Мудири кулли Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова дар суҳбати хеш бо „БТ“ аз озмуни нави ҷумҳуриявӣ таҳти унувони „Барои беҳтарин нақшаи тиҷоратии ҷавонзанони Тоҷикистон“ хабар дод.
– Лутфан иброз медоштед, ки ҳадаф аз эълони озмуни мазкур чист?
–Дар ҷумҳурии мо духтарон ва занони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд соҳибкории хешро оғоз бахшанд. Вале онҳо ҳеҷ навъ малакаи соҳибкорӣ, маърифати молиявӣ, маблағ ва дастгирӣ надоранд. Биноан, Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон тасмим гирифт соли равон барои таҳияи беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ миёни ҷавонзанони Тоҷикистон озмуни наву беназир эълон намояд. Ҳадаф аз эълони ин озмун пешрафти имкониятҳои иқтисодии бонувони ҷавони Тоҷикистон тавассути дастгирии идеяҳои тиҷоратии навоварона, таҳия ва дастгирии иқдомоти тиҷоратии ҷадид ва ҳамчунин мусоидат дар паст намудани сатҳи бекорӣ миёни занон аст. Ин озмун, агар аз як сӯ имконияти хубу олӣ барои кашфи идеяҳои ҷавонзанони неруи тиҷоратӣ дошта бошад, аз сӯйи дигар, воситаи хубе барои таъмини рушди онҳо то ба марҳалаи татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратии навоварона ва минбаъд ба тиҷорати воқеӣ табдил ёфтани онҳо ба шумор меравад.
– Озмунро аз нигоҳи молӣ кӣ дастгирӣ мекунад?
– Сарпарасти кулли озмун сафорати ИМА дар Тоҷикистон буда, шарики озмун Ҷамъияти саҳҳомии шаклаш пӯшидаи ташкилоти қарзии хурду депозитии „ИМОН Интернешнл“ ба шумор меравад. Бояд бадоҳатан бигӯям, ки озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастгирӣ ёфт. Омодагии давлат ҷиҳати дастгирии фаъолонаи ибтикори мазкур бори дигар татбиқи сиёсати гендериро дар кишвар тасдиқ намуд. Ин сиёсат барои тавсияи иштироки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар равона шудааст. Ба озмун ҳамчунин созмонҳои байналмилалие таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, ки мехоҳанд мусоидат ва дастгирӣ намоянд. Феҳрасти ниҳоии шарикон ҳанӯз дар ҳоли ташаккул аст.
–Шумо иброз доштед, ки озмун барои ҷавонзанон аст. Оё он маҳдудияти синнусолӣ дорад? Барои иштирок дар озмун бонувон кай метавонанд дархост пешниҳод намоянд?
–Шумо андешаи маро хуб дарёфтед. Дар озмун он духтарону бонувоне метавонанд иштирок намоянд, ки аз 18 то 35 сол дошта, дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Қабули дархостҳо аз якуми сентябр оғоз шуда, то якуми ноябр идома пайдо хоҳад кард.
– Тафовути озмуни кунунӣ аз озмунҳои пешин, масалан аз озмуни „Фараҳ“ дар чист?
–Озмуни „Фараҳ“ ин нахустин озмун байни занони соҳибкоре буд, ки дар замони баргузории он таҷрибаи хубу кофии пешбурди тиҷорат дар бахшҳои истеҳсолот, хидматрасонӣ, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ доштанд. Мо хостем ин бонувонро ҳарчи беҳтар муаррифӣ намоем, роҷеъ ба таърихи мушаххаси комёбии онҳо ва шахсияташон қисса кунем, таҷрибаи воқеӣ ва мусбии эшонро нишон бидиҳем. Дигар гуна агар бигӯем, „Фараҳ“ барои бонувони соҳибкори муваффақ буд, вале озмуни кунунӣ нақшаи тиҷорат барои соҳибкорони навкор аст.
Вижагии озмуни барои беҳтарин тарҳи тиҷоратӣ дар шеваи навоваронааш таҷассум меёбад. Ин шеваи бархурд иборат аз фароҳам овардани шароит барои духтарону бонувон ҷиҳати дарёфти мақому ҷойгоҳи хеш дар бахши тиҷорат ва баланд бардоштани эҳсоси қадри худро шинохтан ва эътимод ба неруи хеш мебошад. Илова бар он, озмун ҷиҳати ҷалби духтарон ва бонувони ҷавон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди малакаҳои тиҷоратии онҳо равона шудааст. Дар назар аст ба онҳо дар таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ ёрӣ расонида, барои иштирок дар курсҳои тиҷоратӣ ҷалб гарданд. Нақшаҳои аз ҳама мубраму муваффақ аз дарёфти дастгирии молӣ бархурдор хоҳанд шуд.
–Иштирок дар озмун барои занон чӣ бартариятҳо дорад?
– Дар навбати аввал барандагони озмун аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон ёрии молиро дар шакли бурс (грант) ва аз Ҷамъияти саҳҳомии шаклаш пӯшидаи ташкилоти қарзии хурду депозитии „ИМОН Интернешнл“ маблағгузории боимтиёзро аз рӯйи муқаррароти маблағгузории муҷаддади Бонки миллии Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард.
Қарзҳои дарёфтшуда барои оғози тиҷорати нав аз паёмадҳо ва хатари бади соҳибкорӣ эмин хоҳанд буд. Ғолибон тайи 12 моҳ аз ҷониби бонувон-соҳибкорони ботаҷриба- барандагони озмуни „Фараҳ-2012“, аъзои Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон машварати ройгон дарёфт хоҳанд кард. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби шабакаи Иттиҳодияҳои занони соҳибкори Қазоқистон ва Афғонистон соҳибкорони ботаҷрибаи қазоқ ба онҳо роҳнамоиву машваратҳои судманд пешкаш хоҳанд кард.
–Иштироккунандагони озмунро чӣ интизор аст?
– Дар назар аст дастикам 10–15 нафар лоиҳаҳои нави тиҷоратӣ дастгирии молӣ дарёфт намуда, фаъолияти соҳибкории хешро оғоз бахшанд. Ҳароина, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода хоҳанд шуд. Вале муҳимтар аз ҳама, духтарону бонувони ҷавон эҳсоси нерумандӣ, эътимоду бовар ба худ пайдо хоҳанд кард. Маводи ниҳоиву ҷамъбастӣ, ки тарғибгари таҷрибаи мусбати тиҷорати оғозбахшидаи ҷавонзанон дар Тоҷикистон мебошанд, ба табъ хоҳанд расид. Маводи таҳлилие роҷеъ ба ҷараёни татбиқи лоиҳа нашр шуда, дар сомонаи ташкилот роҷеъ ба ҳамаи иштирокдорон ва лоиҳаҳои тиҷоратии онҳо матолиби марбут ҷой дода мешаванд.
Маросими супоридани мукофоту ҷоизаҳо барои ғолибони озмун дар назар аст. Моҳи январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби симпозиюми байналмилалии тиҷоратии шабакаи Иттиҳодияҳои занони соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор мегардад, ки дар он соҳибкорон ва вакилони порлумони шаш кишвар ширкат хоҳанд варзид.
– Боз чӣ гуна дастгириро метавон аз созмондиҳандагони озмун чашмдор шуд?
–Дар назар аст аз ҷониби созмондиҳандагони озмун барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву таҷрибаи иштирокдорони он кумаку дастгирӣ расонида шавад. Наздик ба 200 нафар бонувон дар дарсҳои тамринотии самтёбанда ҷиҳати интихоби тарҳҳои тиҷоратии оқилона ширкат меварзанд. Аз ин теъдод танҳо 50 тарҳи тиҷоратии беҳтарин баргузида хоҳад шуд. Баъдан, 50 нафар зан дар як дарси тамринотии ҳафтрӯза ширкат варзида, донишу малакаҳои худро ҷиҳати мубаддал намудани тарҳҳои худ ба як нақшаи тиҷоратии устувор ғанӣ хоҳанд сохт. Ҳамчунин, як ҳайати байналмилалии мушовирон таъсис хоҳад ёфт, ки тайи 12 моҳ ба навкорон машваратҳо ва роҳнамоиҳои ройгон пешниҳод хоҳад кард.
–Дурнамои фаъолияти Шумо аз чӣ иборат аст?
–АМЗСТ нақша дорад корҳоро ҷиҳати созмон додани аввалин бизнес-инкубатор, ки ҳадафи он дастгирии оғози тиҷорати занон аст, дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшад. Мехоҳем неруи содиротии бонувони ҳунармандро тақвият бахшем. Ҳоло сари беҳтар намудани сифати маҳсулот ва дизайни онҳо кор мекунем. Мекӯшем роҳҳои фурӯши он маҳсулотро пайдо кунем. Моҳи январ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии занони соҳибкорро бо иштироки соҳибкорон ва вакилони порлумони шаш кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир созем. Дар ин ҳамоиш сари мавзуи ҳамкории минтақавӣ ва масоили рушди соҳибкории занон суҳбат намоем. Шумо метавонед дар ин бора аз сомонаи АМЗСТ ва ИМОН маълумоти муфассалтар пайдо кунед.
–Ба иштироккунандагони озмун чӣ таманно доред?
– Агар Шумо идеяи мушаххас доред, агар ҷиддан тасмим гирифтаед, ки дар соҳаву риштаи мушаххасе кор кунед, пас, ин озмун барои шумост. Бисёр одамон аз шуруи кор тарсу ҳарос доранд ва сарчашмаи ин нобовариву беэътимодӣ надонистан аст. Мо ба Шумо дар таҳияи нақшаи тиҷоратиатон, ки фарогири ҷузъиёти он аст, кумак хоҳем кард. Ҳамчунин, дар амри ҳисобу китоби хароҷот, ба мисли иҷора, харидории маҳсулот, паёмҳои бозаргонӣ ва таҷҳизот дасти ёрӣ дароз хоҳем кард. Шумо метавонед ҳисобу китоб кунед, ки ин ҳама хароҷот кай пӯшонида мешаванд.
Шумо метавонед роҷеъ ба шакли ҳуқуқию созмондиҳии коргоҳи наватон ва низоми андозситонӣ маълумот пайдо кунед. Шуморо лозим аст дар назди ҳайати коршиносон, ки аз ҷумлаи иқтисоддонҳои ботаҷриба мураттаб шудаанд, аз нақшаи тиҷоратии хеш дифоъ намоед. Дар ҳар сурат Шумо аз таҷрибаю дониш ва дастгирии молиявӣ бархурдор хоҳед шуд. Сарфи назар аз натиҷаи озмун, иштирок дар он ба Шумо эътимоду боварӣ хоҳад бахшид ва азму якпорчагии Шумо афзун хоҳад шуд. Аз оғози кори нав набояд ҳаросид. Муҳимтар аз ҳама, ҳадафманд бояд буд. Дар он сурат ҳама нақшаву ниятҳоятон амалӣ хоҳанд шуд. Худо ба мо, бонувон, дар ин росто таври кофӣ сабру таҳаммулу истодагӣ ато намудааст.