Муаррифӣ:
Давлатзод Умед Давлатович
Соли таваллад: 16-уми апрели соли 1975;
Солҳои 1991 - 1996 – донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
Солҳои 1996 - 2003 – Ассистенти кафедраи «Иқтисод ва банақшагирии иҷтимоӣ»-и Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Соли 2003 – ҷонишини мудири кафедраи ДДМТ;
Солҳои 2003-2004 – ҷонишини сардори шӯъбаи қарздиҳӣ бо пули миллии Идораи амалиётии ҷСК «Ориёнбонк»;
Солҳои 2004- 2005 – Сардори Идораи муомилоти пулӣ ва ҳамлу нақли дороиҳои ҷСК «Ориёнбонк»;
Солҳои 2005 - 2009 - муовини аввали раиси ҷСК «Ориёнбонк»;
Аз 28-уми апрели соли 2009 муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд.
– Мувофиқи маълумоти оморӣ, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то мизони 38,3 дар сад коҳиш ёфтааст, лутфан мегуфтед, ки меъёри муайянкунанда ва тақсимбандии аҳолӣ ба табақаи камбизоат, миёнаҳол ва сарватманд кадом аст?
– Дар хусуси паст рафтани сатҳи фақр ё камбизоатӣ дуруст қайд кардед, ки воқеан ин нишондод имрӯз дар Тоҷикистон то ҳадди 38,3 дар сад поин фаромадааст. Ва аз рӯйи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон то соли 2015 он бояд наздики 30 дар сад коҳиш ёбад. Меъёри тақсимбандии аҳолӣ аз рӯйи методологияи мушаххаси Бонки умумиҷаҳонӣ, бо назардошти рушди иқтисоди кишвар сурат мегирад.
Аҳолии камбизоат онҳоеро мегӯянд, ки бо сатҳи даромаднокии паст наметавонанд ақаллан оддитарин талаботи физиологиашонро, аз қабили хӯрдану пӯшидан қонеъ намоянд. Камбизоатӣ ду навъ мешавад: умумӣ ва шадид. Агар инсон дар як рӯз камтар аз 2 доллару 15 сенти амрикоӣ даромад дошта бошад, ӯ шомили категорияи камбизоатии умумӣ аст. Агар даромади якрӯзаи вай камтар аз 1 доллару 83 сент аст, пас ин нафар бо фақри шадид рӯбарӯст.
Ҳамчунин, дар ҷомеа ҳастанд нафарони осебпазире, ки сатҳи даромаднокиашон зиёдтар аз 2 доллару 15 сент аст ва ин миқдор маблағ танҳо барои таъмини талаботи физиологии онҳо кифоягӣ мекунад. Барои ин гуруҳи аҳолӣ ҳар лаҳза имкони ба табақаи болотар шомил шудан ё хавфи баргашт ба табақаи поён вуҷуд дорад. Сафи онҳо дар Тоҷикистон 26,2 дар садро ташкил медиҳад.
Табақаи миёнаҳолро низ ба ду навъ: миёнаҳоли ноустувор ва устувор ҷудо мекунанд. Ба табақаи миёнаҳоли ноустувори ҷомеа инсонҳое шомиланд, ки сатҳи даромаднокиашон танҳо барои қонеъ кардани хароҷоти будубош, сару либос, таҳсилоти фарзандон, дастрасӣ ба хизмати аввалияи тиббӣ мерасад. Ин мардум пасандоз надоранд. Даромади онҳо танҳо ба ҷанбаи иҷтимоӣ равона мешавад. Онҳо имрӯз 16 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд.
Табақаи миёнаҳоли устувор дар Тоҷикистон 19,5 дар садро ташкил медиҳад. Ин одамонро ба ибораи дигар табақаи сатҳи байналмилал ё фаромиллӣ низ мегӯянд. Инсонҳои шомили ин табақа бо сармояву сатҳи даромаднокӣ дар мавқеи иҷтимоиашон устувор мемонанд.
Сарватмандон – як гурӯҳи бисёр каме ҳастанд, ки сатҳи даромади баланди устувор доранд. Онҳо соҳиби мулк, аз қабили манзил, мошин, сарвати андӯхта дар шакли тилловорӣ ё пасандозҳо дар низоми бонкӣ, даромадҳои иловагӣ, нуқтаҳои савдо, корхонаҳои хусусӣ ва аз ҳама муҳим, соҳибмаълумот ва касби даромадноканд. Мутаассифона, бинобар сабаби пурра таҳия нашудани механизми муайян намудани миқдори даромаднокӣ ва сарвати андӯхта, солҳост, ки мо теъдоди сарватмандони воқеии кишварро мушаххас карда наметавонем. Аз ин хотир, онҳоро шартан ба гурӯҳи сатҳи миёнаҳоли устувор дохил кардаем.
– Аз рӯйи таҳлилу нишондодҳои коршиносони ватанӣ бонувони тоҷик бештар дар кадом навъи тиҷорат фаъоланд?
– Мувофиқи таҳлилҳои мунтазами коршиносон бонувон имрӯз бештар дар соҳаҳои савдои чакана, фаъолият дар тарабхонаҳо, саноати нассоҷиву дӯзандагӣ, фурӯши маҳсулоти ороишӣ, заргарӣ, хӯрока ва либосворӣ фаъолият доранд. Саҳми қисме аз занҳо дар пешбурди корҳои тиҷорати калон низ ба назар мерасад. Дар хариду фурӯши лӯлаҳои полиэтиленӣ, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чӯб, таъсиси корхонаҳои кандакорӣ низ онҳо иқдоми ҷиддӣ нишон медиҳанд.
Дар озмуни «Фараҳ-2012» бароям дидани чеҳраҳои бонувони муваффақ бисёр хушоянд буд. Ҳарчанд, равшан аст, ки як андоза муваффақияти онҳо бо зарурати тақдир ва эҳтиёҷ бастагӣ дорад.
– Оё мо бонувони тоҷир ё ба истилоҳ бизнес-ледиҳои сатҳи ҷаҳонӣ дорем, агар ҳастанд, фаъолияти эшон бо кадом навъи тиҷорат пайваст аст?
– Мутаассифона, мо имрӯз аз рӯйи гардиши сармоя ва сарвати андӯхта, тоҷири муваффақе аз ҳисоби занон дар сатҳи ҷаҳонӣ надорем. Аммо дар сатҳи шууру саводнокӣ, донишу малака бонувони пешрафтае дорем, ки мутахассисони дараҷаи олианд. Ба кору амали пурсамари хеш Руқия Қурбонова, Хайринисо Юсуфӣ, Озода Раҳмонова, Сумангул Тағоева, Махфират Хидирова, Лола Бобоҳоҷиева, Назира ғаффорова, Зевар Давлатова, Ҳуриннисо Ализода, Марҳабо Ҷабборова, Нуриннисо Рустамова, Матлуба Ӯлҷабоева, Гулбаҳор Маҳкамова, Санавбар Шарифова чун сарварбонувони муваффақ дар миёни ҷомеа шинохта ва маъруф гардидаанд.
– Соҳибкорону тоҷирон бо чанд далел имрӯз аз қабули Кодекси нави андоз изҳори норозигӣ менамоянд, назари Шумо чун коршинос нисбати ин масъала…
– Аслан дар низоми иқтисоди бозаргонӣ фикру ақидаҳо ба ҳам бархурд доранд. Вазифаи давлат чун ҳакам додани имкониятҳои баробар барои ҳама аст.
Аз рӯйи қонуни иқтисод дар бозор онҳое мемонанд, ки ба рақобат тобоваранд. Ҳамасола дар Амрико 200 ҳазор корхонаҳои нав ба қайд гирифта мешаванд, аммо охири сол омор нишон медиҳад, ки ҳамагӣ 1000-тои он ба рақобат тоб овардаву боқӣ мондаанд. 199 ҳазори дигарашон ё аз байн мераванд, ё сармояи худро ба соҳаи дигар интиқол медиҳанд, ин фоҷиа нест.
Андоз бояд аз рӯйи баланд бардоштани меъёри андозбандӣ не, аз иқтисоди ниҳонӣ ба иқтисоди расмӣ ворид кардани сарчашмаҳои андозбандишаванда ва васеъ кардани базаи андозбандӣ сурат гирад. Яъне шумораи андозсупорандагон зиёд шавад, на меъёри андоз, ин аст мавқеи Вазорати рушди иқтисод ва савдо. То ҷамъбасти як соли молиявӣ, натиҷагирӣ аз бурду бохти Кодекси нави андоз бе нишондиҳандаҳои воқеӣ маънӣ надорад.
Имрӯз бояд аз рӯйи инсоф гуфт, ки воқеан камбудиҳо ҳам дар фаъолияти ниҳодҳои соҳавии давлатӣ ва ҳам дар фаъолияти худи соҳибкорон ҷо доранд. Дар баъзе маврид суистифодаву зиёдаравӣ аз мансаб аз ҷониби масъулин ба назар мерасад. Соҳибкорон бошанд, дар аксар маврид даромади воқеиашонро аз андоз пинҳон медоранд, арзиши аслии моли вориду истеҳсолкардаашонро дар тавозун нишон намедиҳанд, ки ин бар зарари давлат аст.
– Дар баъзе кишварҳо давлат барои дастгирии соҳибкорон имтиёзҳои махсус: озод кардан аз андозу фоизҳои қарзии бонкӣ ва амсоли инро пешбинӣ кардааст, дар Тоҷикистон заминаҳои воқеии ҷорӣ намудани ин таҷриба вуҷуд дорад?
