23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
НАСЛИ БАРҚНОДИДА ё 75 НБО-и бекорхобидаро сабаб чист?
.
Ҳафтаи гузашта дар бозори марказии ноҳияи Восеъ тасодуфан бо як бону ҳамсӯҳбат шудаму он боиси рӯи саҳфа омадани матлаби зер гашт.
Дар растаи ашёи лавозимоти рӯзгор зане ҳисобкунаки барқӣ мехарид. Ҳамроҳам ба ӯ гуфт, ки «Апаҷон, барқ несту ҳисобкунак барои чӣ?».
– Ба мо ку каму беш барқ медиҳанд, вале хоҳарам, ки дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзодаи ноҳияи Темурмалик зиндагӣ дорад, 20 сол боз барқ надорад, - гуфт ӯ, ки баъдтар худро ба мо ҳамчун Кимсаной Абдуллоева муаррифӣ кард.
Дар Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзодаи ноҳияи Темурмалик сокинон гармии хонаҳояшонро аз ҳисоби ҳезуму ангишти гароннархи бозор таъмин менамудаанду равшаниро аз шамъҳои пастсифати чинӣ ва чароғҳои карасинии бобоӣ меҷустаанд.
ЗАЙНИДДИН АСОМИДДИНОВ, сардори Идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Темурмалик, мегӯяд, ки дар ҳудуди ноҳия ба ҳисоби умумӣ сокинони 10 деҳа тӯли 20 сол бе барқ мондаанд.
– Ин деҳаҳо дар оғози шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфта, мардум аз мавзеъҳои гуногуни қаламрави собиқ вилояти Кӯлоб ба ин ҷо омадаанд. Аз даҳ деҳаи бебарқи ноҳия чортоаш – Қайзингиз, Чепқурған, Олмабулоқ, Гулбулоқ (аҷаб номҳои «тоҷикӣ»-е? – идора) дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзода, чортои дигараш – Дасторқозӣ, Зангибобо, Товатош, Қултова дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қучкия, Олмабулоқ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ватан ва деҳаи Калот дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кангурт ҷойгир мебошанд. Аҳолии онҳо дар маҷмӯъ то 500 нафарро ташкил медиҳад, – гуфт З.Асомиддинов ва дар идомаи сӯҳбат зикр кард. – Тӯли 20 сол ягон маротиба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз аҳволи ин мардум напурсидааст. Танҳо моҳи ноябри соли гузашта аз ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» ба мо супориш шуд, ки шумораи мавзеъҳои бебарқ ва аҳолии онҳоро ба таври хаттӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод намоем.
Ҳамсӯҳбати дигари ман МАЛИКА НУРАЛИЕВА яке аз он ҷавононест, ки дар чунин макони бебарқ зиндагӣ дорад.
– Ман сокини деҳаи Заранги Ҷамоати деҳоти Қавоқи ноҳияи Шӯрообод ҳастам, - бо садои хаста ба гап медарояд ӯ. - Мо соли 1993 ба ин мавзеи дурдаст ҳамроҳи якчанд хонаводаи дигар аз ноҳияҳои Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омадем. Аввалҳо шумораи онҳое, ки ба кӯҳистон баргаштанӣ шуданд, зиёд буд. Вале баъдтар қариб аксари кӯчиён ба ҷойҳои пешинаи зисти худ баргаштанд. Сабаб, бебарқӣ ва набудани мактаб аст. Ҳатто баъзе аз сокинон боғу хонаву дари бунёдкардаашонро низ партофта рафтанд. Дар ҳамсоядеҳаҳои мо - Лангуриҳо, Ургулӣ, Деҳиғуломон ҳам мардум аз қувваи барқ маҳруманд. Аз набудани мактаб кӯдакон бесавод мемонанд. Баъд мегӯянд, ки мо, бонувон, бесаводему аз худ талошу саҳме барои иштирок дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ нишон намедиҳем. Дар ин шароите, ки мо дорем, имкони фаъол будану ташаббусе аз худ нишон додан вуҷуд надорад.
АМИРХОН ИКРОМОВ, раиси ноҳияи Шӯрообод, сари мушкили сокинони бебарқмонда чунин назар дорад:
– Дар ноҳия шумораи деҳаҳое, ки умуман барқ надоранд, ба 36 адад мерасад. Аксари ин мавзеъҳо ба Ҷамоати деҳоти Лангардара тааллуқ доранд. Чанд сол пеш ин рақам зиёдтар буд. Тариқи сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва бодӣ нишондиҳандаҳои манфӣ коҳиш ёфтанд. Мо рӯйхати деҳаҳо, аҳолии онҳо ва масофаи дурии деҳаҳоеро, ки аз хати барқ маҳруманд, ба таври хаттӣ ҳам ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ҳам ба ҶСҲК «Барқи тоҷик» фиристодем. Барои ислоҳи вазъ ташаббусе зоҳир нашуд.
ШАҲЛО САЛИМОВА, сокини деҳаи Дараи Маҳмуди Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, ки аз бебарқӣ ва набудани мактаб панҷ фарзандашро дар ноҳияи Восеъ дур аз хонавода соҳиби чашми хат кардааст.
– Дар Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод 15 деҳа умуман хати интиқоли барқ надорад, – мегӯяд АБДУЛХАЙР ОЛИМБЕКОВ, раиси деҳоти мазкур. – Ин шумора ду-се сол пеш ба маротиб зиёдтар буд. Бо ташаббуси мардум деҳаи Синҷова бо барқ таъмин шуд, дар деҳаи Юғлин корҳои сохтмонӣ идома доранд. Мо барои рафъи мушкили сокинон дастгирие аз ҷониби роҳбарони ноҳия надидаем. Танҳо моҳи сентябри соли гузашта намояндагони як ташкилоти байналмилалии давлати Филиппин ба мо муроҷиат карданд, ки шумораи аҳолии бебарқро дақиқ баҳрашон пешниҳод намоем. Мо ин амалро ба анҷом расонидем. Онҳо ваъда доданд, ки дар давоми соли 2012 ба мардум батареяҳои офтобӣ медиҳанду аҳолӣ бояд дар муддати 3 сол қарзи ташкилоти мазкурро баргардонад,- илова намуд А.Олимбеков.
Дар ноҳияи Балҷувон низ сокинони 14 деҳа аз набудани барқ азият мекашанд.
Аз рӯйи маълумот дар маҷмӯъ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб то имрӯз зиёда аз 170 деҳаи бебарқ вуҷуд дорад, ки ба ноҳияҳои Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод, Балҷувон, Темурмалик ва Фархор мутааллиқанд.
МИРЗО ИСМОИЛОВ, сардори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» дар робита ба мавзӯъ гуфт, ки сабаби асосии бе барқ мондани ин мавзеъҳо навбунёдии онҳост. «Агар ин деҳаҳо аз рӯи нақша бунёд меёфтанд, сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳ, интиқоли қувваи барқу об пурра ба инобат гирифта шуда, имрӯз мушкилиҳо эҷод намешуданд. Онҳо аз хати барқи 10 кВт дар масофаи дур ҷойгиранд. Ҳамчунин, шароит барои насби симчӯбҳо дар ин мавзеъҳо нест. Ба ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» дархости шаҳрвандон зиёд ворид мешавад, аммо мо маблағ барои кашидани хати барқ надорем», – афзуд М.Исмоилов. Аҷабо, тӯли 20 сол, ки аҳолии ин мавзеъҳои аз нақша берун афзудан дошт, масъулини навоҳии мазкур куҷо буданд, ки дар бораи бесаводу қашшоқ мондани як насле биандешанд.
Як мисол аз сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки 4 сол қабл сохтмонаш ба охир расиду мувофиқи ваъдаи масъулин бояд дар он 220 кВт қувваи барқ истеҳсол мешуд. Маблағи калон сарф намуда, чархаи барқиро аз Чин оварда насб карданд. Вале нерӯгоҳ барқ надод. Зеро ба гуфти масъулон дар лоиҳаи сохтмон бунёди обанбор дар назар набудааст. Шояд барои сарфаи маблағ ихтисор шуда бошад. Аз рӯи баъзе оморҳои ғайрирасмӣ маҷмӯи чунин нерӯгоҳҳои хурди барқии обии сохташудаву боре мавриди истифода қарорнагирифта дар минтақаи Кӯлоб ба 75 адад мерасидааст. Чи аҷаб! Кӣ ҷавоби ин қадар заҳмату хароҷотро медода бошад? Ин аст суол ба масъулони Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ.
Билоли ШАМС
:.
Иқтисод
16.03.2012 06:14
2504
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz