҳо тасмим гирифтанд, то пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе идома диҳанд. Мавҷуда Султонова донишҷӯи бахши фармасевтии омӯзишгоҳ шуд ва пешаи дорусозиро интихоб намуд. Зеро хилъати сафед ба бар ва дар ҷойи тозаву озода фаъолият кардан орзуи деринааш буд. Баъдан, озмоишҳои лабораторие, ки аз фанни кимиё дар мактаб мегузаронданд, завқашро ба корҳои таҳлилию озмоишӣ афзуда буд.
- Шавҳарам талқин намуд, то таҳсилро дар донишгоҳ давом диҳам. «Ҳар чӣ бошад ҳам, бояд маълумоти олӣ гирӣ», гуфт. Аз он ки пешаи интихобнамудаамро дӯст медоштам, ҳеҷ розӣ набудам. Баъдан, масъулияти оиладорӣ ва тарбияи фарзандон рисолатест, ки бояд бонуи хонадон онро аввал дар мадди назар гузорад. Хуллас, бо ин ҳама сермасъулиятӣ боз аз пайи таҳсил шудан мушкили бағоят азимеро гӯё пешорӯям гузошта буд. Аммо баръакси андешаҳо ҳама мушкилҳо ба шарофати дастгирии хонавода паси сар шуданд.
Рӯзе, ба вақти хӯроки шом, гирди дастархон ҷамъ будем. Мирзо Султонов (ҳамсарам) таъкид намуд, ки фалон рӯз (моҳи август буд) ба имтиҳони дохилшавӣ бояд ҳозир шавам. Лолу гаранг мондам. Ба ҷуз розӣ шудан, илоҷе надоштам, зеро аллакай ҳуҷҷатҳоямро аз ман пинҳонӣ дар донишгоҳ супурда буд. Ҳамин тариқ, соли 1962 шомили факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон гардидам, - иброз медорад муаллима.
50 соли пурсамар
Мавҷуда Султонова соли 1969 донишгоҳро хатм кард. Дар Институти хоҷагии қишлоқи Душанбе чун лаборанти калон ба фаъолият пардохт. Муддате чанд ассистенти кафедраи ҳимояи набототи донишкада буд. Аз пайи илму пажӯҳиш шуд. Заҳматҳояш дар ин ҷода самар доданд. Дар асоси омӯзишу пажӯҳишҳояш дар самти пешгирии бемориҳои марбут ба рустаниҳо рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Истифода бурдани маводи биологӣ бар зидди касалиҳои намудҳои пахта» ҳимоя кард. Баъдан, дар ин мавзуъ аз пайи ҳимояи рисолаи докторӣ шуд. Баъдтар рисолаи докториашро ҳам дифоъ намуд.
- 50 соли фаъолият дар кафедраи донишгоҳ муваффақияти корам буд. Пажӯҳишҳоям дар соҳаи кишоварзӣ ба кор омаданд ва ифтихор дорам, ки то ҳадде дар пешрафти ин соҳа саҳм гирифтам. Вале ҳанӯз ҳам намехоҳам нафасе аз лаҳзаҳои умрам беҳуда гузаранд. Бо шогирдонам аз пайи омӯзишу пажӯҳиш ҳастам. Алҳол, дар Институти боғдорӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон заҳмат ба бор дорам.
Навиштани мақолаҳои илмӣ шуғли доимиам буда, барои деҳқонону кишоварзон низ дастурамалҳо таҳия менамоям. Ҳамчунин, ба боғу заминҳои кишти деҳқонон, боғдорон ва токпарварон рафта, аз наздик бо ҳолати афзоишу нумуи растанию дарахтон ошно мешавам. Тавсияҳо медиҳам, то корашон равнақ ёбаду дастархони мардум аз меваю сабзавот фаровон гардад, - мегӯяд Мавҷуда Султонова.
Кашфи як мавод
Донишманди пуртаҷриба дар баробари дарс гуфтан ба шогирдон аз фанҳои фитотологияи умумӣ, фитотологияи кишоварзӣ ва усули химиявию биологӣ, бо далолати устоди худ биолог Мелникиев ба пажӯҳиш шуғл варзид. Пажӯҳишро дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Ҳисор бо усули биологӣ оғоз намуд ва касалиҳои пахтаро омӯхт. Замони пажӯҳиш аз таркиби рустаниҳо бактерия ва замбурӯғҳоеро кашф кард, ки онҳо монеи афзоиши рустаниҳо буданд.
- Дар табиат бактерия ва замбурӯғҳое низ мавҷуданд, ки баръакс, зидди дигар бактерияҳои барангезанда истифода мешаванд. Ҳамин бактерияе, ки аз таркиби рустанӣ кашф гардид, бағоят микроорганизми хурд буда, танҳо тариқи заррасанҷ (микроскоп) онро дидан мумкин аст. Роҳбари кори илмиам профессор Мелникиев тавсия дод, ки маводи кашфшударо ҷиддан мавриди омӯзиш қарор диҳам. Гуфт: «Ин маводро ҳанӯз касе наомӯхтааст ва ҳама коратро партою аз пайи пажӯҳиш шав», - иброз медорад муаллима.
Мавҷуда Султонова дар яке аз озмоишгоҳҳои шаҳри Санкт – Петербурги кишвари Россия маводи кашфнамудаашро як сол омӯхт. Дар Институти микробиология ва вирусологияи ба номи академик Заболотнийи шаҳри Киев таҳти роҳбарии академикҳо В. Н. Смирнов, А. Г. Резников ва номзади илми биология Юнитский такмили кор намуд. Ӯ дар ҷараёни пажӯҳиш аз рустаниҳои комилан солим 9 намуди микроорганизмҳоро аз оилаи батсулизҳо ҷудо кард. Ин мавод батсулизсуптулиз 26Д буд, ки алҳол онро дар хоҷагии қишлоқ бар зидди касалиҳои картошка, помидор, бодиринг, сабзию карам ва ҳам дар соҳаи чорводорӣ васеъ истифода мебаранд.
Маводи кашфшудаи донишманди тоҷик Мавҷуда Султонова дар кишвари Россия дорои шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) гардид. Яъне, иҷозати истифодаи ин кашфиёт дар истеҳсолот аз ҷониби олимони соҳа тарафдорӣ шуд. Аз он ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба маводи тозаи экологӣ афзудааст, батсулизсуптулиз 26Д маводи соф биологист, ки бе истифода аз ягон моддаҳои кимиёвӣ истеҳсол мешавад. Мавсуф барои истеҳсоли зиёди ин мавод ба кор андохтани озмоишгоҳҳои бузургро лозим медонад. Муаллима бо таассуф мегӯяд:
- Шогирдонам чанде пеш барои анҷоми корҳои пажӯҳишӣ дар кишвари Россия буданд. Бо хушнудӣ аз он изҳор намуданд, ки ин мавод кашфиёти олимаи тоҷик будааст, ки он ҳам бошад муаллима Султонова мебошад. Вале, мутаассифона, боиси амал накардани озмоишгоҳҳои нав бо технологияи муосир аст, ки маводи батсулизсуптулиз 26Д барои истифода дар хоҷагии қишлоқ аз хориҷ ворид мегардад. Истеҳсоли ин маводи биологӣ, агар дар дохили кишвар роҳандозӣ шавад, барои тараққиёти хоҷагии халқ, бахусус, дар самти кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
АНОҲИТО