23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
Зулайхо Муродалиева: «АГАР РАҚОБАТ СОЛИМ АСТ…»
.
Гуфтанд, ки ӯ бонуест роҳбар, пешво, пешкор ва соҳиби завқи хосаву истеъдоди сарварӣ, ки бонувони ҳунарманди зиёдеро ба ҳам овардаву дар каму беш ва шодиву ғам шарики онҳо гаштааст. Рафтам суроғаш.
Донову закӣ, ҷасуру соҳибтаҷриба, муваффақу дастболо дарёфтамаш. Дар сӯҳбаташ нишастаму аз таҷрибаву малакаи корӣ, зиндагии гоҳ ширину гоҳ талхаш огоҳ гаштам. Вақти суханронӣ ҷойе аз шавқу хурсандӣ чашмонаш барқ мезаду садояш бурро дармеомад, ҷое ҳам чашмонаш маҳзуну садояш хаста ба гӯш мерасид.
Қаҳрамони мо Зулайхо Муродалиева, сарвари сехи дӯзандагии Маркази савдои «Садбарг», бале ҳамон Садбарг»-и овозадоре, ки сабаби шинохта шудани як мавзеъ бо ин ном дар пойтахт шудааст.
– Солҳои охир чеварони Маркази хизматрасонии «Садбарг» беш аз пеш байни бонувон дар дӯхтани либосҳои милливу аврупоӣ маъруфият пайдо карданд. Шумо ба ҳайси роҳбар ин ҳама эътирофу эҳтироми мизоҷонро аз чӣ медонед?
– Сехҳои дӯзандагии мо, ки дар ошёнаи чоруму панҷум ҷойгир шудаанд, зиёда аз 20 намуди хизматрасониро барои мизоҷон ба роҳ монда, наздики 200 коргар-дӯзандаҳоро, ки қисми зиёдашонро бонувон ташкил медиҳанд, фаро гирифтаанд. Мо бештар бо дӯхтани либосҳои мардонаву занона бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ машғулем. Корафтодагон метавонанд тамоми намуди либосҳои зимистонаи аз истифода баромадаро бо кӯмаки мутахассисони мо коркард ва ба ҳолати аввала баргардонанд. Ҳатто бозичаҳои гуногунро барои таъмиру барқароркунӣ ба назди мо меоранд.
Аз соли 2000-ум то ин ҷониб ман ҳамчун сарвари сехи дӯзандагии мазкур фаъолият мекунам. Аз рӯйи ихтисос аслан омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъи иқтисодии оилаамон бад шуду ман низ чун дигарон худро ба ҳар коре мезадам. Ширинӣ мепухтаму ба бозор мебаровардам. Коло меовардаму мефурӯхтам. Аз ин заҳматҳо маблағи хубе ҳам ба даст меовардам. Чун эҳсос кардам, ки вақти каме барои бо фарзандон будану ба тарбияи онҳо машғул шуданро дорам, аз тиҷорат ба кори имрӯза, яъне ба сарварии сехи дӯзандагӣ гузаштам.
– Барои як омӯзгор даст задан ба тиҷорату дӯзандагӣ, пазандагиву ҳамакора шудан мушкил набуд? Дар макотиби олии мо касро ба чунин ҳолатҳо омода намекунанд - ку?
– Аз овони мактабхонӣ шавқ ба ин касбҳо ҳам доштам. Дар мактаб аз фанни таълими меҳнат устодонам Мамлакат Иброҳимова ва Райҳонпарӣ Гадоиева дарс мегуфтанд ва онҳо ба ҳайси як бону меҳри касбҳои ба қавле «хос»- и занонаро ба дилам ҷо намуда буданд, вале замони ҷавонӣ мо духтарони навоҳӣ бештар орзуи маълумоти олиро мекардем, на ҳунармандиро. Дар овони донишҷӯӣ ҳам гоҳ-гоҳ бо хоҳиши дугонаҳоям ба онҳо либос медӯхтам. Баъдан, дар мактабе, ки кор мекардам, муаллими таълими меҳнат намерасид. Бо ҳамин сабаб чанд сол дар баробари забон ва адабиёти тоҷик аз ин фан низ ба шогирдон дарс гуфтам. Дар вақтҳои бекорӣ ба бофтани ҷуробҳои пашмӣ, ки он замон дарёфт карданашон душвор буд, машғул шуда, онҳоро барои фурӯш пешниҳод менамудам. Яъне, ҳамон гуфтаи бузургон: «Ҳунар аз кони зар беҳ» воқеияти хешро бароям то рафт рӯшан мекард.
Як чизи дигарро гуфтаниам, ки аввалин таҷрибаҳои роҳбариро ман ҳанӯз аз замони омӯзгориам андӯхта будам. Агар омӯзгор маҳорату малакаи идоракунии синфро надошта бошад, муҳассилин ӯро гӯш намекунанд. Тавъамии меҳрубониву дилсӯзӣ ва сахтгириву ҷиддиятро аз он давра омӯхта, то имрӯз тақвият додаам.
