Бонкҳои Бадахшон тайи як соли ахир зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст оварданд. Дар ин муддат бонкҳо ба мардум ба маблағи бештар аз 70 миллион сомонӣ қарз доданд. Масъулини бонкҳо дар нишасти матбуотӣ афзоиши мизони қарзиро чун нишонаи «хидматгори мардум ва кӯмакрасон» будани бонкҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавсиф карданд.
Аммо дар ҳоле, ки бонкҳо рушд мекунанд, бисёре аз мизоҷоне, ки бештарашонро бонувон ташкил медиҳанд, мегӯянд маҷбуранд барои пеш бурдани фаъолияти тиҷоратӣ аз бонк қарз гиранд. Вале аз тарси муфлисшавӣ, ки тайи солҳои охир дар байни соҳибкорон афзудааст, шабу рӯзҳои пуртаҳлукаро ба сар мебаранд ва фоизи баланди қарзи бонкиро сабаби асосоии бадбахтии муфлисшудагон арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои Ассотсиатсияи занони соҳибкори вилоят ҳадди акал 8 зани соҳибкор қарздор ва муфлис гардида, молу амволашон ба фурӯш гузошта шуд ва ин занони бесарпаноҳмондаро чорае ҷуз аз рӯ овардан ба муҳоҷирати меҳнатӣ, намондааст.
Вале масъулини бонкҳо ба таҷрибаи нокофии муомилот бо пули нисбатан калон ва савияи поини дониши соҳибкорӣ бонувонро муттаҳам мекунанд. Ба қавли Фаромурз Имомбердиев, сардори бахши вилоятии «Ориёнбонк», аз пайи ҳавову ҳавас рафтани бонувони соҳибкор ва ба ҷойи тиҷорат ба корҳои ғайримақсаднок истифода бурдани қарзи бонкӣ, сабаби ба ботлоқи қарз ғӯтидани чунин мизоҷон гардидааст.
– Яке аз мизоҷон ба ҷойи тиҷорат ва ба гардиш даровардани қарзи бонкӣ хонаи модарашро бо масрафи калон «таъмири аврупоӣ» карда, қарздор шуд. Акнун ин соҳибкор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва бонкҳо аз ҳама бештар дар баргардондани қарзи «гуреза»-ҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Додгоҳ ҳам дар бархе аз маворид бе асоси кофӣ тарафи қарздоронро мегирад ва мӯҳлати баргардондани қарзи бонкӣ кашол меёбад,– илова намуд ӯ.
Вале ба гуфти Нигина Ватанбекова, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкор, шумораи заноне, ки қарзи бонкиро ба ҷойи рушди тиҷорат барои сохтмони манзил ва ё хариди молу ашёи гаронбаҳо сарф кардаанд, ангуштшумор аст. Ба бовари вай сабаби асосии қарздории бонувон ба таъсири паёмадҳои иқтисодӣ ва бӯҳрони молиявӣ ва баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ марбут аст.
Нигина мегӯяд: «Соҳибкорони ватанӣ дар мавриди истифодаи самараноки қарзҳои бонкӣ баробар шудан бо ҳамтоёни чиниашонро, ки бо шарофати истиқлолияти кишвар тавассути гузаргоҳи марзии Қулма бо онҳо равобити мустақим пайдо карданд, орзу ҳам намекунанд. Зеро бештари соҳибкорони чинӣ бо қарзҳои бонкии то 1, 5 фоиз фаъолияти тиҷоратӣ мебаранд ва рақобат кардан бо онҳо, ки бе ин ҳам намояндаи кишвари тавлидкунандаанд, хеле душвор аст». Вай афзуд, ки бо нигаронӣ аз баланд будани фоизи қарзи бонкӣ ва афзоиши пардохтҳои гумрукиву хизматрасонии нақлиётӣ, бештар шудани шумораи намояндагони хадамоти мухталиф дар масири нақлиётӣ аксари соҳибкорони минтақа аз тарси муфлисшавӣ аз сафари тиҷоратӣ ба Чин худдорӣ карда, молу колои чиниро акнун аз маркази ҷумҳурӣ ворид месозанд, ки ин ҳолат аз авзои носолими молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорони минтақа дарак медиҳад. Зеро бо оғози фаъолияти гузаргоҳи марзӣ интизор мерафт, ки вилоят бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ба пойгоҳи хариду фурӯши молу колои арзони воридотӣ табдил меёбад, вале акнун ин интизорӣ ба орзу табдил шудааст.
Аммо масъулини бонк шароити дастрасии мизоҷон ба сандуқи қарзӣ ва пардохти фоизро дар қиёс бо бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷумҳуриамон беҳтар арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки бонкҳо дар расондани кӯмакҳои хайриявӣ ба қишри камбизоати ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд ва қисми зиёди даромадашонро барои иҷрои чунин корҳои хайр масраф мекунанд.
Бахтиёр Сафаров, муовини бахши вилоятии «Амонатбонк», афзуд, ки бонкҳо на фақат аз пайи фоида мераванд, балки ба манзури мусоидат кардан ба сиёсати иҷтимоии Ҳуқумати кишвар ҳаҷми қарзҳои имтиёзноки бонкиро афзоиш медиҳанд ва танҳо дар тӯли се соли ахир «Амонатбонк» ба ҳар омӯзгори ҷавон 5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 552 ҳазор сомонӣ бо 3 фоизи солона ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ қарз додааст.
Ба гуфти раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкор мавҷуд набудани равзанаи ягона, ки дар бораи он бисёр сухан мегӯянд, сарсониву саргардонӣ ва хароҷоти шахси қарзгирандаро дар мавриди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо зиёд мекунанд. Нигина таъкид дошт, ки худи вай яке аз соҳибкорони муваффақ маҳсуб мешавад, вале барои гирифтани 15 ҳазор доллар қарзи бонқӣ маҷбур аст, ки манзил, дорухона ва боз як иншооти ёрирасонро ба гарав гузоша, барои ҳар яке аз ин амвол дар корхонаи фаръии давлатии бақайдгирӣ асноди алоҳида таҳия намояд ва маблағ супорад ва боз хизматрасонии идораи нотариалӣ ва бонкҳоро пардохт кунад.
Зубайда Амонбекова, тоҷири бозори Хоруғ, муттаҳам кардани бонувонро ба исрофкорӣ хилофи адолат шумурда мегӯяд, ки маҳз занҳо ҳар як тини қарзи бонкиро ҳисоб мекунанд ва эҳтиёткоранд, вале азбаски аксари тоҷирони вилоятро онҳо ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, шумораи бештари қарздорон ҳам занонанд. Вай афзуд, ки модари чор фарзанд буда, ду нафари онҳо айни ҳол дар шӯъбаҳои шартномавии донишкада таҳсил мекунанд ва ӯ барои маълумотдор намудани фарзандонаш маҷбур шудааст, бо қарзи хурди бонкӣ гармӣ ва сардии бозорро ба хотири даромаде, ки рӯз ба рӯз камтар мешавад, таҳаммул намояд.
Хубчеҳра Нуриддинова, соҳибкор аз шаҳри Хоруғ, баён дошт, ки вай 15 ҳазор сомонӣ аз бонк қарз гирифта, бо пардохти фоиз бояд қариб 24 ҳазор сомонӣ ба бонк баргардонад. Пештар қарзро бо душворӣ бошад ҳам, ба бонк бармегардонд, аммо бо кӯчондани тоҷирон ба бозори нав варшикастагӣ ва изтироби равонии соҳибкорон аз хатари муфлисшавӣ бамаротиб афзудааст. Барои ба чунин вартаи ноумедӣ афтодан соҳибкор шаҳрдориро муттаҳам мекунад, ки тоҷиронро аз ҷойи нисбатан сердаромадашон дар бозори марказӣ маҳрум сохта, онҳоро иҷборан ба бозори нав кӯчонданд. Аммо бозори марказӣ «аралашбозор» монд ва акнун ҷойи пештараи нисбатан сердаромадашонро хешовандони ашхоси мансабдор ишғол карда, ба фурӯши молҳои гуногун машғуланду мизоҷон ба бозори нав, ки дар гӯшаи шаҳр қарор гирифтааст, кам меоянд.
Аммо сардори бахши вилоятии «Ориёнбонк» ин иддаоро нисбати намояндагони бонк рад намуда, мегӯяд, ки шояд ҳодисае иттифоқ афтода бошад, ки вақте масъулини шӯъбаи қарздиҳӣ чандин бор ба хонаи мизоҷ рафта, ӯро дар манзилаш пайдо накарда, маҷбур шудаанд дар кӯча баргардондани қарзро барояш ёдрас намоянд. Вале ин баҳона барои муттаҳам кардани бонкҳо шуда наметавонад ва кормандони бонк ҳамаҷиҳата барои муносибати ҳасана доштан бо мизоҷон ҳавасманд мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Фарҳодов, як масъули қарзи бонкӣ дар ноҳияи Ишкошим, мегӯяд, ки барои онҳо ба кадом ҷинс мутааллиқ будани мизоҷ муҳим набуда, бонк аз ҳама фоида мехоҳад. Вале дар муддати фаъолият вай ба натиҷае расидааст, ки дастрасӣ ба сандуқи қарз, ба вижа барои сокинони рустоҳои Бадахшон, ки аксарашон бекоранд, торафт мушкил мегардад. Мусоҳиб мисол овард, ки дар Ҷамоати деҳоти Андароб ва Қозидеҳи ноҳия бештар аз 5 ҳазор нафар сукунат дорад, аммо танҳо ҳудуди 250 нафар соҳиби ҷойи кор аст. Маҳмуд изҳор дошт, ки чун масъули қарзӣ вай ба камтар аз нисфи ашхоси соҳиби ҷойи кор додани қарзро бовар мекунад, зеро бештари афроди соҳиби ҷойи кор омӯзгорону пизишконанд, ки музди кам мегиранд ва агар, дар муҳоҷират касеро аз хонавода надошта бошанд, додани қарз барояшон ба таваккал ва ё мақоли « ҳар чӣ бодо бод» баробар аст. Ба гуфти ӯ зиндагии сахти сокинони русто дар дилаш раҳму шафқат барангехтааст ва агарчанде вай чун намояндаи бонк барои гирифтани фоидаи ҳар чи бештар манфиатдор аст, вале бар ин назар аст, ки агар фоизи қарзҳои бонкӣ коҳиш наёбанд, дастрасӣ ба сандуқи қарзӣ мушкил хоҳад шуд. Масъули қарзи бонкӣ мегӯяд, қишри кишоварзон, ки аз ҳисоби меваву сабзавоти заминҳои наздиҳавлигии худ зиндагӣ мекунанд, аз ҳуқуқи гирифтани қарзи бонкӣ маҳруманд. Зеро тибқи муқаррароти бонк ба афроде, ки маоши доимӣ надоранд, қарз дода намешавад.
Ба фикри коршиносон дар ҳоле, ки ниёз ба қарзҳои бонкӣ меафзояд, ба назар мерасад, ки дар Бадахшон қарзгирон ва қарздеҳон бовариро нисбати ҳам аз даст додаанд ва бонкдорон ба қарзгирон бештар аз ҳама ба бонувони соҳибкор, ки барои қарз дари бонкро мекӯбанд, бо ҳисси нобоварӣ ва шубҳа менигаранд. Аммо масъулини бонкҳои тиҷоратӣ дар Бадахшон мегӯянд, ба манзури ҷилавгирӣ аз қарздорӣ талабот ба қарзгирандагон пурзӯртар шудааст, вале бонувони соҳибкор ҳамоно мизоҷони асосӣ ва боварибахш боқӣ мемонанд ва қиссаи қарздории иддае аз онҳо ба муносибатҳои бонк ва мизоҷ соя афканда наметавонад.
Соҳибкорон аз бонкҳо интизор доранд, ки фоизи қарзҳоро коҳиш медиҳанд ва ин сабукӣ эҳтимолияти қарздориашонро каму рақобатпазириро дар бозор бо ҳамтоёни хориҷӣ таҳким мебахшад. Вале бонкҳо чун нишонае аз қудратмандии молиявӣ яке аз паси дигаре дар маркази вилоят соҳиби биноҳои тамрингашта ва нав мегарданд ва ба назар мерасад, ки ҳанӯз ба коҳиши фоизи қарзи бонкӣ омода нестанд.
Ш. Мирзоҷалол
PS: Ҷаласае нест, ки Президенти кишвар ҳарчӣ бештар бо фоизҳои паст додани карзҳоро ба соҳибкорони хурду миёна ба роҳбарони бонкҳо таъкид насозад.