Бо ин бонуи рӯзгордида назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ вохӯрдем. Хеле самимӣ ва боҳарорат ҳарф мезад. Ҳар суханаш аз таҷрибаи рӯзгор буду панде барои ояндагон. Кунун порае аз зиндагиномаи ибратомӯзи бонуи даврон Кибриё Сафароваро пешкаши хонанда мегардонем.
Модари 10 фарзанд
Аз соли 1972 сокини деҳаи Шаҳдрезам. Бо амри тақдир риштаи ҳаётро бо ҷавони ҷиликӯлӣ пайвастам. Зиндагии осуда доштем ва аз ин оиладорӣ соҳиби 10 фарзанд шудем. Соли 1995 шавҳарам бар асари фишорбаландӣ аз олам даргузашт. Нахустписарам 16 - сола буду фарзанди хурдӣ 1 сол дошт. Бори рӯзгор ва ба воя расондани 9 писару 1 духтар ба дӯши танҳоям уфтод. Деҳқониро пеша намудам, зеро бо нони кишоварзӣ ба қавле устухонам шах шудаву аз таҷрибаи бузургонам дар ин ҷода баҳравар гардидаам.
Хоҷагии деҳқонии «Заргар» - ро таъсис додам. Ҳар сол дар 15 гектар шолӣ, пахта, гандум, картошка ва дигар зироату полизиҳоро кишт менамоям. Дар 1 гектар боғ 100-тоӣ ниҳоли шафтолую бодом ва 200 бех анор шинондем. Аз боғ ҳосили хуб ба даст меорем.
Имсол дар 8 гектар пахта, 3 гектар шолӣ, 40 садяк картошка ва 1, 5 гектар гандум киштем. Ягон порча заминро ба иҷора надодам, зеро қувваи корӣ аз хонаводаам мебарояд. Даҳ фарзанд бо ҳамсарону фарзандонашон ҳар субҳ сари коранд. Коргару механизатор ва обмон низ аз худамон аст. Мавриди ғунучини ҳосил бонувони хонашинро ба кор ҷалб менамоем. Ҳам музду ҳам миннатдорӣ. Ҳаққи меҳнати ҳаррӯзаашонро сари вақт пардохт мекунам. Аз ҳамкорӣ розию қаноатманданд.
Кори деҳқониро аз таҷриба пеш мебарам. Вале, ба ҳангоми мушкилӣ аз машварати олимону мутахассисони соҳа низ истифода менамоем. Масалан, бо боғпарварони таҷрибаандӯхта аз боби чӣ тарз шинондан ва нигоҳубини дарахтон маслиҳат мегирам ё дар самти пахтакорӣ агроному мутахассисон аз нигоҳи илмӣ машварат медиҳанд.
Чанде пеш аз бонк 285 ҳазор сомонӣ қарз барои хариди техника гирифтам. Баъзе аз наздиконам аз зарари қарзҳои бонкӣ ва муфлисшавӣ «ҳушдор» доданд. Вале заррае чашми тарс надорам. Кор ҳаст, маблағ ҳам мешавад. Эътимод ба қувваи корӣ дорам.
Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст. Сирри дастоварди хонавода маҳз дар ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми сухани сарвари оила, яъне модар мебошад. Агарчи писарон яке челонгару дигаре сохтмончӣ, хуллас соҳиби касбу ҳунарҳои дигар бошанд ҳам, дар мавсими кор ва ғунучини ҳосил ҳама ба деҳқонӣ мепайванданд.
Ваҳдати миллӣ аз ваҳдати хонаводагӣ
Замони даргириҳои кишвар мардуми аксар минтақаҳо дучори мушкилӣ буданд. Он давра хонаводаи мо ҳам саргардону овора гашт. Хонаву дарро партофта, бо фарзандони хурдсол гуреза шудем. Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» маконе буд, ки даҳҳо хонаводаи саргардони тоҷик он ҷо аз силоҳбадастон паноҳ бурда буданд. Вале, аз сабаби набудани ҷойи зист, пас аз 22 рӯз он ҷоро тарк намуда, ба макони хеш баргаштем. Деҳа ба харобазор табдил ёфта буд. Хонаҳо сӯхтаву валангор ва молу ҳоли мардум ба яғмо рафта буданд. Деҳа ҳолати ҳузнангез дошт. Аз ноилоҷӣ даруни заҳбурҳои атрофи деҳаро маскан гирифтем. 12 моҳ зиндагии пурмашаққатро дар заҳбурҳои пурнам гузарондем. Касе бурдаи нон ё дигар хӯрокае дошт, бо ҳам медидем.
Имрӯз, ки дар фазои озод нафас мекашем, шукр мегӯем, ки ба василаи ваҳдат ба чунин рӯзҳои нек расидем. Соҳиби замин шудем ва боз зиндагии орому пурфараҳ насибамон гашт. Ин ҳама аз шарофати сулҳ аст!
Аз ин хотир, мафҳуми сулҳу ваҳдатро ҳамеша ба фарзандон талқин менамоям. Ваҳдати хонаводагиро чун ваҳдати кишвар дар оила барқарор намудам, ки алҳол меваи ширинашро мечашам. Шукри фарзандон, ки оилаҳои солим доранд ва 70 набераи дӯстрӯям чун парвона ҳар шом гирдам ҷамъ меоянд.
Панди чун қанд
Суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш мекунам ва ҳар нуктаи муҳимашро дар лавҳи хотир ҷой месозам. Аксар Пешвои миллат ба мардум захира намудани хӯрокаро таъкид менамоянд, ки ин нукта аз манфиат холӣ нест. Ин таъкидҳо пандеанд, ки моро барои рӯзи мабодо ҳушманд месозанд. Шоҳиди рӯзҳои мудҳиш будем ва азоби гуруснагиро дидаем. Воқеан, ҳамон захираҳои бархе аз одамони сарфакор буданд, ки он солҳо мардумро аз вартаи гуруснагию нобудӣ раҳонданд. Одамони захирадор ба нафарони ниёзманд ёрӣ расонданд.
Як мисоли пур аз маънии зиндагиро сари ҳар вақт ба сунҳору писаронам ёдовар мешавам. Ҳар сол дар баробари ба фурӯш баровардани ҳосили аз хоҷагии деҳқонӣ ҷамъовардаамон ҳатман дар фикри захираи зимистона мешавам. Аз ҳезуму саргин сар карда, то гандуму ғалладона ва сабзавоту меваро захира намуда, инчунин, ҳиссаеро ба оилаҳои ниёзманд тақсим менамоям.
Н. Қутбия,
Душанбе - Дӯстӣ - Душанбе