– Вақте мо худро бо дигар давлатҳо муқоиса мекунем, ҳатман андозаи рушд, ҳолати воқеии иқтисодии он давлатҳоро бояд ба инобат бигирем. Давлатҳое, ки барои дастгирии соҳибкорон фондҳои махсуси рушд, қарзҳои дарозмуддати бефоиз медиҳанд, давлатҳое мебошанд, ки аллакай тамоюли буҳрони зиёдаистеҳсолӣ доранд, онҳо бештар аз талаботе, ки бозорашон ғунҷоиш дорад, маҳсулот истеҳсол мекунанд. Ба хотири вайрон нашудани раванди истеҳсолӣ, давлат аз ҳисоби сарватҳои андӯхта, соҳибкоронро бо ҳар роҳу восита ҳавасманд мекунад.
Дар Тоҷикистон вазъият каме дигар аст. Давлат ҳанӯз сарвати андӯхтаи зиёд надорад. Иқтисодиёти мо имрӯз ниёз ба сармоягузорӣ дорад. Ногуфта намонад, ки иқтисодиёт як мубодилаи баробар аст. Вақте аз як қисмати баробарӣ кам карда, ба дигараш зам мекунед, тавозун вайрон мешавад. Масалан, мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон айни замон, дар кишвар ҳаҷми пасандозҳои мардум ба 1 миллиард доллар расидааст. Ин пули халқ аст, аз мову шумост. Аммо оё мо розӣ ҳастем, ки бонк фоизи пасандозҳои моро бар ивази паст кардани фоизи қарзи соҳибкорон кам кунад? Ин ҷо бархурди манфиатҳо ба вуҷуд меояд. Муносибати эҳтиёткорона сари ин масъала лозим аст. Сардори давлат ҳамеша вақти тасдиқи буҷет таъкид мекунанд, ки он бояд хусусияти иҷтимоӣ дошта бошад. Агар мо мехоҳем аз барномаҳои иҷтимоӣ даст кашем ва танҳо самти иқтисодиро рушд диҳем, боз ҳам шахсони аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир зарар мебинанд.
– Кадом навъи тиҷорати фоиданокеро мисол оварда метавонед, ки бо истифода аз он бонувон имкони даромади воқеиро дошта бошанд?
– Ҳар гуна тиҷорат иртибот дорад бо таваккал. Додани маслиҳат ва идора кардани пули дигарон осонтар аст, аммо хавфи бештаре барои соҳибмулк эҷод мекунад.
Дар кишварҳои пешрафта як навъи махсуси хизматрасоние дар соҳаи тиҷорат ҳаст, ки онро хизматрасонии консалтингӣ мегӯянд ва дар мо набудани ҳамин гуна хизматрасонӣ мушкилиҳои зиёдеро барои тоҷирони худиву хориҷӣ пеш овардааст. Аслан, ин хизматрасонии машваратӣ - иттилоотӣ аст, ки дар асоси пажӯҳишҳои дақиқ ба даст омада, маълумот фурӯхта мешавад. Мушкили сармоягузор ҳам ин аст, ки вақте ӯ бозори Тоҷикистонро омӯхтаву ба он ворид шудан мехоҳад, иттилои комилро дар хусуси самти тиҷорати интихобкардааш дарёфт наменамояд. Бозори мо ба таври стихиявӣ худро танзим мекунад.
Як мисоли одӣ болоравии нархи орд дар соли 2008 аст. Баробари гарон шудани нарх ҳама мекӯшиданд аз бонкҳо вом гириф-та, ба кишвар орд ворид намоянд. Вақте орд аз меъёри талаботи истеъмолӣ зиёд ворид шуду нарх поён рафт, миқдори зиёди ин маҳсулот дар анборҳо вайрону соҳибкорон муфлис шуданд. Ҳол он ки, агар иттилои ҳамарӯза мебуд, маблағҳои қарзӣ ба бод намерафтанд.
Масъалаи дигар ин сохтмони манзили зист дар шаҳри Душанбе аст. Зиёд шудани сохтмон хуб аст, аммо боре касе чунин таҳлиле гузарондааст, ки ин хонаҳо баъдан бо кадом нарх ба фурӯш гузошта мешаванд ва оё мардум воқеан имкони харидории онҳоро доранд ё онҳо солҳо интизори харидор мемонанд.
Барои мушаххас кардан ва дарёфти маълумот, соҳибкорон ва коршиносони соҳа бояд ба тамоми корхонаву вазоратҳои соҳавӣ муроҷиат намоянд. Барои мо имрӯз ташкили як базаи мутамарказонидашудаи иттилоот зарур аст.
Гулноза БОБОМУРОДОВА