– Дар хусуси таълиму тарбияи фарзандон. Гуфтед, ки яке аз сабабҳои баргашт аз тиҷорат шудааст. Акнун вақти бо онҳо буданро доред?
– Шукри Худо, соҳиби шаш фарзандам. Онҳо соҳибмаълумот шуданд. Аз эшон розиам. Маро дар бисёр ҳолат маҳз фарзандонам дастгирӣ мекунанд. Баъзан зарурати берун аз соатҳои корӣ дар коргоҳ истодану кореро оҷилан ба анҷом расонидан, пайдо мешавад. Фарзандонам хуб мефаҳманд, ки ҳар соату ҳар дақиқаи модар ҳисобу китоб дорад. Дар ҳама ҳолат вақт меёбаму барои онҳо субҳона омода мекунам. Оила ҳам мисли як давлати кӯчак аст, ки волидайн дар он бояд «сиёсатмадор» бошанд. Агар каме суст биёӣ фарзандон, ки таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, навкору навамаланд, ба ҳар роҳ мераванд. Сахт аст, албатта, дар як вақт ҳам модари хуб будану ҳам роҳбари муваффақ шудан, аммо ман кӯшиш мекунам, ки ба ҳарду арзанда бошам. Ба ғайр аз ин пешрафтҳоямро дар зиндагӣ аз дуои неки падари донишманду модари отифаам ва дастгириҳои хушдомани меҳрубону хоҳарони ғамхорам медонам. Бародаронам маслиҳатгару муттакои ман дар корҳои тиҷоратӣ ҳастанд, ки барои кӯмаку заҳматҳояшон аз эшон миннатдорам.
– Қайд кардед, ки зиёда аз 200 коргар доред ва чун қисми зиёди онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, мушкили асосии имрӯзи онҳо аз нигоҳи Шумо кадом аст?
- Дар хусуси мушкилот зиёд ҳарф заданро дӯст намедорам. Таҷрибаи рӯзгор омӯхтаам, ки аз шикояту суханони хушк беҳтараш бонувон ба амал гузаранд. Аз саргузашти шахсӣ мегӯям, ки дар чӣ шароите зиндагӣ кардан аз худи инсон вобаста аст. Бонувони мо зиндагии арзанда барои худу фарзандонашон мехоҳанд, марҳамат бароянд, фаъол бошанд, кор кунанд, аз худ иқдоми тоза нишон диҳанд, ҳатман натиҷаашро мебинанд. Занҳои ҷавон наздам меоянд барои кор. Мепурсам, ки чӣ кор аз дасташон меояд. «Фаррошӣ», - мешунавам дар ҷавобу ғамгин мешавам. – Наход, дар ин синну сол фаррош шуданӣ бошед, ¬- мегӯяму маслиҳат медиҳам, ки ақаллан дар назди ягон дӯзандаи мо шогирд истода, ҳунар омӯзанд. Бисёриҳо аз шогирдӣ ба устодӣ расида, чун дӯзандаҳои моҳир дар байни мизоҷон шинохта шудаанд. Ҳадафи асосии ман, нахуст ин баҳам овардани
«Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ, ҳамзамон бо ин зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо пайваста чораҷӯӣ намоянд ва дуруст инъикос намудани ин нишондиҳандаҳоро дар ҳисобдории муҳосибии корхонаҳо, ҳисоботи оморӣ ва андоз назорат кунанд».
Аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар маҷлиси васеи Ҳукумат, январи соли 2012
бонувони ҳунарманде, ки замоне ҷои кор доштанду бо сабабҳои гуногуни ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта, аз он маҳрум шудаанд, буд. Аксарият намедонистанд худро ба куҷо зананд, чӣ кор кунанд, ба роҳнамоие ниёз доштанд, то мавқеву мақоми хеш дарёбанд. Баъзеҳо ба имтиҳони қисмат тоб наоварда, худро ба ҳар кӯйе заданд. Ба корҳои номақбул ҳам рафта, обрӯи зани тоҷикро резониданд. Ҳамаи инро дида хориам мемад, ошуфта мешудам, дар домани андеша мепечидам, ки чӣ кор кунам, ки каме бошад ҳам бонувонро дар ин рӯзҳои вазнин дастгирӣ намуда, бо коре саргарм намоям, то аз мушкилоти рӯзгор андак канор биёянд. «Аммо чӣ кор?» борҳо меандешидам ба худу посух намеёфтам. Ба «тақдир» чун дигарон тан надодам, ҷустам, омӯхтам то сарҳисоби кори худу бархе аз ҳамҷинсони хешро то андозае дарёфтам.
Шукри Худо то имрӯз бонувони зиёдеро дар сехи дӯзандагӣ ба кор фаро гирифтем, муттаҳид сохтему ба ҳам овардем. Фикр мекунам иқдому нақшаҳоям каму беш амалӣ шуданд. Алҳол дар андешаи роҳандозӣ кардани тарҳҳои тозае барои тавсеаи фаъолият ва дастгириву пешрафти бонувони ҳунарманд ҳастам. Зеро тавлиди корхонаҳои бештари ҳунармандӣ ақаллан мушкили бархе аз бонувонро осон мекунад. Ба истилоҳ чунин коргоҳҳо қишри миёнаи аҳолиро бо кор таъмин месозад ва мусалламан як мушкили умдаи ҷомеа-бекориро то андозае ҳал месозад.
«Фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар сол аз сол вусъат пайдо намуда, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас гардида истодааст.
Махсусан соли 2011 дар арафаи ҷашнгирии 20 - солагии истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби соҳибкорон дар қаламрави мамлакат 863 иншоот ва 27 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шуд ва беш аз 17 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардид.
Ин амалҳои неку созандаи соҳибкорон шоистаи таҳсин буда, сохтору мақомоти давлатӣ дар навбати худ вазифадоранд, ки ташаббусҳои бахши хусусиро дар самти ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд».
Аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар маҷлиси васеи Ҳукумат, январи соли 2012
– Аз он, ки бонувони зиёде меоянду аз устодони чирадасти шумо ҳунар меомӯзанд, наметарсед, ки мераванду бо Шумо рақиб (конкурент) мешаванд. Инро чун як бонуи соҳибкор чӣ гуна қабул мекунед?
– Рақобат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ як падидаи маъмул аст. Шарти муҳим он аст, ки солим бошад. Хидмате, ки мо ба мардум мерасонем, ҳамеша талабгори худро дорад. Аз ин рӯ пайдоиши ҳар гуна корхонаҳои нав ба манфиати мардум аст. Инро хоҳу нохоҳ бояд дарк кард. Ин талаботи оддии замони бозаргонист. Гузашта аз ин дар оилаи мо фарзандон насиҳат аз волидони хушномамон дорем, ки некӣ кардан аз фазилатҳои хоси мусулмонон аст. Дасти дигарон гирифтан ризқро мефизояд. Агар нафареро Худованд тавассути мо ризқ дода бошад, насибаш кунад. Бонувон меоянд, ин ҷо ҳунар меомӯзанд. Баъзеҳо мувофиқи имконияташон тасмими дар хона фаъолият карданро мегиранду қисме ҳам сехҳои дӯзандагии худро дар ҷое бино мекунанд. Ин ҳама пешрафтро дар зиндагии онҳо мебинаму сарам ба афлок мерасад, ки барои ба ин рӯз расидани як бону ва муваффақиятҳои минбаъдааш саҳме гузоштаем. Ҷое бозор аст (бозори меҳнат ҳам бозор аст), он ҷо рақобат вуҷуд дорад.
«Бо дарназардошти зарурати пурқувват намудани омилҳои рушд бо роҳи дастгирии фаъолияти иқтисодии субъектҳои соҳибкорӣ тавассути бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмини шаффофият ва кам кардани гаронии андозҳо ҷиҳати оммафаҳму содда гардонидани лоиҳаи Кодекси нави андоз ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани он чораҳои бетаъхир андешад».
Аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар маҷлиси васеи Ҳукумат, январи соли 2012
– Бонувон аксар маврид аз нархҳои гарони хизматрасониҳои дӯзандаҳо шикоят мекунанд. Хизматрасонӣ дар корхонаи Шумо бо назардошти вазъу шароити зиндагии имрӯзаи мардум муқаррар карда мешавад ё хайр?
– Ҳастанд дӯзандаҳои моҳире, ки мизоҷон мехоҳанд танҳо онҳо либосашонро омода созанд. Масалан, Фирӯза Мирзоева ва Умед Кӯчкалиев дар дӯхтани либосҳои аврупоӣ, Мавлуда Аслонова, Наргис Маҷидова ва Тоҷинисо Давлатшоева дар дӯхтани либосҳои ҳарбӣ, Ёқутой Абдусаломова ва Назокат Намозова дар ороиш ва гулдӯзии либосҳои миллӣ, Сарабек Хоҷаев чун дӯзандаи беҳтарин либосҳои занонаи тоҷикӣ машҳур шудаанд. Дар хусуси нархҳо бошад, он вобаста аз табъу завқи мизоҷ аст, бастагӣ ба он дорад, ки мизоҷ чӣ фармоиш медиҳад, ба кӣ. Бо назардошти имконияти ҳар мизоҷ мо метавонем нархҳои дастрасе ҳам пешниҳод намоем. Ҷойе мешавад, ки хизматрасониҳои ройгон барои мардуми камбизоат низ дорем. Бояд эътироф кард, ки кори ҳунарманди хуб, қимати болотар дорад.
– Ташаккур.
Сӯҳбатнигор Гулноза БОБОМУРОДОВА
:.
Иқтисод
16.03.2012 05:55
2711
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz