Дар минтақаи шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки тадриҷан ба мавзеи саноатии пойтахт табдил ёфта истодааст, замони шӯравӣ захира ва коркарди гандум сурат гирифта, хони мардумро бо маводи ниёзи аввал - орди хушсифат таъмин менамуд. Ин коргоҳи тавлиди орд, агарчи хусусӣ гардид, бо иллати куҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ қариб 30 сол аз фаъолият боз монда буд.
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон гардидааст, моҳи декабри соли 2019 соҳибкорони ватанӣ бо харҷи беш аз 35 миллион сомонӣ ба сохтмон ва навсозии биноҳои мавҷудаи комбинати орди Душанбе пардохтанд. Ба коргоҳ, ки дар 4 гектар замин доман густурдааст, аз ширкатҳои бонуфузи Чин ва Украина таҷҳизоти муосиру мутобиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ворид гардиданд ва дар фурсати начандон зиёд хатҳои истеҳсолӣ васлу насб карда шуданд. Пас аз як сол, 20 декабри соли 2020, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» ифтитоҳ ёфт ва ба фаъолият пардохт.
Таҷҳизоти васлгардида, ки аз рӯйи хусусияти техникии худ муосиртаринанд, ба таври худкор фаъолият менамоянд ва неруи корӣ кам ҷалб мегардад. Аз ин рӯ, ҳоло дар коргоҳ беш аз 40 корманд ба кор машғул аст, ки 11 нафари онҳо бонувон буда, дар бахши муҳосибот, озмоишгоҳ, дӯхти болои халтаҳои орд, ошхона ва поккорӣ пайи иҷрои вазифаҳои хешанд.
- Чор нафар зан дар истеҳсолот асосан ба корҳои назоратӣ масруф аст. Тибқи нақша дар ҳудуди коргоҳ ба кор даровардани сехи истеҳсоли макарон ва дигар маҳсулоти ордӣ дар назар аст ва мо марҳила ба марҳила дастгоҳҳои истеҳсолиро бояд ба маблағи то 70 миллион сомонӣ ворид созем. Бо зиёд гардидани талабот ба маҳсулот бастҳои корӣ пурра гардида, то 120 кормандро метавонем ба истеҳсолот ҷалб созем, - мегӯяд директори иҷроия Назаралӣ Гадоев.
Ҳоло дар коргоҳ дар як шабонарӯз то 400 тонна орди хушсифати навъҳои 1, 2 ва 3-юм бо номҳои «Суфра», «Хӯша», «Майса», «Сунбула» истеҳсол ва дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ мешаванд. Ғайр аз ин, барои хӯроки чорво сабӯс низ истеҳсол мегардад.
- Мо дар Қазоқистон намояндагии худро дорем ва баъди гуфтушуниду озмоиши сифати маҳсулот асосан гандуми навъи «класс»-ро ба кишвар ворид месозем, ки ҳатман аз сертификатсияи «Тоҷикстандарт» гузашта, баъдан дар озмоишгоҳи дохили коргоҳ фоизнокӣ, рутубат ва сафедии навъҳои гандум санҷида мешаванд. Ба ин кор мутахассисон аз «Тоҷикстандарт» ҷалб гардидаанд, ки дар самти озмоиши гандум ва орд таҷрибаи хуб доранд, - иброз дошт Н. Гадоев.
Намои берунии коргоҳ зебову дилкаш буда, замини ҳудуди он пурра мумфарш гардидааст. Мошинҳои боркаши муосир бо тамғаи истеҳсоли ватанӣ барои интиқоли халтаҳои орд ба нуқтаҳои фурӯш назди анборҳо қарор доранд. Ин ҷо анборҳои гуногунҳаҷм низ муҳайёанд, ки якеи он барои захира кардани 32 000 тонна гандум аст. Анбори дигар, ки масоҳати 5 000 метри мураббаъро дар бар мегирад, барои ҷой кардани 3,6 ҳазор тонна орд пешбинӣ шудааст. Барои нигоҳдории сабӯс ва гандумреза низ анбори махсус ҳаст.
Аксари кормандони комбинат мутахассисони соҳа мебошанд, ки то фурӯпошии замони шӯравӣ дар коргоҳи тавлиди орд заҳмат кашидаанд. Мутахассиси технолог муддати чор сол дар Қазоқистон нозукиҳои корҳои истеҳсолиро омӯхта, малакаҳои ҳосилнамудаи худро ҳоло дар ин коргоҳ амалӣ месозад.
Масъулони коргоҳ алҳол 8 нуқтаи савдо ва анборҳоро дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба истифода дода, ордро бо нархи аслии комбинат ба фурӯш мебароранд. Пардохти хароҷоти роҳ то нуқтаҳои фурӯш ва нигоҳдории орд пурра аз ҷониби коргоҳ сурат мегирад. Коргоҳ ронандагон ва мошинҳои боркаши худро дорад. Дар оянда домони фаъолияти худро фарох намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анборҳо ва нуқтаҳои савдоро созмон доданианд.
Дар баробари ба фурӯш баровардани маҳсулоти хеш масъулони коргоҳ ба амалҳои хайр даст зада, ба оилаҳои ниёзманд ва хона - интернатҳо кумакҳои якдафъаина намуда, ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кӯлоб ҳудуди 200 халта орд ёрӣ расонданд.
- Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки аз ашёи хом ва маҳсулоти худӣ истифода бурдан ба пешрафти соҳа, кам гардидани арзиши аслии маҳсулот, ғанӣ гаштани буҷети маҳал ва некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, зиёд мехоҳем, ки парвариши гандуми навъи олӣ дар кишвар ба таври васеъ роҳандозӣ гардаду ба рушди соҳа тақвият бахшад, - мегӯяд корманди комбинат Охунҷон Бобоев.
Комбинати орди Душанбе, ки бо мақсади рушди соҳаи саноати мамлакат ва вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, дар оянда метавонад бозори дохилиро бо орд пурра таъмин ва барои муътадил нигоҳ доштани арзиши аслии маҳсулот дар ҳамаи фаслҳои сол мусоидат намояд.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳ таъкид доштанд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ хеле назаррас аст. Таъкид доштанд, ки маҳсулот бояд аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бо сифати олӣ истеҳсол гардад, то мардум ба анвои ғизоии хушсифат пурра дастрасӣ дошта бошанд, - гуфт О. Бобоев.
Ба кор даровардани коргоҳи бузурги тавлиди орд ва дигар маҳсулоти ордӣ дар ҳудуди пойтахт туҳфаи арзандаест ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хони мардум баракат афзуда, аз файзи Истиқлоли кишвар, оромиву суботи комили он дарак оварда, чун фоли нек арзёбӣ мегардад.
Омина ХОҶАЕВА