Маҳз баъди бунёду ба истифода додани ин неругоҳи азим Нораки муъҷизаофар маъруфи оламиён шуд. Тавре Давлатбек Салолов, сармуҳандиси НБО -и Норак, иброз дошт, айни ҳол дар неругоҳи мазкур 700 нафар кор мекунанд, ки 580 нафари онҳоро бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷраи №1 ё худ маркази идоракунӣ ва назорати тавлидоту интиқоли неруи барқ, ки коргарони неругоҳ онро дили Норак меноманд, 10 нафар бонувон фаъолият доранд. Ба қавле набзи НБО –и Норак, ки манбаи рӯшаннамоии Тоҷикистон аст, дар ихтиёри масъулону навбатдорони ҳамин марказ аст.
Аз суҳбату вохӯриҳое, ки бо „ситораҳо“ -и НБО-и Норак доштем, бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки назорату масъулияти муҳимтарин бахши неругоҳи азими Норакро бонувони асилу қавииродае ба уҳда доранд, ки бо кор ва сидқу вафодорӣ ба Ватану халқи хеш намунаи ибрати синфи коргар ва кулли тоҷикистониён шуда метавонанд. Воқеан, ҳар нафар аз бонувони маркази идоракунии НБО-и Норак дар мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ, хосса вазифаву рисолати инсон андешаҳои наҷибе баён намуда, саҳмгузорӣ ба пешрафту ободонии Тоҷикистони азизро роҳи асосии расидан ба саодати рӯзгор медонанд.
Ҳадиси модар: ватандорӣ
Вазири Айбанис, аз зумраи бонувони собиқадори НБО –и Норак аст, ки 21 сол боз дар маркази идоракунӣ ва назорати тавлидоту интиқоли неруи барқ фаъолият дорад.
„Вақте оилаи мо аз Қафқоз ба шаҳри Норак кӯч баст, ҳамагӣ се сол доштам. Дар ин гӯшаи зебои дунё тарбия ва ба воя расида, то соли 1992 дар шабакаҳои муҳандисии барқии шаҳр кор мекардам. Тирамоҳи ҳамон сол мо, як гурӯҳ бонувони маҳаллиро ба НБО-и Норак даъват намуданд. Мебоист оҷилан аз курси омӯзишӣ гузашта, ҷойи мутахассисонеро, ки кишварро тарк карда буданд, пур мекардем.
Вақт нишон дод, ки занону духтарони Тоҷикистон аз иҷрои кору масъулиятҳои муҳиме мисли назорату идоракунии маркази асосии неругоҳ бо сарбаландӣ мебароянд. Занон бештар озодакору масъулиятшинос буда, интизоми кориро хубтар риоя мекунанд. Ба шарофати кор дар НБО–и Норак фарзандони худро тавре тарбия намудам, ки бепадариро эҳсос насозанд. Писари калониам пешаи маро интихоб намуда, баъди хатми донишгоҳ дар НБО-и Сангтӯда-1 кор мекунад. Кор дар маркази идоракунии неругоҳи азими кишвар ва тарбияи фарзандони солеҳ дар хона барои ман рисолат ва масъулияти ватандорист.
Ҳадиси ваҳдат
Ирина Рижкова, навбатдор -таъмиргари барқии маркази идоракунии неругоҳ, қиссаи интихоби касбашро чунин нақл мекунад: „Дар муҳити оилаи мо, ки мавзуи суҳбати волидон бештар атрофи кор дар НБО-и Норак буд, дар дилам орзуи барқгар шуданро бедор намуд. Баъди хатми коллеҷи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа аз соли 1997 дар ҳамин неругоҳ фаъолият дорам“.
–Дар тӯли фаъолияти кориам борҳо ба НБО –и Норак роҳбарони давлатҳо ва меҳмонони олиқадр ташриф овардаанд. Коргоҳи мо, ки аз он тамоми дастгоҳҳои бузурги неругоҳ идора мешаванд, ҷойи ифтихорӣ аст. Бо ҳисси ифтихор аз он ки масъулияти маркази идоракунии ин неругоҳи бузургро ба уҳда дорем, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ кору зиндагӣ дорем. Орзуи ман сулҳу ваҳдат ва оромии кишвар буда,таманно дорам, ки насли ояндаи мо дар руҳияи инсондӯстию ватанпарварӣ ба воя расанд. Ва он рӯзҳои нохушеро, ки мо аз сар гузаронидем фарзандони мо набинанд. Барои амалӣ шудани ин ниятҳои нек ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла мо бонувонро, ки рисолати тарбияи фарзандонро бар зимма дорем, мебояд насли ояндаро дар руҳияи пойдории Ваҳдату ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намоем.
Ҳадиси зиндагӣ
Майгул Кӯчакшоева зодаи ВМКБ аст. Баъди хатми техникуми савдо соли 1996 фаъолияти меҳнатии хешро ба ҳайси коргар дар неругоҳ оғоз намуда, 14 сол дар минтақаҳои гуногуни неругоҳ заҳмат кашида, 3 соли охир дар марказии идоракунӣ ва назорати тавлидоту интиқоли неруи барқ кор мекунад. Ҳамзамон дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ таҳсил дорад.
–Кор дар толори маркази идоракунии неругоҳ масъулияти баландро талаб дорад. Шукронаи Худо, ҳамсари меҳрубону фарзандони хуб дорам ва рӯзҳои навбатдориам аз иҷрои корҳои хонавода ба хубӣ мебароянд. Ману ҳамсарам дар неругоҳ кор мекунему фарзандонамон дар шароити хуб тарбия ёфта, ба илму касбомӯзӣ машғуланд. Дигар аз ин беш хушбахтие вуҷуд дорад?
Ҳадиси хушбахтӣ
Зумрад Алиева фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 ба ҳайси муҳосиб дар НБО – и Норак оғоз намудааст. То ба маркази идоракунӣ ва назорати тавлидоту интиқоли неруи барқ ба кор гузаштан, чандин солҳо роҳбарии минтақаҳои манзилии №2 ва №3 неругоҳро ба уҳда дошт.
–Кор дар ҳамаи бахшу минтақаҳои неругоҳ масъулияти ҷиддиро металабад, – мегӯяд ӯ. – Аммо навбатдорӣ дар толори маркази идоракунии неругоҳ уҳдадорию масъулияти даҳчанд металабад. Мо, навбатдорон, ҳар соату дақиқа аз вазъи тавлидот ва интиқоли неруи барқ ба „Барқи тоҷик“ ҳисобот медиҳем. Навбатдорони маркази идоракунӣ ва назорати тавлидоту интиқоли неруи барқ, лаҳзае аз мушоҳидаи пулти марказӣ мураххас шуда наметавонанд. Агар гӯям, ки баъди кор баробари аскари аз набард баргашта хаста мешавем, хато намекунам. Дар қатори кор ва таълиму тарбияи фарзандон, дар бахши ғоибонаи Донишкадаи молия таҳсил дорам. Мо хушбахтарин бонувони кишварем, ки масъулияти маркази асосии идоракунии бузургтарин НБО-и дунёро ба мо бовар кардаанд.
Ҳадиси саодати инсонӣ
Бибигул Абдуллоева соли 1996 баъди хатми курси кӯтоҳмуддат ба ҳайси коргари одии НБО-и Норак ба кор қабул мешавад. Дар муддати 17 соли фаъолият дар маркази идоракунии неругоҳ пайваста ба илму таҷрибаомӯзӣ низ машғул аст. Соҳаи барқ баҳри беканорест ва барқгарро мебояд пайваста дар пайи такмили донишу маҳорати касбӣ бошад. Соҳибкасб ҳар қадар бештар заҳмату талош варзад, ҳамон дараҷа малакаи касбию обрӯй ва эътиқоду эътимод ба касбу кори хеш пайдо мекунад. Аммо кори мо як эстафетаеро мемонад, ки ҳарчанд бештар кор кунем, ҳамон қадар эҳсоси масъулиятшиносиамон зиёд мешавад, – иброз медорад Бибигул.
–Дар вақти навбатдорӣ мо ҳамеша худро дар ҳолати омодагии „ҳарбӣ“ тасаввур мекунем. Аммо вақте ба хона бармегардем, мисли дигар занон ба тарбияи фарзандон, пухту паз ва дигар вазифаҳои хонагӣ машғул мешавем.
Ҳадиси ҳидоят
Сабзагул Толибова таассуроти хешро аз нахустин дидораш аз НБО- и Норак чунин нақл мекунад: „Мактабхон будам, ки моро ба сайёҳати НБО–и Норак оварданд. Аз дидори иншооти азиму агрегатҳои пуриқтидор чунон таассуроте бардоштам, ки дигар шукӯҳу ҳашамати ин неругоҳ аз пеши назарам дур намешуд. Баъди хатми мактаби миёна курси омӯзиширо хатм намуда, ба НБО – и Норак ба кор омадам. Ҳамин тавр, як сайёҳати мактабӣ ҳидоятгари ман дар интихоби касб шуду хати тақдир маро бо Норак пайваст. Шумо хуб медонед, ки ҳар гоҳе барқ хомӯш мешавад, нисбати барқофарон чӣ мегӯянд? Хоҳиш менамоям, вақте барқи хонаатон хомӯш мешавад, дар ҳаққи барқгарон дуогӯй бошед, ки зудтар садамаи шабака ё кандашавии хатбарқҳоро таъмиру барқарор созанд.
Ҳадиси ифтихор
Таҳмина Зуҳурова низ дар оилаи коргари НБО –и Норак ба дунё омада, аз овони наврасӣ орзу дошт, ки ҳампешаи падар гардад. Аз соли 1996 дар неругоҳи мазкур фаъолият дошта, ҳамзамон шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм менамояд.
„Дар тӯли 17 соли фаъолият бори нахуст мебинам, ки ба бонувони маркази идоракунии НБО – и Норак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Воқеан ҳам, баъди сафари Роҳбари давлат муҳити корӣ тағйир ёфта, бонувони неругоҳ бо дили гарму хотири болида кор мекунанд. Дар посух ба суоли „Оё „ситораҳо“ -и НБО - и Норакро ягон-ягон мушкили корӣ ё масоили ҳаётие ба ташвиш меорад?“, Таҳмина табассуми ширине намуда гуфт: „Масъулон шояд донанд, ки ман духтари ҳамон модаре ҳастам, ки соли 1984 барои арз ба дидори Горбачёв рафта буд. Мабодо мушкиле пеш ояд, то назди Президент роҳро дидаам“.
Ҳадиси ояндасоз
Нигора Қандаҳорова соли 2009 бо гирифтани ихтисоси муҳандиси барқи фаъолияти меҳнатиашро дар НБО –и Норак оғоз намуд.
–Оилаи мо дар шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекунад. Ба шаҳри Норак, ки зодгоҳи аҷдодам аст, ба кор омадам. Ҳуҷраеро ба иҷора гирифтаму охири ҳафта ба дидори волидонам меравам. Кор дар НБО –и Норакро мустақилона интихоб намудам ва волидонам низ аз тасмими гирифтаам қонеъ ҳастанд. Қаблан мақсад доштам, ки барои як сол дар неругоҳ кор карда, маблағ пасандоз намуда, баъдан ба ягон намуди тиҷорат машғул мешавам. Вале кор дар маркази идоракунии НБО –и Норак ва муносибати ҳамкорон маъқулам шуду дигар аз ин муҳит дур шудан намехоҳам.
Ҳадиси соҳибистиқлолӣ
Зодгоҳи Раъно Ҷонхонова дар саргаҳи роҳе буд, ки субҳу шом омаду рафти коргарони НБО – и Норакро тамошо карда, дар дил орзуи барқгар шуданро мепарварид. „Барои мо, духтарони ҷавон, дар неругоҳ кор кардан ва ё ба коргари НБО-и Норак ба шавҳар баромадан мояи ифтихор буд. Хушбахтона ин ду бахти бузург насибам гардида, имрӯз ҳамроҳи шавҳарам дар неругоҳ кор мекунам“, –мегӯяд ӯ.
–Шукронаи Ваҳдату соҳибистиқлолии кишвар, ҳаёти осоиштаву зиндагии хуррамонае дорем, –мегӯяд Раъно. Фарзандонамро дар руҳияи озодию ҳисси ифтихори миллӣ тарбия менамоям то оянда ба халқу Ватани хеш содиқона хидмат намоянд. Орзу дорам ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби маълумоти олии муҳандисӣ шавам, зеро талабот ба мутахассисони соҳаи барқ сол ба сол меафзояд. Мо, барқчиёни тоҷик, зери мароми расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон кору зиндагӣ дорем.
Ҳадиси ҷавонӣ
Таҳмина Маҳмаднабиева ҷавонтарин коргари маркази идоракунии назорати тавлидот ва интиқоли барқ, як сол пеш Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро бо ихтисоси соҳибкорӣ ва муҳандис -менеҷер дар соҳаи барқ хатм намуда, ба сафи коргарони НБО –и Норак пайваст. Таҳмина дар оилаи барқгар ба дунё омада, модару бародари бузургаш дар ҳамин неругоҳ ва падараш дар НБО - и Роғун кор мекунанд.
– Ҳоло аз камтаҷрибагӣ каме мушкилӣ мекашам, аммо мехоҳам дар чунин коргоҳи муҳими стратегӣ фаъолият намуда, аз беҳтарин собиқадорони соҳаи барқ таҷриба омӯзам. Боварии комил дорам, ки дар ояндаи наздик сафи барқчиён аз ҳисоби занону духтарон зиёд гардида, барқгар ҳамчун касби намунавӣ дар байни ҷомеа эътибор пайдо мекунад.
Шаҳлои Насриддин, Ҷамолиддин Сайфиддинов
Душанбе - Норак - Душанбе