Фарзона Тилавова:
«БИГЗОР ИШҚИ АВВАЛИНИ ДУХТАРОН ДОНИШ БОШАД!»
Фарзона, ки дар самти пешниҳоди хидматрасониҳои машваратӣ дар кишвар пештоз аст, дар роҳ ба сӯи муваффақият қолабҳои зиёдеро шикастааст. Ӯ соли равон дар зинаи карйераи байналмилалии худ як қадам ба боло гузошт. Ба наздикӣ аз тадриси омӯзгор - тренерон дар кишварҳои ҳамсоя баргашт.
Тренерон доир ба мудирияти содирот дар Қазоқистону Ӯзбекистон пас аз иштирок дар дарсҳои Фарзона омӯхтаҳои худро ба соҳибкорони маҳаллӣ меомӯзонанд ва ба ин васила ба лоиҳаи Ready4Trade дар роҳи расидан ба ҳадаф, яъне тақвият бахшидани тавонмандиҳои маҳаллӣ , ёрӣ мерасонанд. Лоиҳаи мазкурро Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо ёрии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ амалӣ месозад. Фарзона дар ин ибтикор тренери аршад мебошад.
Роҳ ба сӯи муваффақият
Ба қавли Фарзона Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар комёбиҳояш саҳми назаррас дорад. Ӯ рӯзе аз рӯзҳои соли 2008 - ро ба ёд меорад. Он рӯз ба яке аз чорабиниҳои омӯзишии маркази мазкур барои мутахассисони маҳаллӣ даъват гардида буд. Дар ин миён, Фарзона, ки кори номзадияшро дар риштаи иқтисод ҳимоя карда буд, тадқиқоташро дар самти такмили маҳоратҳои мудирият идома бахшид. Дари бозорҳои байналмилалиро ба рӯи даҳҳо ширкат боз кард, ширкати консалтингии худро таъсис дод ва се ҷоизаи байналмилалиро соҳиб гардид.
- Ман хеле ҷавон будам, ки ба кор шурӯъ кардам. Дар 19 - солагӣ аллакай дар яке аз корхонаҳои саноатии кишвар муҳандис будам. Ба мудирияти замонавӣ ва пешрафтаи тиҷорат шавқ доштам. Медидам, ки дар ҷумҳурӣ тиҷорат чӣ гуна идора мешавад, ҳамон қадар бештар мехостам, ки дар самти беҳбудӣ дар ин ришта фаъолияте анҷом дода бошам. Вале намедонистам, ки бо кадом роҳ. Ҳамон рӯзҳо МТБ ба Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорӣ омад ва зиндагии ман ранги дигар гирифт - мегӯяд Фарзона.
Фарзона ҳоло 13 соли таҷриба дар соҳаи аудит, 14 соли таҷриба дар соҳаи тренерӣ ва 18 соли таҷриба дар соҳаи мудирияти тиҷорат ва лоиҳаҳоро дорост. Созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва ширкатҳои ватанӣ пайваста ӯро барои иҷрои барномаҳо ва фаъолияташон ҷалб месозанд.
- Дарк кардам, ки барои фаҳмидани он ки соҳибкорон чи ҳис мекунанд ва барои фаҳмидани фазо аз дохил, бояд худам ҳам соҳиби тиҷорат бошам. Он замон фазо барои хидматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон холӣ буд ва бовар доштам, ки дар ин ҷода метавонам тағйирот ворид созам ва хидматҳоям харидор хоҳанд ёфт. «Камолот 1» ҳамин гуна таваллуд шуд, барои ёрӣ ба ширкатҳо ва созмонҳо дар истифодаи роҳу услубҳои замонавии мудирият, ба василае, ки ба ҳадафҳои стратегии онҳо ва вижагиҳои онҳо рост ояд, - иброз дошт бонуи пештоз.
Ба ин васила ӯ ба соҳибкорони маҳаллӣ мефаҳмонд, ки онҳо танҳо бо роҳи пешниҳоди хидматрасониҳои нав ва содироти хидматрасониву маҳсулоташон метавонанд пеш раванд. Ҳар мушкиле, ки дар сари роҳашон мебарояд, бояд бидонанд, ки ҳамаи ин мушкилот ҳалшавандаанд. «Камолот 1» на танҳо ба дили муштариёнаш боварӣ овард, балки барои аз миён бардоштани монеаҳо низ ёрӣ мерасонд.
Бо ин вуҷуд, роҳ ба сӯи пирӯзиҳо барои «Камолот 1» ҳамвор набуд. Сарфи назар аз бозори дастнорасида ва набудани рақобат, барои лоиҳаҳои машваратӣ гузариш аз назорати чандмарҳилаӣ ва дарёфти муштарӣ барои хадамоти консалтингӣ душвор буд. Вале бо такя ба матонат ва итминони мутахассисони баландпоя ва бо дарки пурраи вижагиҳои минтақа, «Камолот 1» ба зудӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро ёфт. Феҳристи муштариёни ширкат дар давраҳои гуногун аз хидматрасониҳои омӯзишӣ ва бехатарӣ , корхонаҳои саноати сабук ва вазнин, ширкатҳои соҳаи хӯрокворӣ ва ғайра иборат буд. Аввалин муштарии «Камолот 1» пас аз мусоидати Фарзона ҷиҳати дарёфти ҳуҷҷатҳои зарурии байналмилалӣ , як қарордоди 18 -миллиондоллара имзо карда буд.
Намуна барои дигарон
Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд: «Барои рушди соҳибкории хурду миёна дастрасии беҳтар ба хадамоти машваратӣ муҳим аст. Маркази мазкур дар ин ҷода яке аз созмонҳои калидӣ маҳсуб ёфта, беш аз бист сол мешавад, ки чораҳои муҳимро дар ин замина амалӣ мегардонад. Фарзона дар ин самт ҳамеша моро ҳамроҳӣ карду мекунад. Ҳадафи мо сохтани соҳибкории қавӣ , боэътимод ва тавоно дар кишвар ва бренди маъруфу шинохта гардидани навиштаҷоти «Истеҳсоли Тоҷикистон» мебошад».
Фарзона на танҳо намоди воқеии қолабшикан гардидани зан дар ҷомеаи аз нигоҳи фарҳангӣ мардсолор мебошад, балки ӯ боз ҷавонзанҳои дигарро низ омӯзиш медиҳад, ки чи гуна дар бозори кор ҷойгоҳи худро ёбанд ва онҳоро ба соҳаи худ низ ҷалб мекунад.
Яке аз ҳамкорони ӯ Малика Маҳкамова, ҳамин гуна, стандарти байналмилалии HACCP - ро дар 5 ширкат, дар Африқо ҷорӣ карда буд. Фарзона бар ин бовар аст, ки як зани таҳсилдида ҳангоме ки ба соҳибкорӣ шуғл меварзад, ба зиндагӣ ва кор аз нигоҳи гендерӣ назар андӯхта, бояд барои занони дигар ҳам ҷойи кор ва имконият фароҳам созад. Аз ин рӯ, худи ӯ ба даҳҳо зан маҳорати раҳбарӣ ва мудириятро, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Ready4Trade тамрин додааст. Ин лоиҳа ба тавонмандсозии бонувони раҳбару соҳибкор таваҷҷуҳи махсус зоҳир месозад. Машварати асосии Фарзона ба занону духтарони тоҷик ҳаммаънои номи ӯ дар забони тоҷикист (фарзона – донову хирадманд):
«Савод доштан аллакай худ дастовард аст. Дар зиндагӣ чизе ба осонӣ ба даст намеояд. Саъю талош ва меҳнати ҳаррӯза метавонад касро ба қуллаи мурод расонад. Муваффақият тавоноиҳо ва орзуҳои шуморо ба чолиш мекашад ва шуморо барои парвоз кардан таҳрик медиҳад. Аз ин рӯ, аз духтарони ҷавон даъват менамоям, ки дар ҳар соҳае, ки мехоҳанд, ҳамеша барои пешсаф будан талош варзанд ва бигзор ишқи аввалини духтарон дониш гардад», - меафзояд Фарзона Тилавова.
Шаҳдрези РАҲМОН