Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ баробари тараққиёти соҳаҳои гуногун, корхонаҳое арзи ҳастӣ карданд, ки аксар барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани бонувон мусоидат намуданд. Бахусус, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, ки таваҷҷуҳи занону духтарон ба он бештар аст, дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар созмон ёфтанд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анас Аврупо ва Осиё» аз зумраи корхонаҳои истеҳсолиест, ки соле пеш ба рӯи бонувони корҷӯ ва ҳунарманд оғӯши худро боз намуд. Алҳол, дар ин макон зиёда аз 70 нафар ба кор пайвастааст, ки бештари онҳо бонувони соҳибтаҷриба дар соҳаи қаннодӣ мебошанд.
Рухшона Толибова собиқаи кории 18-солаи қаннодӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки пухтупаз шуғли дӯстдоштааш аст ва бо фармоиши мизоҷон дар хона ҳар гуна шириниҳо омода менамуд.
- Нозукиҳои қаннодиро маҳз дар ҳамин корхона аз беҳтарин ва маъруфтарин устодон хубтар омӯхтам. Дар асоси шартномаи хамкории байни ду корхонаи қаннодӣ бо кишвари Қирғизистон намояндаи ширкати «Райский сладости» («Шириниҳои биҳиштӣ») ба духтарон нозукиҳои касбро ёд медиҳад ва дар навбати худ аз мо низ меомӯзад.
Бонувон аз тамоми шароитҳои корӣ бархӯрдоранд ва сари вақт маош мегиранд. Роҳбарият бо навбат кормандонро барои барқарор намудани саломатиашон ба истироҳатгоҳҳо мефиристад. Ҳамчунин, ба хотири болидаруҳӣ ба консертҳо низ меравем.
Муҳим ин ки бонувон соҳиби кори доимианд. Зеро, агар ҳунар ҳам бошад, барои гардон кардани пешаварӣ асбобҳое заруранд, ки танҳо дар корхона буда метавонанд. Ба мисоли омехтакорҳои (миксер) тезсуръат, ки на ҳар хонавода имкони харидории онро дорад. Натиҷаи ҳунари қаннод ба василаи истифодаи таҷҳизоти корӣ рӯшантар мегардад, - мегӯяд бону Рухшона.
Директори иҷроияи ҶДММ «Анас Аврупо ва Осиё» Шуъламоҳ Хошокова бобати фаъолияти коргоҳ чунин иброз медорад:
- Ҳадафи ниҳоии муассиси корхона истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи рӯз ва бо ҷойи кор таъмин намудани бонувони соҳибҳунар мебошад. Ҳоли ҳозир то ҷое ба мақсади хеш ноил шудем. Дар муддати кӯтоҳ қаннодони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шуданд, ки онҳо аз нигоҳи худ беш аз 20 намуди кулчақанд ва 30 намуди торт мепазанд. Мувофиқи фармоиши мизоҷ тортҳои гуногун то 30 кило омода мешаванд.
Тарзи таҳия намудан ва мазаву лаззати ҳар яке аз дигаре фарқ доранд. Ҳар қаннод аллакай мизоҷи маҳсулоти омоданамудаашро шинохтааст. Аз он ки равғаннокӣ ва ширинии таркиби маҳсулот мувофиқи меъёр аст, талаб ба торту кулчақанди корхона рӯз аз рӯз меафзояд.
Наргис Наимова аз зумраи қаннодонест, ки пас аз омӯзиши курсҳои таълимӣ фаъолияташро дар корхонаи мазкур оғоз намуд. Кулчақанду ширавориҳои омодакардааш аллакай мизоҷони зиёдро ба қаҳвахонае, ки дар назди корхона амал дорад, ҷалб сохтаанд.
- Маҳсулоти қаннодии омоданамудаам, аз рӯи маза ва тарзи пешниҳод низ нав аст. Он ҳамаро аз шабакаҳои интернетӣ меомӯзам. Вақте дастур (ресепт) - ро ба роҳбар пешниҳод менамоем, сари вақт маҳсулоти зарурӣ дастрас мегардад ва бо табъи хуш аз пайи омода кардани кулчақанд мешавам, - мегӯяд Наргис.
Шуъламоҳ Хошокова иброз медорад, ки дар баробари истифода аз ашёи хоми ватанӣ, яъне ширу қаймоқи Комбинати «Шири Душанбе» ва тухми Фабрикаи парандапарварии «Фарз», инчунин, корхона маводи зарурии истеҳсолотро тариқи шартнома аз кишварҳои Россия ва Қазоқистон ворид месозад. Ҷеми меваро аз Италия, Олмон, Испания, Туркия, какаоро аз Португалия, шоколади сиёҳу сафедро аз Олмон дастрас менамояд.
- Креме, ки асоси маҳсулоти қаннодии корхона аст, аз ширкати «KEN» - и давлати Испания ворид мегардад. Агарчи дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни бодом парвариш меёбанд, коркарди махсуси он барои соҳаи қаннодӣ роҳандозӣ нашудааст. Аз ин рӯ, барои ороиши маҳсулот онро ҳамкорон аз Испания мефиристанд. Бо дархости мизоҷон ҳини мавсими меваҳои ватанӣ ва гоҳе аз меваҳои тропикӣ барои ороиши торту кулчақандҳо аз онҳо истифода мебарем, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Бону Шуъламоҳ Хошокова мегӯяд, ки дар давоми як сол корхона иқтидори то 18 тонна истеҳсол намудани маҳсулоти қаннодиро дорад. Маҳсулоти қаннодии корхона ҳар рӯз дар 5 мағозае, ки дар ҳудуди шаҳр фаъол гаштааст, ба фурӯш бароварда мешавад.
Бо таъсири пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодии ҷаҳон додугирифт байни корхонаҳои хориҷӣ дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ гусаста нагаштааст. Чун солҳои пеш дар 2 - 3 рӯз ашёи зарурӣ ворид нашавад ҳам, дар муддати 2 ҳафта дастрас мегардад.
- Технологияи бузурги муосире, ки аз кишварҳои Олмон ва Туркия ворид шудааст, дорои иқтидори тавоно аст, ки бо истифода аз он метавон аз ин ҳам зиёд маҳсулот истеҳсол кард. Талабот ба маҳсулоти қаннодӣ афзуда истодааст. Ҳама талошҳои муассис ва коргарон низ ба он равона шудааст, ки беҳтарин маҳсулот истеҳсол гардад ва бо сифат ва намудҳои сершумори маҳсулот аз дигар корхонаҳои қаннодӣ тафовут дошта бошад. Яъне, рақобати шаффоф бо дигар корхонаҳои қаннодӣ дошта бошем. Сазовори боварӣ ва баҳои баланди мизоҷ гардем, агар не кори мо ҳеҷ маънӣ надорад.
Баъдан, сафи бонувон низ меафзояд. Ҳар рӯз дари корхонаро даҳҳо занону духтарон барои дарёфти ҷойи кор мекӯбанд. Вале ҳамаи онҳоро имкони бо ҷойи корӣ таъмин кардан душвор, зеро сабаб чандон васеъ набудани масоҳати корхона мебошад, - меафзояд директори иҷроияи корхона Шуъламоҳ Хошокова.
Муассиси корхона тасмим дорад, ки бо дастрас намудани яхдонҳои барои содирот махсусгардондашуда, ба хориҷи кишвар низ маҳсулоти қаннодиро интиқол диҳад. Бошад, ки ба фаъолият пардохтани чунин корхонаҳо бозори дохилӣ ва хориҷиро бо дастранҷи бонувони тоҷик фаровон созад.
Қ. НЕЪМАТУЛЛО