20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ФОРУМИ БАЙНИМИНТАҚАВИИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Forumi-baynimintaqavi

 

Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми июни соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар форум муовинони Сарвазирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ, вазири кишоварзӣ, раисони якчанд вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва зиёда аз 400 нафар соҳибкорону намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, роҳбарони соҳаҳои саноату инфрасохтор, нақлиёт коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурстӣ ва хизматрасониҳои моливу соҳаи сайёҳӣ ва намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ширкат варзиданд.

Дар қисмати аввал ба иштирокчиёни Форум имконоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, маҳсулоти кишоварзӣ, комплекси агро-саноатӣ, энергетика, хизматрасонӣ, маводҳои дорувори ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Дар ин рӯз соҳибкорони вилояти Хатлон намунаи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи гуногуни саноатии вилоятро назди меҳмонону иштирокчиёни форум муаррифӣ намуданд. Дар намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорону маҳсули истеҳсолоти саноатчиён ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, дар ин намоишгоҳ ҳунармандони чирадасти вилояти Хатлон дастранҷҳои худро назди меҳмонону иштирокчиёни Форум муаррифӣ намуданд.

Forumi-baynimintaqav2iЗимни ин намоишгоҳ намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳам омада, вобаста ба имконоти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афор намуданд. Баъди ширкат дар намоишгоҳи дастовардҳои истеҳсолию эҷодӣ Форум дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар идома кард, ки дар кори он муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзаков, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонон суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар дар идомаи форум доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои рушди тиҷорат миёни ду кишвар, роҳҳои нави интиқоли маҳсулоти гуногун ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра баррасӣ хоҳанд кард.

Мвриди зикр аст, ки гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар як соли охир ба 500 миллион доллар расида, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки дар соли ҷорӣ гардиши савдои дуҷонибаро ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Бинобар таҳлилҳои оморӣ дар чор моҳи соли равон гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Бо вуҷуди пандемия соли 2020 робитаҳои тиҷоратӣ қатъ нагардиданд ва давоми ду соли охир мубодилаи тарафайни мол бидуни ҳисобу китоби хидматрасонӣ беш аз 10 баробар афзудааст.

Зикр гардид, ки барои ҳамкориҳои самарабахши кишварҳои мо бобати вусъат додани гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва байналхалқии транзитӣ имкониятҳо мавҷуданд.
Ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва саъю кӯшишҳои муштараки президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон солҳои охир ҳамкориҳо ду кишвар дар тамоми соҳаҳо бо суръат ривоҷ меёбанд.

 

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти “Хатлон”

 

:.  Иқтисод 11.06.2021 06:36 1011

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz