52-соли корхонаи қолинбофии «Қайроққум»;
Нахустин қолинро бонувон 8-уми март истеҳсол кардаанд;
«Глобуси тиллоӣ»-и қолинбофони тоҷик;
Ду даври қолинпечи экватор;
Бонувоне, ки умре бо қолинҳоянд;
20 соли мустақилият ва 35 миллион метри квардатӣ қолини аълосифат;
Шумо қолини ҳақиқӣ мекобед?
«60 фисади зиндагӣ»
Воқеан ҳам, қолинҳои тоҷикӣ берун аз кишвар низ бо зебоӣ, тобиш ва нақшу нигори хоси худ солҳо боз маъруфият доранд. Пайдоиши он дар сарзамини мо таърихи чандинҳазорсола дошта, имрӯз низ як ҷузъи муҳимтарини хона ба ҳисоб меравад. Ҳатто мегӯянд, ки 60 фисади ороишоти хонаи тоҷикро маҳз қолин ташкил медиҳад. Танҳо 40 фоизи боқимондаро кӯрпача, болишт, парда ва ороишоти дигар дар бар мегирад. Ҳайрон нашавед, тоҷикон аз аввал мебели зиёде надоштанд. На, гуфтан мумкин нест, ки онҳо мебел намесохтанду аз ин рӯ дар хонаашон набуд. Дар асл дар хонааш тоҷик мебели зиёдро хуш надошт. Ҳоло мебинем, ки ин анъанаи тоҷикон, яъне хонаҳои бароҳату каммебел, ба кишварҳои аврупоӣ низ «сироят» кардааст.
Аммо барои тоҷикон чунин тарзи зиндагӣ тақлид ба касе ҳисоб намеравад. Балки ин воқеият аст, чун зиндагии аслии мо бештар рӯйи замин , аниқтараш болои қолин сурат мегирад. Маҳз болои қолин мо мешинем, ғизо мехӯрем, ибодат мекунем ва хоб меравем. Аз ин ҷост, ки муносибат бо қолин хоса ва эҳтиёткорона аст. Маҳз барои ҳамин рӯзи зани тоҷик бо ношто не, аз рӯфтани рӯйи қолин оғоз меёбад. Пеш аз оне, ки дастархон андозад, соҳибхона аввал бояд ҳатман қолинро тоза кунад. Баробари расидани гармиҳо ва пешопеши маъракаҳо бошад, қолиншӯӣ ба як анъанаи хос табдил ёфтааст.
Воқеан, дар маъракаҳои хурсандии мо қолинро ашёи №1 номидан мумкин аст. Кадом маъракаи тоҷик бе қолин мегузарад?! Он на танҳо тӯҳфаи беҳтарину гаронарзиштарин, балки иштирокчии бевоситаи маъракаҳо низ ба ҳисоб меравад. Пеши пойи меҳмони олиқадр, аз ҷумла домоду арӯс, қолин мепартоянд. Ҳар касе дар мусобиқаи «пеши по» -гирии домоду арӯс ғолиб меояду қолинро аз худ мекунад, гӯё як сол хушбахтӣ аз ӯ рӯ намегардонад. Дар пушти тахти шаҳу арӯс ҳам ҳатман қолин меовезанд ва дар болояш бо пахта менависанд: «Хуш омадед!».
