Ба хусус баъди аз тарафи саҳмдорони корхона ворид намудани таҷҳизоти муосир интизор меравад, ки сифати маҳсулоти ҶСК „Хоҷамуъмин“ ҳам беҳтарин арзёбӣ гардад.
Ба қавли Нурулло Исмоилов, муовини директори ҶСК „Хоҷамуъмин“-и ноҳияи Восеъ, таҷҳизоте, ки бо маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ дар корхона насб шудааст, муҳимтарин вазифаҳои истеҳсолӣ - шустушӯй, хушккунӣ ва бастабандии намакро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунад. Иқтидори яксоатаи истеҳсолии дастгоҳҳои нав 4–5 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, борҷомаи маҳсулоти намаки „Хоҷамуъмин“ бо фармоиши корхона дар Чин истеҳсол мешавад. Ҳадаф аз амалӣ намудани чунин лоиҳа ва ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ таъмини намаки хушсифат ба аҳолии кишвар ва содироти он ба хориҷа будааст.
Аз суҳбат бо коргарони ҶСК „Хоҷамуъмин“ маълум мешавад, ки дар мавсими серкории корхона теъдоди коргарон то ба 45 нафар афзуда, ағлабашонро бонувон ташкил медиҳанд.
Роҳбарияти корхона дар интихоби коргарон таваҷҷуҳи бештар ба бонувони яккаву танҳо менамояд, ки аз шавҳар ҷудо шуда бо тифлони ятим дар манзилҳои волидон ба сар мебаранд. Гавҳарбӣ Тоирова, сокини ноҳияи Восеъ, аз ҷумлаи чунин бонувон аст, ки наздики 2 сол дар ин корхона фаъолият мекунад.
–Маро дар ҳолате ба кор қабул намуданд, ки бо ду фарзанд дар чорроҳаи зиндагӣ музтар монда будам. Дар манзили зисти зодмандон, ки ду бародарам бо зану фарзандонашон зиндагӣ мекунанд, худро нороҳат ҳис менамудам, зеро таъмини ману фарзандонам низ ба уҳдаи онҳо буд.
Ба гуфти Гавҳарбӣ Тоирова, барои бештари бонувони ноҳияи Восеъ, ки аксарашон хонанишинанд, дарёфти кор хушбахтии беназир аст. Умуман, дар шароити кунунӣ беҳтарин хайру эҳсони соҳибкорон ин ташкили коргоҳҳо барои бонувон аст.
Салима Давлатова, сокини дигари ноҳияи Восеъ, ягона коргар дар оилаи 8 нафарае мебошад, ки манбаи даромади рӯзгораш танҳо нафақапулии падар буд.
– Аз вақте соҳиби ҷойи кор шудам, моҳона 400–500 сомонӣ вобаста ба ҳаҷми корам маош мегирам, ки аз ин ҳисоб аҳли оиларо нигоҳубин менамоям, – мегӯяд Салима Давлатова.
Нурулло Исмоилов иброз медорад, ки дар баробари ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат шомил шудани Тоҷикистон водор шудаанд, то ҷавобгӯйи бозори ҷаҳонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ҳамзамон ба беҳдошти шароити кору зисти коргаронашон аҳамияти бештар диҳанд.
То ба ин рӯз дар ҶСК „Хоҷамуъмин“-и ноҳияи Восеъ 5 ҳазор тонна намак коркарду истеҳсол шудаст, ки аз он 3000 тоннааш намаки техникӣ ва 2000 тоннаи онро намаки ошӣ ташкил медиҳад.
– Истеҳсол ва коркарди намак аз обу ҳаво вобастагии зиёд дорад, аз ин рӯ, агар мо дар соли гузашта 2020 тонна намаки ошӣ истеҳсол карда бошем, боварӣ дорам, ки дар соли ҷорӣ ин рақамро ба 2200 тонна мерасонем, – мегӯяд Нурулло Исмоилов.
Бояд гуфт, ки арзиши 1 кг намаки истеъмолӣ вобаста ба хароҷоти истеҳсолӣ 28 дирам ва намаки техникӣ бошад 7–8 дирамро ташкил медиҳад.
Имрӯз намаки машҳури „Хоҷамуъмин“-ро аслан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш мегузоранд ва каму беш соҳибкорони алоҳида онро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир менамоянд.
Масъулони ҶСК „Хоҷамуъмин“ бо боварӣ мегӯянд, ки маҳсулоташон дар бозорҳои дохилу хориҷ рақобатпазир аст. Сол ба сол афзоиши истеҳсолӣ ва зиёд намудани теъдоди кормандони корхона гувоҳи вазъ аст, ки ин корхона рушд мекунад. Насби таҷҳизоти муосир, афзоиши рӯзафзуни ҳаҷми коркарду истеҳсоли маҳсулот ва беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли коллективи корхона баёнгари ҳол аст.