Бинобар иттилои Шарофат Бобоназарова, мудири яке аз сехҳои дӯзандагии корхонаи „Ресанда“, дар сехи онҳо 70 нафар бонувони шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтару Вахш фаъолият доранд. Онҳо рӯзе зиёда аз 350 ҷуфт либос истеҳсол намуда,вобаста ба ҳаҷми кор аз 500 то 1000 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.
Тибқи иттилои Нусратулло Файзуллоев, раиси кулли саҳмдорони ҶСШК „Ресанда“, барои таҷҳизонидани сехҳои истеҳсолии корхона ҳудуди 7 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст. Дар баробари сехҳои коркарди аввалияи пахта ва истеҳсоли ришта, корхона истеҳсоли ҷӯробу намудҳои гуногуни либосҳои пахтагиро ба роҳ мондааст.
–Талаботи аҳолии минтақаро ба инобат гирифта, имсол ба истеҳсоли сару либоси мактабӣ шуруъ намудем. Мо имкон дорем бо дарназардошти талабу хоҳиши ҳар мактаб тарҳи либоси дархост намудаашонро истеҳсол намоем. Дар арафаи соли нави хониш ҶСШК „Ресанда“ бо дархости мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Қӯрғонтеппа 18 намуд либоси мактабиро истеҳсол кард. Имкон дорем, ки талабу дархости дигар мактабҳои ноҳияҳои атрофи шаҳри Қӯрғонтеппаро низ иҷро намоем, –таъкид месозад ӯ.
Ба қавли Нусратулло Файзуллоев, мудирияти корхонаи ҶСШК „Ресанда“ мақсад гузоштааст, ки дар марҳилаи минбаъда бахшҳои дигари истеҳсолии корхонаро таҷдид намуда, теъдоди ҷойҳои кориро ба 2 ҳазор расонад. „Дар доираи ин нақшаҳо дар назди корхона курсҳои омӯзишӣ таъсис додаем, то мутахассисони корхона ба занону духтарони хонанишин ҳунарҳои ресандагию бофандагиро омӯзонанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон, ба касбомӯзон идрорпулӣ низ ҷудо гардидааст, то дар марҳилаи касбомӯзӣ ба бонувон ёрӣ расонем“, –илова менамояд Н. Файзуллоев.
ҶСШК „Ресанда“-и шаҳри Қӯрғонтеппа маҳсулоти хомро аз хоҷагии пахтапарварии ба номи Файзалӣ Саидов мегирад, ки дар тобеияти ин корхона қарор дорад. Аз таҳлилҳои масъулони бахши иқтисодии корхона бармеояд, ки фаъолияти фабрикаи „Ресанда“ ва хоҷагии зертобеи он дар беҳдошти сатҳи иҷтимоии беш аз 50 ҳазор аҳолии минтақа нақши муҳим дорад.
Масъулони корхона ният доранд дар баробари баланд бардоштани истеҳсолот ва таҳия сохтани ҷойҳои нави корӣ, сифати маҳсулотро ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналхалқӣ намуда, молҳои истеҳсолнамудаи хешро ба бозорҳои ҷаҳонӣ бароранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
Таърихи корхонаи „Ресанда“ Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи „Ресанда“ соли 1998 дар заминаи фабрикаи нассоҷии шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст. Лоиҳаи фабрикаи мазкурро Институти лоиҳасозии Федератсияи Русия тарҳрезӣ намуда, сохтмони он соли 1981 оғоз гардидааст. Марҳилаи аввали ин корхонаи азими кишвар соли 1988 ба кор дароварда шуда, то соли 1992 ба қадри 55дарсади иқтидори лоиҳавиаш фаъолият менамуд. Масоҳати умумии корхонаи мазкур 24 гектарро дар бар гирифта, дар баробари коргоҳҳои истеҳсолӣ дорои иншооти гуногуни хидматрасонӣ, анбори нигоҳдории пахта, риштаву калоба ва маҳсулоти тайёр мебошад. |