Қобили тазаккур аст, ки озмуни мазкур аз нахустин иқдомотест барои рушди соҳибкории бонувон, ки дар чунин сатҳи баланд гузаронида мешавад. Воқеан ҳам чунин чорабиниҳо барои пайдоиши рақобати солим ва завқмандии занони соҳибкор баҳри тавсеъаи фаъолият ва саҳми арзандаи эшон дар пешбурди соҳоти гуногуни ҳаёти иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Соҳибкории занон, ки солҳои аввал дар Тоҷикистон ба таври стихиявӣ, танҳо барои раҳоӣ аз гушнагӣ ва ё коре барои зинда мондан буд, имрӯзҳо ба як раванди солиму пешбар бадал гашта, рӯз аз рӯз номҳои занонаеро машҳур мегардонад, ки миёни ҷомеа ношинохта буданд. Бонувонеро ба майдон мебарорад, ки то дирӯз шояд ҳатто дар хонадони хеш эътироф намешуданд ва чеҳраҳои онҳоеро ҳам мекушояд, ки то имрӯз дар дигар самтҳо шинохтаву номдор буданд, на дар соҳибкорӣ.
Ин озмун бори дигар собит сохт, ки занон нерӯи пешбарандаи ҷомеъа буда метавонанд. Ба онҳо метавон соҳоти мухталифро бовар кард, онҳо соҳибиродаву қавидил ҳастанд.
Тӯли давраи озмунӣ дар кишвар 250 нафар занони соҳибкор аз истеъдоди хеш, аз хоҳиши ширкат дар ин озмун ба дастандаркорони он – Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон муроҷиат карданд.
30-нафар бонуи соҳибкор ба даври нимфиналӣ баромаданд, ки он 5-бахши соҳибкорӣ, аз ҷумла, фаъолияти занон дар хоҷагии қишлоқ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, зебоӣ ва мӯд, истеҳсолот, тиб ва маорифро фарогир буд.
Хеле ҷолиб аст, ки имрӯзҳо занон худ офарандаи касбу корҳои наву замонавӣ, созмондиҳандаи ҷойҳои нави корӣ сарвару раҳнамунсози гурӯҳҳои кормандон, таъсисдиҳандагони корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳатто ба ибораи мардум нондеҳу номдор мегарданд. Ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки идроку заковати занон дигар ҷойи шубҳа надорад, баръакс эътироф мегарданду бештар ба боварӣ сазовор.
Гулбаҳор Маҳкамова директори генералии Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар ин радиф андешаҳои хешро чунин иброз медорад: «Вохӯрӣ бо заноне, ки ба озмуни Бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2012» ҷалб шуда буданд, таҷрибаи беҳамтое буд. Қобилияти паси сар намудани монеаҳое, ки занон ба онҳо дар ҷараёни фаъолияти соҳибкории худ дучор мешуданд, ҳисси худшиносӣ, эҷодкорӣ ва ҷасурии онҳо баҳри бомуваффақият пеш бурдани фаъолияти хеш, ҳам аҷиб буду ҳам илҳомбахш. Мо шоҳиди ҳам мубориза ва ҳам комёбии онҳо гаштем.
НаботДодхудоева – Ӯ соҳиби тиҷорате аст, ки фурӯши меваҳои хушки тути борпечкардашударо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Умедвор аст, ки дар ояндаи наздик фурӯши тутро дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мемонад.
Азизмо Маҳмадиева – Якчанд сол қабл тӯли саёҳати судмандаш ба вилояти Суғд аз меваву маҳсулотҳое, ки дар онҷо парвариш мешаванд, дидан карда, иқтидори иқтисодии чунин зироатҳоро дар вилояти Хатлон дарк намуд. Парвариши мева ва истеҳсоли хушкмева асоси муваффақияти ӯ гашт. Азизмо як қисми замини худро ба боғи олучаву зардолу табдил дод.