Хулоса, ягон кас набояд аз рӯзҳои аввали зиндагӣ фаромӯш созад, ки қолин дар ҳаёти минбаъдааш ҷузъи хеле муҳим ва ҳатто муқаддас аст…
«Қолинҳои Қайроққум» ба Шумо на танҳо роҳат мебахшанд, балки бароятон мӯъҷизаҳои таърихиву миллиро низ ошкор мекунанд…
«Портрети оилавии мо»
Гуфтан мумкин аст, ки зан ва қолинро портрети оилавии тоҷикон медонанд. Яъне, маҳз аз рӯйи сифату ҳолати онҳо баҳо медиҳанд, ки зиндагии шумо чӣ гуна аст, хушбахтед ё не. Шояд дар назардошт бо ҳамин бошад, ки маҳсулоти аввалини корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дар рӯзи иди бонувон – 8 –уми марти соли 1960 тавлид гардид. Сохтмони худи корхона бошад, соли 1957 оғоз шуд. Оғози сохтмони корхона ба мавзеи интихоб – Қайроққуми он замон нообод, баракат овард. Дар натиҷа баробари пешрафтҳои корхона ин шаҳр ҳам рушд мекард, ба қавле мешукуфт. Мисли гулҳои хушранги дар қолинҳо ифодаёфта…
Дар натиҷа шӯҳрати «Қолинҳои Қайроққум» на танҳо фазои шӯравии собиқ, балки хориҷро ҳам пур намуд. Акнун намояндагони халқу миллатҳои гуногун ба ҷойи қолинҳои туркиву эронӣ ва туркманӣ, ки он вақт хеле мушҳур буданд, қолинҳои бофти Қайроққумро мекофтанд ва бо нархи барои он замон хеле гарон харидорӣ мекарданд. Ҳадс зада мешавад, ки он вақтҳо на ҳар кас имкони харидории қолинҳои Қайроққумро дошт. Сухан танҳо аз нархи баландашон намерафт. Чун ин қолинҳо хеле серхаридор буданд, имкони дарёфти онҳо низ на ба ҳар кас муяссар мегашт. Ба қавле сахт «дефетсит» буданд.
Корхона имрӯз ба 3-корхонаи зертобеъ ҷудо шудаву ҳар яки он барои истеҳсоли ин ё он намуди маҳсулот махсус гардонида шудаанд: ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» фаъолияти тиҷоратию хизматрасонии корхонаро ба роҳ мемонад, ҶДММ «Қолинҳои Суғд», ҶДММ «Тафтекс» ва ҶДММ «Ростои Суғд» бошанд, фаъолиятҳои истеҳсолиро. Аз ҷумла, ҶДММ «Қолинҳои Суғд» маҳсулоти қолинии пашмин, нимпашмин ва кимиёӣ, ҶДММ «Тафтекс» матоъҳои техникӣ аз нахҳои полипропиленӣ, рӯйпӯшҳои рӯйфаршии қолинии тафтингии суфтаву барҷаста, рӯйпӯшҳои намадии сӯзандашудаи пашмин ва кимиёӣ, кампалҳои нимпашмин, матоъҳои намадии сӯзандашудаи пашмин барои гармхонаҳо, ҶДММ «Ростои Суғд» коркарди аввалияи пашми маҳаллӣ ва истеҳсоли риштаҳои пашмину нимапашминро ба роҳ мондааст.
Қолин ба ғайр аз оне, ки ҳамеша рамзи қудрат, дороӣ ва худкифоиро ифода мекунад, кадом як маънии хосеро низ дорад. Бубинед, қолин ягон хел маҳдудияти диниро дар худ раҳ намедиҳад: онро ҳам дар масҷид дидан мумкин аст, ҳам дар калисову ҳам маъбад.
Барои тоҷикон қолин як воситаи муҳимтарини зиндагист: болои он ҳам ба қавле ҷойи хоб аст, ҳам василаи раҳоӣ аз сардиҳо, ҳам тӯҳфаи беҳтарин дар ҷашну маъракаҳо. Аз ҳама асосаш ин ҳунари қадима санъати хоси мардуми бумист.
«Вақте кураи заминро қолинпеч кардааст…»
Тарзи истеҳсоли қолинҳои Қайроққумро бояд дид! Онро тасвир кардан мушкил аст. Дар назари аввал, вақте ба ин корхона меоед, чунин менамояд, ки дастгоҳу таҷҳизоти бузург барои ҷисми нозуки бонувон (аксари кормандон занону духтаронанд) зӯрӣ мекунад. Ҳатто бардоште ҳосил мешавад, ки ҳамин ҳоло дастгоҳҳои бузург коргарзанҳоро «дарзмол» хоҳад кард. Вале вақте наздиктар меравед, чунин эҳсосе шуморо фаро хоҳад гирифт, ки ин дастгоҳҳои бузург кадом як олоти ошхонаанду занҳо хӯроки наҳорӣ ё шому нисфирӯзӣ омода мекунанд. Дар ҳақиқат собиқаи тӯлонии фаъолият ба бонувони қолинбоф он қадар ҳунар омӯзондааст, ки мегӯӣ онҳо кадом як кори муқаррарии худро анҷом дода истодаанд.
Хулоса, кор дар «Қолинҳои Қайроққум» ба ҳамин минвол тӯли 52 сол идома дорад. Тайи ин муддат дар корхона ҳамон қадар маҳсулот истеҳсол шудааст, ки агар гирди курраи Заминро бо он печонем, ду маротиба басандагӣ мекунад. Яъне агар дарозии экватор 40076 км бошад, корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дар ин муддат 250 млн метри мураббаъ қолин истеҳсол кардааст. Тайи 20 соли истиқлолият бошад, корхона беш аз 35 млн метри мураббаъ маҳсулот тавлид намудааст. Муваффақиятҳо дар ин муддат кам нестанд.
«Тӯҳфаи беҳтарин»
Абаскин Владимир Владимирович, директори генералии базаи калонтарини қолинфурӯшӣ – Артекстрейд, дар мулоимӣ қолинҳои Қайроққумро беҳтарин мешуморад…
Ширкати истеҳсолии «Кара-Балта Килем» баъди боздиди корхонахои қолинистеҳсолкунии Ӯзбекистон харидори маҳсулоти корхонаи Қолинҳои Қайроққум гашт, зеро сифат ва нархи маҳсулот мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонист…
Абдурасул Абдураҳмонов, муҳандисест, ки баъдан иқтисодро ҳам омӯхтааст, вале касби бобову бибикалонаш ӯро водор намуда, ки бо фурӯши қолинҳо рӯз гузаронад. Зиндагии хубе ҳам ёфтааст. Инак Абдурасул чун як мутахассиси соҳа аз тамоми нозукиҳои қолину қолинбофӣ огаҳӣ дорад. Ӯ итминони комил дорад, ки сифат, бофт ва баландии нахи қолинҳои Қайроққум миёни дигар қолинҳо беназир аст.
–Агар танҳо ба ҷути қолинҳои худӣ таваҷҷӯҳ намоед, бартарии онҳоро ҳис мекунед. Қолинбофони мо ҷутро бо бофти дуқабата ва бо зичии хоса бартарият додаанд, ки онро бо ламс кардан ва аз бадоштии маҳсулот фаҳмидан имкон дорад. Баъдан, маҳсулоти худӣ бе масрафи боҷи гумрукӣ ва нақлиёт ба фурӯш меравад, ки ин ҳатман ба нарх таъсири мусбӣ мерасонад. Имрӯз мушкилоти дастрасии қолинҳо низ ҳалли худро ёфтаасту харидор танҳо фармоиш доданашро медонад, дигар на ҳаҷму андоза, на рангу бор, на гул ва ҳеҷ як масъалаи дигаре ӯро ба ташвиш оварда наметавонад.
Хулоса, раҳбарият дар симои Зафар Азимов, раиси Шӯрои директорони ҶДММ «Қолинҳои Суғд» ва кормандони корхона феълан талош доранд, ки бозори дохилу хориҷи кишварро бо маҳсулоти ватанӣ пур кунанд ва ба ҷойи қолинҳои Туркия ва Эрон, ки бозорҳои Тоҷикистонро пур кардаанд, маҳсулоти хушсифату арзони ватаниро ба фурӯш гузоранд. Аз ҳама асосаш ин аст, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти пашмӣ бештар ашёи хоми маҳаллӣ истифода мегардад. Ин имкони ташкили ҷойҳои корӣ ва фарогирии мардуми маҳаллиро бо фаъолияти муфид бештар мегардонад. Ғайр аз ин, харидорӣ аз қолинҳои Қайроққум ин ифтихору ватандӯстист, зеро кафолати кори мунтазаму устувори хоҳарону модарон ва бародару падарони моянд, ки дар ин коргоҳ фаъолият мебаранд.
Ҳуриннисо Ализода
Душанбе – Қайроққум – Душанбе.