- Корхона асосоан бо фармоиши воҳидҳои низомӣ дар минтақа барои афсарону сарбозон сару либос ва ҷиҳози хоб медӯзад. Афзоиши рӯзмараи фармоишгарон гувоҳи он аст, ки сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ҷавобгӯйи талаботи рӯз аст. Дар ду моҳи охир дӯзандагон барои 800 нафар марзбонон сару либос дӯхта, 9 ҳазор адад ҷиҳози рахти хобро пешкаши қисмҳои ҳарбӣ намудаанд.
Афзоиши фармоишҳо барои тайёр намудани амволи махсус аз беҳтар шудани шароити хизмати афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. Дӯзандагон бо ифтихор мегӯянд, ки маҳсули дасташон дар тани мизоҷон ба хусус хидматчиёни ҳарбӣ шинаму зебо менамояд.
Дӯзандаҳо Меҳринигор Давруқова, Тоҷиниссо Мавлододова ва тарроҳ Бахтибегим Ғоибназарова то солҳои 1990-ум дар фабрикаи дӯзандагии Хоруғ кору фаъолият мекарданд. Вале бо барҳам хурдани собиқ шӯравӣ ва таъминоти муттамарказ коргарони ин корхонаи овозадор бекор монданд. Зеро корхона муфлис шуду бинои онро хусусӣ гардонида, ба муассисаи таълимӣ табдил додаанд.
Ба гуфтаи Сусана Мародбекова корхона фаъолияташро густариш дода, дар баробари воҳидҳои низомӣ фармоиши идораву муассисаҳоро ҳам қабул карда истодааст. То имрӯз бемористони вилоятӣ ва муассисаи ислоҳотӣ ба маблағи зиёда аз сӣ ҳазор сомонӣ кӯрпаву болишт аз корхона харидорӣ намудаанд. Мизоҷони нави корхона мегӯянд, ки аз сифати мол қаноатманд буда, аз ин пас маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳро харидорӣ хоҳанд намуд. Ҳоло бо фармоиши шаҳрдории Хоруғ дӯзандагони коргоҳ 200 ҷуфт сару либоси бо рангҳои парчами миллиро тайёр намуда истодаанд, ки дар Рӯзи ҷашни парчами миллӣ гурӯҳи ҷавонон онҳоро ба тан мекунанд.
Корхонаи дӯзандагии Хоруғ бо ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли гузашта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, айни ҳол дар он зиёда аз 50 нафар кор мекунанд. Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ қарор аст, ки дар ояндаи наздик бо ширкати раисҷумҳур ҳамчунин дар шафати ин корхона хишти аввали пойдевори корхонаи дӯзандагии Агентии давлатии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ низ гузошта мешавад. Фаъол шудани корхонаи нав имкон медиҳад, ки ҳудуди 200 нафар сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.
Ш.Мирзоҷалол