Замирахон Қаҳорова – Мавзеи Шайдон дар ноҳияи Ашт фасли зимистони хунук дорад, аммо табиати зебоманзар ва кӯҳсори он барои парвариши намудҳои гуногуни ангур ва зардолу, ки дар моҳҳои май мепазад, мусоид аст.Замирахон аз нафари заноне мебошад, ки бо устувориаш дар кори хоҷагии деҳқонӣ соҳиби замини худ гардид ва як қатор намудҳои сабзавоту меваҷотро парвариш менамояд.
Нодира Авезова – Дар кишвари водиҳои сабз ва кӯҳҳои Тоҷикистон, дар маҳалли дурдасти деҳот дар наздикии сарҳади Қирғизистон, Нодира сарварест, ки ба ҳаёти занон дигаргуниҳои зиёдеро ворид намудааст.Соли 2001 бо тадбири ӯ ва дугонааш, соҳиби майдони 150 гектар сабзавот ва 50 гектар дарахтзор гардид ва имрӯз таҳти роҳбариаш 153 нафар занон кор мебаранд.
Руқия Раҳимова – Дар қитъаи ҳосилхези замин дар байни кӯҳсори ноҳияи Ёвон, Шумо Руқияро дар сари кори хоҷагии фермериаш хоҳед ёфт. Руқия дар тӯли сиву шаш сол аз хоҷагии колхозӣ сар карда, то барҳамхурии Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати роҳбари хоҷагӣ кор кардасст. Вақте ки ба аъзоёни колхоз замин тақсим мекарданд, ӯ ҳам соҳиби қитъаи замин гардид.
Шоҳиста Турсунмуродова – Ба чорводорӣ хеле шавқу рағбати зиёд дошт. Имрӯз ҷидду ҷаҳди васеъкунии корхонаи чорводории худро дорад. Айни замон, ӯ соҳиби 15 модагов мебошад ва шири коркардшударо дар намуди ҷурғот мефурӯшад.
Сабоҳат Бобоёрова – Дар маркази шаҳри Панҷакент шумо устохонаи хурдакак, аммо пурсадои Сабоҳатро пайдо намуда метавонед. Дар ин ҷо, ӯ бо кормандонаш номгӯи зиёди маҳсулоти дӯзандагӣ, аз қабили либоси арӯсӣ, рӯйкаши рахти хоб, курта, сӯзанӣ, кӯрпача, куртаҳои мардона, либоси таг, либоси болоии зимистона, маҳсулоти кешбофӣ, зардӯзӣ ва ғайраро истеҳсол мекунад.
Мастура Асоева – Ӯ ба мисли модаркалонашу бобокалонаш аз шохаҳои бед сабад мебофад. Дар аввал ӯ ба минтақаҳои гуногун барои ҷамъоварии маводҳои истеҳсоли сабад сафар мекард, аммо бо мурури замон Мастура соҳиби қитъаи замин гардид, ки дар он алҳол худ дарахтонро парвариш менамояд.
Салима Каримова – Дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, вақте ки Салима ва шавҳараш тамоман хонашин шуданд, ӯ аз худ пурсид, ки бо чӣ кор машғул шуда метавонад. Ин зани ҷавон қарор дод, ки либос медӯзад ва услуби нави либосдӯзиро бо истифодаи зардӯзии қадимаи таърихӣ, ки дигар касе ба бар намекард коркард мекунад.
Гулрухсор Умарова – муд ва дизайнро дар Донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Русия омӯхт, ҳамеша рассоми бошавқу рағобат буд. Айни ҳол Гулрухсор асарҳои санъатиро сохта мефурӯшад. Ӯ дар тахтасангҳо, кӯзаҳои сафолӣ, матоъҳои абрешимӣ ва баъзан дар деворҳои хонаҳои одамон ва корхонаҳои расмкашӣ ва наққошӣ мекунад.
Мавлуда Сафарова – Соҳиби мағозаи ҷиҳози арӯсӣ мебошад, ки дар бозори шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Ин ҷо ҳунари дӯзандагие, ки аз модару модаркалонаш мерос мондааст, истифода мебарад ва ба духтарон барои омода шудан ба тӯйи арӯсӣ кӯмак мерасонад.
Нарзихон Ортуқова – Вазнин шудани шароити иқтисодии оилавӣ сабаби оғози соҳибкории Назирахон гардид. Аз соли 1990 соҳибкории худро ба роҳ монд ва соҳиби эҳтирому эътибори бисёриҳо ҳам ҳаст.Соли 2002, пас аз оне, ки ӯ барои ҳунармандон-иштирокчиёни симпозиуми овозхонони миллӣ 20 адад ҷомаи миллии зардӯзӣ дӯхт, марҳилаи қатъии инкишофи кораш оғоз ёфт.
Марҳамат Сайдуллоева – Ӯ занест, ки барои худ мақсадҳо мегузорад ва барои ба он ноил шудан ҳамаи амалҳоро иҷро мекунад. Клиникаи тиббии нахустини ӯ соли 2008 ифтитоҳ шуд ва баъди як сол беморхонаи худро низ кушод.
Нигина Ватанбекова – Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба маҳкам будани роҳ ба Бадахшон нигоҳ накарда, Нигина фаъолияти фарматсевтии худро чун ҳарвақта давом медод. Ӯ ҷони худро зери хатар гузошта, бо роҳи хавфноки Душанбе-Хоруғ сафар менамуд ва аҳолии маҳаллиро бо доруворӣ таъмин мекард.
Мавҷуда Тоҷибоева – Баъди дидани маркази хизматрасониҳои тиббии бомуваффақ дар шаҳри Маскав, ӯ дар фикри боз кардани маркази таҷҳизонидашудаи ҷарроҳии чашм афтод. Мавҷуда дар Хуҷанд бинои сеошёнаро бо маркази ташхисӣ ва 10 ҳуҷраи хоби беморон сохт.
Назира Раҷабова – Агар шумо дар ҷустуҷӯи нигоҳдории ҷавонӣ ва зебогии худ бошед, маркази тиббии косметологии «Жасмин»-ро дар Душанбе дарёбед.
Малика Мадаминова – Беморхонаи Малика дар табобати паразитҳои рӯда махсус гардонида шудааст. Ӯ кӯшиш мекунад, ки дорувори аз растаниҳои тиббӣ истеҳсолшударо истифода намояд, зеро онҳо ба бемориҳо нисбат ба дорувории фарматсевтии шабеҳ таъсири шифобахши босамар доранд.
Малоҳат Худойдова – Айни замон ӯ бо ороиши мӯй, ва зебокунии бонувон машғул аст. Яке аз роҳҳои дастгирии соҳибкории занон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин додани грантҳои президентӣ аст. Малоҳат барои оғози фаъолияти соҳибкориаш барои ин грант ариза супорид ва 40 000 сомониро соҳиб шуд.
Зилола Эгамбердиева – Фаъолияти корхонаи дӯзандагии Зилола, ки каме дуртар аз маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир аст, барои ба мағозаҳои маҳаллӣ дастрас намудани маҳсулоти дӯзандагӣ равона карда шудааст.Панҷ сол пеш ӯ фаъолияти соҳибкории худро бо 2 коргар оғоз намуда буд, ки айни замон корхонаи ӯ васеъ гардида, дар он 8 коргар ва 10 шогирд кор мекунанд.
Шаҳло Набиюлоева – Фаъолияти соҳибкории худро аз толори арӯсиаш танҳо бо як куртаи арӯсӣ оғоз намуда буд. Барои ба даст овардани маблағ, ӯ ба деҳаҳои маҳаллӣ сафар менамуд ва онҷо паси ҳам 2-3 рӯз истода, духтаронро ба тӯи хонадоршавиашон тайёр мекард. Ӯ бо кори худ шӯҳрат пайдо кард ва фоидаи ҷамъкардаашро барои маблағгузории куртаҳои нав сарф менамуд.
Назира Маҳмудова – Ӯ нахустин нафарест, ки дар Зафаробод толори арӯсӣ ифтитоҳ кардааст. Назира нигоҳи тоза дорад, аз дигар шаҳрҳову ноҳияҳо навгониҳоро аз худ карда, онҳоро ба талаботҳои аҳолии маҳаллӣ мутобиқ мегардонад.
Умриниссо Матмусоева – Сехи дӯзандагии худро чор сол пеш дар ҷои ҳозирааш барпо намуд ва алҳол 12 корманд ва бисту панҷ шогирд дорад. Сехи ӯ пур аз мошинаҳои дарздӯзӣ ва матоъҳои рангоранг аст, ки Умриниссо аз Душанбе харидорӣ менамояд.
Наҷотхон Исомадинова – Бе ягон шубҳа гуфтан мумкин аст, Наҷотхон занест, ки ҳуқуқҳои худро медонад ва барои онҳо мубориза ҳам мебарад. Ин рӯҳи қавӣ ба Наҷотхон имкон дод, ки монеаҳои зиёдеро паси сар кунад ва ӯ акнун сарварии ширкати нақлиётии маъруф ва муваффақро, ки дар он зиёда аз 150 нафар кор мекунанд, ба ӯҳда дорад.
Нигора Юсупова – Фаъолияти соҳибкории муваффақонааш, ки хизматрасонии санҷиши таҷҳизоти гуногуни барқӣ аст, ба поси хотири падараш номи Ғаффор Алиевро дорад. Онҳо фаъолияти соҳибкории худро соли 2003, вақе ки Нигора шӯъбаи технологияю энергетикаро дар коллеҷи шаҳри Конибодом хатм намуд, ҳамроҳ оғоз карда буданд.
Адолатхон Мирзокаримова – Меҳмононе, ки аз дарвозаи шимолии шаҳри Қӯрғонтеппа ворид мешаванд, ба нишони бузурги сарбафалак вомехӯранд, ки берун аз ҳудуди шаҳр маълум аст. Ин нишони диққатҷалбкунанда дар шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо яке аз иншоотҳое мебошад, ки Адолатхон офаридааст.
Шаҳноза Орипова – Ӯ ба фаъолияти соҳибкории модараш, ки бо фурӯши гӯшт машғул буд, панҷ сол қабл шарик гардид ва ба он фикру андешаҳо, нақшаву назари навро ворид кард. Ҳамчун соҳиби маълумоти олии иқтисодӣ, ӯ дарк намуд, ки хариду фурӯш тавассути миёнаравон фоидаовар нест ва бо мақсади ҳамкории бевосита ба ҷустуҷӯи таъминкунандагон оғоз пардохт.
Салима Исматова – Чун роҳбари фабрикаи дӯзандагие, ки Салима солҳои зиёд бар ӯҳда дошт ва чун соҳибкори инфиродӣ, ин зани ташаббускор хеле дурандеш ва ба кори худ содиқ аст. Салима фахр аз он дорад, ки зиёда аз панҷ сол боз 15 нафар кормандони худро бо ҷои кори муқаррарӣ таъмин менамояд.
Равзатбону Неъматуллоева – Фаъолияти соҳибкорие, ки Равзанбону бо он машғул аст, аз зумраи соҳибкории ба занони тоҷик хос дохил намешавад. Ӯ бо истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва ноқилҳои алюминӣ машғул аст.
Лали Мамадсултонова – Аз ҳисоби сарфа кардани даромади мағоза ва гирифтани қарз, Лали тавонист биноеро харидорӣ ва пурра аз таъмир барорад. Ӯ меҳмонхонаи Lal Inn-ро барои аввалин меҳмононаш соли 2009 боз кард.
Иқболой Бобокалонова – Ӯ бекор гашта наметавонист ва малакаи дӯхтани қоғазхалтаро истифода бурда,ба дӯхтан ва таъмири куртаҳо оғоз намуд. Дар ин замон ӯ тавонист қобилияти эҷодкориашро ба роҳ андозад ва онро ба фаъолияти соҳибкорӣ табдил диҳад.
Турсуной Тӯхтабоева – Турсуной ҳамеша духтур буд ва ақида дорад, ки шахс бояд ба касб чунон муносибат кунад, ки бемор пурра барқарор шавад.