23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
MADE IN TAJIKISTAN
.
Мусаллам аст, ки содирот ё моли содиршуда, кишварро ба дигарон муаррифӣ менамояд. Ҳар сайёҳ дар бораи давлате, ки азми сафари онро дорад, аз интернет ё аз китобу дастурҳои роҳнамо маълумот ҷамъ меорад. Табъан, сайёҳи хушзавқу дурандеш давлатеро барои сайёҳӣ интихоб мекунад, ки иқтисоди пешрафта дораду амну роҳат аст барои сайёҳон. Ҳангоми иншои мақола боз ба ёди солҳои шӯравӣ меравам ва бо дарду алам қалам коғази сафедро сиёҳ мекунаду ҳарфҳои пур аз озор рӯйи он навишта мешаванд: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ваҷҳи он ки ҳудудан аз дигар вилоятҳо бузургтар ҳам бошад, як минтақаи дурафтодаву камнуфус аст, ки на саноатӣ асту на кишоварзӣ. Албатта, барои ба чунин дараҷабандии “аввал дар сафи охир” ноил шудани вилоят, асосан мавқеи номусоиди ҷойгиршавии ҷуғрофиву иқлимӣ, дур будан
«Аз ин рӯ, ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои мамлакат, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла дар асоси васеъ ба роҳ мондани коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҳои судманд андешанд»
.
Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон
дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон
аз шоҳроҳу роҳи оҳан ва камзаминӣ сабабгор аст. Новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта, дар Хоруғ, ки ягона шаҳр ба ҳисоб меравад, заводи нон, корхонаи хурди истеҳсоли равғани ангат, заводи оҳану бетон, фабрикаи дӯзандагӣ ва корхонаи сангҳои ороишии “Помир” сохта шуданд. Айни замон фабрикаи дӯзандагӣ ба Мактаби маълумоти касбии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мубаддал гаштааст. Заводи нону корхонаи равғани ангати шаҳр ба миқдори ночиз маҳсулот мебароранд. Хурсандиовар аст, ки баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, як зумра соҳибкорон тавонистанд дар як муддати кӯтоҳе даст ба истеҳсолот бизананд ва моли ниёзи мардумро тавлид намоянд. Сафи чунин афроди кордон дар Бадахшон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Солиёни зиёдест, ки ширкати “Голчев” бо ҳасибҳои хушмазаи аз гӯшти қутос тайёркардааш ном баровардааст. Он ягона ширкатест, ки дар вилоят обҳои маъданиву нӯшобаҳои ширинро истеҳсол мекунад. Ширкати “De Pamiri Handiсraft” бо маҳсулоти косибии хеш аз қабили истеҳсоли асбобҳои мусиқӣ, тоқиву ҷӯробҳои пашмӣ ва зарфҳои кулоливу аз қамиш бофташуда, на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маъруфу машҳур аст. Ширкати “Неъмат” дар ноҳияи Роштқалъа ба коркарди маҳсулоти ширӣ махсус гардонида шудаасту корхонаи хурди “Хуф”дар ноҳияи Рӯшон панир истеҳсол мекунад. Корхонаи “Rupani Foindation” муддати 5 сол аст, ки ба духтарону писарон ройгон сангтарошӣ ва ҷилову сайқал додани сангҳои қиматбаҳоро меомӯзонад. Мисли ин ширкатҳо даҳҳо корхонаву ширкатҳои дигар дар Бадахшон арзи вуҷуд кардаанд. Маълум аст, ки ҳадаф ва дурнамои корхонаҳои истеҳсоливу ширкатҳо, тавлидоти бештари маҳсулоти босифат ва коҳиш додани бекорӣ дар ҷомеа аст.
Ҷойи тазаккур аст, ки сарварии ин корхонаҳои номбурдаи Бадахшонро мардон бар дӯш доранд ва ягона корхонае, ки роҳбари он зан аст, ширкати “Pamir Travel” мебошад. Сарвари он Баҳор Муродалиева аст. Гулдаста Орумбекова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ дар хусуси корхонаи мазкур чунин ибрози назар кард: «Ширкат бо талошу кӯшиши бевосита ва қарзҳои бонкиву сармояи шахсии Баҳор соли 2009 тавлид ёфт. Аз рӯзи аввал ширкат бо сифати баланди маҳсулоти хеш ба дили мизоҷон роҳ ёфт. Моҳи июли соли сипаришуда рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз байни садҳо маҳсулот танҳо маводи истеҳсоли ширкати “Pamir Travel “, аз қабили тутмавизи ордшуда ва шириниҳои тут, мақоми аввалро гирифтанд, зеро ин маҳсулот дар халтаҳои хушранги пластикӣ ва қуттичаҳои мувофиқ ба меъёрҳои стандартии ҷаҳонӣ бастабандӣ шуда буд. Ман аз нақшаҳои Баҳор, ки мехоҳад дар ояндаи наздик мағозае дар шаҳри Маскав барои тиҷорат ба иҷора бигирад,
«Дар ин самт, пеш аз ҳама, вусъат бахшидани фаъолияти корхонаҳои коркарди нахи пахта, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ (дар навбати аввал меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза) ва коркарди гиёҳҳои шифобахш бо истифода аз қувваи корӣ, нерӯи барқ ва ашёи хом, ки дар мамлакатамон нисбатан арзон мебошанд, метавонад ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобати он дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат намояд».
Аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон
дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон
огаҳӣ дорам. Вай на танҳо бонуи меҳнатқарин, балки ҳамсари муҳиб ва модари мушфиқи се фарзанд аст. Бо дастгирии Баҳор чордаҳ бонуи бекор дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон соҳиби касбу кор ва маоши кофӣ барои рӯзгор гаштанд.
Баҳор Муродалиева дар мавриди фаъолияти хеш чунин гуфт: «Аз овони кӯдакӣ исрофкориро хуш надоштам. Бибикалонам оилаҳоеро, ки масрафи беҳуда мекарданд, ба мо мисол оварда, бо таассуфу лабханд дар ҳақи онҳо мегуфт: ”Хонаи фалонӣ хонаи бе хушдоман аст”. Боре дар фасли тобистон ба ноҳияи Рӯшон рафтам. Туту зардолуи рӯи боғ рехтаро дида, дилам ба мардум, ки асосан боғдоранд, сӯхт. Ҳамон вақт нақшаи бунёди корхонаи коркарди меваи хушк дар майнаам чарх зада буд. Имрӯз корхонаи мо дувоздаҳ намуд маҳсулот, минҷумла зардолу ва олуболуи хушк, анҷир, чормағзу тутмавизи омехта, бодом, мураббои туту хурмои шарқӣ ва тути ордшудаи бехтаро ба савдо мебарорад. Соли 2009 ширкат соҳиби ду дастгоҳ ва як осиёби барқӣ гашт. Имсол филиали корхонаамон дар шаҳри Душанбе ҳам ба кор оғоз намуд ва тасмим дорем ду намуд ширинии тутро бо номи гематогени “Диёр” дастраси харидорон гардонем. Ҳар дафъа навиштаҷоти рӯи тамғакоғазҳои маҳсулотамонро, ки дар он бо забони тоҷикӣ “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва англисӣ “Made in Tajikistan” навиштаро мехонам, аз хурсандӣ сарам ба осмон мерасад».
Дар интиҳо суханони дӯсти олмониам, Эндрю Фабианро, ки ҳамеша ҳаваси мазаи меваи серобу ширини Бадахшонро дар дил дошт, ҳаволаи хонандагону нуктасанҷон мегардонам, ки боре ӯ бо лафзи шикастаи русӣ ва бо зарофату муболиға дар маҷлисе гуфта буд: «Тоҷикистониён набояд харидахӯр бошанд ва ҳамеша бояд такя ба истеҳсоли худӣ намоянд. Сарвату неъмате, ки дар Тоҷикистон аст, дар дигар кишварҳо кам аст. Офаридгор пеш аз он ки биҳиштро биофарад, аввал Тоҷикистони биҳиштосоро офарид ва баъдан аз рӯи нусхаи Тоҷикистон биҳишт офарида шуд».
Довудшоҳи СУЛАЙМОНШОҲ
:.
Иқтисод
16.03.2012 10:16
2600
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz