Водии зархези Вахш бо пахтаи пурқимати маҳиннаху ангури тоифӣ ва сабзавоту меваҳои ширинаш машҳур аст. Замин манбаи асосии даромади мардум ба ҳисоб рафта, баъзе деҳқонон соле аз як қитъа то чаҳор бор ҳосил мегиранд. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш соли 2012 хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 2,5 гектар гармхона ташкил намуданд. Дар заминҳои наздиҳавлӣ бошад, масоҳати кишти зироатҳои барвақтӣ ба маротиб зиёд аст.
Сафари мо ба ин ноҳия ба як рӯзи барфӣ рост омад, ки ҳарорати ҳаво 8 дараҷа хунук буд, аммо дар гармхонаҳои сарсабзи деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. «Агар дар баҳор барои ҳосили хуб гирифтан, як рӯзи барвақтари кишту кор нақш бозад, дар парвариши зироатҳои зимистонӣ дар гармхонаҳо ҳар соату дақиқа ғанимат аст», -мегӯяд Муборак Парпиева, сокини гармхонадори деҳа.
– Тӯли 10 соли парвариши зироатҳои барвақтӣ сатҳи зиндагиамон хубу соҳиби амволе шудем, ки солиён орзуяшро мекардем. Даромаде, ки аз се моҳи кор дар гармхонаҳо ба даст меорем, аз фоидаи солонаи ҳосили заминамон зиёдтар аст, зеро дар мавсими баҳор помидору бодиринги барвақтӣ арзиши хеле баланд доранд.
Ба гуфти Муборак Парпиева баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, содироти маҳсулоти барвақтӣ ба хориҷи кишвар ва таъмини дастархони баҳории мардум бояд тамоми заминдорони вилоятро ба ташкили гармхонаҳо ҷалб намуд.
Деҳқононро ҳидоят кунед
Аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, ки бо кушодани пули Панҷи Поён помидору бодиринги барвақтии парвардаи деҳқонони Вахшро ба Афғонистон низ содир мекунанд, аммо ташкили гармхонаҳо дар ин водии зархез дар он сатҳе ба роҳ монда нашудааст, ки ҳам аҳолии минтақа ва ҳам бозори кишвари ҳамсояро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намояд.
–Дар пешрафти кору баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ тавассути воситаҳои ахбори омма маслиҳатгару роҳнамои мо бошанд, - мегӯянд кишоварзони ноҳияи Вахш.– Онҳо роҷеъ ба рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста барномаву матлабҳои омӯзишӣ пешкаш намоянд, зеро маълумотнокии деҳқон омили фаровонии ҳосил аст. Новобаста ба таҷриба мо ҳамеша ба маслиҳату ҳидояти агроному олимони соҳа эҳтиёҷ дорем.
Ба гуфти Муборак Парпиева деҳқон вақте муваффақу саодатманд мешавад, ки ба касбу кораш садоқат дошта, замину зироатро ба меҳр нигоҳубин намояд.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст…
Ҷавонони деҳаи Роҳи Нави ноҳия низ дар руҳияи қаноатмандӣ аз шароити рӯзгор ва ҳисси меҳнатдӯстӣ ба воя мерасанд. Фарида Рӯзиева, хонандаи синфи 10-ум, аллакай тамоми нозукиҳои парвариши зироатҳои барвақтиро омӯхтааст.
«Кишоварзиро дӯст медораму дар оянда пайрави падар мешавам. Аз соле, ки ба ташкили гармхонаҳо ва парвариши зироатҳои барвақтӣ машғулем, сатҳи зиндагиамон беҳтар шуда, меҳру муҳаббати ман ба касбу кори деҳқонӣ меафзояд. Вақте зироату дарахтони парвардаамон гул мекунанд, ё ҳосили заминро ҷамъоварӣ менамоем, хурсандиам интиҳо надорад, – навиштааст Фарида дар иншои худ. – Хулоса: «Беҳ аз санои олам деҳқон аст», ман беҳтарин касб - деҳқониро интихоб кардаам».
Парвариши зироатҳои барвақтӣ фоида меорад, аммо ин кори заҳматталаб аз деҳқон таваҷҷуҳи ҷиддиро мехоҳад. Зеро зироатҳо чунон нозуканд, ки лаҳзае ҳавои дохили гармхона сард шавад, онҳоро сармо мезанад.
–Дар шароити гармхонаҳои мо, ки аз арматуру плёнка сохта шудаанд, помидору бодиринг дар нимаи дувуми моҳи апрел мепазад. Мақсад дорем, аз даромади имсола гармхонаҳои замонавӣ харидорӣ намоем, то ки дар солҳои оянда маҳсулоти барвақтиро моҳи март ба бозор барорем. Умуман, дар табиати биҳиштосое, ки мо дорем, метавон тамоми сол бозорро бо сабзавоти тару тоза таъмин намуд, –ибрози андеша мекунанд кишоварзон.
Ободии гармхонаҳо аз заҳмати бонувон аст
Аз суҳбат бо Азимҷон, сарвари оилаи Рӯзиевҳо, маълум шуд, ки онҳо дар 6 даҳяк замини наздиҳавлигӣ гармхона сохта, дар баробари парвариши сабзавоти барвақтӣ инчунин кишоварзони минтақаро бо парвардаи (кӯчат) помидору бодиринг низ таъмин намудаанд. Ҳар сол, дар моҳҳои март-апрел аз як гармхона то 200-250 ҳазор ниҳоли помидори барвақтиро ба фурӯш мебарорем. Даромади гармхонаҳо ба ҷуз сарфи рӯзгор хароҷоти солонаи боғи навбунёди хоҷагии деҳқониамонро низ мепӯшонад ва мо дигар ба қарзҳои бонкӣ эҳтиёҷ надорем, – бо боварӣ мегӯяд Азимҷон.
–Дар пешбурди хоҷагии деҳқонӣ, бахусус ташкили гармхонаҳо ҳамсару духтаронам саҳми зиёд доранд. Баъзан мешунавем, ки бонувони деҳотро хонанишин ном мебаранд, ки ин мутлақо нодуруст аст. Ман ба меҳнатдӯстию тавоноии бонувон эҳтиром дорам ва қоилам. Аз ин рӯ, бо боварӣ мегӯям, ки барои рушди деҳот ва баланд бардоштани зиндагии сокинони он кофист, ки барои бонувон шароити кор муҳайё сохта, онҳоро бо воситаҳои истеҳсолот таъмин намуд. Занон табиатан ташаббускор буда, андешаи созанда ва дасти пурҳунар доранд.