Баробари вориди даромадгоҳи муассиса гаштан, ӯро саргарми кор дарёфтам. Ҳавлии бинои боғчаи бачагон, бо хуррамӣ касро болидаруҳ мегардонд. Дар қатори гулбуттаҳои ороишӣ, анвои сабзавот, аз қабили кашнизу пиёз, помидору бодиринг, боқилаву қаланфури булғорӣ парвариш намуда, ҳосили хубро ба даст меоранд.
Ба гуфти Файзигул Маҷидова, замини назди муассиса солҳои охир ҳосили хуб медиҳад. Ҳама ҷо тозаву озода. Боздид чун ба рӯзи истироҳат рост омад, кӯдакон дар боғча набуданд. Аз ҳуҷраҳои пур аз бозичаҳои гуногуни бо тартибу низом, мизу курсиҳои тозаву озода аён буд, ки дар ин макон шароити хубу гуворое барои наврасон муҳайёст. Бо дидани захираи хӯрока барои зимистон касро хушҳолӣ фаро мегирад.
- Аз зироатҳои парваришнамудаи занону духтарон барои зимистон захираи хубе омода намудем, - иброз дошт ӯ.
Зарфҳои гуногунҳаҷми пур аз маводи ғизоии хушсифат, аз қабили помидору бодиринг, боимҷону гулкарам, қаланфур, зардолу, шафтолу, олу, мураббову нӯшобаҳои захиранамудаи ин бонуи заҳматкаш касро фараҳманд месозад. Ҳамчун роҳбари фаъол дар ноҳияи Балҷувон ҳама ӯро эҳтиром менамоянд. Воқеан, истифодаи самараноки заминро хеле хуб медонад. Дар вазифаи раиси деҳот фаъолият доштан низ истифодаи самараноки заминро пешаи худ медонист. Бо фаҳму фаросат замини назди бинои ҷамоатро истифода мебурд. Ҳар сол аз ҳосили он кормандони ҷамоат баҳравар мешуданд. Ба хубӣ дарк намудааст, ки истифодаи самараноки замин баракати зиндагист.
Файзигул Маҷидова яке аз фаъолзанони ноҳияи кӯҳистон аст. 2 феврали соли 1996 ноҳияи Балҷувон таъсис ёфт, сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ акнун ба фаъолият оғоз намуда буд. Дар ташкили сохтори давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми кори шуъбаи умумиро ба дӯши ӯ гузоштанд. Ташкили ин шуъба сол аз сол фарохтару васеътар мегардид. Фаъолияти кории ӯ ба рӯзҳои пурташвиши давраи гузариш рост омад.
Кори шуъба хеле зиёд буд. Бар замми ин соатҳои зиёд барқ намешуд. Лозим меомад, ки то нимашаб ҳуҷҷатҳои расмиро чоп намояд. Дар ин вазифа 13 сол заҳмат кашид. Ҳамчун хизматчии давлатӣ дарк мекард, ки вазифашиносӣ кори пурмасъулиятест, ки на ҳар кас аз уҳдааш баромада метавонад. Омӯзишу семинарҳо дар раёсати хизмати давлатӣ ва мақомоти вилоятиву ноҳиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи корбарии ӯ нақши муҳим бозид.
Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» сафи занону духтарони роҳбар дар ноҳияҳои кӯҳистон низ афзудан дорад.
Шуъбаи умумӣ яке аз самтҳои асосии мақомоти иҷроия ба шумор рафта, аз кас масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Сари вақт ҳар як ҳуҷҷатро ба шахсони воқеии ташкилоту идораҳо пешниҳод менамуд. Соли 2006 ӯро мудири шуъбаи иҷтимоии ноҳия таъин намуданд. Дар ин вазифаи масъулиятнок содиқона кор кард. Соли 2012 бо назардошти таҷрибаи амалӣ ва кордонию ташкилотчигӣ ӯро раиси деҳоти Балҷувон таъин карданд. Фаъолият дар ҷамоат серташвишу фарохтар буд. Махсусан маъракаи сафарбарии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ва ҷамъоварии андоз аз сокинони деҳот хеле серташвиш буду мушкилиҳо дошт. Аммо ӯ бо истифода аз роҳу усулҳои хуби корбарӣ, аз ҳалли душвориҳо сарбаландона мебаромад. Дар байни ҷамоатҳои ноҳия ҳамеша пешсафи чорабинию ҷамъомадҳо буд. Махсусан, дар ташкилу гузарондани озмуну намоишҳои маҳсулоти кишоварзӣ, иди каду, иди асал дар вилояту ҷумҳурӣ пешсаф буд.
Ду сол боз мудири боғчаи бачагонаи ноҳияи Балҷувон аст. Барои Файзигул Маҷидова муҳимтар аз ҳама масъулиятшинос будан шарти ҳатмист. Зеро асоси пешрафти кори ҷомеа аз донишу малака, таҷрибаву ташкилотчигии худи шахс вобастагӣ дорад. Ӯ чун як зани роҳбар қодир аст дар ҳар вазифае, ки ба зиммааш мегузоранд, кордонӣ нишон диҳад.
Шарофат,
ноҳияи Балҷувон