Имсол дар шаҳри Душанбе форуми бозаргонони Тоҷикистон ва Полша баргузор гардид, ки дар кори он зиёда аз 20 ширкати ин кишвари аврупоӣ ширкат намуд. Натиҷаи ин форум боис гардид, ки табодули коло миёни ду кишвар дар як муддати кӯтоҳ 37 дарсад афзоиш ёфт.
Чанде қабл намояндагони сафорати Полша ба шаҳри Кӯлоб рафта, ҷиҳати таҳкими равобити соҳибкорони ду кишвар мулоқот баргузор намуданд.
Мушовири аввал ёдовар гардид, ки барои густариши бештари ҳамкорӣ соли равон миёни ҳар ду давлат гурӯҳи корӣ оид ба пешрафти сайёҳӣ ташкил мегардад ва қарор аст журналистони тоҷикистонӣ ба Полша рафта, аз наздик ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва бахши иқтисод ошно шаванд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки сафорати Полша дар Ӯзбекистон се сол боз дар шаҳри Душанбе бо иштироки рӯзноманигорони васоити ахбор ва радиову телевизион нишасти матбуотӣ баргузор менамояд ва ин ҳамоишҳо ҷиҳати густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодию кишоварзӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Солҳои охир донишҷӯёни тоҷик ба ин кишвар рафта, дар донишгоҳҳо таҳсил менамоянд ва соҳибкорони ҷумҳурӣ ҳамкории худро бо бозаргонони Полша таҳким мебахшанд. Новобаста ба он ки Полша соли гузашта ба кишварҳои дунё ба миқдори 20 миллиард доллари амрикоӣ себ фурӯхтааст, талош дорад аз Тоҷикистон меваи хушк харидорӣ намояд.
Натиҷаи рушди иқтисодиёт дар Полша, дар соли 2013 ва ҳамчунин раванди пешрафти он дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи иқтисодӣ ба тадриҷ беҳтар гардида, динамикаи рушди сатҳи иҷтимоӣ ҳифз мешавад. Рушди бахши саноат соли 2013 2, 1 дарсадро ташкил намуда, ин нишондод дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба 4, 3 дарсад баробар гардидааст.
Тибқи иттилои муштараки Палатаи савдои Олмону Полша ин кишвар аз рӯйи натиҷаҳои бадастоварда дар соли гузашта аз назари ҷалби сармоягузории хориҷӣ тамоми кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро гузаштааст.
Славомир Стшалковски, мушовири аввали сафорати Полша дар Ӯзбекистон, дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ёдовар гардид, ки ин охирин мулоқоти ӯ бо журналистони Тоҷикистон аст, зеро муҳлати маъмурияти ӯ дар Осиёи Марказӣ ба охир расидаву вай ба ватани худ бармегардад. «Қадамҳои аввал барои рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Полша гузошта шудаанд. Умед дорам, ки ин ҳамкориҳо тақвият ёфта, дар оянда равоти иқтисодию фарҳанги байни ин ду кишвар дар сатҳи баландтар густариш хоҳанд ёфт», – таъкид намуд ӯ.
Эмомалӣ Сайидамирзод