Ҳаҷми даромади худӣ дар буҷети ноҳияи Дарвоз ба 60 дарсад расид. Арқоми омории нимсола нишон медиҳанд, ки даромади худӣ аз ҳисоби фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ҳоли афзоиш буда, дар роҳи расидан ба худкифоӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд.Ҳиссаи зиёди воридоти даромади худии буҷет асосан аз ҳисоби фаъолияти конҳои тилло, коркарди санги мармар, дӯхти либоси мактабӣ, истеҳсоли барқ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зиддиуфунӣ таъмин гардида, бино ба пешгӯии мутахассисон дар ояндаи наздик имкони пурраи табдил ёфтани Дарвоз ба нахустин ноҳияи худкифо дар вилоят вуҷуд дорад. Ба кор андохтани кони бузурги ангишти Равноб имкон медиҳад, ки на танҳо шаҳрвандон ва идораву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, балки муштариён аз манотиқи дигари кишвар ангишти хушсифатро харид намоянду воридот ба буҷети ноҳия ба маротиб афзоиш ёбад. Айни ҳол молики кон муайян ва ширкати истеҳсолӣ таъсис дода шуда, корҳои истихроҷи ангишт дар Равноб оғоз меёбанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон намуданд, ки он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят босуръат амалӣ мегардад. Қатъи назар аз таъсири пандемияи коронавирус, дар ноҳияи Мурғоб баҳори соли равон истихроҷи нуқра дар кони Якҷилва бо шарикони чинӣ аз сар гирифта шуд. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият коргоҳ ба буҷети маҳаллӣ 40 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Дар сурати фаъолияти пурра корхона имкон дорад, ки солона то як миллион сомонӣ андоз ба буҷет пардохт намояд.
Дар Бадахшон, дар мавзеи Барҷи ноҳияи Рӯшон калонтарин кони оҳан дар Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, интизори мавриди истифода аст. Маъданшиносон мегӯянд, бинобар афзоиши талабот ба металлҳои нодир ва камёфт дар ҷаҳон сол аз сол минтақаи шарқии вилоят мавриди таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сармоягузорон қарор мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тайи солҳои ахир дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ҳам қариб ду баробар афзуд.
Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби истеҳсоли санги мармар, хишти пухтаю сементӣ, мум (асфалт) ва барқ ба даст омада, раванди саноатикунонӣ дар ноҳия суръати тоза мегирад.
Ванҷро макони санги мармар меноманд, зеро дар ин ҷо конҳои бузурги мармарҳои гуногунранг мавҷуданд. Мармареро, ки дар корхонаи Даштак истеҳсол мегардад, ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври фаровон дар ороиши биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрҳо истифода мебурданд. Вале солҳои 90 - уми асри гузашта бар асари нобасомониҳо корхона ва конҳои дигари мармари ноҳия аз кор монданд.
Ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни яке аз сафарҳояшон ба ноҳияи Ванҷ ва мулоқоташон бо масъулони мақомот ва соҳибкорон ба эҳёи корхонаҳои саноатии минтақа асос гузошт. Истихроҷи мармар аз нав оғоз ёфта, ҶДММ «Ҷаҳонгир» бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва бозоргир аз хориҷи кишвар таҷҳизоти муосир дастрас намуд.
Коргоҳи «Мармарстоун» технологияи муосирро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кард. Таҷҳизоту технологияи замонавӣ бо ёрии мутахассисони хориҷӣ насбу васл гардид ва 10 нафар коргари маҳаллӣ тарзи истифодаи онро аз худ намуд. Ҳоло ин коргоҳ, ки пештар фақат тахтасанг мебаровард, бо истифода аз технологияи муосир дар баробари варақсанги мармар, аз хокаи он 5 намуд маҳсулоти сохтмонии босифату бозоргир истеҳсол менамояд.
Кони «Пойимазор» захираи бузургтарини санги мармари ороишӣ дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Мармари сафеди барфӣ ва ҷигарии он нарму мулоим буда, коркардаш осон ва дар истифода қулай ва серхаридор мебошад. Дар деҳаи Пойи Мазор бунёди се корхонаи истихроҷ ва коркарди санги мармар идома дошта, бештар аз 100 нафар ҷавони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Ноҳия, ҳамчунин, дорои захираҳои бузурги никел, мис платина буда, аҳамияти саноатӣ доштани онҳо ҳанӯз дар гузашта аз ҷониби коршиносон исбот гардидааст.
- Мутахассисони «Тоҷикгеология» се моҳ дар мавзеи Сурхсангов ва гирду атрофи он таҳқиқот гузаронда, ба натиҷае расиданд, ки дар ин ҷо захираи кофии ашёи хоми зарурӣ барои истеҳсоли семент мавҷуд аст. Ашёи хоми маҳал босифат буда, дар ҷойҳои ҳамвор мавҷуд аст, яъне интиқоли он тавассути нақлиёт хароҷоти зиёдро талаб намекунад. Аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ба манзури баровардани мол ба бозори дохилу хориҷ мавзеи Сурхсангов барои сохтмони корхонаи семент қулайтар буда, ҷиҳати дур будан аз маҳалҳои аҳолинишин ба муҳити зист ҳам таъсири манфӣ нахоҳад дошт. Бо назардошти авҷи сохтмонҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва талаботи афзоянда ба масолеҳи сохтмонӣ ва ҳамчунин, имконияти мусоиди содироти масолеҳи сохтмонӣ ба маҳалҳои марзии Афғонистон бовар дорам, ки соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағгузорони дохилу хориҷи кишвар барои ҳамкорӣ дар амалисозии ин тарҳ ҳавасманданд ва чунин корхонаи зарур барои мардуми вилоят дар ояндаи наздик бунёд мегардад, - мегӯяд раиси ноҳия Ҷаббори Қосим.
Дар ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат се неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 760 кВт - соат ва НБО «Ванҷ - 2» бо маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ ва иқтидори 900 кВт-соат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинони ноҳия бо барқи доимӣ таъминанд. Вале барои саноатикунонии босуръат ноҳия дар марҳилаи аввал ба 5 ҳазор кВт - соат барқ ниёз дорад. Айни ҳол ҷараёни пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи барқи «Помир энерҷи», ки хати баландшиддати он аллакай то водии Язгуломи ноҳия расидааст, идома дорад. Анҷоми ин амал ба камбуди барқ дар ноҳия пурра хотима мегузорад.
Солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати истиқрори сулҳ, амну субот ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои иқтисоди вилоят рушд намуда, сокинон шоҳиди бунёди бесобиқаи пулу неругоҳҳои барқӣ, мактабу муассисаҳои тиббӣ, варзишгоҳу қасри фарҳанг, биноҳои маъмурии идораву муассисаҳо ва дигар иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ гардиданд. Симои шаҳру ноҳияҳои вилоят куллан дигаргун шуд. Раванди устувори саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз ёфта, тавсеа меёбад.
- Дар нимсолаи аввали соли равон корхона ва коргоҳҳои саноатии ноҳияи Шуғнон ба маблағи 23 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 фоиз зиёд мебошад, - гуфт дар машварати васеи назди раиси ноҳияи Шуғнон муовини раиси ноҳия Латиф Шоҳзодаев.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат дар ин давра ба он алоқаманд дониста мешавад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии давлат - рушди босуръати саноатикунонӣ диққати бештар равона намуд. Алҳол дар ноҳия 54 коргоҳи саноатӣ фаъол аст. Беш аз нисфи маҳсулоти истеҳсолшуда ба ширкати энергетикии Помир ва корхонаи коркарди ғалла марбут буда, бо маблағгузории бахши хусусӣ то охири сол дар ҳудуди ноҳия фаъол шудани 10 корхонаи истеҳсолӣ бо фарогири 30 ҷойи корӣ дар назар аст.
Дар Хоруғ филиали Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим таъсис ёфт ва бо маблағгузории бахши хусусӣ ва давлатӣ то охири сол 7 корхонаи нави саноатӣ бо 100 ҷойи кор фаъол мегардад. Солҳои аввали истиқлолият бинобар камбуди буҷет соҳаҳои саноат ва сохтмон ба мушкилот мувоҷеҳ гардиданд.
Ба вазъи ногувори таъмини хоҷагии вилоят бо барқ, ба вазъи мушкили молиявии кишвар нигоҳ накарда сохтмони иншооти дорои аҳамияти иқтисодӣ - Неругоҳи барқи обии «Помир – 1», аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ ва бо ёрии Бунёди Оғохон идома дода шуда, агрегати аввалини он моҳи марти соли 1994 ба истифода дода шуд. Сокинони деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ки бори нахуст дар қатори издиҳоми зиёди мардум Сарвари давлати тоҷикон - Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими ба корандохтани чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Помир-1» дида, ба ӯ эътимод пайдо карданд. - Дар он солҳое, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят пуропури муҳоҷирони дохилӣ ва афроди ғайриқонунии мусаллаҳ аз маҳалу манотиқи гуногуни кишвар буд, ширкати Сарвари ҷумҳурӣ дар ин рӯйдоди муҳим ҷасорату матонати бемислро талаб мекард. Суханони Сарвари ҷавон, ки дар рӯзи офтобии наврӯзӣ ҳозиронро ба оғози тавлиди барқ дар неругоҳи бузургтарини вилоят табрик гуфта, бо боварӣ дар бораи ояндаи дурахшони кишвар ҳарф мезад, дар дили ҳар шунаванда эҳтирому ихлос бармеангехтанд.
Дар маҷмӯъ, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят 2236 иншооти аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ сохта шуда, ба ин мақсад қариб 3,4 миллиард сомонӣ равона гардид.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 165 корхонаи хурд ва 4,2 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо бештар аз 22,2 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Раванди саноатикунонӣ дар вилоят таҳким меёбад ва дар роҳи гузаштан ба худкифоӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд. Он рӯз дур нест, ки маодини нодири минтақа коркард мегарданду на танҳо ба буҷети маҳал, балки ба буҷети ҷумҳурӣ аз ин ҳисоб маблағи зарурӣ ворид мегардад.
М.САИД,
ВМКБ