Ҳар халқияту миллат дар масири таърих урфу одатҳо, маросимҳо ва анъанаҳои ба зиндагиашон муносибро дар пояи суннатҳои ҷомеа эҷод кардаанд. Ва чаро муҳим будаанду ҳастанд ин оинҳо ва маросимҳо? Аввалин посух ин гуна аст, ки, албатта, барои танзими рӯзгор. Ҳама расму оин ва маросимҳо дар давраҳои гуногуни таърих шакл гирифтаанд ва маҷмуан пояи фарҳанги миллиро асос гузоштаанд, аммо гузашти вақт нишон дод, ки на ҳама маросимҳо ва урфу анъанот дархӯри мардум ва ҷомеа будаанд. Замоне ифтихор мекардем аз шаҳомати тӯю маросимҳои худ. Имрӯз ҷавоб мегӯем ба ин аъмол. Оё касе аз худ савол мекунад, ки ЧАРО? Оё мо қаблан намедонистем, ки хароҷоти зиёд дар маъракаҳои пурдабдаба хилофи ҳама арзишҳои динию инсонист? Медонистем, аммо ба хотири худнамоӣ, тақлидкорӣ ва «таънасор» набудан ин гуна маъракаҳоро анҷом медодем. Натиҷа чӣ шуд? Зиндагиамон беҳ нагашт, зери қарз мондем, шароити рӯзгор сомон наёфт. Баъдтар гӯё фаҳмидем, ки баъзе аз маросимҳои мо олудаи хурофотанд. Албатта, пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Агар ин санад қабул намешуд, моро чӣ рӯзгоре интизор буд? Чаро то қабули қонун сари он андеша накардем, ки хароҷоти барзиёд дар маъракаҳо макруҳ аст? Умре заҳмат кашидаву роҳате надида ҳама бисотеро, ки бо машақати зиёд ба даст омадааст, дар як ё ду рӯз масраф кардан чӣ маънӣ дорад?
Агар ҳақиқатро бигӯем, тӯли солҳо мо побанди баъзе расму оинҳо шудему вақт аз мо гузашт. Имрӯз вақту замонро думболагирӣ дорем, то баробар гом бардорем. Иқдоме, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт анҷом дод, бесобиқа аст. Агар ин марди дурандешу некбин намебуд, ба сари мову шумо чӣ андеша меомад? Оё аз пеши худ коре мекардем? Худо медонист! Тӯли анқариб шаш сол зиндагӣ, рӯзгор ба танзим омад. Пулу молу давлат ёфтем ва фаҳмидем, ки шарт набудааст хароҷоти зиёд дар баргузории маросимҳо, баръакс дар чорчӯбаи муайян ба танзим даровардану гузаронидани маъракаҳо баракат дош-тааст. Охир беҳуда нагуфтаанд: «Исроф ҳаром аст». Имрӯз Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ва Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар татбиқи ин санади зиндагисоз талош доранд. Корҳои ташвиқоту тарғибот ва пешгирии қонуншиканиҳо мутобиқи нақшаи чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Кормандони ин мақомоти вижа борҳо таҳқиру таҳдид ҳам дидаанд, аммо чун рисолаташон татбиқи қонуни танзим аст, пас намегарданд.
Воқеан, татбиқи қонун танҳо ба зиммаи ин мақомот нест, балки дигар вазорату кумитаҳо ҳам баробар муваззаф ҳастанд, аммо фаъолияти онҳо дар ин самт нигаронкунанда аст. Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки дар баъзе манотиқи кишвар боз харҷу сарфи барзиёдро мардум раво мебинанд. Маъракаҳои дугонаталбон, арӯсбинон, домодталбон ва амсоли инҳо, ки қонун манъ кардааст, баргузор мешаванд. Ҳатто дар маросимҳои маргу азодорӣ ҳам зиёдаравӣ мекунанд.Ҷиҳози арӯсиро намегӯед?! Имрӯз барои харидани тилловорӣ, ҷиҳози хонаи хоб ва туҳфаҳо мусобиқа шадид аст. Даъвати ҳофизон ҳам ба тӯй чунон мӯд шудааст, ки ба баъзе сарояндагон навбат намерасад. Баъзан рӯзи тӯйро худи сарояндагон муайян мекунанд, зеро дархост бисёр мешавад ва худо накунаду онҳо ба тӯй наоянд, тӯйхона мотамхона мешавад. Боз аз ин «бозор» сарояндагони ба ном «ситораҳо» истифода бурда, нархи хизматрасониашонро дучанд мекунанд. Медонед, «танзимгари» ин ҳама «барномаҳо» киҳоянд? Дар аксар ҳолатҳо бонувон ва духтарони онҳо, боз холаю аммаю апаҳо. Суханҳои «ман аз кӣ камӣ дорам?», «накунем, шарманда мешавем» ва ғайраю ҳоказо ба шумо шиносанд? Албатта! Марди хона «қандата хӯру накун!» Мурда-мурда мекунӣ! То шарманда нашавӣ!
Ё дар баргузории баъзе маросимҳои маргу азодорӣ ҳам, ки қонун онҳоро манъ кардааст ва рӯҳониён ҳам онҳоро бидъат меҳисобанд «ташаббускор» занҳоянд. Шоҳидони ҳол, аз ҷумла кормандони масъули Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, мегӯянд, ки борҳо аз рӯйи чунин ашхос протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ мураттаб сохтаанд ва мутобиқи талаботи қонун ҷазо ҳам додаанд, аммо боз идома доранд ин амалҳо. Ба андешаи коршиносон бархе аз занон то ҳанӯз пойбанди расму оинҳои ба ном «аҷдодӣ» ҳастанд. Ҳатто дар ҳолатҳои аз ҷониби масъулон монеъ шудан ба доир сохтани чунин маросимҳо, бонувон якравию пойфишорӣ мекунанд. «Ҳа, манъ куну рӯзата бин. Ман пеши дугонаҳо, ҳамсояҳо, хешу табор бо кадом рӯй нигоҳ мекунам?» Ин аст мафкура ва фаросати баъзе занҳои азиз! О, ба ҷойи шукр гуфтану аз банди фақру бенавоӣ раҳоӣ ёфтан, шумо чаро худро боз банди хароҷоту одатҳои беҳуда месозед?! Ба ин савол занҳо-ку шояд ба зудӣ ҷавоб надиҳанд, аммо мардҳои хона чӣ мегуфта бошанд? Як бор қонунро гирифта пеши занҳо қироат кунед! Шояд маҷбур созед, аз бар кунанд?! Фарз кардем, хонаводаҳои доранда барои духтаронашон қариб ҳама ҷиҳози заруриро мехаранд. Шояд ин бадие надорад, аммо агар шумо ин имконро надошта бошед, чаро худро зери қарз ва мушкил мегузоред? Баъдан, чӣ зарурате бошад, ки барои «ҳой-ҳой»-и як сароянда 1-2 ҳазор долларро «ҳадя» мекунед? Бе ин намешуда бошад? Не, мешавад! Фақат хостан лозим! Фарзандонро дар рӯҳияи сарфакорӣ, меҳнатдӯстӣ, қадри пулро донистан ва худрову зиндагиро шинохтан бояд тарбият кард, на ризқу рӯзии онҳоро барои шиками дигарону «ҳой-ҳой»-и тӯйгардҳо харҷ кардан. Президенти кишвар дар мулоқоташон бо шумо имсол оид ба ин масъала зиёд гуфтанд, бодард гуфтанд, дилсӯзона гуфтанд. Медонед, чӣ гуфтанд? «Онҳое, ки дар тӯю маъракаҳои бодабдабаи шумо ширкат меварзанд, баъди аз он ҷо рафтан дар кӯча саломатонро алейк намегиранд!»
Пас, андеша кунед, бонувони азиз, зиндагӣ кардан ба хотири ЧӢ ва КӢ будааст! Фаҳмидед? Чӣ қадар бояд бигӯем ва то кай бояд гуфт?! Гап бисёр аст, аммо ин ҷо як шоҳбайти ҳазрати Бедилро чун хулоса ба шумо бозгӯ мекунем:
Зиндагӣ дар зери бори расму оин мурдан аст,
Даст дасти туст, бишкан ин тилисми нангро!
Шаҳлои Насриддин