Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизи муайяни бонувон ба соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Гуруҳе дар ин раванд муваффақ шудаанду гуруҳе ҳанӯз дар оғози фаъолият қарор доранд, аммо дар мачмуъ ҳама дар пешрафт ва рушд бахшидани соҳибкорӣ дучори мушкилот ҳастанд. Баррасии масоили умдаи соҳа ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли онҳо дар симозиум аз ҷониби иштирокдорон ва масъулин матраҳ гардид.
Мушкилот ва ҳалли онҳо
Бояд зикр намуд, ки дар ин симпозиум намояндагони соҳибкорзанони кишварҳои Осиёми Миёна бобати барномаҳои давлатии рушди соҳибкорӣ дар қаламрави давлати худ изҳори назар карда аз таҷрибаи доштаашон дар раванди таҳкими бахшҳои мухталифи соҳа сухан карданд. Имрӯз дар ҷараёни таҳаввулоти шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ омилҳои пешбарандаи соҳа таҷдид мехоҳанд. То ҷое ба ҷурми ихтилофҳои иқтисодӣ ҳамкориҳои тарафайн миёни кишварҳои минтақа коста шуда раванда рушди соҳибкорӣ дучори мушкилот гаштааст. Бо вуҷуди бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, ҳанӯз ҳам иртиботи додугирифти молу маводи муҳим мутобиқи матлаб нест. Бонувони соҳибкоре, ки дар ибтидо ба хариду фурӯши молу маводи ниёзи мардум даст мезананд, бо сабабҳои печдар печ будани низоми воридоту содирот мувоҷеҳи мушкилот мегарданд ва гоҳе аз ин роҳ даст ҳам мекашанд. Коршиносони соҳа дар он ақидаанд, ки оғози аксар соҳибкориҳо миёни бонувон таваккалӣ аст ва гоҳе дучорӣ нокомӣ мегарданду гоҳе рушд мекунанд. Аммо аксар муътақиданд, к ибо таҳияи барномаҳои давлатӣ ва ҳамкориҳои густурда миёни кишварҳо ин мушкилотро метавон зина ба зина ҳал намуд.
Дурнамои соҳа
Яке аз ҳадафҳои воқеии симпозиуми мазкур дар он буд, ки дурнамои соҳа аз нигоҳи коршиносон ва намояндагони масъули давлатӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад ва омилҳои рушд бахшидани соҳа тибқи барномаҳои мушаххас муайян шаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин паҳлӯи масъала таваҷҷуҳи вижа дода мешавад. То имрӯз чандин барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати давлатӣ таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтаанд, ки то ҷойе масоили ҳалталаби соҳибкориро мсиёни бонувон барраси намудаанд. Ҳукумату давлати Тоҷикистон имрӯз бештар таваҷҷуҳи худро ба рушди соҳибкорӣ миёни занони деҳот равона сохтааст. Дар ин самт барномаҳои мухталиф қабул ва мавриди амал қарор мегиранд. Аз ҷониби дигар, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бонувоне, ки хоҳиши соҳибкорӣ доранд, мутобиқи барномаи вижае маблағҳои махсус ҷудо намудааст ва занон бо пешниҳоди лоиҳаҳои арзанда ин маблағҳоро мегиранд ва ба соҳибкорӣ машғул мешаванд. Ин грантҳо имрӯз натиҷа ва самари хубе додаанд, зеро бисёр бонувон бо гирифтани чунин маблағҳои имтиёзнок тавонистанд соҳибкории худро дар самтҳои мухталифи ҷомеа, ба хусус кишоварзӣ ба роҳ муонанд. Имрӯз бонувон дар самтҳои боғу токпарварӣ, ҳунармандӣ, асалпарварӣ, истеҳсолот ва ғайра муваффақ ҳам ҳастанд. Дар деҳоти кишвар бунёд ва ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ натиҷаи ҳамин грантҳо буданд. Духтарону занони хонашини деҳот имрӯз имкони кору фаъолит карданро дар чунин корхонаҳо пайдо кардаанд ва ин ба паст кардани сатҳи камбизотӣ мусоидат менамояд. Ин гуна шеваи корва чораҷӯиҳо, ки дар кишвари мо барои рушди соҳибкорӣ миёни бонувон татбиқ мегардад, аз ҷониби дигар намояндагони кишварҳои минтақа қобили қабул гашт. Албатта, рушди соҳибкорӣ дар минтақа ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин ё он давлат бастагӣ дора два ин нукта ҳам дар симпозиум мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифт. Ба хусус, ба роҳ мондани низоми муайяни рушди соҳибкорӣ дар кишвари Афғонистон ва паёмадҳояш дар ҷараёни тавулоти сиёсӣ ва вазъи иҷтимоии занон баррасӣ гашт.
Намоиши молу маводи соҳибкорзанон
Дар Симпозиум намояндагони кишварҳои минтақа молу маводи худро ба намоиш гузоштанд, ки бештар аз маҳсулоти саноатӣ иборат буданд. Бо пешниҳоди маҳсулоти бонувони соҳибкор марҳилаи нави ҳамкориҳо миёни занон дар истеҳсолу воридот ва содироти онҳо оғоз гардид. Қарор шуд миёни бархе, ки минбаъд бо ба даст омадани имконот молу маводи ниёзи мардум ба кишварҳои ҳамдигар интиқол ёбан два бо ин васила соҳибкорӣ миёни занон густурда гардад. Баргузории Симпозиуми бонувони соҳибкор дар шаҳри Душанбе нишони он аст, ки муҳити мусоиду мувофиқи кишвар боз ҳам раванди рушди соҳибкорииро байни занон ривоҷ даода иртиботи бонувонро дар минтақа барои равнақи соҳибкории истеҳсолӣ тақвият хоҳад бахшид.
Р.Камол