.
Инак, фасли гармо фаро расиду аз забони мардум вожаҳои баҳр, дарё, оббозӣ, Варзоб, Қайроққум, офтобхӯрӣ ё маъмултараш «загар» садо медиҳанд. Ёд дорем, ҳар гоҳе ки солҳои шӯравӣ мардҳо (бародарону падарону шавҳарон), ки бештар имкони ба истироҳатгоҳҳо рафтан доштанд, маъмулан ба аҳли хонавода тӯҳфае меоварданд, ки рамзи ҳамон шаҳр ё кишвар буд.
Хеле ҷойи ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир номи шаҳри Қайроққум, ки замоне бо қолинҳояш машҳур буд, боз аз сари нав вирди забонҳо мегардад. Вале на бо истеҳсолоташ, балки бо корҳои созандагӣ дар соҳили баҳри Тоҷик. Бо истироҳату фароғатгоҳҳояш, ки сол аз сол зеботару фарогиртар мегарданд, Қайроқум шӯҳратёртар мегардад. Акнун месазад, ки масъулини ин шаҳри овозадор пайи рушди соҳаҳои туризму саёҳат ва рушди истеҳсолоту корхонаҳояш мусоидат ба номбардории ин макон намоянд.
Ба вай гуфтам, ки чаро чунин моли бесифатро мефурӯшед, бо ин пойпӯшҳо роҳгашта ҳам намешавад, аз пой меафтанд, оё беҳтар нест, ки сифати маҳсулотатонро беҳтар созед? Дар ин ҳол харидори бештаре медоштед. Ӯ дар ҳайрат афтоду гуфт: «Намедонам, ҳамин хел одат кардем». Бону китф дар ҳам кашида, то дер ба ман мутаҳайирона нигарист. Шояд то имрӯз касе ба ӯ чунин ҳарфе нагуфта буд?
Бо кӯмаки он зан як тӯб попӯшҳоро тагурӯ кардему рангу андозаи тахминии хостаи маро ёфтем. Ду ҷуфт «тапочка»-ҳоеро, ки гӯё ҳар чораш барои як пой омода шуда буд, бо нархи 20-сомонӣ харидорӣ намудам.
Ҳарчанд бо ин беқадрии арзиши пули мо бо чунин маблағ чизи кироие ҳам харида намешавад, вале ба хотири тадқиқи масъалаи сифати ин маҳсулот бо Мӯъминҷон Шарифов, сардори шӯъбаи фармоиши махсуси ҶДММ «Қолинҳои Суғд», ҳамсӯҳбат шудам.
М. Шарифов қайд кард, ки 21 сол боз дар ҳамин корхона фаъолият дорад. Барои ҳамсӯҳбатам ёдовар шудам, ки қариб дар аксари ҷаласаҳо Президенти кишвар масъалаи дастгирии корхонаҳои хусусӣ, тавсеаи соҳибкории хурду миёна, рушди саноату истеҳсолотро ба миён гузошта, ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳо, масъулини шаҳру навоҳӣ таъкид болои таъкид мекунад, ки барои фаъолияти шумо барин ашхос тамоми шароитро фароҳам оваранд. Аз мақомоти андозу бонкҳо даъват ба амал меорад, ки дастгириатон намоянд, то соҳаатон пеш равад. Акнун мехоҳам бидонам, ки худи Шумо чӣ иқдоме дар ин ҷода мекунед? Аз ин мутахассис ҳамчунин суол кардам, ки сифати хеле пасти ин попӯшҳо - яке аз маводи корхонаатон оё Шуморо ба ташвиш намеорад, ки ба фикри харидорони зиёде ба ягон стандарт ё меъёр ҷавобгӯ нест? Ва тӯли солиёни зиёд он ҳеҷ тағйир намеёбад. Мехоҳам мушаххас созам, ки ақаллан дар оянда нақшаву нияте доред, ки барои тавсеаи соҳибкорӣ дар истеҳсолоти коргоҳатон тағйироти сифатие ворид созед?
Мӯъминҷон Шарифов баъди шунидани ин гуфтаҳо як каме ранҷидахотир гуфт: «Мо айни замон ҳамагӣ 4 нафар зани хонакоре дорем, ки ба дӯхтани чунин попӯшҳо машғул. Моҳе 100-150 ҷуфт фармоиш мегирем, ки ҳамин занҳо онҳоро омода месозанд. Онро ба мағозаҳои гирду атроф бо нархи 4 сомонӣ месупорем. Харидоронамон асосан бошандагони шаҳрҳои Қайроққуму Чкалованд. Бештар ин попӯшҳоро кампиракони рус харидорӣ мекунанд».
Ба гуфти мусоҳибам, фабрикаи қолинҳо аз соли 1956 боз фаъолият дорад. Агар дар тӯли ин давра аз пасмондаҳои қолину палосҳо чунин попӯш бо ҳамин сифат бидӯзанд, чӣ ҳам метавон гуфт? Шояд истифодаи паласу қолинпораҳо барои пойафзол баъдтар ба вуҷуд омада бошад, зеро ҳамсӯҳбати мо инро аниқ намедонад. Вале ин муҳим нест, агар аз истеҳсоли ин мол 30- 40 ё ҳатто 20 сол ҳам гузашта бошад, оё дар бораи сифати он наандешидан , барои бозоргир шудани он амале накардан магар дараҷаи олии бепарвофалакӣ нест?
Суоли дигари ман аз сардори шӯъбаи фармоиши махсус, аз нафаре, ки ба қавле сарашро дар ҳамин кор сафед кардааст, ин буд: «Ба фикри шумо ҳамин тапочкаҳои хонапӯшаки қолиниатонро барои чӣ бояд бихаранд?»
Посух чунин буд: «Барои он ки онҳо бадошт, мулоим, аз пашми тоза ва арзонанд». Оре, аксари гуфтаҳои мутахассис дурустанд, вале ба ин суханон калимаҳои «босифат» ва «ба меъёрҳо ҷавобгӯ» илова мешуданд, корхона маҳсулоташро барои 100-150 кас не, шояд барои ҳазорон харидор истеҳсол мекард. Ва ба кор 4 зан не, ҳадди ақал 400 бону ҷалб мегардид. Он попӯшҳо барои 50-100 кампираки руси шаҳрҳои Қайроққуму Чкалов не, балки барои тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳатто Русияву хориҷаи дур низ истеҳсол мешуд…
Ва аз ҳама муҳимаш барои соҳибкор нархи он 4 сомонӣ не, шояд чанд карат зиёд мешуду даромади корхона меафзуд. Вале афсӯс…
Мутахассис баъди сӯҳбати мо дар хусуси бо каме кӯшиш ба роҳ мондани истеҳсоли кафшҳои аълосифати хонапӯшӣ, тавсеъаи кор ва дар ин замина ташкили ҷойҳои нави корӣ, содироти молро ба роҳ мондану ба бозорҳои худӣ ва берунӣ ворид шудан ва ба ҷойи кор таъмин кардани ҳамватанонамон, хоса занонро шунида, ин ҳамаро «танқид»-и журналист пиндошта асабӣ шуд. Ва ҳатто бо садои каме хашмин гуфт: «Шумо аҷиб гап мезанед, ҳама мутахассисҳои кӯҳнаи соҳа рафтагӣ, қолабҳои попӯшҳо танҳо дар давраи советӣ буданд, акнун ман онҳоро аз куҷо ёбам? Ё шумо ба ман оҳани қолабро ёфта метед- ми?»
Воаҷаб, нафаҳмидам, ки ба ин соҳибкор «идея»-и бой шуданро бо роҳи таъмини сифати мол шунидан ин қадар гарон аст?
Ҳуриннисо АЛИЗОДА,