Шояд дар кишвар кам нафароне ёфт шаванд, ки дар бораи хусусияти шифобахшии гили сиёҳранги ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон нашунида бошанд. Эҳтиёҷмандони зиёде ҳам дар дармонгоҳу осоишгоҳҳои мамлакат аз ин гил истифода карда шифо ёфтаанд.
Роҳбарияти МСП «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик ин неъмати табииро моли ноҳияи худ ва роҳбарияти осоишгоҳи деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ низ онро моли ноҳияи хеш мешуморанд.
Сарчашмаи истихроҷи ин неъмати шифобахши табиӣ асосан дар кадом ҳудуд аст? Соҳибмулки асосии он кист ва оё аз истифодаи он ба буҷети давлат фоидае ворид мегардад ё не?
Мухбири мо, Билоли Шамс, аз роҳбарияти идораи маҷалла супориш гирифт, ки ба ин суолҳо рӯшанӣ андозад.
Тибқи тадқиқоти гузаронидаи рӯзноманигор манбаи ин дорувор се ҳавзи табиии воқеъ дар сарҳади миёни ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик буда, дар масоҳати умумии 3 гектару 77 сотих замин доман густурдааст. Ин мавзеъро мардум Шӯрқул меноманд. Мутобиқи харитаи ҷуғрофии кишвар ду ҳавзи асосӣ ва шифобахш дар қаламрави ноҳияи Восеъ воқеъ буда, ҳавзи сеюм, ки нисбатан хурдтар ва хусусияти шифобахшиаш низ камтар аст, ба ҳудуди ноҳияи Темурмалик дохил мешавад. Инчунин роҳи мошингарде, ки мусофиронро то ба ин ҳавзҳо меорад, аз ноҳияи Темурмалик мегузарад. Роҳи мазкур имрӯз дар заминҳои ХД «Ваҳдат»-и Ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик ҷойгир аст. Роҳбарияти ин ХД ба ҳар ду тарафи даъвогар (роҳбарияти МСП «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик ва роҳбарияти ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ) дар хусуси ҳамин қитъаи замин (яъне роҳ)-ро ба ихтиёри онҳо супурдан бо мӯҳру имзо ҳуҷҷат дода, ба деги баҳсҳои онҳо равған рехтааст.
Роҳбари МСП (Муассисаи солимгардонӣ ва профилактикӣ)-и «Оби шифо»-и ноҳияи Темурмалик Абдураҳмон Сафаров худро соҳибмулки мутлақи гили шифобахш ҳисобида, бо дилпурӣ мегӯяд, ки фақат ӯ иҷозатномаи истихроҷ, истеҳсол ва истифодаи ин манбаи табииро дошта, бояд дигар истифодабарандагон танҳо тавассути бастани шартнома метавонанд аз он харидорӣ намоянд. Мавсуф ҳатто амали кормандони осоишгоҳи деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъро, ки ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта то имрӯз чун соҳибмулк гили сиёҳро барои табобати ҳоҷатмандонашон истифода мебаранд, ғайриқонунӣ ва қочоқ мешуморад.
Роҳбари ҶДММ «Тоҷикдеҳқоншифо» (Осоишгоҳи Тосқалъа) Иззатулло Тағаймуродов бошад, даъвои аввалиро беасос ва манбаи гили сиёҳро моли сокинони ноҳияи Восеъ, ба хусус, осоишгоҳи деҳаи Тосқалъа мешуморад.
Ҳарчанд роҳбари МСП «Оби шифо» Абдураҳмон Сафаров аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ иҷозатнома дошта бошад ҳам, дар сурати сар задании даъвоҳои ҳудудӣ масъаларо метавонанд фақат масъулини мақомоти вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳаллу фасл намоянд.
Дар ҳар сурат то ба имрӯз манбаи гили шифобахш соҳибмулки қонунӣ ва асосии худро надорад ва аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустии ҳар ду ноҳия низ назорат ва соҳибӣ намешавад. Аз ин бемасъулиятӣ истифода карда, қариб ҳамаи дармонгоҳу осоишгоҳҳои кишвар аз ин гил ройгон, ба таври қочоқ кашонда мебаранду манфиат мебинанд. Вале буҷети давлат то имрӯз аз ин неъмати гаронбаҳо ягон фоида намебинад.
Масъулини Вазорати тандурустии мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро зарур аст, ки соҳибмулки ин неъмати шифобахши табииро пайдо карда, маҳсули онро ба манфиати халқу давлат роҳандозӣ намоянд ва ба даъвоҳои беасос ва қочоқкориҳо нуқта гузоранд.
Билоли Шамс