Боре аз кӯдаки хеш пурсидаед, ки мабодо маблағи зиёд дошта бошад, онро сарфи чӣ хоҳад кард? Барои аниқ кардани фикри кӯдак ба ӯ 20 ё 30 сомонӣ туҳфа кунед ва пас аз харид кардани ӯ дарк хоҳед кард, ки маблағро чӣ гуна сарф намудааст. Агар чизҳои нолозим харидорӣ кард, сарзаниш накарда, ором фаҳмонед, ки беҳтар аст, ки он чизе, ки ба он эҳтиёҷ дорад, ҳамонро харидорӣ кунад. Ҳарчанд ин аввалин суҳбати молиявии шумо бо фарзанд бошад ҳам, имкони хубест, ки дар мавриди сарфаи маблағ суҳбат ороед. Вазифаи волидайн фаҳмонидани тарзи дурусти истифодаи пул дар ҳаёти ӯ мебошад.
Маротибаи дигар ба ӯ гӯед, ки пайдо кардани маблағ заҳмат металабад. Барои пайдо кардани пул шахс бояд заҳмат кашад. Барояш корҳои сабуку шавқовари хонаро таъин намоед, масалан то аз мағоза баргаштани падару модар агар хоҳар ё бародарашро хуб нигоҳубин кунад, соҳиби маблағи муайяне хоҳад шуд. Кӯдак шавқманд шуда, маблағи бо заҳмат ба дастовардаашро зуд сарф намекунад, меандешад, ки онро сарфи чӣ намояд. Ин усул дар кӯдак эҳсоси кӯмакрасонӣ ва нафъовар буданро бедор менамояду худро шахси дар оила зарур меҳисобад.
Барои кӯдак падару модар, омӯзгори аввалин идеал мебошанд. Аз ин рӯ, волидон дар муносибатҳои пулӣ бояд эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми харидани майда – чуйдаи рӯзгор фикри кӯдакро ҳам мадди назар гирифтан хуб аст. Ба ин тариқ, ӯ дарк менамояд, ки назараш барои волидон хеле муҳим будааст.
Ба кӯдакон оид ба нақши пулу маблағ дар ҳаёти инсон суҳбат оростан муҳим аст. Масалан, дар мавриди оне, ки чаро баъзеҳо ҳаёти хубу бароҳат доранд ва қисми дигар ниёзманданд. Кӯдакон бояд дарк намояд, ки ба афтодагону дармондагон, маъюбон ва ниёзмандон дасти мадад дароз кардан то чӣ андоза зарур аст. Аз харидории чизҳои нолозим даст кашидану бар ивази он ба эҳтиёҷмандон кӯмак карданро кӯдакон бояд аз хурдсолӣ дарк намоянд. Пас аз оне, ки кӯдак ҳаёти сангини ҳамсолони худро ба чашми сар мебинанд, сари ҳар хариди худ ба андеша мераванд, ки ҳар чизи нолозимро нахарида, як миқдор маблағро сарфа намоянд ва ба эҳтиёҷмандон бахшанд. Чунин рафтор дар кӯдак эҳсоси шафқат ва ғамхориро бедор менамояд.
Агар аз хурдсолӣ кӯдаконро аз роҳу усулҳои тарзи дурусти истифодаи маблағ огаҳ намоем, пас умрбод ӯ аз ҳар гуна ҳолат ба зудӣ баромада, роҳе пайдо менамояд ва ҳамзамон барои атрофиён низ судманд хоҳад буд.
Фарзона ВОСЕЕВА