Қаҳрамони ин муҳовараро тахмин интихоб накардаем. Дар омода намудани матлабе вобаста ба масъалаи истифодабарии бонувон аз хизматрасониҳои бонкӣ, коршиносони соҳа таҷрибаи корӣ, донишу малака, ҳисси баланди масъулиятшиносии ин бонуро ба инобат гирифта, тавсия доданд, ки қаҳрамони суҳбати навбатии мо, муовини раиси ҶСК «Агроинвестбонк» – Зебуннисо Фат-ҳиддинова бошад.
– Зебуннисо Бойпочоевна, аз рӯйи таҳлилҳо бонувон имрӯз бештар дар кадом навъи амалиётҳои бонкӣ фаъоланд?
– ҶСК «Агроинвестбонк» наздики 15 намуд амалиётҳои пасандозӣ, 25 намуд амалиётҳои қарзӣ ва аз рӯйи 14 низоми байналмилалии интиқоли маблағҳо амалиётҳои интиқолиро ба ҳамагон пешкаш менамояд. Мувофиқи таҳлилу хулосаҳои мо, бонувон чун муштариёни фаъоли бонк ҳоло бештар аз хизматрасониҳои пасандозӣ ва интиқоли маблағҳо истифода мебаранд.
- Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳанӯз мавҷи буҳрони молиявию иқтисодӣ дунёро дар панҷа нигоҳ медорад ва аз хавфи боз ҳам шадид шудани он нигаронӣ доранд, буҳрони молӣ ба Тоҷикистон, хосса ба портфели қарздиҳии имсолаи бонк таъсир расонида метавонад?
- Асоси пешрафти ҳар бонк ба пешрафти иқтисодиёти давлат вобастагӣ дорад. Ногуфта намонад, ки ҳар дигаргуние, ки дар ҳаёти иқтисодии мамлакат ба амал меояд, ҳатман таъсири хуб ё бади худро ба низоми бонкдорӣ мерасонад. Дар асоси пешгӯйиҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва таҳлилҳои мутахассисони ватанӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2013 ва солҳои минбаъда ба андозаи на кам аз 6-7 фоизи солона дар назар аст, ки ин нишондиҳандаи бисёр хуби иқтисодист.
Дар хусуси буҳрони молиявӣ ҳаминро мегӯям, ки дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозаргонӣ таъсири он хоҳу нохоҳ барои тамоми кишварҳои дунё эҳсосшаванда аст. Мутахассисони мо низ барои коҳиш додани ҳар гуна таъсири манфӣ дар ин самт ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани сифати сандуқи қарзӣ чораҳои заруриро андешидаанд. Барои мо дарёфти эътимод ва ҳифзи манфиати мизоҷон муҳим аст.
- Мувофиқи Созишномаи субсидиарӣ (ёрирасон) байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК “Агроинвестбонк” шуруъ аз соли 2008 то ба имрӯз аз ҳисоби захираҳои Бонки Исломии Рушд барои дастгирии соҳибкорон бо фоизҳои имтиёзнок маблағ ҷудо карда шудааст, ки қисми муайяни он барои бонувони соҳибкор пешбинӣ гаштааст. Ба ғайр аз ин, қарзҳои имтиёзноки махсусеро барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ҷудо намудаем, ки занҳои зиёде то имрӯз аз он самаранок истифода мебаранд.
- Аз рӯйи мушоҳидаҳо дар бисёр ҳолат бонувон аз гирифтани қарзҳои бонкӣ худдорӣ мекунанд, сабаб фоизҳои баланд ва шарти гарав, ки хонаву мошин ё дигар чизҳои арзишманд бояд мусовӣ ба қарз гузошта шаванд, Шумо чун мутахассис ба хоҳишмандон чӣ тавсия медиҳед?
– Ҳама намудҳои хизматрасониҳои қарзие, ки бонк пешниҳод мекунад, барои амалисозии мақсадҳои асоснок равона мешаванд. Коршиносони мо бо назардошти манбаи даромади мунтазам ва маълумотномаи ҷойи кори доимии мизоҷ, ки чун кафили пардохти қарз пешниҳод мегардад ва ба сифати таъмини гарави қарз мавҷуд будани амволи ғайриманқул диққати махсус медиҳанд. Ин як меъёри муқаррарӣ ва аз талаботи ҳатмии низоми бонкдорист, ки аз он ҳаросидан лозим нест.
