Кист ин бону, ки маҳсули дастонаш чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар муштариёни зиёде дорад? Чаро онҳо ба ин кори сангини ҷисмонӣ даст задаанд? Матлаби мо роҷеъ ба рӯзгор ва фаъолияти соҳибкории сардори гурӯҳи донашиканҳо Мунира Юлдошева аст.
Навад шаби бехобӣ
Агар ба чеҳраи аз гармо сӯхта, пайкари камгӯшт ва либосҳои оддию миллӣ, нигоҳи ором ва ботамкини Мунира назар афканед, гумон мекунед, ки ӯ як тан аз деҳқонони каландзану қаторӣ аст. Бале, дар зоҳир хеле содаю оддист. Вале чун ба кор, андеша, нақшаҳо ва ҷаҳони ботинии ӯ назар меафканед, итминон ҳосил мекунед, ки Мунира чун як пайкари пуроташ аст. Дар се моҳи фасли тобистон аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд ба Исфара меваҳои тар мебарад ва онҳоро яклухт ба бозорнишинон мефурӯшад. Ин кори сода нест. Бояд соати даҳи шаб аз хона бароӣ ва озими маркази вилоят, ки наздик ба 130 км аст, шавӣ. Соати 12-и шаб дар бозори яклухтфурӯшии Хуҷанд савдо оғоз мешавад ва он тақрибан то соати чаҳори бомдод идома меёбад. Мунира бодирингу помидор, караму сабзиву картошка харида, ба Исфара бармегардад ва ҳанӯз субҳ нашуда, ба харидорон сабзиҷоту меваҳояшро тақсим мекунад. Баъдан, аз пайи корҳои дигари хона мешавад. Агар коргаронаш бекор бошанд, ба бозорҳои шаҳру навоҳии атроф рафта барояшон донак захира мекунад. Зеро медонад, ки муштарӣ устуворӣ дар аҳдро дӯст медорад.
Навъҳои олии мағзҳо, пӯсти донак-маводи сӯхт, равғану қанди афғонӣ
Боқӣ нӯҳ моҳи сол Мунира асосан, ба захира кардани донакҳои зардолу ва шикастану фурӯхтани он машғул аст. Панҷ нафар коргар дорад, ки субҳ ба хонааш меоянд ва ба кор мепардозанд. Вай ҳар як навъ зардолуро метавонад аз донаҳояш шиносад. Медонад, ки мағзи ҳар навъи зардолу қиммат ва харидори хос дорад. Мунира асосан донаи зардолуҳои бобоӣ, бодомӣ, хурмоӣ, мирсанҷалӣ, тоҷибоӣ ва зардолуи миёнаро мехарад ва мағзи онро дар халтаҳои махсус ҷой мекунад.
– Мағзи зардолуи бобоӣ серхаридортар аст ва онро бештар афғонҳо ва туркманҳо мехаранд. Дар мавсими меваҳои тар нархи он ҳашт сомонӣ ва дар дигар рӯзҳо нӯҳ сомонӣ аст. Агар аз байни донакҳо мағзҳои сафеду ҷувозӣ бароянд, онҳоро дар халтаи алоҳида нигоҳ медорем. Ҳам афғонҳо ва ҳам ҳамшаҳриёни мо онро ба растании зағер ҳамроҳ карда, равған мегиранд. Пӯчоқи донакро коргаронам барои зимистон мегиранд. Барои ҳар яке бо нархи имтиёзноки 50 дар сад аз 20 то 30 ҷувол пӯчоқи донак медиҳам. Охир, дар бозор нархи як ҷуволи он 20 сомонӣ аст. Пӯчоқи донак дар таркиби худ спирт дорад. Аз ин рӯ, дар бухориву танӯр хуб сӯхта, лахчаи он то дер гармӣ медиҳад. Коргарон пӯчоқи донакро асосан аз ҳисоби дастмузди худ мегиранд. Онҳо аз 500 то 1000 сомонӣ маош мегиранд.
Мунира ва аъзои дастааш ҳамарӯза аз 100 то 1000 кило мағзи донак омода мекунанд. Онҳо медонанд, ки соҳибкорони душанбе дар 5 моҳи тирамоҳу зимистон ба таври муназзам моҳе 8 тоннагӣ, соҳибкорони афғонӣ моҳе 30 тоннагӣ ва соҳибкорони туркманӣ дар ду моҳ 46 тонна мағзи ӯро мехаранд. Илова бар он, соҳибкороне низ ҳастанд, ки мағзро харида, ба самти Русия ва дигар кишварҳои аврупоӣ мебаранд. Дар маҷмӯъ, Мунира ва дастаи донакшиканҳои ӯ ҳамасола то 200 тонна мағзи зардолу омода ва ба фурӯш мебароранд.
Шавҳарам дигар ба РоСсия намеравад!
– Шавҳарам ҳамасола барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мерафт,– изҳор дошт Мунира.– Вале ду сол аст, ки дигар аз сафар даст кашидаасту ба ман кӯмак мерасонад.
Мунира орзуи харидани дастгоҳи донакшикании барқиро дорад. Ба созмони байналмилалии «АКТЕД» муроҷиат карда, умед бар он дорад, ки бо кӯмаки онҳо дастгоҳи мазкурро пайдо ва дастрас хоҳад кард.Охир шикастани донак тавассути даст кори осону саҳл нест. Мунира мехоҳад дар оянда мағзҳоро дар шакли бастаҳои зебо ба фурӯш барорад. Ва бо васеъ кардани доираи истеҳсолот теъдоди аъзои гурӯҳашро аз ҷумлаи бонувони бекор зиёд намояд.
Маълумоти миёна дораду пайваста дар дарсҳои омӯзишии созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ иштирок менамояд ва қоидаву талаботу назокати тиҷорат ва бозорро меомӯзад. Аз он мутаассиф аст, ки натавонист дар озмуни «Фараҳ-2012», ки Анҷумани бонувони соҳибкори Тоҷикистон эълон дошт, ширкат варзад.
– Ман низ барои иштирок дар озмун нақшаи тиҷоратиамро пешниҳод кардам, -– бо таассуф баён медорад Мунира. – Шояд соҳаи соҳибкориам ба он 5 номгӯйи фаъолиятҳое, ки дар озмун пешбинӣ шудааст, мувофиқ наомад?!. Вале хурсандам, ки дар он аз Исфара 5 нафар ширкат дорад.
Имрӯз Мунираро тоҷирони ватаниву хориҷӣ хуб мешиносанд ва ба вай эътимод доранд. Медонанд, ки тақаллубкорию фиребу найрангро дӯст намедорад. Бо пешниҳод кардани мағзи зардолуҳои асалини Тоҷикистон ҳамзамон номи кишварашро дар байни мамолики олам маъруфу машҳур мегардонад.
Раҳи сипардааш баёнгари он аст, ки ҳама чиз ба ирода ва хоҳиши инсон марбут аст. Агар дар дили ҳар бону оташи шавқи кор кардану рӯзгори хешро обод намудан фурӯзон гардад, Тоҷикистони азиз босуръат пеш хоҳад рафт. Баъзе бонувон барои расидан ба ҳадафи хеш роҳҳои осон, вале зиштро аз ҷумла, даст ба тақаллубкорию дуздӣ, зинокорию фиребгарӣ заданро пеш мегиранд. Вале ғофил аз онанд, ки дар аспи рӯзгор борро каҷ бастаанд ва он ҳаргиз ба манзил намерасад.Фаъолияти Мунира метавонад барои садҳо бонувони ҳамватани мо намуна бошад. Шояд қатра аст. Вале қатраест, ки ба дарё пайвастааст.
Тилав Расулзода