Пул, фирори ту аз инсонҳост.
Пул, амнияти ту дар муқобили марг аст.
Пул, талоши ту барои контроли зиндагӣ аст.
Пул, ҳазору як чиз аст.
Пул фақат дар коғаз хулоса намешавад, вагарна умури бисёр соддатар мебуд.
Пул ишқи ту аст: Ишқ ба ашё, на афрод.
Роҳаттарин навъи ишқ, ишқ ба ашё аст, зеро ки ашё мурда аст ва метавонӣ ба соддагӣ онро бихӯрӣ. Метавонӣ хонаи бузург бихарӣ: Як қаср. Ҳатто бузургтарин қасрҳоро низ метавонӣ бо пул харидорӣ ва соҳиб шуд, вале ту ҳатто наметавонӣ, ки кӯчактарин навзодро бихарӣ. Ҳатто он навзод ҳам барои озодии худ хоҳад ҷангид. Кӯдак ҳар чӣ қадар кӯчак бошад, боз ҳам барои шахсе, ки бихоҳад ӯро соҳибӣ кунад, хатарнок аст. Ӯ туғён хоҳад кард ва исён мекунад, кӯдак ба ҳеч касе иҷозат нахоҳад дод, то ӯро бихарад. Мардуме, ки наметавонанд ба инсонҳо ишқ биварзанд, бо пул ишқбозӣ мекунанд, зеро пул василае аст барои харидани ашё.
Ҳар чӣ пул бештар дошта бошӣ, метавонӣ чизҳои бештаре харидори кунӣ. Ва ҳар чӣ бештар харидори кунӣ, метавонӣ инсонҳоро бештар фаромӯш кунӣ. Чизҳои бисёре хоҳӣ дошт, вале ҳеч ризоияте надорӣ. Зеро ризоияти амиқ вақте вуҷуд хоҳад дошт, ки ту ба инсонҳо ишқ биварзӣ, на ба ашё. Зеро дуруст аст, ки пул туғён намекунад, вале дар айни ҳол вокуниш низ наметавонад нишон диҳад. Ба ҳамин сабаб аст, ки мардуми хасис, бисёр зишт мешаванд, зеро ки ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ ба ишқи онон посухе надодааст, чӣ тавр метавонӣ бидуни ин ки ошиқ бошӣ, зебо бишавӣ? Чигуна метавонӣ бидуни ишқ, ки монанди бороне аз гул барои ту фуруд меояд,зебо шавӣ? Пас, зишт мешавӣ, баста мешавӣ.
Инсоне, ки саъй дорад бо ашёву пул ишқбозӣ кунад, инсони хасис аст ва ҳамвора аз мардуму инсонҳои дигар ҳаросон аст. Зеро ки агар дигарон наздик биёянд, мумкин аст шурӯъ ба саҳим кардану бахшиш кунанд. Мардуме, ки ошиқи ашё ҳастанд, монанди ҳамон чизҳо мешаванд: Мурдаву баста. Дар дарунашон ҳеч чизе муртаиш нест. Дар онон ҳеҷ чиз дар ҳоли рақсидану овозхонӣ нест. Қалбҳояшон вазну оҳанги зиндагиро гум кардааст. Зиндагияшон механика аст. Онон сангину гаронбор ҳастанд, гаронбори чизҳои бисёр.
Онон озодӣ надоранд. Зеро ки танҳо ишқ аст, ки метавонад ба ту озодӣ бахшад. Вале ишқ танҳо замоне метавонад ба ту озодӣ бахшад, ки ту ба ишқ озодӣ бахшӣ.
Мардуме, ки аз ишқ метарасанд , тасоҳибу пулпараст мешаванд. Мардуми ошиқ ҳаргиз тасоҳибгар нестанд, барои онон пул аҳамияти зиёд надорад: Агар бошад, хуб аст, метавонад истифода шавад ва агар пул набуд, боз ҳам хуб аст.
Зеро ки ишқ чунон мулку малакуте аст, ки ҳеч пуле наметавонад онро бихарад.
Ишқ чунон ризоияти амиқе аст, ки ту метавонӣ гадое дар хиёбон бошӣ ва тоҷи ишқро бар сар дошта бошиву подшоҳи кунӣ.
Пул ва иштиёқи он танҳо метавонад туро зишту беқарор кунад. Ман мухолифи пул нестам. Ман намегӯям пулро дур бияндоз, зеро ки ин низ навъи тафрият аст. Тарки пул гоми ниҳоии як зеҳни хасис аст.
Инсоне, ки аз анбоштагии пулу часпидагӣ ба он ранҷи бисёр бурда ва натавониста боз ва ошиқ бошад, дар ниҳоят он қадар ноком мешавад, ки пулро тарк мекунад ва ҳама чизро дур меандозад ва ба ҳимолиё меравад ва дар муъбаде роҳиб мешавад.
Ӯ як инсони ғайри фаҳим аст. Агар ту дарки дурусте дошта бошӣ, пул метавонад мавриди истифода қарор бигирад, вале мардуме ки дарк надоранд, ё зеҳнияти хасис доранд ва наметавонанд аз пул истифода кунанд ва ё тарки пул мекунанд, зеро дар ин тарк кардани пул, онон ҳамон зеҳнияти хасисро ҳифз кардаанд. Пас, инак, ниёзе ба истифодаву харҷ кардани пул нест: Ҳам чизро тарк куну фирор кун.