Маслиҳати ман чун мутахассис ин аст, ки мизоҷ пеш аз гирифтани қарз бояд таҳлили амиқе дошта бошад, ки маблағи гирифтаашро барои кадом кор сарф мекунад, дақиқ бидонад, ки оё дар муҳлати муқарраргардида қарзи бонкро баргардонида метавонад? Танҳо дар сурате, ки ӯ ба истифодаи босамари маблағи қарзӣ эътимод пайдо кард, имкон дорад бо дили пур аз бонк қарз бигирад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бонувон дар гирифтани қарз ва баргардонидани он мизоҷони масъулиятнок ба ҳисоб мераванд. Аммо, мутаассифона, ҳастанд ҳолатҳое, ки қисме аз қарзҳои батаъхирафтодаи сандуқи қарзии бонк ба занҳо мутааллиқанд.
- ҶСК “Агроинвестбонк” ба хотири дастгирии муштариён метавонад ташаббуси чашмрасе дар самти паст кардани фоизҳои қарзӣ нишон бидиҳад?
- Роҳбарияти ҶСК “Агроинвестбонк” ҳамеша дар фикри мизоҷон ҳастанд. Мо ҷонибдори ҳамкориҳои судмандем. Маҳз ба ин хотир, дар пешниҳоди хизматрасониҳо мекӯшем сабукиҳои чашмрасеро барои муштариён роҳандозӣ намоем. Борҳо дар доираи аксияҳои гуногун қарзҳои махсусро бо фоизҳои пасттар ба муштариён пешниҳод намудаем ва дар оянда низ ин иқдомро идома медиҳем. Масалан, аз 25-уми декабри соли 2012 то 25-уми феврали соли 2013 аксияи навбатии “Иқдоми солинавӣ”-ро роҳандозӣ намудем, ки дар доираи он хоҳишмандон метавонанд аз бонки мо қарзҳоро ба маблағи аз 100 то 20 ҳазор доллари амрикоӣ бо меъёри 25 фоизи солона ба муҳлати 12 моҳ дастрас намоянд. Хушхабари дигар ин аст, ки бахшида ба Иди Модар “Агроинвестбонк” иқдоми наверо роҳандозӣ кардааст, ки мувофиқи он қарзҳоро бо фоизҳои паст ба бонувон пешниҳод менамояд.
– Зан ва пул. Пӯшида нест, ки бештари захираҳои пулӣ ва сарватҳои ҷомеа имрӯз дар ихтиёри мардон қарор доранд, чун як бонуи соҳибназари соҳаи бонкдорӣ сабаби ин нобаробариро дар чӣ мебинед?
– Дар олами муосир ҳам занон ва ҳам мардон имкониятҳои баробари ба даст овардани пулу сарватро доранд. Зану мард, агар бикӯшанд, метавонанд дар ғанигардонии буҷети оила баробар саҳм гузоранд. Сари ин масъала воқеъбинона бояд андеша ронд. Мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо нобаробариҳои иҷтимоӣ ва масоили гендерӣ ба идорасозии молиявӣ таъсир мерасонанд. Баъдан, аз овони хурдӣ дар шуури мо ҷо кардаанд, ки пулёбӣ дар оила вазифаи мард асту харҷи он дар дасти зан. Ана, аз ҳамин хотир, чун мард пулёбу пулбиёри оила аст, соҳиби пулу сарват дониста мешавад. Яке аз сабабҳои дигар ин аст, ки табиатан занҳо нисбат ба мардон пулро тезтар сарф мекунанд. Қисмати каме аз бонувон метавонанд маб-лағҳои худро захира намоянд. Онҳо мисли мардон намекӯшанд, ки маблағҳояшон барои вусъати тиҷорате сарф шавад ва бо ин баҳона сармояашон афзояд. Дар ҷаҳони имрӯз барномаҳои махсуси тиҷоратие амал мекунанд, ки занҳо метавонанд ҳатто дар хона бо фарзандон нишаста, ба тиҷорат шуғл варзанду бо ин роҳ маблағи муайян ба даст оваранд, то ки дар хонавода ва ҷамъият як нафари эҳтиёҷманд унвон нагиранд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА