Чун бо ӯ аз боби бизнес сухан рондам, дарёфтам, ки Зинат Шарбатовна на ин, ки як соҳибкори муваффақ, балки аллакай дар ин кор устод низ гашта аст. Саҳифаи фаъолияти соҳибкории ӯ беҳтарин намунаест барои ашхосе, ки мехоҳанд ба ин кор даст бизананд. Фаъолияти ӯ ҳама қолабҳои шахшударо дар зеҳни ашадитарин «скептик» нисбати муваффақияти занон дар соҳаи соҳибкорӣ далел аст.
«Бо тафаккури куҳна ба ҳадаф расидан номумкин аст»
Зинатбону мегӯяд, соҳибкориро соли 2006 аз фурӯши ширинӣ оғоз кардааст:
- Аз шаҳри Душанбе сараввал ба Кӯлоб анвои ширинӣ овардам. Аввал як таҳқиқот баргузор намуда, маълум кардам, ки ин навъи маҳсулот харидор дорад ва дарёфтам, ки дар ин кор муваффақ хоҳам шуд. Чун дидам, тиҷоратам авҷ мегирад, барои рушди он аз бонк қарз гирифтам. Оҳиста-оҳиста номгӯи маҳсулотро афзудам, - лаҳзаҳои ба савдо машғул шуданашро ба хотир меорад ӯ.
Чун кори Зинат ба марҳилаи дигар баромад, ӯ дар андешаи таъсиси ширкат афтод. Зеро хуб медонист, ки бо фарох гаштани домани фаъолият савдо талаботи худро ба думбол хоҳад овард. Баъд аз як сол ҶДММ «Сайдо» - ро таъсис дод. Аз захоири мавҷудаи маблағ бозорчаи «Якуми май» - ро харид ва онро пурра ба талаботи нав созгор намуд. Дар як муддати кӯтоҳ ҷойи бозори бе дару дарвоза ва орӣ аз шароити савдо, як маркази замонавӣ қомат афрохт. Акнун дар ин ҷо лабораторияи санҷиши маҳсулот низ пайдо шуда, аз ҳисоби даромади марказ даҳҳо ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат андоз ворид гардид, ки қаблан низоми он ба ҳар ду по мелангид.
Зинат Акбарова мегӯяд, барои санҷиши бозор мебояд коршиносонро даъват кард, то ниёзмандии онро ба соҳибкор ошкор созанд:
– Чун он замон мо қудрати ҷалби коршиносони мустақилро надоштем, ба иқтисодчиёни маҳаллӣ муроҷиат намудем ва онҳо барои мо эҳтиёҷоти бозори дохилиро бозгӯ карданд.
Зинат худ низ аз илми маркетинг огаҳии комил дорад ва бо назардошти талаботи бозор, роҳ сӯи Чину Дубай гирифт. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, моли Чину кишварҳои арабиро ба бозори Кӯлоб овард. Зани кордону огаҳ аз муносиботи молӣ ва илми пешрафтаи замон, дар нахустин дидор бо ҳамтоёни худ дар Шанхаю Дубай нақшаи шартномаҳои ҳамкориро бо онҳо тарҳ рехт ва акнун молро тавассути ширкатҳои таъминкунандаи мол дастрас мекарду маблағи онро тавассути бонкҳо пардохт менамуд. Мукотибаву мусоҳибаро бошад, ба воситаи интернет ва телефон анҷом медод.
Ӯ мегӯяд, ҳоло шароите ба вуҷуд омадааст, ки одамон аз идора берун нашуда, миллионҳо сомонӣ ба даст меоранд ва дар кори мо низ чунин мебояд кард.
Воқеан, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки қаҳрамони мо аз ӯҳдаи ин масъулияти бузург низ ба хубӣ баромадааст. Ба қавли ӯ, дар соҳибкорӣ бидуни роҳбарии дуруст наметавон ба натиҷае расид. Зинат мегӯяд, тиҷорат мисли як дарахтест, ки ҳамеша ташнаи об аст. Пеш аз ҳама бояд нақша тартиб дод ва мутобиқи он маблағро харҷ намуд. Дуруст тақсим кардани маблағ дар соҳибкорӣ яке аз талаботи асосӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, маҳз онҳое муфлис мешаванд, ки тақсимоти пулро нодуруст ба роҳ мемонанд. Баъдан, ҳатман бозорро бояд таҳлил кард, то аз марҳила ва марра қафо намонӣ, зеро рақибон ҳамеша дар каминанд.
Хоксорӣ аз самимият аст
Бояд гуфт, дар ихтиёри ҶДММ «Сайдо» 5 га замин аст, ки аз он маҳсулоти кишоварзӣ мерӯёнанд. Ба қавли Зинатбону, замин барои дастгирии ниёзмандон истифода мешавад. Аз рӯи хоксорӣ ё ҳикмати бузурги гузаштагон буд, ки Зинатбону афроди аз хайрияи «Сайдо» бархӯрдорро номгӯ накард. Аммо мо дарёфтем, ки дар феҳрасти некӯкориҳои «Сайдо» сарпарастӣ ба бемористони касалиҳои рӯҳӣ ва «Кӯмаки иҷтимоӣ дар хона» - и шаҳри Кӯлоб ёдрас мешавад.
Тӯли чанд соли ахир Зинат тавонист дар атрофи худ чил нафар соҳибкорро ба ҳам биёрад. Чун аз ин далел огаҳ шудам, пурсидамаш, ки шояд Ассосиатсияи соҳибкорзанони Кӯлобро таъсис диҳад? Зеро дар кори таъсиси ширкат ва роҳбарӣ ӯ, ба қавле, устод аст…
Кӯтоҳакак «насиб», гуфт ӯ.
Нияти нек ними давлат…Воқеан таъсиси чунин як ҶДММ дар Кӯлоб, сеюмин калонтарин шаҳри кишвар, кори хело зарур ва нафъовар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 52% аҳолии Кӯлоб бонувонанд ва шумори занони бекор хело зиёд буда, соҳибкорбонувон ҳамагӣ 2%-ро ташкил медиҳанд. Занони дар ин кор муваффақ, - ангуштшуморанд, дар ҳоле, ки ҳукумат ба рушди соҳибкорӣ миёни занон барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ мекунад, ташкили ин ҷамъият ё ба ҳам овардани занони соҳибкор амри воҷиб аст…
Аз ҳоли оиладорӣ пурсон гаштам. Бо шукру сипос аз неъматҳои кирдигори олам гуфт, бо Мирзомад чор фарзанд: Наврӯз, Хуморбӣ, Сайидову Фатҳуллоҳро тарбия карда, хонондем, ки ҳар кадом илми олӣ доранд. Ба ғайр аз Фатҳулло дигар ҳама фарзандон соҳиби оила. «Шавҳарам ва се писарам бар замми серкории худ ба рушди тиҷорати ман ҳамеша ёрӣ медиҳанд» бо ифтихор мегӯяд апаи Зинат.
Маро аз лаҳзаи ворид шудан ба ин хона саволе ташвиш медод, аммо «апа» гуфтаму давом доданро зарур надонистам. Вале Зинат Акбарова аз ҷумлаи бонувоне набуд, ки ҳадафи маро нафаҳмида бошад:
– Саволатро фаҳмидам…Оре, ман ҳамагӣ як духтар дорам. Келинҳоямро бошад мисли духтарам дӯст медорам. Аз ин рӯ, бештари корҳои хонаро худам мекунам. Онҳо ҳоло ҷавонанд, рӯзаш расад, мекунанд. Мо дар як оила 14 фарзанд, 12 духтар ва ду писар ба воя расидем ва падару модари ман шахсони оддӣ буданд, моро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ тарбия карданд. Шояд ҳикмати ҳамин панди волидайн аст, ки ман ба келинҳоям чунин муомила дорам…
Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