Носири Хисрав аз ноҳияҳое маҳсуб меёбад, ки дорои заминҳои ҳосилхезу табиати мусоид барои парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Муҳоҷирати мардум аз дигар минтақаҳои зичи аҳолӣ ба ин ноҳия аз тадбирҳои судманд баҳри рушду ободонии ин диёри навбунёд ба ҳисоб меравад.
Нахустин мушоҳидаи хушоянди мо аз лаҳзаи ворид шудан, омаду рафти корвони мошинҳои пурбор буд, ки ба ҳудуди ин ноҳия масолеҳи сохтмонӣ оварда, дар бозгашт тарбузу харбуза ва дигар ҳосили парвардаи деҳқононро ба дигар минтақаҳои кишвар мебурданд.
Қиссаи як ҳиҷрат
Мастура Розиқова баъди ба буҳрони молӣ гирифтор шудан, бо аҳли оилааш ба ин ноҳия барои зиндагии доими кӯч мебандад: „Ман аз тоҷирони муваффақи ноҳияи Бохтар будаму боре вақти аз хориҷа бор овардан, дар роҳ ғоратам карданд. Ба Ватан баргашта дороиамро фурӯхта қарзро пардохт намуда, барои зиндагиро аз нав оғоз кардан, ҳамроҳи оила ба Носири Хисрав омадем. Соли нахуст дар хаймаҳо зиндагӣ дошта, рӯз дар замину шаб дар сохтмони манзилҳоямон кор мекардем. Рӯзҳое буданд, ки нонро дар рӯи лӯлаи обгузар мепухтему ҷойи хобамон болои алафҳои хушк буд. Барои зиндагии хешро дуруст кардан, пеш аз ҳама иродаи мустаҳкам бояд дошт. Зеро дар солҳои аввал баъзе мушкилии муваққатӣ ногузир аст“, – мегӯяд Мастура.
Имсол ин оила аз заминҳои хоҷагии деҳқонии „Бохтариён“ ҳосили хуби гандуму дигар ғалладона бардошта, танҳо аз ҳосили тарбузу харбуза беш аз 7 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварданд. Аз ҳосили пахтаву дигар зироатҳои тирамоҳӣ низ умеди зиёд доранд.
Мазраи тавоноӣ
–Диёри мо ояндаи дурахшон дорад, –мегӯяд Мастура Розиқова. –Баъзан вақте ба ноҳияи Бохтар меравам, ҳайрон мешавам, ки чаро якчанд оила дар ҳавлиҳои тангу камзамин зиндагӣ дошта, ба ин мавзеъҳои кушоду хушобу ҳаво намекӯчанд. Оилаҳое, ки барвақттар ба ин ҷо меоянд, аз он ҷиҳат бурд мекунанд, ки соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва замину шароити беҳтари зиндагӣ мешаванд. Агар масъулон раванди муҳоҷиратро тезониданӣ бошанд, бояд ба баланд бардоштани ҳаҷми идрорпулӣ ба оилаҳои муҳоҷир, таъмини техникаи ёрирасон, ҳайвоноти хонагӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Носири Хисрав дорои яке аз бузургтарин неъматҳои табиат „Чилучорчашма“ мебошад, ки талаботи аҳолии онро бо оби нӯшокию полезӣ таъмин месозад. Амалӣ намудани лоиҳаҳои таъмини об ба шаҳраку маҳаллаҳои „Фирӯза“, „Ваҳдат“ ва „Дӯстӣ“ имкон медиҳад, ки шароити зисти сокинонро беҳтар намуда, ин мавзеъҳоро боз ҳам ободтару сарсабз созем.
Матбуот ва ноҳияҳои сарҳадӣ
Бонувони фаъоли ноҳия дастрасӣ ба матбуоти даврӣ, радио ва китобхонаву дигар воситаҳои фарҳангиро муҳимтарин омили баланд бардоштани руҳияи заҳматдӯстӣ, ватанпарастию ифтихори миллӣ мешуморанд. Фарҳангу маънавиёт дар ҳама давру замон нақши неруи ҳидоятгару пешбарандаи ҷомеаро бозидааст.
Аз суҳбат бо директори департаменти „Почтаи тоҷик“ Мусаллама Маҳмудова маълум шуд, ки айни ҳол дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ ду дӯкони рӯзномафурӯшӣ арзи вуҷуд дошта, теъдоди обуначиён ба матбуоти даврӣ сол аз сол меафзояд.
Мавсуф пешниҳод дорад, ки дар доираи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи забони давлатӣ“ бояд дар сатҳи ҳар як ҷамоат маҳфилу курсҳои омӯзиши забони давлатӣ таъсис дода шаванд.
Дар мавриди омилҳои баланд бардоштани рағбати рӯзномахонии сокинони русто ва ба ин васила тарбияи маънавии ҷомеа масъули почтаи ноҳия чунин пешниҳод дорад: „Агар аз таҷрибаи солҳои 70 –ум истифода бурда, соли аввал сокинони рустои дурдастро ройгон бо матбуоти даврӣ таъмин намоем, солҳои баъд мардум бо хоҳиши худ обуна хоҳанд шуд“.
Ниёзи ҷавонон: рушди фарҳангу варзиш
–Ҷавонони ноҳияи Носири Хисрав ба чорабинию барномаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса доранд, – нақл мекунад Баргигул Тешаева, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия. –Ҳоло дар маркази ноҳия лоиҳаи бунёди боғи фарҳангӣ қисман амалӣ шудааст. Бо мурури вақт воситаҳои гуногуни фароғатӣ – истироҳатӣ дар боғи марказии ноҳия фароҳам гардида, он мисли боғҳои фароғатии дигар ноҳияҳо ободу зебо хоҳад шуд.
Гулмайда Гулшерова, сармураббияи муассисаи томактабии №1 ноҳия, мегӯяд, ки соли 2002-юм ҳамроҳи даҳҳо нафар ҳамдиёронаш аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба ин ҷо муҳоҷир шудаанд.
–Дар оғоз чун аз минтақаи хунук ба мавзеи гармо омадем, каме мушкил доштем, –ба ёд меорад Гулмайда. –Аммо сиёсати демографии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин минтақаи ба неруи корӣ эҳтиёҷманд дарк намуда, таҳаммул кардем.
–Мо барои дарёфти адабиёти кӯдакона тез-тез ба китобхона меравем, зеро барои тарбияи тифлон чун обу ҳаво зарур аст. Аз ҷониби дигар, сокинони рустоҳои дурдасти ноҳия ба бунёди китобхонаҳо дар маҳаллаҳои худ таваҷҷуҳи зиёд доранд, –ёдовар мешавад ӯ.
Дар баробари норасоии адабиёти ҷавобгӯйи талаботи хонандаи рӯз инчунин баҳри ташаккули ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ ва баланд бароштани маърифатнокии ҷавонон бунёди майдонҳои варзишӣ, толорҳои муосири фарҳангӣ ва ташкили маҳфилу чорабиниҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои ноҳия муҳим аст.
Муҳоҷират ва аҳзоби сиёсӣ
–Дар ноҳияи Носири Хисрав ягона созмони сиёсии фаъол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад, – мегӯяд Сурайё Алиева, раиси бахши ноҳиявии он. Ба гуфти мусоҳиби мо то кунун 1213 нафар бонувони ноҳия ба сафи ин ҳизб пайвастаанд, ки беш аз 55 дарсади тамоми аъзои онро ташкил медиҳанд.
Ҳоло ҳам дар соҳаи маориф норасоии омӯзгорони фанҳои забони хориҷӣ, таърих, кимиё ва забони русӣ мушоҳида мешавад. Талаботи соҳаҳои гуногуни ноҳия ба кадрҳои баландихтисосро ба инобат гирифта, имсол 200 нафар ҷавонон, аз ҷумла 150 нафар духтарон тибқи Квотаи президентӣ ва дигар имтиёзҳо ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар эҳё ва рушди ин ноҳияи дурдасти кишвар нақши занон муассир аст. Тибқи иттилои Инобат Набиева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, ҳоло беш аз 80 дарсади кормандони соҳаи маорифи ноҳияро бонувон ташкил медиҳанд.
–Омӯзиши забони давлатӣ аз масъалаҳои мубрами ноҳия мебошад, – иброз медорад мусоҳиб. –Бахши кор бо занони ноҳия курси таълими забони давлатиро ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 60 нафар омӯзгор ва 20 нафар кормандони соҳаи тандурустиро ба омӯзиши забони давлатӣ фаро гирифтааст.
Сол аз сол теъдоди бештари сокинони ӯзбекзабони ноҳия барои таҳсил бо забони тоҷикӣ муроҷиат менамоянд, Зеро донистани забони тоҷикӣ ба намояндагони дигар миллатҳо имкон медиҳад, ки дар мактабҳои олии тоҷикӣ таҳсил намуда, соҳиби касбу ихтисос шаванд.
Ба қавли Инобат Набиева пешрафти ноҳия аз суръати тоза бахшидани рафти муҳоҷирати меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Зеро дар ин ноҳия замини корам зиёд буда, неруи корӣ басанда нест. Ҳамзамон баланд бардоштани ҳаҷми идрорпулӣ ба муҳоҷирон, дастгирии онҳо дар омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ, афзоиши ҳаҷми маблағгузории бонкӣ ба хоҷагии халқ аз омилҳои судбахши ҷалб ба ин ноҳияи навбунёд мебошанд.
Бо дарназардошти талаботи мардум ба манзили истиқоматӣ имсол аз ҳисоби буҷет дар маркази ноҳия манзили дуошёна сохта шуда истодааст. Ноҳияи Носири Хисрав, ки зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, бо мурури вақт ободу зебо хоҳад шуд ва номи пуршарафи он шахсиятҳое, ки дар марҳилаи ободонию созандагиҳои ин гӯшаи биҳиштосои Ватан саҳм мегузоранд, дар сафҳаҳои таърих ба ёдгор хоҳад монд.
С. Ҷамолиддин