Ин афрод наметавонанд аз пул ба дурустӣ истифода кунанд.Онон аз масрафи пул воҳима доранд. Онон метавонанд пулро тарк кунанд, вале қодир ба истифода аз пул нестанд.
Ман афроди хасиси бисёреро дидаам, ки комилан пулро тарк кардаанд.Замоне ман дар донишгоҳи Соғар (Sagar Univesity) донишҷӯ будам. Марде, ки ин Донишгоҳро бино кард, комёб буд. Номи ӯ доктор Ҳори Синггур буд. Ҳаргиз инсони хасисе чун ӯ надида будам ва тарккунандае низ монанди ӯ наёфтам. Ӯ дар ҳарду бисёр моҳир буд.
Дар тамоми зиндагияш ӯ ҳаргиз диноре ба касе надода буд. Ҳеч гадое ҳаргиз аз хонаи ӯ чизе дарёфт накарда буд. Ӯ ҳаргиз, ҳатто як рупия ҳам барои ҳеч ҳадафе (чӣ инсонӣ ё илоҳӣ) эҳдо накарда буд.
Ҳатто дар даврони наҳзати миллии ҳинд низ як рупия эҳдо накарда буд. Бахшиш аслан роҳи ӯ набуд. Ӯ як хасиси комил буд. Ва ин мард яке аз бузургтарин ҳуқуқдонони дунё буд. Ӯ се дафтари корӣ дошт: Яке дар Ҳиндустон. Яке дар Чин ва дигарӣ дар Англия.
Ӯ чаҳор моҳ аз соле дар Лондон, чаҳор моҳ дар Ҳиндустон ва чаҳор моҳ дар Чин ба сар мебурд.
Ӯ сарвати бисёр зиёде андухта буд ва дар охири умр тамоми сарваташро якҷо эҳдо кард.
Вале вақте садақа дод, тамоми сарваташро як ҷо бахшид. Тааҷҷуб хоҳед кард, агар бидонед ӯ чунон сарваташро садақа дод, ки ҳатто як рупия низ боқӣ нагузошт. Фарзандони ӯ акнун дар додгоҳҳо машғули ҷангидан ҳастанд. Онон ҳеч чиз надоранд монанди гадоёне беш нестанд.
Оре, хасис, хасис боқӣ мемонад, то лаҳзаи охир. Ҳатто вақте ки тарки дунёву пул мекунад, ҳатто натавонист як рупия ба фарзанди худаш бахшад. Вале тавонист сарваташро як ҷо вогузор кунад.
Оре, нахуст метавонӣ чун девонае ба анбошти сарват бипардозӣ ва сипас рӯзе мутаваҷҷеҳ хоҳиӣ шуд, ки тамоми зиндагиятро талаф кардаӣ. Вақте ки ин корро фаҳмидӣ, хоҳӣ тарсид. Вале одати қадимӣ побарҷост: Метавониӣ ҳамаро бубахшӣ, ҳама чизро фаромӯш куниву фирор кунӣ, вале наметавонӣ саҳим бошӣ. Инсони фаҳим вақте пул дорад, онро бо дигарон саҳим мешавад, зеро ки пул барои пул нест: Пул барои зиндагӣ кардан аст. Инсони фаҳим агар эҳсос кунад, ки зиндагиву ишқ ба пули ӯ ниёз дорад, метавонад ҳама чизашро бубахшад, вале ин бахшиш дигар тарки пул нест, балки истифода аз пул аст.
Барои ӯ ҳадаф ишқ аст.
Барои мардуме, ки ҳадафашон дар зиндагӣ пул аст, ишқ танҳо як васила аст. Ҳатто дуоҳои эшон низ барои дарёфти пул бештар аст. Ҳатто ниёииш низ василае аст барои касби пул. Пул падидаи бисёр бисёр печидааст. Чаро мардум ин ҳама ба пул часпидаанд? Пул нерӯи ҷозибае чун оҳанрабо дорад. Ҷаззобияти пул дар ин аст, ки метавонӣ комилан онро тасоҳибӣ кунӣ. Пул комилан мутеъ ва фармонбар асту ба соддагӣ ба асорат дармеояд. Ва нафси ту аз доштани он бисёр ризо мешавад. Вале ишқ ҳаргиз мутеъ ва фармонбар нест, ишқ исёнгар аст. Ту наметавонӣ ишқро бихурӣ, ту метавонӣ мард ё занеро бихарӣ, вале ишқро ҳаргиз.
Агар занеро бихарӣ, он зан пул мешавад. Агар мардеро бихарӣ, он мард пул мешавад. Яке кимёву яке обзор мегардад. Марду зан танҳо замоне инсон ҳастанд, ки дар зоти худашон ҳадаф бошанд, на васила. Пул танҳо як васила аст ва тасхир шудан тавассути васила, аҳмақонатарин чизе аст, ки барои инсон рӯй медиҳад. Ин бузургтарин нафрини башарӣ аст. Пул набояд ҳадаф шавад ва дар айни ҳол ман намегӯям, ки пулро раҳо кун ва дар хиёбон гадоӣ кун. Аз пул истфода кун. Пул василаи хубе аст. Ман мухолифи пул нестам. Барои мухолифат бо он чизе надорам, ки бигӯям. Ман дар бораи ту ва майли тасоҳибгарӣ дар ту суҳбат мекунам, на дар бораи пул.
