Хиштрезӣ омили наҷот
Ба суроғи бонувони хиштрез, ба маҳаллаи Офтобрӯяи шаҳри Кӯлоб рафтам. Манзили Ҷавҳарбӣ Муродова, яке аз занҳои хиштрезро пайдо намудам. Баъди салом бидуни суолу ҷавоб, ӯ дарҳол аз хишт доштану фармоиш қабул карданаш гуфт:
– Чӣ миқдор ба Шумо лозим аст ва то кадом рӯз? Бо арзиши маъқули дилатон, хишт мерезем.
Баъди ин муқаддима кӣ будану мақсади омаданамро фаҳмида, ба нақли рӯзгораш пардохт:
«Тӯли 7 сол аст, ки ҳамроҳи духтаронам хишт мерезам. Шавҳарам маҷрӯҳ аст. Бо нафақаи ӯ, ки ҳамагӣ 180 сомонист, зиндагии панҷ нафар таъмин намешавад. Чанд маротиба ба бозори марказии шаҳри Кӯлоб корҷӯйӣ рафтам. Бо машаққат дар як ошхона кор ёфтам. Ҳаққи хизмати якрӯзаам 5 сомонӣ буду танҳо ба роҳкиро мерасид. Дидам, ки намешавад, роҳи ҳалли мушкилро дар рехтани хишт пайдо кардам. Ҳар мавсим хишт рехта, мефурӯшем. Ба қадри имкон зиндагиамонро беҳтар кардем».
Дар баробари ин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди саноати кишвар мебошад.
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олӣ, апрели соли 2012)
Касби сангини рӯи шонаҳои бонувон
Ба сӯҳбати мо Муҳаббат Денбегиева, духтари Ҷавҳарбӣ, ҳамроҳ мешавад. Вай мегӯяд, ки масолеҳи хиштрезӣ – хоку обро мехаранд. Дар шаҳри Кӯлоб як мошин хок 150 сомонӣ ва 1 мошин об 60 сомонӣ арзиш дорад. «Тобистони гузашта тавонистем 7000 дона лойблок бирезем», - меафзояд Муҳаббат.
Ба ҷисми лоғар, рангу рӯи заъфаронии Муҳаббат ва модараш дида дӯхта, суол кардам, ки аз чунин кори вазнин ба сиҳатиатон осеб нарасидааст? Муҳаббат посух дод, ки ҳар зимистон пайи табобат аст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд: «Бо сабаби сангинии зиндагӣ, натавонистам ду соли охири таҳсиламро дар мактаб идома диҳам».
Нилуфари Шариф, ҳамсояву ҳамсоли Муҳаббат низ ҳамроҳи модар ва дигар аъзои хонавода барои дарёфти маоши зиндагӣ машғули хиштрезист. Хонаводаи Нилуфар дар ин кор собиқаи 12 сола дорад. Нилуфар нақл мекунад, ки дар як мавсим то 10000 дона хишт мерезанд. Ба гуфти ӯ 70% бонувони маҳаллаи Офтобрӯя ба хиштрезӣ машғул. Аксари хонаводаи ин бонувон камбизоатанд. Онҳо ба далели набудани ҷои кор хиштрезиро пеша кардаанд, меафзояд Нилуфар.
«Масалан, дар ноҳияи Восеъ хоҳарон Марҷонаву Миҷгона Қурбоноваҳо ва аҳли оилаи Каримоваҳо ҳар тобистон хишт мерезанд ва бо ин роҳ як миқдор пул дарёфт менамоянд», – мегӯяд вай.
Баъди шунидани рози бонувони хиштрез, ба ҶДММ «Хишти Кӯлоб» рафтам. Дар ин коргоҳ низ аксаран занҳо заҳмат мекашанд. Чаманбӣ Шарифова, сокини деҳаи Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод, тӯли 4 сол аст, ки дар корхонаи «Хишти Кӯлоб» кор мекунад. Рӯзгори 10 нафар аҳли хонаводаашро бо 350 сомонии моҳонааш таъмин менамояд. Ӯ мегӯяд: «Агар кор накунам бо 100 сомонӣ нафақаи шавҳарам зиндагиамон хеле сангинтар мешуд. Кӣ медонад, мо, имрӯз чӣ ҳол медоштем?! Шукри Худои бузург, духтари калониам Зебунисо, ки дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил дорад, тӯли се моҳи таътил ба ёрии мо меояд. Чанд сомонии дигаре барои таҳсили вай ҷамъ мешавад. Кор бароям мушкил нест. Кайҳо ба он одат кардаам».
Дилрабо Бобоёрова, ҳамдеҳаи Чаманбӣ собиқаи 10 –солаи хиштрезӣ дорад. Нилуфар ва Дилбар, хоҳарони Дилрабо, низ хиштрезиро касб намудаанд.
Давлаталӣ Атоев, сармуҳандиси ҶДММ «Хишти Кӯлоб», мегӯяд, ки аз 60 нафар коргар 40 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба гуфти ӯ онҳо метавананд дар фасли тобистон то 60 нафари дигарро муваққатан ба кор ҷалб созанд. «Мо метавонем нафарони хоҳишмандро ба кор бигирем. Аммо ин аз нерӯи барқ вобастагӣ дорад. Набудани барқ монеъ мешавад, ки коргаронамонро дар ҳама фасли сол бо кор таъмин кунем», – меафзояд Атоев.
ҶММ,ҶДММ, ШХ сохтмонӣ танҳо барои мардон?
Вақте дар маҳаллаҳои алоҳидаи шаҳр ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо бонувони хиштрез ҳамсӯҳбат шудам, ба андеша афтодам, ки чаро корхонаҳои сохтмонӣ наметавонанд гурӯҳҳои бонувони бинокор ташкил намоянд? Дар даврони Шуравӣ Оҳистамоҳ Сафарова, бинокордухтари ноҳияи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) ташаббускори ин икдом дар саросари кишвар буд. Зеро кори рангу бор, андоваву пардоздиҳии бино нисбати рехтани хишт ба бонувони мо осонтар аст. Ростӣ, бо чанд нафар роҳбарони ҶММ, ҶДММ, ШХ-и минтақаи Кӯлоб, ки сохтмонӣ буданд, сӯҳбат доштам ва ин мавзуъро дар миён гузоштам. Ба ҷуз корхонаи «Хишти Кӯлоб», дигар корхонаҳо посух доданд, ки ягон нафар бонуи сохтмончӣ надоранд. Пас куҷост дастгирии бонувони мо дар масъалаи таъмини ҷойи кор ва беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо?
Билоли Шамс