Онҳо шаҳрҳои тиҷоратии Хуҷанду Истаравшан рафта, аз бозори яклухтфурӯшӣ либосу попӯш харида, онро дар бозорҳои деҳа ба таври чакана мефурӯшанд. Аксар бонувони деҳотӣ бекориро хуш надоранд.
Роҳ сӯйи ноҳияи Ашт гирифтем. Ин ноҳияи кишоварзӣ буда, корхонаи саноатии фаъол надорад. Беш аз 140 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Дар деҳаҳои Ашту Ғудос, Ошоба, Аппон, Дӯлона ва Пунуки ноҳия бонувон бо фаро расидани сардиҳо дар хонаҳои худ сандалию бухорӣ насб карда, сарҷамъ ба коре машғул мешаванд. Дар баъзе ҷамоатҳо бонувон дар гуруҳҳо муттаҳид шуда, фаъолияти хешро ҳадафмандона, бо истеҳсол намудани маҳсулоти бозорӣ пеш мебаранд.
– Танҳо дар деҳаҳои Марҳамату Аппону Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба 32 гуруҳ фаъолият доранд, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли зимистон таъсис меёбанд, – мегӯяд Файзулло Абдуллоев, корманди Оҷонсии дастгирии равандҳои рушди Нов. – Дар он гурӯҳҳо беш аз ҳазор нафар бону шомил шуда, якҷо бо хонаводаи хеш ба кори судманд машғул мешаванд. Ин бонувон аз бозорҳои маҳаллӣ пашми гӯсфанду бузи ангор харида, аввал онро калоба мекунанду баъд аз он риштаю ресмонҳо гуна-гуна коло мебофанд. Гуруҳе, агар ҷӯробҳои пашмин бофад, гуруҳи дигар ба бофтани камзӯлча, рӯймолу дастпӯшакҳои зимистона машғул мешавад. Ҳар як гуруҳ сарвар дорад ва талаботи бозорро ба ин ва ё он маҳсулот омӯхта, ба аъзои хеш мефармояд.
Яке аз чунин сарварон Манзура Мавлонова аст. Вай дар дармонгоҳи деҳкадаи Ошоба ба мардум хидмати тиббӣ мерасонад. Манзура иброз медорад, ки бо сабаби камбуди барқ наметавонад ба таври муназзам корҳои хешро пеш барад. Вай чун як идда «барқ нест», «кор нест» «шароит вазнин» гуфта, шиква карданро хуш намедорад ва мехоҳад ҷойгоҳ ва мақоми хешро бо заҳмати ҳалол ва талошҳои пайгиронааш пайдо кунад. Манзура ҳамасола бонувони ҳамдеҳаашро, ки аз кори саҳро фориғ шудаанд, сарҷамъ намуда, ба онҳо ҳунари бофандагӣ меомӯзонад. Ҳоло маҳсули дастони онҳо дар Русияву Қазоқистону Қирғизистон харидорони зиёд дорад.
– Мо мехоҳем муштариёни хешро аз ҳисоби сокинони ноҳияҳои дигар зиёд намоем, – иброз медорад Манзура. – Моҳе қабл чанд нафар бону аз деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ меҳмони мо шуданд. Ба онҳо тарзи бофтани ҷӯробу камзӯлчаҳоро ёд додем. Онҳо иброз доштанд, ки омода ҳастанд маҳсули дастони моро дар деҳоти ноҳияи Айнӣ муаррифӣ ва дар фурӯши он кумак расонанд. Зеро маҳсулоти мо пурдошту босифат ва аз нигоҳи экологӣ тозаю барои саломатӣ безарар буда, аз мӯйи гӯсфанду бузи хонагӣ омода мешаванд.
– Мехоҳам ассосиатсияи бонувони ҳунарманди ноҳияи Аштро таъсис дода, тамоми ҳунармандонро дар як созмон ҷамъ намоям ва маҳсулоти онҳоро на танҳо тавассути паёмҳои бозоргонӣ (реклама), балки тавассути Интернет муаррифӣ намоям, – идома медиҳад ба суҳбати хеш Манзура. – Зеро ҳунарҳое ҳастанд, ки агар бозори харидорони онҳоро пайдо накунем, эҳтимоли аз байн рафтани онҳо мавҷуд аст. Яке аз чунин ҳунарҳо гилембофӣ аст, ки аз пасмондаи риштаҳои пахтагин бофта мешаванд. Он гилемҳо миёни мардум бо номи алоча маъруфанду бо фарқ аз палосҳои синтетикии ватаниву хориҷӣ, ки монеаи интиқоли ҳаво мешаванд, аз нигоҳи экологӣ билкул тоза ва барои саломатии инсонҳо муфид мебошанд. Гилемҳои мазкур дорои нақшу нигорҳои зебо буда, фаршу деворҳоро зебу зинат мебахшанд.
