Барандаи стипендияи президентии гимназияи № 1-уми ноњияи Ќубодиён, иштирокдори фаъоли олимпиадањои фаннї, дорандаи дипломи сурхи Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи академик М. Осимї Тањмина Мањмудова овоне, ки факултети технологияи химиявии энергиябарандањои табиї ва маводњои карбондорро соли 2014 бо ихтисоси муњандис - химик – технолог поён бурд, хушбахт буд, ки аз озмоишгоњи таълимї барои донишљўён ба озмоишгоњи илмї –тадќиќотии аспирантон, унвонљўён ва докторантон рањ ёфта, домани тањќиќу озмоишро фарох намудааст.
«Ба њар коре, ки њиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад», - гўён тањти роњбарии устодаш Дилшод Иброњимзода пайи љустуљўи навгонї гардид. Роњбараш таваљљуњи шогирдро ба масъалаи аз партовњои маишиву техникї њосил кардани сўзишвории алтернативї љалб сохт.
Панљ соли зањматаш самар овард ва соли 2020 дар мавзуи «Љанбањои физикию химиявии технологияи регенератсия ва безараргардонии як ќатор равѓанњои техникї ва хўрданї бо истифода аз гилхокњои мањаллии Љумњурии Тољикистон» рисолаи номзадї дифоъ намуд.
Тањминабону номзади илмњои техникї, омўзгори калони кафедраи «Коркарди энергиябарандањо ва хизматрасонии нафту газ», њамзамон, муовини декан оид ба илм ба донишљўёни шартномавии факултети наќлиёти донишгоњ аст. Агарчи љавон асту њамсоли истиќлоли кишвар, тавониста, ки муаллифи 3 патент барои ихтироот, 1 монография, 2 санади татбиќ, 4 дастури таълимї бо унвонии «Химияи фенолњо» (2016), «Химияи коллоидї» (2017), «Витаминњо» (2019) ва «Химияи равѓанњо» (2021) ва зиёда аз 30 маќолаи илмї гардад.
Яке аз ихтирооти љолиби Тањмина аз донањои ангур њосил кардани равѓан ва аз ин равѓан њосил кардани сўзишвории алтернативї аст.
- Дар коргоњњое, ки ангурро љабида, спирт ва машрубот истењсол менамоянд, донањои он партов њисобида мешаванд. Мо равѓани ин донањоро љабида, баъдан дар асоси он бо усулњои махсус дигар навъи сўзишвории дизелиро њосил намудем, ки онро алтернативї мегўянд. Истифода аз ин навъи сўзишворї дар шароит ва иќлими Тољикистон хеле ќулай аст. Одатан, њаракати мошинњо дар баландкўњњо аз норасоии оксиген суст ва ё пурра ќатъ мегардад. Бартарии сўзишвории алтернативї дар он аст, ки дар таркиби худ оксигени омехта дошта, ин камбудиро рўйпўш менамояд, ки дар натиља суръати њаракати мошин бетаѓйир мемонад ва сўзишворї барзиёд масраф намегардад. Ин навъи сўзишвориро на дар шакли тоза, балки бо омехтаи 1 бар 5 – 7 бо сўзишвории муќаррарии дизелї истифода кардан љоиз аст, - иброз дошт бонуи муњаќќиќ.
Соли 2020 амсила ва видеолавњаи ихтирои Тањмина Мањмудова ба 13-умин Намоишгоњи байналмилалии занони ихтироъкор «KIWIE - 2020» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор ба шањри Сеули Љумњурии Корея фиристода шуд. Моњи октябри њамон сол бо сабаби пандемияи коронавирус ширкат дар форум ба тариќи видеоконфронс доир гардиду Тањмина барои ихтирои сўзишвории алтернативї ба гирифтани медали тилло шарафёб гашт.
- Њар як наќлиёт масофаи убури худро дорад, ки ба онњо равѓанњои техникї ва нафтии воридотиро мерезанд. Њамин ки масофаи муайянро убур кард, равѓани онро иваз мебояд. Равѓанњои куњна барои экология зарароваранд. Дар сурати ба хоку об рехтан ва ё сўзондан, замину об зањролуд ва њаво ѓализ мегардад. Њадафи мо љамъоварии чунин партовњои хатарзо ва бо истифода аз гилхокњои мањаллї (сорбентњо) полондану безарар кардани онњост. Хокаеро, ки равѓанњои оксидшударо ба худ мељабад, метавон дар корњои сохтмонї истифода бурду равѓани тозаро дубора истифода кард. Ба мисли ин равѓанњои ѓизоиро, ки беш аз ду маротиба бо њарорати баланд истифода мебаранд, баъд аз ин аз худ моддањои зањрдор (акролеини алдегид) хориљ менамоянд, ки он ба саломатии одам зарароваранд ва метавонанд ба беморињои захми меъда, илтињоби он ва ѓайра оранд. Айни муддаост, ки коргоње таъсис ёбаду чунин равѓанњои куњнаро аз ошхонањо љамъоварї ва коркард намоянд. Ин идея алњол дар марњилаи омўзиш аст, - гуфт Тањминабону.
Шароити тањсил ва гузарондани тадќиќоту озмоишњо дар донишгоњ хуб буда, бањри њавасмандии донишљўён озмунњои ихтироъкорони љавон васеъ роњандозї мегардад. Донишљўёни лаёќатманд ва ихтироъкор ба гирифтани стипендияњои донишгоњ ба номи Менделеев ва Осимї ќадрдонї мешаванд. Тањмина Мањмудова, ки яке аз дастпарварони донишгоњ аст, замони донишљўї бо ташаббус ва навоварињои хеш аз тамоми имтиёзњо бархўрдор буд ва имрўз њамчун бонуи муваффаќ дар омода намудани мутахассисони соња сањми арзанда мегузорад.
- Таљрибаандўзї барои омода кардани кадрњои баландихтисос хеле муњим аст. Агар имконият мебуд, ки донишљўён дар њар шашмоња ба муддати ду њафта ба корхонањо, мисли «Тољикстандарт» ва Маркази барќии гармидињии шањри Душанбе ба таљрибаомўзї раванд, дониши назариявиро дар амал татбиќ карда, њавасманд мегарданд ва баъди хатми донишгоњ њамчун мутахассиси ботаљриба ба зудї метавонанд љойи кор пайдо намоянд, - изњор медорад Т. Мањмудова.
Тањминабону, ки ихтирои худро борњо дар озмоишгоњ санљида, патент ба даст овардааст, мегўяд, ки барои ташкил намудани коргоњи истењсоли сўзишвории алтернативї сармоягузорї мебояд.
- Ба ихтирооти мо аз хориљи кишвар таваљљуњ зиёд аст, зеро дар кишварњои Аврупо, бахусус дар Олмон, ки бидуни нафту газ аст, аз сўзишвории алтернативї васеъ истифода мебаранд. Ангишт доранд, вале нафту газ надоранд. Он љо аз ангишт синтез-газ ва синтез-бензин њосил менамоянд. Њоло дар донишгоњ аспирантоне њастанд, ки аз ангишт, ки дар кишвари мо хеле зиёд аст, синтез-бензин њосил мекунанд. Ангиштњое, ки наѓз месўзанду хокистарнокии кам доранд, зуд ба фурўш мераванд, аммо конњои зиёди ангишти нопухта дорем, ки аз онњо метавон синтез-газ ва синтез-бензин њосил кард, - ироа дошт ў.
Тањмина Мањмудова дар яке аз хонаводањои фарњангии ноњияи Ќубодиён тарбия ёфтааст. Падару модари омўзгораш се духтари хушхулќу закитабъро ба воя расонда, ба зиндагии шоиста гуселондаанд. Тањмина имрўзњо бахтиёру саодатёр аст, ки њамсари шафиќу ду љигарбанди ширингуна дорад. Фазои осоиштаи хонавода бо дастгирињои њамсари дилбандаш, ки сартехнологи яке аз коргоњњои бонуфузи кишвар аст, ў тавониста, ба зинањои баланди касбї гом нињад ва дар рушди илми тољик њиссае аз худ боќї гузорад.
Ситора АШЎРОВА