Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва бурду бохти мардуми заҳматқарини ноҳияи Носири Хусрав озими ин мавзеи шукуфон гаштем.
Аз таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи соли 2021 бармеояд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони ташкилоту муассисаҳо фаъолияти худро пурсамар идома медиҳанд.
Тавре раиси ноҳия Нишонзода Даврон Назаралӣ иброз намуд, ноҳияи Носири Хусрав моҳи феврали соли 1996 ҳамчун нуқтаи маъмурию ҷуғрофии воҳид таъсис ёфта, аз ҷумлаи ноҳияҳои зодаи даврони истиқлол ба шумор меравад. Дар 25 сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳматҳои содиқонаи сокинон он сол аз сол ободу пешрафта гардидааст.
Кишоварзӣ
Сокинони ноҳия асосан ба тараққиёти соҳаи кишоварзӣ эътибори ҷиддӣ дода, бо заҳмату талоши хеш дастархони мардумро фаровон ва маъвои худро торафт обод намуда истодаанд.
Онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар семоҳаи аввали соли 2021 ба 13 миллиону 344 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 759,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, афзоиш 6 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия майдони умумии замини корами обӣ 7152 гектарро ташкил дода, 1753 хоҷагии деҳқонӣ, 1 хоҷагии ҷангал ва 3 корхонаи хурди саноатӣ фаъолият менамоянд.
Кишти зироати асосӣ - пахта дар майдони 3240 гектар пешбинӣ гардида, тибқи ҳисоботи фаврӣ то ин давра иҷроиши дурнамо 2476 га ё 76,4 фоизро ташкил дода, суръати кишт дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 гектар кам мебошад, ки аз ҳисоби сард омадани боду ҳаво мебошад.
Нисбат ба соли гузашта кишти ғалладонагиҳо 1589 га (97,2 фоиз), кишти сабзавот 346 га (96,6 фоиз), картошка 125 га (156,3 фоиз), полизӣ 175 га (87,9 фоиз) ва кишти зироатҳои хӯроки чорво 269 га (100 фоиз) - ро ташкил медиҳанд.
Дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 саршумори чорвои калон ба 18 ҳазору 629, моли майда ба 42 ҳазору 779, паранда ба 36 ҳазору 862, асп ба 455 сар расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 хеле зиёд мебошад.
Дар ин муддат 355 тонна гӯшт, 1154 тонна шир ва 161,7 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 тонна гӯшт, 46 тонна шир ва 8,6 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
Дар зарфи 3 моҳ аз 100 сар модагов 39 сар гӯсола, аз 100 сар меш ва буз 94 сарӣ барраю бузғола насл гирифта шуд.
Бо мақсади васеъ намудани майдони заминҳои корам низ кӯшиш намуда, дар давоми солҳои 2019 - 2020 ҳамагӣ 442 гектар заминҳои холимонда, аз ҷумла, аз ҳисоби заминҳои партов 427 гектар ва аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ 15 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид гардиданд. Инчунин, дар соли 2021 барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои боир зиёда аз 120 гектар ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи боғу токпарварӣ, аз ҷумла, башаклдарорӣ ва коркарди байниқатории боғ дар 690 га, озуқадиҳӣ ва коркарди кимиёвӣ дар 690 га иҷро шуда, башаклдарорӣ, озуқадиҳӣ, коркарди кимиёвии токзор 39 га иҷро гардида, то ин давра майдони 690 га боғҳо ва 39 га токзор обёрӣ гардидааст.
Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 1766 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Соли равон кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 3240 гектар пахта, 1926 гектар ғалладона, 125 гектар картошка, 415 гектар сабзавот, 575 гектар полизӣ ва 615 гектар хӯроки чорво кишт намуданд. Инчунин, дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 923 гектар боғ, 198 гектар токзор, 18580 сар чорвои калон, 44412 сар бузу гӯсфанд, 455 сар асп ва 27189 паранда мавҷуд мебошад.
Кишоварзони ноҳия ҳамасола бо мақсади самаранок истифода бурдани замин майдони кишти зироатҳоро зиёд намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.
Ҳаҷми маҳсулот
Ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилии ноҳияи Носири Хусрав дар семоҳаи аввали соли 2021, ба 30 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 миллион сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 7,8 дарсадро ташкил медиҳад.
Савдо
Дар ин давра гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо 8 миллиону 655,7 ҳазор сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоизро ташкил медиҳад ва гардиши мол ба ҳар сари аҳолӣ 213 сомонӣ рост меояд.
Саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиону 326,9 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 533,5 ҳазор сомонӣ ё 3,3 фоиз зиёд мебошад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли пахтаи кӯрпабоб 112,9 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 105 фоиз, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 100,5 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли орд 23,6 фоиз ё ин, ки 170,3 тонна кам шудааст.
Дар раванди рушд додани соҳаи саноат, аз ҷумла ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти худӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон 4 адад корхонаи хурди саноатӣ, аз ҷумла:
1 корхонаи хурди истеҳсоли макарон бо теъдоди 3 нафар ҷойи корӣ;
1 фермаи мурғпарварии дорои 20 ҳазор сар мурғи гӯшти парҳезӣ бо теъдоди 10 нафар ҷойи корӣ;
1 сехи дӯзандагӣ бо теъдоди 25 нафар ҷойи корӣ;
1 корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ бо теъдоди 5 нафар ҷойи корӣ бахшида ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақша аст.
Соҳаи маориф
Маориф яке аз соҳаҳои муҳимест, ки дар пешбурди ҷомеа ва таҳкурсии тарбияи насли наврас, инчунин, ҷиҳати ноил гардидан ба як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад.
Дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз он 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи давлатӣ ва 6 боғчаи бачагона фаъол аст.
Дар МТМУ - ҳои ноҳия ҳамагӣ 9573 нафар хонанда, аз ҷумла 4659 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 724 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки аз ин миён 522 нафарашон занҳо мебошанд.
Дар 6 муассисаи томактабӣ 231 кӯдак дар 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 20 муассисаи таълимӣ 20 маркази инкишофи нутқи кӯдак созмон ёфта, иловатан 407 кӯдак ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудааст.
Дар соли хониши 2020 - 2021, аз 581 хатмкунанда алҳол 323 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурдааст, ки ин адад 55,6 дарсади хатмкунандагонро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия 1 коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Мақсуда» фаъолият дорад. Айни замон 26 муассисаи таълимии ноҳия бо корхонаи мазкур барои 5000 нафар хонандаро бо либоси мактабӣ таъмин кардан, шартнома бастанд.
Дар ин давраи ҳисоботӣ дар ноҳия сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар ду баст барои 400 ҷойи нишаст дар назди МТМУ №9, 24 ва 25 идома дорад.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 313 компютер, 6 проектор, 4 тахтаи электронӣ ва 66 принтер мавҷуд буда, зиёда аз 60 компютер ба таъмир ниёз дорад.
Соҳаи тандурустӣ
Дар ноҳия 33 муассисаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1 беморхонаи марказии дорои 120 кат, 1 беморхонаи рақамии дорои 35 кат, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 21 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 маркази вируси норасоии масунияти одам, 1 маркази пешгирии бемориҳои сил, 1 маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва 1 шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ фаъолият менамоянд.
Дар соҳаи тандурустӣ 33 духтури маълумоти олидор, аз ин шумора 2 нафар бо категорияи олӣ ва 141 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Талабот дар ноҳия ба табибони маълумоти олидор 29 нафар ва корманди миёнаи тиббӣ 15 нафарро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи аввали соли 2021 дар беморхонаҳои марказӣ ва рақамӣ 229 бемор бистарӣ шудааст, 214 бемор баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун рухсат шуда, теъдоди фавтидагон 26 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 1 нафар кӯдаки то синни 5 мебошад.
Дар шуъбаи таваллудхона 263 нафар кӯдак ба дунё омада, фавти модар дар ин давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар МТМУ ва томактабӣ ва масҷидҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок мегарданд. Кормандони маркази санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия дар масҷидҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо маҳлули безараргардонии «Гипохлориди калсий» мунтазам дезинфексия карда истодаанд.
Бахши кор бо занон ва оила
Дар ноҳия 20305 нафар занон мебошанд, ки аз инҳо 11330 нафарро занони қобили меҳнат ташкил медиҳанд.
Айни замон 61,2 дарсад кормандони ноҳияро занон ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар соҳаи маориф 71 фоиз, тандурустӣ 55 фоиз, дар ҳайати хизмати давлатӣ 18,3 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда дар сафи хизмати давлатӣ 16,3 фоизро дар бар мегирад. Дар ноҳия теъдоди занҳои роҳбарикунанда ба 88 нафар расидааст. Ҳиссаи занон дар ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 13 нафар, яъне 46 фоиз ва вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои деҳот 12 нафар, яъне 19 дарсадро ташкил медиҳад.
Д. САФАР,
Душанбе - Носири Хусрав - Душанбе