Ҳамчунин, Манзура мехоҳад дармонгоҳи хусусии дандонпизишкии хешро ифтитоҳ намояд ва ба ҳамватанон хидмат бирасонад.
Талошҳо ва андешаҳои Манзура Мавлонова метавонад ба бонувони ҳамватани мо намуна бошад. Дар баробари кори пизишкӣ ва ҳунармандӣ ба тиҷорати хурд низ машғул аст.
Ҳамсуҳбатони мо таъкид доштанд, ки ҳунармандони палосдӯз алҳол ангуштшуморанд. Яке аз онҳо Хуморҷон Тошматова, сокини деҳаи Ошоба аст, ки синнаш аз 70 гузаштааст. Вақти он аст, ки асрори ин ҳунарро аз ин бонуи ҳунар биомӯзем. Гузашта аз ин, дар деҳаи Ашт тоқидӯзону рӯмолдӯзоне ҳастанд, ки ҳунари онҳоро бояд ба ҷавонон омӯхт. Шарофат тоқии чустӣ, намангонӣ, қӯқандӣ ва ироқиро ба таври олӣ медӯзад.
Фасли зимистон фурсати бисёр мувофиқ барои омӯхтани ҳунари ин бонувони ҳунарманд аст.
- Аксари бонувони деҳаи Пунук ба чормағзу донаки зардолушиканӣ машғуланд, – мегӯяд Карима ном бонуе, ки ҳамроҳи писараш рӯзи якшанбе дар бозори Чашма мағзи чормагз мефурӯхт. – Мардҳо чормағзҳоро деҳа ба деҳа гашта мехаранд ва дар «корхонаи хусусию оилавии худ» мағз мекунанд. Аз ин кори хеш фоида мебинанд. Нахуст, бозори мағзи чормағзу зардолу ҳамеша гарм аст. Сониян, пӯсти чормағзу зардолу чун маводи бехтарини сӯхт дар бухориҳо истифода мешавад. Хонаводаҳое, ки чунин як «корхонаи коркард» доранд, ба харидани ангишту ҳезум ниёз надоранд.
Дар ноҳияи Ашт теъдоди зиёди бонувони рустонишин ҳамоно саргарми молпоиву ширдӯшӣ, қуруту маскакунӣ ҳастанд. Зеро бо оғози фасли дай чӯпонҳо гову гӯсолаҳоро аз чарогоҳҳо бозпас меоранд. Ҳастанд занҳое, ки бо фурӯши ширу мост, тухми мурғу пистаи офтобпараст аробаи рӯзгори хешро ба пеш мебаранд.
Бо ин ҳама дар ҳар деҳа бонувоне ҳастанд, ки аз пули шавҳарон ва писарони муҳоҷири хеш «болидаю нозида» аз як бозор ба бозори дигар молу колохарӣ мераванд ва ё байни дугонаҳою ҳамкорон «гаштак» ташкил карда, ҳар ҳафта ба меҳмонӣ ва зиёфати якдигар мешитобанд.
Пас аз чанде корҳои саҳроӣ ҳам шуруъ мешаванд. Онҳое, ки ҳунару шуғли мушаххас надоранд, каланди хешро гирифта озими майдони пахтаву шолӣ ва сабзиву картошкаву пиёз мешаванд. Онҳо бо он ҳама ранҷи шавҳарону писарони муҳоҷири хеш ва обилаҳои дастони худ дар аксари маврид ҳамоно камбизоату нодор боқӣ мемонанд. Зеро беҳунарию камсаводӣ, надоштани нақшаи харҷу дахл ва маоши камтарин боиси он мегарданд, ки он бонувон сари калобаи зиндагии хешро ёфта наметавонанд.
Бонувони зиёде ҳастанд, ки ҳунармандиро аз кори сангини саҳроӣ авло шумурда, барои мавсими зимистон маҳсулоту ашёи лозима захира мекунанд. Зеро фасли дай барояшон мавсими гармии бозор ва натиҷагирии ҳосили дастранҷашон аст.
Тилав Расулзода