Пул метавонад зебо бошад. Агар ту бо пул побанд нашавӣ ва онро ба хариду фурӯш нагузорӣ, пул зебост. Пул монанди хуне аст, ки дар бадан ҷараён дорад. Дар бадани ҷомеа, пул гардиш мекунад ва ин пул, хуни ҷомеа аст. Пул ба ҷомеа кӯмак мекунад, то тағзия шаваду зинда бимонад, вале пул монанди хун, бемориҳое низ дорад. Шояд шунида бошӣ, ки дар бархе бемориҳои хунӣ, хун аз ҳаракат бозмеистад ва наметавонад ҷараён пайдо кунад. Тиккаҳо ба ҳам часпидаанд. Хун далма бастааст ва монеа барои гардиши хун табдил мешавад ва намегузорад хун ба роҳатӣ дар шараёнҳо ҷорӣ гардад.
Дар ин ҳангом тамом ё қисмате аз бадан фалаҷ мегардад ва агар ин тикккаҳо ба ҳам часпида хун ба қалб ворид шавад, марги инсон ҳатмӣ аст.
Ба ҳамин тартиб низ, агар пул аз як даст ба дасти дигар дар ҷараён бошад ва ҳамвора дар ҳаракат бошад, ҷомеа солим аст. Ҳар чӣ ҳаракати пул бештар бошад, беҳтар аст ва ҷараёни хуни ҷомеа равонтару ҳаёти он солимтар аст. Вале вақте ки як хасис падидор шавад, хун далма бастааст: Шахсе дар ҷое сарватандузӣ мекунад ва сарваташро соҳиб намешавад, инак, дар ҷараёни гардиши хуни ҷомеа монеа эҷод шуда ин фарди хасис сабаби ҷудоӣ дар ҷараёни солими гардиши хун мешавад. Ва худаш зиндагӣ намекунад ва ба сабаби ҷамъоварии азими сарват намегузорад дигарон ҳам зиндагӣ кунанд. Пул аз ҷараён ёфтану гардиши солими худ бозмемонад. Дар бадан, хун дар ҷараён, яъне зиндагиву хун дар ҷамъ, яъне марг. Дар ҷомеа низ пул дар гардиш, яъне зиндагиву сарват анбошта шуда, яъне марг. Ман тарафдори ҷомеае ҳастам, ки пул дар он пул ба суръат ҷараён дорад. Ҳеч кас ба пул начаспида, ҳама аз он истифода мекунанд. Ба ёд биёр, ки қонуни соддаи пул ин аст:
Ҳар чӣ аз пул истифода кунӣ, арзиши он бештар хоҳад шуд.
Барои мисол, даҳ нафар аз мо дар ин ҷо нишастаем. Агар дом аз мо фақат як исконс сад рупия дар ҷайб дошта бошем ва онро фақат барои худамон нигоҳ дорем, ҷамъ мо фақат ҳазор рупияи мурда хоҳем дошт. Вале агар ин пулҳо дар ҷараёну гардиш бияфтанд, агар ин пул дубора гардиш кунад, ҷамъ бист ҳазор рупия дар гардиш хоҳад буд. Агар се бор ҷараён ёбад, се ҳазор рупия дар гардиш хоҳад буд.
Қонуни пул ин аст: Ҳар чӣ бештар ҷараён ёбад, бештар хоҳад шуд. Зеро фарде, ки исконси сад рупияро вақте дар ҷайби худаш нигоҳ медорад, пулаш мурдааст.
Вале агар онро харҷ кунад, ин пул назди дигаре хоҳад рафт ва боз ба худи ӯ боз хоҳад гашт, зеро ки дигарон низ монанди ӯ пулро ҷараён меандозанд. Инак , ӯ дусад рупия дорад ва боз ҳам агар харҷ кунад, сесад, чаҳорсаду панҷасад рупия хоҳад шуд. Ҳар чӣ пулро бештар масраф кунӣ, пули бештаре ба ту мерасад ва дар ҷараён хоҳад буд.
Ингуна ҷомеа низ ғанитар шудааст. Амрикои Шимолӣ сарватмандтарин кишвари ҷаҳон аст, зеро ки нохасистарин кишвар аст ва дар он ҷо пул бо суръати бисёр гардиш мекунад. Ҳама аз пуле, ки доранд, истифода мекунанд ва ҳатто, пулеро, ки дар оянда ба даст хоҳанд овард, низ харҷ мекунанд.
Пас, ин кишвар бояд сарватманд бошад. Кишваре монанди Ҳиндустон низ бояд фақир боқӣ хоҳад монд. Дар Ҳиндустон ҳеч кас аз пул истифода намекунад. Ҳиндустон ду навъ мардум дорад: Яке хасисҳо ва дигаре тарккунандаҳо. Ҳар ду навъ дар иштибоҳанд, ҳар ду навъ ахмақанд, ғайритабиӣ ва асабӣ ҳастанд. Инсон бояд пулро тавлид кунад, касб кунад ва онро харҷ кунад. Инсон фақат бояд барои харҷ кардани пул онро нигоҳ дорад. Агар барои анбоштан касби мол кунад, як доираи ботил тавлид мешавад, ки ҷомеаро бемору фалаҷ месозад.
Пул метавонад хеле чизҳоро ба мо арзонӣ кунад. Пул метавонад тамоми чизҳои беруниро ба ту бидиҳад: Ашёи ин дунё, доштани хонаи зебо, боғчаи мусаффо. Пул метавонад ин чизҳоро ба ту бидиҳад. Вале пул наметавонад ба ишқ бидиҳад. Ин як интизори беш аз пули бечора аст.
Инсон бояд аз чиз интизории баҷову беҷову маъқул дошта бошад ва набояд вориди ғайримумкинҳо шавад. Интизор доштан аз пули бечора барои бахшидани ишқ, амри ғайри мумкин аст. Пули бечора наметавонад ин интизориро бароварда созад. Айб дар пул нест. Аз пул хашмгин набош, ки чаро наметавонад ишқ биёварад. Онро насӯзону ба рудхона наяндозаш ва роҳи Ҳимолой нашав. Дар асл ту чизеро талаб кардаӣ, ки инсони огоҳ ҳаргиз дархост намекунад. Хамоқат дар ту аст. Айб дар пул нест.
Чанд сол пеш, рӯзе як роҳибу ду раҳгард назди ман омаданд. Роҳиб бисёр мухолифи пул буд. Ӯ ҳатто ба пул даст намезад ва ин навъи бемории равонӣ аст. Мардуме ҳастанд, ки дар тӯли рӯз фақат машғули шумориши пул ҳастанд ва ҳатто дар шаб низ дар зеҳни худ пул мешуморанд. Онон пулро бо дастони худ чунон ошиқона ламс мекунанд, ки ҳеч инсонеро ба ин лутф ламс накардаанд. Вақте ки ба исконсҳояшон нигоҳ мекунанд, метавонӣ ҷурқае аз шавқу ишқро дар чашмонашон бихонӣ. Онон тавассути ин рангинпораҳо маҳв шудаанд. Инон низ мардуми равонпириш ҳастанд. Мардуми равонпириши дигаре ҳам ҳастанд, ки монанди ин роҳиб ба пул даст намезананд.
Аз ӯ пурсидам, ки ту ба пул даст намезанӣ ва бояд бароят мушкил бошад, чӣ тавр ин ҳама роҳро барои дидори ман то Бомбай омадӣ?
Посух дод: «Мушкиле нест» ва сипас ду марди ҳамроҳашро нишон дод. Шогирдонаш буданд. Онон метавонистанд ба пул даст бизананд. Онон инқадар мутаолӣ нашудаанд ва метавонанд ба пул даст бизананд.
Чӣ ҳамоқати азиме. Ӯ гуфт, ман ба пул даст намезанам. Ман фаротар аз пул рафтаам.
Ба ӯ гуфтам, вале манзур чист? Ҳоло ту на танҳо аз пул истифода мекунӣ,балки аз ду инсони дигар низ ба унвони «ҷайб» истифода мекунӣ. Ту ду инсонро ба сатҳи «ҷайб» таназзул додаӣ ва шахсияти ононро куштаӣ. Чи мушкилӣ дошт, ки пулро дар ҷайбҳои худат нигоҳ дорӣ?
Посух дод: Пас, маълум мешавад, ки шумо мувофиқи пул ҳастед, вале пул чӣ кор метавонад бикунад? Оё пул метавонад ишқ бидиҳад? Оё пул метавонад худоро бидиҳад?
Ба ӯ гуфтам, ту бисёр аҳмақ ҳастӣ, ки аз пули бечора таваққуъ дорӣ, ки ишқу худо бидиҳад. Интизории ту хатост. Пул ҳаргиз чунин қавле надодааст. Пул ҳарчиро ки қавл дода, анҷом медиҳад. Вале пул ҳаргиз чунин қавле надодааст, ки метавонад ба инсон ишқ бидиҳад. Агар ту чунин интизорӣ аз пул дорӣ, ин ҳамоқати ту аст на нотавонии пул.
Оре, ҳамин инсонҳое, ки чунин интизорӣ аз пул доранд, рӯзе душмани пул мешаванд ва дигар ба он даст ҳам намезананд ва аз он фирор мекунанд. Агар пулро наздики ӯ бибарӣ, чашмонашро хоҳад пӯшид. Ӯ ҳатто ҳозир нест ба пул нигоҳ кунад.
Чӣ бемаъние! Чӣ мушкилӣ дар пул аст? Ба назар мерасад, ки ҳанӯз дар умқи вуҷудат хушунат вуҷуд дорад. Чизе монанди як захми амиқ. Дар ғайри ин сурат чаро чашмонатро мебандӣ? Дар як исконс чӣ эроде ҳаст? Фақат як тика коғаз аст.
Ва ин афроди рӯҳонинамо мегӯянд, ки пул фақат як тика қоғаз аст. Вале вақте як қоғази маъмулиро ба онон медиҳӣ, онро мегиранду ламс мекунанд. Вале вақте як исконсро ба дасташон медиҳӣ, онро дур мекунанд. Гӯё, ки як ақраб аст ё як бемории шадид.
Оре, асабият метавонад аз як ифрот ба таврияти дигар гаравад. Аз пул истифода кун.
То ҷое ки ба корбурдҳои пул марбут мешавад, пул зебост ва корбурдҳои пул ба андозаи кофӣ густурдааст. То ҷое ки ба дунё марбут мешавад,корбуррди пул бисёр васеъ ва густурдааст.
Ва аз пул мунтазири ишқ набош, зеро ки ишқ марбут ба ботин аст, ба вуҷуди ботинӣ. Аз пул интизори шинохтани худовандро надошта бош, зеро ки худованд амри мовароӣ аст.
Аз ҳар чизи баста ба зарфияти он истифода кун, на баста ба рӯъёҳои худат. Он вақт инсонӣ солим хоҳад буд ва солим будан, яъне муқаддас будан. Ба ҳеч ваҷҳ ғайритаби ӣ набош. Оддиву табиӣ бош. Фақат идроки бештаре тавлид кун, то битавонӣ бубинӣ.
Пул метавонад дунёи зебо ба ту бидиҳад. Дар ғайри ин сурат, агар мухолифи пул бошӣ, дер ё зуд кишваре касиф монанди Ҳиндустон дуруст хоҳӣ кард. Ҳама чиз касиф аст, вале ҳиндуён фикр мекунанд, ки инсонҳои рӯҳонӣ ҳастанд ва ҳама чиз зишт шудааст, вале онон мепиндоранд, ки ба худованд бисёр наздик ҳастанд, зеро ки дунёро тарк кардаанд.
Ҳиндуён мепиндоранд, ки инсон бояд чашмонашро бубандад ва ба берун нигоҳ накунад.Нигоҳ кардан ба берун хуб аст,зеро ки «берун» таҷаллигоҳи худованд аст. Даруннигарӣ низ хуб аст, зеро ки «дарун» ҷойгоҳи холиқ аст. Ҳарду хуб ҳастанд.
Ва пилк задани чашмон низ бисёр пурмаънӣ ва намодин аст. Чашмон набояд ҳамеша боз бошанд ва на ҳамеша баста бошанд. Чашмон бояд бозу баста бошанд.
Ин фарҳанги зиндагӣ аст: Беруну дарун, беруну дарун.
Берунро бинигар, ки манзаргоҳи худованд аст, дарунро бинигар то холиқи зеборо бубинӣ. Ва оҳиста-оҳиста хоҳӣ дид, ки даруну берун бо ҳам мулоқот мекунанд, ҷуфти ягона мегарданд.
Пул қудрати харид дорад, бо пул метавониӣ ҳама чизро бихарӣ. Ҳатто муқаддасини шумо низ дар чаҳорчӯ би «пул» фикр мекунанд.
Пули онон «савоб» аст. Оре, бо «савоб» метавонӣ ҳуҷраи зебо дар биҳишт барои худат бихарӣ. Бархе аз мардум камтар тамаъкоранд. Онҳо танҳо ба пуле фикр мекунанд, ки дар дунё роиҷ аст. Ва бархе бештар тамаъ доранд. Онон танҳо ба пуле фикр мекунанд, ки дар дунё роиҷ аст.
Ва бархе бештар тамаъ доранд. Онон ба охират фикр мекунанд ва агар ту ба «савоб» фикр кунӣ, ки бо он ба биҳишт бирасӣ, оё ин ҷуз муомилаву тамаъ ва пул аст?
Инсон танҳо замоне тафаккур дар бораи пулро қатъ мекунад, ки шуруъ кунад ба зиндагӣ кардан ба лаҳзаи ҳозир.
Пул яъне оянда: Пул амният барои ояндааст. Агар ҳисоби бонкии хубе дошта бошӣ, ояндаат эмин аст. Вале агар шахсияти хубе дошта бошӣ, ҳатто зиндагии пас аз маргат низ эмин хоҳад буд.
Тамоми дунё дар чаҳорчӯби пул фикр мекунад. Онон ки машғули бозиҳои сиёсӣ низ ҳастанд, андешаи пул доранд, зеро ки пул чизе ҷуз «намуди қудрат» нест.
Барои ҳамин аст, ки метавонӣ ба анбошти пул идома диҳӣ, вале майлу орзуи доштани пул бештар ҳаргиз туро раҳо нахоҳад кард. Зеро ки ташнагӣ барои қудрат номаҳдуд аст ва марзе намешиносаду мардум ташнаи қудрат ҳастанд. Зеро ки дар умқи вуҷудашон холиву тиҳӣ ҳастанд ва ҳар тавр, ки шуда, мехоҳанд ин тиҳӣ буданро бо чизе пур кунанд. Бо пул, қудрати сиёсӣ, эҳтиром, шахсият, савобу фазилат.
Онон ба ҳар василае, ки шуда саъй доранд, то холӣ будани дарунашонро пур кунанд.
Дар дунё ду навъ инсон вуҷуд дорад: Ононе, ки саъй доранд то тиҳӣ будани вуҷудашонро пур кунанд ва ононе, ки бисёр камёбу гаронқадр талош мекунанд, то тиҳӣ будани вуҷудашонро бубинанд.
Ононе, ки мекушанд, тиҳӣ будани дарунашонро пур кунанд, холӣ боқӣ мемонанду ноком. Ононе, ки ҷамъовариро чун шуғл идома медиҳанд ва тамоми зиндагияшон абас асту бе самар.
Фақат навъи дигари инсон – Онон вуҷудҳои гаронқадре, ки мекӯшанд бидуни ҳеч қадаме барои пур кардан тиҳӣ будани дарунашонро бубинанд онон ҳастанд, ки ба рақобат кардан мепардозанд.
Рақобат, яъне нигоҳ кардану тамошо кардани холигии дарун, хушомадгӯӣ ба он, лаззат бурдан аз он ва ягона гаштан бо он ба ҳеч майле барои пур кардани он. Ниёзе нест, то онро пур кунӣ. Зеро дар воқеъ ин таҳёӣ комилан пуру саршор аст.
Фақат ба назар холӣ мерасад, зеро ки ба дурустӣ ба он нигоҳ намекунӣ. Онро аз тариқи зеҳн мушоҳида мекунӣ, ки ин роҳе аст хато. Агар зеҳнро канор бигузориву сипас холигии дарунро тамошо кунӣ, зебоии фавқуллода дорад.
Таҳиҳои илоҳӣ: Саршор аз ваҷду сурур, ниёз ба ҳеҷ чизи дигар надорад. Танҳо дар чунин сурате аст, ки инсон аз васвоси пул халос мешавад ва тафаккур дар бораи пул, қудрату биҳишт мутаваққиф мегардад. Зеро ки ӯ худ инак дар биҳишт аст. Зеро ки ӯ ин ки ғанеиву саршор асту қудратманд.
Дар ҳол зиндагӣ кун. Ояндар по бияндоз ва онгоҳ пул ҷаззобияташро аз даст медиҳад. Лаҳзаи ҳозирро бо чунон тамомият ва фаровонӣ зиндагӣ кун, ки гӯё лаҳзаи дигар даркор нест. Гӯё ки ин замон, охирин лаҳзаи ҳаёти ту аст. Онгоҳ тамоми майлу рағбат барои касби пул туро тарк хоҳанд гуфт. Агар ногаҳон бифаҳмӣ, ки имрӯз хоҳӣ мурд, чӣ иттифоқе хоҳад афтод? Ё ҳанӯз ҳам алоқае ба нишон хоҳӣ дод? Ногаҳон таоми иштиёқат барои касби пулу қудрат аз байн хоҳад рафт.
Агар имрӯз охирин рӯзи зиндагият бошад, наметавонӣ зиндагиятро дар фикри фардо талаф кунӣ. Фардое даркор нест. Пул барои мо ин қадар муҳим шуда, зеро ки мо дар фардоҳо зиндагӣ мекунем.
Пул барои ин барои мо ин қадар муҳим шудааст, зеро ки мо зиндагӣ намекунем ва фақат аз дигарон тақлид меунем. Шахсе хонаи бузург харида ва ту эҳсоси ҳақорат мекунӣ. Ту қаблан аслан аз хонаи худат норозӣ набудаӣ ва акнун, ки ин шахс хонаи бузургу муҷаллал таҳия карда ту муқоиса мекунӣ ва озурда мешавӣ. Нафси ту аз ин муқоиса ранҷ мебарад. Дигаре кори дигар анҷом додааст, ту муқоиса мекуниву озурда мешавӣ. Аз муқоиса даст бидор ва зиндагӣ воқеан зебо хоҳад шуд.
Ва инсоне, ки аз зиндагии худаш лаззат мебарад, хостае барои тасоҳиб кардан надорад. Зеро ӯ медонад, ки чизҳои воқеӣ, ки арзиши лаззат бурданро дорад, ҳаргиз бо пул қобил тасоҳиб нестанд. Ишқро наметавон харид, оре. Пас, шахсе, ки ишқро мешиносад, иштиёқе ба пул надорад. Вале он ки ишқро намешиносад, бояд ки муштоқи пул бошад, зеро пул метавонад алоқаи ҷинсӣ бихарад ва алоқаи ҷинсӣ чизе аст, ки ӯ мешиносад. Ту наметавонӣ шаби пурситораро бихарӣ. Он кас, ки медонад чӣ гуна аз заиндагӣ лаззат бибарад, зиёд худашро барои пул ба дарди сар намеандозад. Ту наметавонӣ як офтобро бихарӣ.
Агар бидонӣ, ки чӣ гуна метавон аз як гули сурх, аз як гиёҳи сабз дар канори хона, аз кӯҳҳо, рудхона, ситорагону моҳ лаззат бибарӣ, дигар васвоси пулро нахоҳӣ дошт. Васвос замоне тулуъ мекунад, ки мо забони ҷашн гирифтану зиёфатро фаромӯш карда бошем.
Ман намегӯям, ки тарки пул кунед. Инро дар тӯли асрҳову қарнҳо ба шумо гуфтаанд ва ин шуморо дигаргун насохт.
Ман чизи дигаре ба шумо мегӯям: Зиндагиро ҷашн бигиред ва онгоҳ васвоси пулу қудрат ба таври худкор нопадид мешавад. Ин васвос бидуни ҳеҷ асар захми туро тарк хоҳад гуфт.
То ҷое, ки ту нахоҳӣ аз пул мушкиле бисозӣ, пул аслан мушкиле нест. Дар тӯли таърих мардуми ба истилоҳ мазҳабӣ дар бораи пул бисёр нигарон будаанд. Чизи аҳмақонае чун пул ва ин ҳама нигаронӣ.
Бо пул бозӣ кун: Агар пул надорӣ, аз пул лаззат бубар ва агар ҳам дорӣ, боз ҳам аз он лаззат бубар. Вақте пул надорӣ, чӣ кор метавонӣ бикунӣ? Пас, лаззат бубар. Вақте ки ҳам пул дорӣ, чӣ коре метавонӣ бикунӣ, боз ҳам лаззат бубар. Пас, мушкилоти ғайри лозимӣ аз он дуруст накун.
Пул як асбоби бозие беш нест. Ҳаргоҳ онро доштӣ, бо он бозӣ кун ва бо он аз зиндагӣ лаззат бубар. Вале эҳсоси ман ин аст, ки ашхосе, ки наметавонанд бо пул бозӣ кунанд, онро тарк мекунанд. Дар бораи пул бисёр ҷиддӣ мешаванд ва он гоҳ аз пул бисёр меҳаросанд. Зеро дар умқи вуҷадашон вобастагӣ ба пул вуҷуд дорад. Пул ба худи худ ҳеч чиз нест ва танҳо як василае аст барои табодули ашё. Вале мардуме, ки амиқан хасис ҳастанд ва вобаста ба сабаби вобастагиашон ба пул бисёр дар ранҷанд. Онон, ки пул сабаби бадбахтӣ ва сияҳрӯзиашон аст. На, пул сабаби тирарӯзии онон нест. Пул чӣ гуна метавонад тавлиди бадбахтӣ кунад?
