Дар шаҳри Норак бонуе ба дӯхти мӯзаҳои човандозӣ ва ковбойӣ машғул аст. Дар ҳуҷраи тангу номусоид ташкил додани дӯкончаи ҳунармандӣ гувоҳи он аст, ки ин оила барои пешбурди рӯзгор аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. «Агар инсон фикру маҳорати худро бораи дарёфти қути лоямут равона намояд, шароиту имкониятҳо пайдо мекунад», – мегӯяд мусоҳиби мо Муҳаррам Сорбонзода. – Ману ҳамсарам ба эҷоди мӯдҳои замонавии мӯза машғулем. Мӯзадӯзӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳисоб рафта, касби аҷдодии мост. Дар ҷумҳурии мо, ки бузкашӣ аз мусобиқаҳои машҳур ва муаррифгари ҷасурию паҳлавонӣ ба шумор меравад, талабот ба мӯзаҳои човандозӣ ва аспсаворӣ бисёр аст. Мӯзадӯзӣ ҳунарест, ки аз инсон асаби орому зеҳни дақиқ ва малакаи зебопарастӣ металабад.
Ба гуфти Муҳаррам Сорбонзода, харидорони мӯза на танҳо бузкашон, балки соҳибкорону сарватмандон ва дигар аспсаворону човандозони кишвар ва берун аз Тоҷикистон мебошанд.
Муҳаррам Сорбонзода дар деҳаи Кибили шаҳри Норак ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби деҳаашон гирифтааст. Ҳарчанд дар мактаб бо баҳои хубу аъло таҳсил менамуд, аммо чун дигар мардуми рустоӣ волидони ӯ ҳам ба шавҳар баромаданашро муҳим донистанд. Баъди чандин соли ҳаёти оилавӣ азм намуд ба коллеҷи тиббии шаҳри Норак дохил шавад. Соли 2000-ум Муҳаррам Коллеҷи мазкурро хатм намуда, то имрӯз дар беморхонаи марказии шаҳри Норак ба ҳайси хоҳари шафқат фаъолият дорад. Аз овони наврасӣ ба эҷоди шеър машғул аст.
– Чанд сол аст, ки Муҳаррам шеърҳояшро пеши ман меорад ва мебинам, ки аз мазмуну маънӣ холӣ нестанд, балки дарду эҳсоси ба худ хосеро доранд, – мегӯяд шоира Зулфия Атоӣ.
Шеърҳои Муҳаррам тараннумгари хулқу атвори шоистаи тоҷикон, ҳифзи расму оинҳо ва урфу одат-ҳои миллӣ мебошанд. Шеъри «Шарм» равзанаест, ки хонанда тавассути он ба шахсияти як бонуи рустоӣ ошноӣ пайдо мекунад:
Шарм бошад ҷомае бар тан маро,
Шарм бошад зевари гардан маро…
Ҳусни занро шарм оро медиҳад,
Аз ҷилояш чеҳра буд равшан маро…
– Маҳсулоти хомро аз хориҷа дастрас мекунем, – мегӯяд ӯ. - Дар замони шӯравӣ шавҳарам пӯст ёфта онро ба устоҳои чармгар дода, баъди коркарди он пойафзол медӯхт. Мутаассифона, ҳоло мо шароити тайёр кардани чармро надорем.
Шавҳараш Эшони Тешаро дар Тоҷикистон ҳамчун Устои норакӣ мешиносанд.
Ҳоло фарзандон низ касбу ҳунари зодмандонро аз худ карда, дастёрӣ онҳо шудаанд. Аҳли оила мақсад доранд, ҳунари худро ба маҷруҳон низ биёмӯзонанд. Зеро, ба қавли онҳо, омӯзиши касб ба эҳтиёҷмандон бузургтарин кори хайр ба ҳисоб меравад.
Мӯзадӯзӣ аз бобокалони онҳо Эшони Саидаҳмадҷон ба фарзандаш Эшони Қарахӯҷа мерос монда, ҳоло набераву абераҳои онҳо ин ҳунарро ривоҷ медиҳанд. Шаҷараи аҷдодии онҳо дар деҳаи Алиҷони Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бо шуғли мӯзадӯзӣ зиндагиро пеш мебаранд. Устои норакӣ нозукиҳои дӯхти мӯзаи бузкаширо аз бародараш Шаҳобиддин омӯхтааст.
– Дар ҳоли ҳозир мо танҳо ба дӯхтани мӯзаи човандозии қадима машғулем, зеро талабот ба он хеле зиёд аст. Муштариёни асосии мо човандозони Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия ва ҳатто аз Фаронса мебошанд.
Вақте мебинем, ки нафарони воломақоми кишвар дар маъракаҳои човандозӣ мӯзаҳои дӯхтаи моро мепӯ-шанд, аз касбу ҳунарӣ аҷдодӣ ифтихорамон меояд.
– Орзуи мо рушди ҳунари мӯзадӯзӣ дар Норак ва ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба омӯхтани ин касб мебошад, – мегӯяд Муҳаррам Сорбонзода. - Зеро талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи мо чи дар Тоҷикистон ва чи дар дигар кишварҳои минтақа сол ба сол меафзояд. Агар мо шароиту имкони рушди коргоҳамонро медоштем, бовар дорам дар ояндаи наздик дар бозори ҷаҳонии мӯзаи човандозӣ мавқеи худро пайдо мекардем.
Билоли Шамс,
Норак