Ташкилоти ҷамъиятии занонаи «Замзам»-и ноҳияи Муъминобод ҳамагӣ 7 сол боз фаъолият кунад ҳам, бо ташаббусҳои боҷуръатона ва саҳмгузорияш дар ҷалби бонувон ба кор ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар навоҳии кӯҳистони кишвар дар вилояти Хатлон шуҳратёр гаштааст. Шумораи бонувоне, ки «Замзам» онҳоро соҳиби кору фаъолият гардонидааст, беш аз 2000 нафар аст. Доираи фаъолияти «Замзам» имрӯз сарҳади ноҳияро убур карда, ба як созмони вилоятӣ табдил ёфтааст. Мухбири мо бо роҳбари ин ташкилоти овозадор Тоҷиннисо Одинаева мусоҳиб гардид.
– «Замзам» кай ва чӣ тавр таъсис ёфт?
– Соли 2003 дар созмони байналмилалии «Каритас»-и давлати Шветсария, ки дар ноҳияи мо амал мекунад, дар иҷрои лоиҳаи «Баланд бардоштани даромад барои занҳои камбизоат» ҳамчун коргари корҳои саҳроӣ фаъолият доштам ва бо мушкилоти бонувон аз наздик ошноӣ ёфтам. Дар деҳоти ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон бонувон ба ҷойи кор ва ба ин васила беҳбудӣ бахшидан ба вазъи иқтисодии оилаҳояшон ниёз доранд. Вале нарасидани дарку маърифати фаҳмидани моҳияти ин масъала то ҳанӯз дар миёни бонувон эҳсос мешавад. Ин аст, ки солҳои аввал мо ба занҳои камбизоат бо мушкилиҳои зиёд моҳияти масъаларо мефаҳмондем ва ҳатто маҷбурӣ аз хонаҳояшон ба кор мебаровардем. Ҳамон вақт ба хулосае омадам, ки бо дастгирии «Каритас» бояд ташкилоти маҳаллии ҷамъиятие созмон диҳем ва ба ҷалби бонувон ҷиддитар машғул шуда, ба ин васила дар ҳалли мушкилоти онҳо саҳм гузорем.
– Барои чӣ «Замзам»?– Ба он хотир ин номро гузоштем, ки Замзам оби муқаддас аст, об бошад, асоси покию покизагӣ ва зиндагии инсонҳост. Ҳамчунин, вожаи «зам» маънои ҷамъ кардан, зиёд намуданро ҳам дорад ва мо таманно мекардем, ки занҳо дар атрофи мо ҳарчи бештар зам шаванду зам шаванд.
Вақте ин мақсадро ба роҳбарияти «Каритас» гуф-там, онҳо бо хушнудӣ маро дастгирӣ карданд. Мо дар боби шакл ва самти шуғлу фаъолияти бонувон, бо назардошти имкониятҳои маҳал, аз қабили коркарди маҳсулоти ширӣ, пашм, мева, сабзавот ва гулу гиёҳ барои доруворӣ ва ғайра лоиҳае омода сохтем, ки бе мамоният пазируфта шуд.
Соли 2007 ТҶЗ «Замзам» дар Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуд. Соли аввали фаъолият ҳамагӣ 20 нафар аъзо доштем. Бахши коркарди шир фаъолият дошту халос. Баъдан, бонувони муъминободӣ аз пашм кӯрпаҳои пашмин истеҳсол карданд. Шумораи аъзо ба 200 нафар ва баъдан ба 500 нафар расид.
Имрӯз дар ТҶЗ «Замзам» дар самти коркарди шир 200 нафар, истеҳсоли хушкмева 550 нафар, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш 500 нафар, гандумпарварӣ 200 нафар, картошкапарварӣ 150 нафар, дӯзандагони кӯрпаҳои пашмин 100 нафар, мурғпарварӣ 50 нафар бонувони ноҳия ба фаъолият ҷалб шудаанд.
– Маҳсулотеро, ки бонувон омода мекунанд, шумо ба куҷо месупоред? Масалан, гиёҳҳои шифобахшеро, ки ҷамъ мешаванд, кӣ харидорӣ мекунад?
– Маҳсулотамонро мефурӯшем. Харидорони доимӣ дорем. Аз гиёҳҳои шифобахш парвариши бобунаро ба роҳ мондем. Мо занонро бо тухмӣ таъмин мекунем, онҳо ин гулро парвариш карда, хушк мекунанду баргу поя ва тухмиашро алоҳида омода месозанд. Мо ин маҳсулотро аз бонувон бо пули нақд мехарем.
Имсол бобунаи хушккардаи бонувони мо метавонад 2 тоннаро ташкил диҳад. Маслиҳат аст сол ба сол парвариши ин гиёҳи шифобахшро зиёд намоем ва тариқи вагон ба Аврупо равон карда бифурӯшем. Дар ин кор моро «Каритас» дастгирӣ мекунад.
– «Замзам» боз бо кадом ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва дар оянда чӣ нақшаҳоро амалӣ карданист?
– Се сол боз лоиҳаи «Паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни бонувон»-ро амалӣ намуда истодаем. Бо маблағгузории Хазинаи Авруосиё бахши коркарди ширро тавсеа бахшидем. Дар натиҷа шумораи аъзои мо то ба 2000 нафар зиёд шуд ва ин шумора боз ҳам меафзояд. То соли 2010 ду намуд маҳсулот истеҳсол мекардем, ҳоло 7 намуд. Қаймоқу ҷурғот, маскаву чакаву равғани зарду дигар маҳсулоти хушсифати мо дар ҳама фаслҳои сол харидор доранд. Маҳсулоти корхонаи шир на фақат дар мағозаҳои Муъминобод, балки дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш бароварда мешаванд ва талабгорони зиёде доранд.
Дар оянда бунёди корхонаи хурди коркарди пашмро дар нақша дорем. Муъминобод ноҳияи чорводорист. Дар ин ҷо гӯсфандпарварӣ ривоҷ дорад. Мутаассифона, солҳои охир пашми пурқимати гӯсфанд бехаридор мондааст. Ба ҳамин хотир, мо ташкили чунин як корхонаро ба нақша дорем, ки ҳам барои бонувон ҷойи кор муҳайё созаду ҳам маҳсулоти мардум талаф наёбад.
Билоли Шамс
н. Муъминобод
Маълумот барои андеша
Ноҳияи Муъминобод 80 ҳазор аҳолӣ дошта, зиёда аз 40 ҳазор нафари онро бонувон ташкил медиҳанд. 20 ҳазор нафарашон қувваи қобили меҳнатанд. Аз инҳо 345 нафар дар соҳаи маориф, 45 нафар дар соҳаи фарҳанг, 260 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 13 нафар дар соҳаи коммуналӣ, 65 нафар дар соҳаи савдо, 250 нафари дигар дар соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолият доранд.