Ин хиссат аст, ки мушкилофарин аст ва сабаби мусибати инсонҳо шуда. Ин афрод бо ин пиндори ботил, ки пул сабаби бадбахтии онон шудааст, пулро тарк мекунанд ва аз дунёи пул фирор мекунанд ва сипас тарсон ҳастанд. Он вақт дар рӯъёҳояшон вориди бонк мешаванд, дарҳои ганҷинаҳоро мекушоянд ва бо пул ҳамоғушӣ мекунанд.
Мушкилии инсон дар пул нест, пул метавонад мавриди истифода қарор гирад: Агар пул дорӣ, харҷаш кун, агар надорӣ , аз он озодӣ, ки фақр бо худ меоварад, истифода кун. Ин аст рӯйкарди ман.
Ман ҳам фақир будаам ва ҳам сарватманд ва содиқона ба шумо мегӯям, ки чизҳое ҳаст, ки фақт афроди сарватманд метавонанд аз онҳо лаззат бубаранд. Пас, ҳар вақт, ки пулдор ҳастӣ, лаззат бубар.
Ва боз ҳам такрор мекунам, ки ман ҳам бе пул будаам ва ҳам сарватманд. Пас, эълом мекунам, ки чизҳое ҳам ҳастанд, ки танҳо инсони фақир метавонад аз онҳо лаззат бубарад.
Инсони фақир навъе озодӣ дорад. Фақир навъе покизагӣ дорад, навъе осоишу ризоият.
Метавонӣ дар хонаат беҳтарин мусиқиҳои дунёро гӯш бидиҳӣ, ки инсони фақир ҳам метавонад. Метавонӣ дар боғчаи хонаат гулкориву сабзкорӣ дошта бошӣ, ки инсони фақир наметавонад. Метавонӣ шеър бихонӣ, наққошӣ кунӣ , гитор бинавозӣ, овоз бихонӣ, бирақсиву муроқиба кунӣ. Ҳазору як чиз бароят фароҳам аст.
Рӯйкарди ман ин аст: Дар ҳар мавқеияте, ки қарор гирифтаӣ, бубин, ки чӣ метавонӣ аз он бисозӣ: Агар фақр аст, косаи гадоиро ба даст бигиру ба роҳ сафар куну аз он зиндагӣ, ки фақат як гадо метавонад дошта бошад, лаззат бубар.
Гадо ба ҷое вобаста нест. Имрӯз инҷосту фардо ҷои дигар. Ӯ як ҷараёни ҷориа асту ба ҷое начаспида, умеде надорад. Ӯ нигарони бориши барфу борон нест, то шифти хонаро таъмир кунад. Ӯ нигарони амволаш нест, зеро ки моле надорад. Вақте ки фақир ҳастӣ, аз он лазат бубар.
Аз сарват низ лаззат бубар ва монанди шоҳ Ҷонок вораставу раҳо бош ва аз тамоми чизҳое ки пул метавонад бидиҳад, лаззат бубар.
Рӯйкарди ман тамому комил аст. Ба шумо интихоб карданро намеомӯзад. Ман фақт мегӯям, ки ҳар чӣ мавқеият ҳаст, инсони огоҳ аз он чизи зебо халқ мекунад.
Инсони нофаҳм ранҷ мекашад. Агар пул дорад, дар ранҷ аст. Зеро ки пул доштан нигаронӣ меоварад. Ӯ аз мусиқӣ лаззат намебарад, аз рақсе ки пул метавонад биёварад. Аз наққошӣ лаззат намебарад. Ӯ нигарон аст, хобаш аз даст рафта, иштиҳояш аз байн рафта. Инсони нофаҳм, агар пул дорад, чизҳои дигаре интихоб мекунад. Ва агар ҳамин шахс ба лутфи Худованд фақир шуд, ҳам дар ранҷ хоҳад буд. Боз ҳам пайваста нигарон аст, ки «инро надорад, онро надорам». Ту фақириро дорӣ! Аз он лаззат бубар.
Вале мардуме ҳастанд, ки дар воқеияте ба хато зиндагӣ мекунанд. Ва дар воқеияте, ки бошанд, ҷанбаи манфии онро мегиранду ранҷ мебаранд. Мардуми дигаре вҷуд доранд, ки ман ононро инсонҳои ҳушманд меномам ва моилам, ки дӯстдорони ман ҳушманд бошанд. Ин афрод дар ҳар мавқеияте, ки қарор гиранд, аз он лаззат хоҳанд бурд.
Дар рӯзгори кӯдакӣ, рӯзе падарам аз ман хашмгин шуд ва маро дар ҳаммом зиндонӣ кард. Ман дар сукут нишастам. Пас аз се -чаҳор соат падарам нигарон шуд. Ӯ дар мағоза буд, вале ором қарор надошт, ки чӣ бар сари ман омада аст? Ӯ дар ин муддат ҳеч паёме аз манзил дарёфт накарда буд ва модараму пешхидмат ҳеч паёме барояш набурда буданд. Оё ман нопадид шуда будам? Оё касе дари ҳамморо боз карду маро гурезонда буд?
Падарам натавонист ба кораш идома диҳад ва ночор ба манзил бозгашт. Ӯ наздики ҳаммом омаду ҷуз сукут ҳеч нашунид, сипас дарро заду ман посух гуфтам. «Хавотир нашавед!». Ин охирин боре буд, ки ӯ ингуна маро танбеҳ кард. Танбеҳи ӯ бесамар буд.
Ӯ гуфт: «Ман он қадар нигарон шудам, ки натавонистам ба корам идома диҳам ва маҷбур шудам бозгардам».
Ва ман гуфтам: «Чи бемаънӣ! Ман ки воқеан лаззат бурдам».
Соли дувуми дабистон будам ва омӯзгори мо марди бисёр ҷиддиву сахтгир буд. Ӯ одат дошт барои танбеҳ кардани бачаҳо ононро ҳафт бор дарври ҳавлии дабистон бидавонад. Рӯзе ин танбеҳ шомили ман шуд ва ба ман гуфт: «Ҳафт давра бидав!» Ва ман гуфтам: «Чаро 17 бор надавам»? Ӯ гуфт: «Оё девона шудаӣ»? Ва ман гуфтам: «Ин аҷиб тамрини хуб аст ва ман дӯст дорам ҳар ӯз субҳ онро анҷом диҳам». Ва ман шуруъ кардам ҳар рӯз субҳ ба давидан. Ӯ маро медиду бар сараш мекуфт! Ман танбеҳи ӯро хароб кардаам. Ман аз он истифода кардам ва сипас ӯ маро танбеҳ накард. Чаро аз мавқеият истифода накунӣ? Ҳар мавқеият, ки бошад. Ва агар ҳушёр бошӣ, ҳама ҷо метавонӣ фурсату мавқеият пайдо биёбӣ.
Ҳатто агар дар зиндон ҳастӣ, метавонӣ аз он ба унвони як мавқеияти бузург истифода кунӣ.
Ва чӣ бисёранд касоне, ки аз мавқеияти феълӣ истифода намекунанд ва ҳамвора дар пайи тағйиру фирор аз он ҳастанд. Пул ё бе пулӣ, хона ё хона ба дӯшӣ, масъала «он чӣ дорӣ» нест. Масъала ин аст, ки : «Бо он чӣ дорӣ, чӣ кор мекунӣ»? Таваҷҷуҳ кун, ки таъкиди ман комилан мутаффовут аст.
Агар ту ва нафси ту нопадид шавад, он гоҳ воқеияте шуруъ ба рӯй додан мекунанд. Агар аз будан дар бозор лаззат мебарӣ, комилан табиӣ аст. Зеро ки фурӯшандагон билфтра низ вуҷуд доранд. Фикр накун, ки фақат шоирони билфитра вуҷуд доранд. На, ин иштибоҳ аст.
Фурӯшандагони билфитра низ вуҷуд доранд. Ҳар корашон бикунӣ, онон фурӯшанда хоҳанд шуд. Ҳар куҷо ки бошанд, фурӯшгоҳе боз мекунанд. Наметавонанд аз он ҷудо бошанд.
Латифа:
Як киштии ҳомили бору мусофир дар рӯдхонае мавриди ҳамлаи як тимсоҳи бисёр бузургу ваҳшӣ қарор гирифт. Мусофирон аз тарси ҷон шуруъ карданд ба партоби василаҳову борҳо ба даҳони ӯ.
Миз сандалӣ ва … ба сӯи ӯ партоб карданд ва тимсоҳи ваҳшӣ ҳамаро якҷо фурӯ мебурд.
Дар ин байн ду мусофир аз киштӣ берун шуданд ва тимсоҳ ононро фурӯ бурд ва билохира, як мусофири яҳудӣ низ туъмаи тимсоҳ шуд. Пас аз талоши бисёр мусофирони киштӣ тавонистанд, тимсоҳоро гирифтор кунанд. Ҳайвони ваҳширо куштанд ва шикамашро чок карданд бо манзараи ҷолибе рӯ ба рӯ шуданд:
Мусофири яҳуди рӯи сандалӣ, пушти миз нишаста буд ва ҷомадонҳо назди ӯ қарор доштанд ва ӯ машғули фурӯши ҷомадон ба ду мусофире буд, ки қабл аз фурӯ бурда буд.
Чӣ метавон кард, фурӯшандааст! Ҳар куҷо ки бошад, корашро мекунад.
Пас, агар ту як фурӯшандаи билфитра бошӣ , ҳатто агар нафси ту низ нопадид шуда бошад, боз ҳам дар бозор хоҳӣ буд. Вале ин бор будани ту дар бозор кайфияти комилан мутафовут хоҳад дошт.
Ин дунёи Худованд аст: Як рӯъёи зебо, инак ту медонӣ ки ин ҷинсҳову ин муштариён танҳо рӯъё ҳастанд ва пулеро, ки ҳис мекунӣ, рӯъёе беш нест. Пас, чаро аз он лаззат набарӣ?
Вале ин лаззат дигар рӯъё нест.
Ин суруру шодӣ ҳадафи тамои мазҳабҳост ва агар ҳама чиз рӯъёҳое беш нест, пас, метавонӣ бештар аз инҳо лаззат бубарӣ.
Пас, нигаронӣ даркор нест.
Агар муваффақ шавӣ, хуб аст ва агар шикаст ҳам бихурӣ, боз ҳам хуб аст.
Ошо, аз китоби Алмосҳои огоҳӣ
Баргардон: Абдуҷалили Амон